Дар қаҳвохонаи “Parking»-и шаҳри Душанбе иқдоми ҷадиди Институти ҷанг ва сулҳ  бо номи “Видео Марафон” гузаронда шуд, ки дар он хоҳишмандони синну солашон гуногун ширкат варзиданд.  

— “Caption видео” – ин сабти фишурдаи  видеоист, ки бо телефони дастӣ ба навор гирифта мешавад ва доираи инъикоси он, албатта, ҳаёти иҷтимоӣ буда метавонад. Ҳадафи лоиҳа нишон додани муқобилият бо иттилооти нодуруст буда, ҷиҳати баланд бардоштани саводи расонаӣ нигаронида шудааст” – гуфт намояндаи  CABAR. Asia  Бегайим Аҷикиева.

Таҳмина Ҳакимова, видеоператор аз радои Озодӣ, ки  вазифаи сухангӯйи тренингро бар ӯҳда дошт, паҳлӯҳои хубу бади “caption видео”–ро шарҳ дод: “Аз мавзӯи доғ, қаҳрамони реалӣ, ҳодисаи ғайричашмдошту зернавишти нишонрас – навори хуб мебарояд, аммо мавзӯи суст, ғалатҳои матн, набудани сенария сифати наворро мекоҳонад”.

Иштирокчиёни тренинг ба 6 гурӯҳ тақсим шуда, барои ҷустуҷӯйи мавзӯъ баромаданд, ба онҳо 3 соат вақт ҷудо шуд, то видеошонро мустақилона танзим кунанду ба наворҳо пайнвиштҳои мувофиқ бинависанд.

Иштирокчиён  чунин мавзӯъҳоро пайгирӣ карданд: “Таваққуфгоҳи ғайримуқаррарии автомобилҳо”, “Нигоҳҳои безеби писарон ба духтарон”, “Аҳамияти таҳсилоти олӣ дар замони нав”, “Дуздиву қаллобӣ дар кӯчаҳои шаҳр”, “Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ” ва “Масъалаи партов дар Душанбе ҳамоно нигаронкунанда аст!”.

Аз ҷиҳати мундариҷаву танзим ва гузоштани зернавиштҳои ба навор мувофиқ  “caption видео”-и дар мавзӯи “Таваққуфи беҷои автомобилҳо” сохта шуда, беҳтарин дониста шуд.

Дар назар аст, ки CABAR.Asia моҳи январи соли оянда бо корбарони шабакаи Ютуб ва блогнависҳо тренинг ба роҳ мемонад.

Файзуллохон Обидов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here