Беморхонаи марказӣ ва Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Темурмалик баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сазовор ҷашн гирифтани 27- солагии Истиқлолияти давлатӣ, беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии мададрасон дар соли 2019 пайваста тадбирҳои судманд анҷом медиҳанд.
Тавре аз суҳбат бо сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик Азизов Орзубек Иззатуллоевич маълум гардид, феълан дар ноҳия ҳамагӣ 45 адад муассисаҳои тиббӣ фаъолият дошта, дар маҷмуъ ҳамаи онҳо бо лавозимоти асосии ташхису муолиҷавӣ таъмин мебошанд. Дар ноҳия 1 Беморхонаи марказӣ ва ду беморхонаи дигар дар ҳудуди ҷамоатҳои Кангурт ва Ҷорӯбқул бо 230 адад кати шабонарӯзӣ, инчунин, 10 Маркази саломатии ноҳиявӣ, Маркази назорати давлатии санитарии эпидемологӣ, Маркази пешгирӣ ва назорати ВНМО, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази иммунопрофилактика ба мардум хизмат мерасонанд.
Айни замон 2 Бунгоҳи саломатӣ дар хонаҳои шахсӣ ҷойгир мебошанд, ки талош дорем, минбаъд мушкилро барҳам занем.
Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар асоси фармони №600 ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби Ҳукумати ноҳия 16 ҳазор сомонӣ барои Маркази саломатии ноҳиявӣ 1адад креслои стоматологӣ харидорӣ карда шуд. Аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази саломатии ноҳия 67860 сомонӣ ва ба Беморхонаи марказии ноҳия ба маблаги 90282 сомонӣ таҷҳизотҳои тиббӣ харидорӣ карда шуд. Беморхонаи №2 ҷамоати деҳоти ба номи С. Раҳимов аз ҳисоби шахсони саховатманд ба маблаги 215 ҳазор сомонӣ таъмири асосӣ гузаронида ба истифода дода шуд. Инчунин, ба Беморхонаи мазкур аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблаги 121 ҳазору 132 сомонӣ таҷҳизотҳои тиббӣ ба монанди УЗИ, ЭКГ ва таҷҳизотҳо барои таҳлилгоҳ харидорӣ гардиданд. Дар Беморхонаи мазкур иншооотҳои ёрирасон ба монанди анборхона, ҳезумхона, ошхона ба маблаги 25 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Шуъбаҳои Беморхонаи марказии ноҳия бо тариқи ҳашари дастаҷамъона аз ҳисоби кормандон таъмир карда шудаанд. Роҳрави ҳавлии назди Беморхонаи марказӣ ба миқдори 250 метри мураббаъ аз ҳисоби кормандон бетонпӯш гардиданд.
Таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо духтурони илми олидор 49 нафар – яъне 7,1% ва кормандони миёнаи тиббӣ 331 нафар- 48,0 %-ро ташкил медиҳад.
Таъминоти муассисаҳои тиббии ноҳия бо кормандони илми олидор ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст. Таъмин бо кормандони миёнаи тиббӣ бошад, аз хисоби хатмкунандагони омӯзишгоҳи тиббӣ ҳалли худро ёфтааст.
Дар самти таъминоти муассисаҳои тиббии нохия бо мутахассисон аз тарафи роҳбарияти беморхона бо дастгирии мақомоти иҷроия корҳои мақсаднок ба анҷом расонида мешаванд. Аз ҷумла, ҳоло 39 нафар бо квота дар ДДТТ таҳсил мекунанд.
Вазъи хизматрасонии тиббию санитари ба модару кӯдак дар ноҳия хуб аст. Дар ноҳия 7 нафар духтури кӯдакона ва 6 нафар духтури занона ба модару кӯдакон хизмати тиббӣ мерасонанд.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2019-ум дар таваллудхона 740 нафар, яъне 94,0% ва дар хона бошад, 5 нафар, (0,5%) кӯдакон ба дунё омадаанд. Таваллуди хонагӣ нисбати соли гузашта 7 нафар кам шудааст. Аз тарафи сармутахассисони занонаи Беморхонаи марказӣ мунтазам мувофиқи нақшаи тартибдодаи маъмурият ба муассисаҳои деҳот ёрии консултативӣ расонида мешавад, махсусан дар ҷамоати ба номи С.Раҳимов аз тарафи духтурони занона бақайдгирии занҳои бемор хело кам мебошад. Ин аст, ки дар ноҳия бемории экстрагенеталӣ дар байни занҳо мавҷуд нест.
