Имрӯз, 27-уми декабр, дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар озмун дар мавзӯи “Солимии деҳаи ман — нерӯи асосии ман” ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур аввали соли равон миёни рӯзноманигорони расонаҳои ватанӣ эълон шуда буд.
Директори муассисаи мазкур Парвина Мухторова ва мудири шуъбаи коммуникатсия ва робита бо ҷомеа Сафаралӣ Урунбаев ғолибонро табрик гуфта, саҳми рӯзноманигоронро дар инъикоси мавзӯҳои асосии ташаккули тарзи ҳаёти солим муҳим хонданд.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои беҳтарини маводи эҷодии телевизионӣ, радиоӣ, нашрия ва сомонаи интернетӣ эълон гардида буд, ки рӯзноманигорон маҳсули эҷодашонро ба нашр расонида, пешкаши ҳакамон гардонида буданд.
Рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма Хуршед Андамов, Ибодат Давлатова, Шамсулло Фозилов, Миҷгона Ҳалимова ва дигарон аз рӯи номинатсияҳои беҳтарин маводи телевизионӣ, радиоӣ, нашрия ва сомонаи интернетӣ ғолиб дониста шуда, бо диплому туҳфаҳои хотиравии “Нетбук”, таҷҳизоти аккосӣ ва телефонҳои тамғаи “Самсунг А 50” қадрдонӣ шуданд.
Масъулин гуфтанд, ки ба озмун 50 нафар рӯзноманигор матлабҳояшонро пешниҳод карда буданд ва ҳакамон аз ин миён беҳтаринҳои онҳоро интихоб кардаанд.
Ёдовар мешавем, озмуни мазкур дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (лоиҳаи Сино) аз ҷониби намояндагии Агентии Институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст ва соли дуюм аст, ки баргузор карда мешавад.