Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон – муассиси ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Самак”, “Ману ту”, сомонаи “Фараж” ва Агентии иттилоотии “Суғднюс” тасмим гирифт, дар моҳи Рамазон ба ҳайати эҷодии марказ, рӯзноманигорони рӯзномаву ҳафтанома ва кормандони матбааи “Шарқи озод” ёрии молӣ кунад.

Ёрии молии Марказ аз орду равған иборат буд ва имрӯз, 15-уми май, дар Рӯзи оила дар саҳни бинои “Шарки озод” ба 80 нафари ниёзманд расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл низ МТЖТ ба ҳамкасбон дар Душанбе ва минтақаҳои дурдасти кишвар маводи антисептикӣ ва москҳои тиббӣ дастрас карда буд. Қаблан ҳайати эҷодии ҳафтаномаи “СССР” бо роҳбарии сардабир Сайёфи Мизроб, дар ин рӯзҳои мушкил, ба ҳамкасбон 50-килоӣ орд ёрӣ расонида буданд.

1 бинависед

  1. Офарин Хуршед. Кори савоб. Лекин аз ин хайрия ба собик кормандони МТЖТ хам ягон килои орду ягон литри равган расид ё хизматхои пешиниён фаромуш шуд?

Добавить комментарий для Худат Медони Отменить ответ