Чанд рӯз ба ин сӯ, байни сокинон овозаҳо атрофи баста шудани муассисаҳои  миёнаи  ҷумҳурӣ,  зиёд шудаанд. Гуфта мешавад, ки бо сабаби таҳдиди коронавирус муассисаҳо дари худро ба рӯйи хонандагон бастаанд.

Вазорати маориф ва илм ин овозаҳоро беасос гуфт ва воқеияти онро рад кардааст.

Сухангӯи Вазорати маорифи ва илм Эҳсони Хушбахт дар саҳифаи фейсбукиаш чунин навиштааст:

“Дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дарсҳо тибқи ҷадвали дарсӣ идома доранд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.09.2018, “Дар бораи ворид намудани тайғирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016” чоряки сеюм аз 11-уми январ то 20-уми март идома ёфта, аз 21-уми март то 31-уми март таътили баҳорӣ эълон мешавад. Чоряки чорум аз 1-уми апрел оғоз меёбад. Хоҳишмандам, ба ҳангомаҳо ва хабарҳои беасос бовар накунед!”.

Идома ёфтани дарсҳо дар муассисаҳои Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки дар мамлакатҳои дигари Осиёи Марказӣ  Ӯзбекистону Қирғизистон бо сабаби ҷилавгирӣ аз паҳни коронавирус муассисаҳо таътили бемуҳлат эълон карда, дари худро ба рӯйи муҳассилин бастаанд.

Добавить комментарий