Дар ноҳия 1 нафар духтури силшинос фаъолият дорад, ки бо ҳуҷраи корӣ, кормандони миёнаи тиббӣ, компютер ва автомашинаи «НИВА» таъмин аст. Мутаассифона, аз сабаби дер гирифтани сӯзишворӣ ва нарасидани қисмҳои эҳтиётӣ координатори бемориҳои сил ба минтақаҳо рафта наметавонад.
Дар шуъбаи бемориҳои сил, ки дорои 15 кат мебошад, дар шашмоҳаи аввали соли 2019 16 нафар бистарӣ гардида, табобат гирифтаанд. Дар маҷмуъ феълан 374 нафар дар қайди бемории сил ҳастанд, ки 28 нафарашон имсол ба қайд гирифта шудаанд.
Дар идомаи суҳбат Иззатов Нурулло Ҳабибуллоевич менеҷери – КАТС –и ноҳия зикр намуд, ки ба муассисаҳои КАТС 384 таҳлили БК ворид шудааст. Ҳамаи беморон бо доруҳои зиддисилӣ ройгон таъмин карда мешаванд. Ба онҳо маводи ғизоӣ, аз қабили орд, равған, лубиёӣ ва намак ройгон дода мешавад. Соли ҷорӣ дар ноҳия табобати беморони шакли мутобиқгашта ба роҳ монда шуд.
Дастгоҳҳои аксбардорӣ ба пуррагӣ фаъолият мекунанд. Ин аст, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2019-ум 322 нафар аз санҷиши рентгенӣ ва 505 нафар аз флюрография гузаронида шуда, ки 284 нафар барои узвҳои қафаси сина мебошад. Ҳоло мутахассиси аксшинос дар ноҳия ба кор оғоз кардааст ва кори рентген нисбати соли гузашта хеле беҳтар шудааст. Миқори нафарони аз муоина гузаранда ҳам афзудааст.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2019 аз тарафи мутахассисони КАТС-и ноҳия беморони диспансерӣ сари вақт ба қайд гирифта шуда, назорати тиббӣ бурда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, вазъи бемориҳои сироятӣ дар қаламрави ноҳия муътадил арзёбӣ мегардад. Бемории хавфноки сироятии сӯхтанӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар шашмоҳаи соли 2019–ум ҳамагӣ 2266 нафар эҳтиёҷмандон аз ташхиси лаборатории СПИД гузаштанд, ки нисбати шашмоҳаи соли 2018-ум 779 нафар зиёд мебошад.
Дар ҳамин ҳол, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони илми олидор, духтурони кӯдакона, амрози дарунӣ, занона, эҳёгар, саратоншинос, бавлияшинос, сироятшинос, бемориҳои руҳӣ аз зумраи мушкилоти ҳалталаби соҳаи тандурустии ноҳия боқӣ мондаанд, ки баҳри ҳалли ин масоил минбаъд низ кӯшиш ба харҷ дода хоҳад шуд.
Дар интиҳои суҳбат ҳам сартабиби ноҳия Азизбек Орзуев ва ҳам менеҷери КАТС Нурулло Иззатов бо изҳори боварӣ зикр намуданд, ки мутахассисони соҳаи тандурустии ноҳияи Фархор новобаста аз мушкилиҳои мавҷуда дар таъмини самараноки барномаи рушди соҳаи тандурустӣ, устуворсозии вояҳои моддию техникӣ ва беҳтаршавии сатҳу сифати хизматрасонии саривақтии сифатноки тиббӣ ба аҳолӣ, тансиҳатию некӯаҳволии мардум аҳамияти боз ҳам беҳтар дода, аз ҳамаи захираю имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд, то солимии ҷомеаро таъмин намоянд. Зеро солимии миллат ин солимии давлат низ мебошад.
МТЖТ