Нашрияи “Файзи Зарафшон” ягона васоити ахбори оммаи чоппӣ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба ҳисоб рафта, аз соли 1934 то ба ҳол нашр мегардад ва барои пур кардани фазои иттилоотии ин маҳал то андозае нақши бориз дорад. Айни замон муассис ва маблағгузори ин нашрияро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба зимма дорад.
Файзи Зарафшон аз замони таъсисаш то кунун бо номҳои “Барои чорводори пролетарӣ”, “Роҳи комунизм”, “Меҳнат” ва “Файзи Зарафшон” матлабҳои худро пешниҳоди мардуми ноҳия гардонистааст.
Дар шароити муосир, васоити ахбори оммаи чопӣ дар маблағгузорӣ ва афзунгардонии миқдори муштариён ва дастрас кардани иттилот ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд. Ба гуфти муҳаққиқони самти журналистика ҳарчанд бо вуҷуди маблағгузории хуби муассисон нашрияҳои соҳавиву давлатӣ пайваста нашр шаванд ҳам? бо сабаби риоя накардани гуногунандешӣ ва ҷой надодани масоили мубрами рӯз онҳо хонандаи худро то ҷое аз даст додаанд. Сабаби риоя накардани гуногунандеширо, ки маҳаки асосии ҷолибсозии нашрияҳосn, кормандони нашрияҳо ба ҳамкории дуруст накардани мақомот ва мардум бо журналистон, марбут медонанд.
Ба ин монанд моҳи декабри соли гузашта, ВАО хабар доданд, ки сардабири нашрияи “Тахти Қубод”-и ноҳияи Қубодиён бо нишони эътироз саҳифаи аввали нашрияи мазкурро холӣ нашр кардааст. Адолат Сайфуллозода сардабири “Тахти Қубод” далели ин амали худро аз ба ҳамкорӣ накардани мақомоту зиёин бо нашрия марбут донистааст.
“Файзи Зарафшон” бо вуҷуди ҷой доштани баъзеи ин мушкилот, тавонистааст ҳамчун нашрияи минтақавӣ фаъолияти худро ба роҳ монад. Дар робита ба нақши “Файзи Зарафшон” устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муҳаққиқи соҳаи журналистика Наргис Усмонова дар як ҳамоиш гуфта буд: “Нашрияи “Файзи Зарафшон” то андозае, унсури гуногунандешии журналистикаро дар матолиби худ инъикос намудааст”.
Замони авҷи вусъат ва кори хуби нашрия, ки дар ин давра адади нашраш низ боло рафтааст, ба давраи самуҳарририи рӯзноманигор ва шоир Субҳон Тӯйғун рост меояд. Бо талошҳои Субҳон Тӯйғун дар солҳои 80-уми асри гузашта, нашрия ҳафтае се маротиба нашр гардида, адади нашраш ба 9000 нусха расидааст.
21-уми феврали соли 2020 аз таъсиси “Файзи Зарафшон” 85 сол сипарӣ мешавад. Айни замон сармуҳарририи ин нашрияи музофотиро рӯзноманигор Шамсуддин Халифаев ба уҳда дорад. Ба қавли ӯ, бо вуҷуди то ба 1200 нусха поён рафтани тиражи нашрия дар солҳои охир, дар соли 2019 ҳаяти эҷодии нашрия тавонистанд, миқдори онро ба 1700 адад расонанд.
Ӯ дар суҳбат бо вебгоҳи хабарии Faraj.tj гуфт, бо дарназардошти шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ самти фаъолияти нашрияи мо ба масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, тарғиби андеша ва тафаккури миллӣ бештар равона гардидааст.
— Рӯзномаи “Файзи Зарафшон” бештар масъалаҳҳои муҳими рӯзро инъикос мекунад ва дар амал аз жанрҳои анъанавии матбуоти тоҷик васеъ истифода мебарад, — мегӯяд сармуҳаррири нашрия. – Мо соли 2019 тавонистем рубрикаи “Анбӯр”-ро аз нав зинда кунем, ки дар ин саҳифа камбудиву норасоиҳои ноҳия баррасӣ ва ҳаллу фасл мегарданд.
Ба қавли котиби масъули нашрия Акбаралӣ Авезов нақши “Файзи Зарафшон” ҳамчун омили пешбарандаи ҷомеа дар ҳаёт ва зисту зиндагонии мардуми кӯҳистони ноҳияи Айнӣ беҳад бузург аст.
— Хизмати дигари нашрия дар тарбияи рӯзноманигорони варзида мунъакис гардидааст, — гуфт Акбаралӣ Авезов. — Субҳон Тӯйғун, Ҷумъа Арбоб, Ҷумъа Толиб, Холиқдоди Қурбон ва Муин Муссоев маҳз аз ҳамин нашрия тарбия ёфтаанд.
Журналисти варзидаи тоҷик, шодравон Ҷумъа Толиб фаъолияти кории худро маҳз аз нашрияи “Меҳнат” (ҳозира “Файзи Зарафшон”) оғоз карда, баътар дар пойтахти кишвар Бюрои машварати ҳуқуқӣ ва тадқиқоти журналистиро якҷоя бо ҳафтаномаи “Пайкон” таъсис дода буд. “Пайкон” дар замони нашри худ бо теъдоди 11 ҳазор нусха нашр мешуд. Ахиран ин нашрия дар баҳси ночизе бо “Тоҷикстандарт” ба суд кашида шуда, ҷаримабандӣ гардид. Соли 2011 бо нашри акси рӯзнома ва афтидани он ба “деги сӯзон”-и “Тоҷикстандарт” нашри ҳафтанома қатъ гашт.