Ҷасади Умед Нуров, сокини 18-солаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нимаи дуюми имрӯз, 3-юми июл, аз дарё берун оварда шуд.
Ин фоҷиа дар маҳалли тарабхонаи “Сим-Сим”, воқеъ дар соҳили дарёи Душанбе ба вуқуъ пайваст. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки ӯ ҳангоми оббозӣ, аз болои пули одамгузар худро ба дарё партофта, ба санг бархӯрдааст.
Ҷамшед — ҳамсинфи Умед дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки бо марҳум мисли бародар буданд. Умед ҳамроҳ бо модараш дар бозори “Сафариён”-и назди “Автовокзал”-и Душанбе ба фурӯши меваҷот машғул будааст. Ҷамшед мегӯяд, ки Умеди ҷавонмарг ба ӯ пешниҳоди ҳамроҳ ба оббозӣ рафтанро кардааст, вале Ҷамшед бо сабаби тайёрӣ ба имтиҳонҳои дохилшавӣ рад кардааст. Ҷамшед мегӯяд, ки Умед чанд рӯз баъд ба Русия сафар дошт ва барои ин чиптаи ҳавопаймо ҳам гирифта буд.
Аз фоҷиа модару пайвандони Умедро бохабар карданд ва онҳо бо доду фиғону нола ҳамроҳ бо мардуми зиёди лаби соҳил мунтазири берун овардани ҷасад аз дарё бетоқатӣ мекарданд.
Дар ҷои ҳодиса мошини ёрии таъҷилӣ ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳузур доштанд. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷасади Умедро аз дарё берун оварда, барои ташхиси минбаъдаи сабабҳои ҳодиса ба мақомоти марбута супурданд.

https://youtu.be/Ko_0itH13zY

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here