Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва дастуру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монда, тибқи Низомномаи Хадамот, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.17 с., №597 тасдиқ гардидааст, як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст. Тавре зимни суҳбат сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султонмурод Бекмуродзода ба хабарнигори МТЖТ иброз дошт, соли сипаришуда аз ҷониби кормандони соҳа дар 784 адад муасссиаҳои тандурустӣ санҷишҳо гузаронида шуданд, ки аз инҳо 388 адад санҷишҳои нақшавӣ, 262 адад санҷишҳои ғайринақшавӣ ва 134 адад санҷишҳои такрорӣ мебошанд.

Назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
“Санҷишҳо дар асоси нақшаи санҷишии бо Шӯрои ҳамоҳангсозии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида ва бо дарназардошти дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати кам намудани шумораи санҷишҳо ва баланд бардоштани сифати онҳо баргузор гардиданд”,- зикр намуд С. Бекмуродзода ва афзуд:
— Натиҷаҳои санҷише, ки аз ҷониби Хадамот гузаронида шуданд, шаҳодат аз он медиҳанд, ки мақсадҳои дар пеш гузошташуда нисбатан иҷроиши худро ёфтаанд. Ҳамзамон, вобаста ба камбудиву норасоиҳои ошкоргардида ҳангоми гузаронидани санҷишҳои болозикр чораҳои мушаххас андешида шуданд. Чунончи, нисбати 439 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ муҷозоти маъмурӣ ба маблағи умумии 311 250 сомонӣ тариқи ҷаримабандӣ татбиқ карда шуда, барои номуносиб будан ба вазифаи ишғолнамуда нисбати 52 нафар корманди роҳбарикунанда ба унвонии вазорат пешниҳод манзур карда шуд. Дар баробари ин, барои андешидани чораҳои интизомӣ нисбати 118 кормандони тандурустӣ ва барои боздиди дараҷанокии тахассусии 79 кормандони соҳаи тиб ба унвонии вазорат пешниҳодҳо манзур гардиданд. Ҳамзамон дар соли 2018 аз ҷониби Хадамот фаъолияти 37 адад муассисаҳо то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан боздошт ва дар 75 ҳолати дигар иштибоҳҳои тиббӣ ошкор гардида, нисбати шахсони масъул чораҳои дахлдор андешида шуданд. Тавре таҳлилҳои муқоисавӣ нишон медиҳанд, миқдори санҷишҳо дар умум ду маротиба кам гардида, нишондодҳо рӯй ба беҳбудӣ овардаанд.
Тибқи иттилои сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султонмурод Бекмуродзода, дар давоми соли 2018 дар ҷумҳурӣ 66 ҳодисаи фавти модар ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда мутаносибан дар шаҳри Душанбе 15, ноҳияҳои тобеи марказ — 15, вилояти Суғд — 20, вилояти Хатлон — 15 ва ноҳияи Дарвози ВМКБ 1 ҳолатро ташкил медиҳад. Қобили тазаккур аст, ки аз 66 ҳодисаи фавти модар 5 ҳодиса аз ташреҳи патологоанатомӣ гузаронида шудааст, ки якҳолатӣ ба навоҳии Б. Ғафуров, Мастчоҳ, Шаҳристон ва Хуҷанду Панҷакент рост меояд. Вобаста ба ин, нисбати 6 ҳодисаи фавти модар аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаи тафтишотӣ оғоз карда шудааст.
Сардори Хадамот дар ин робита зикр намуд, ки оид ба камбудиҳои ҷойдошта 95 нафар мутахассисон ба муҷозоти маъмурӣ, ҷаримабандӣ ҷалб карда шуда, нисбати 34 нафар мутахассисон барои андешидани муҷозоти интизомӣ мавод пешниҳод карда шудааст. Ғайр аз ин, нисбати 52 нафар пешниҳод барои паст намудани дараҷанокии тахассусӣ ва нисбати 42 нафар номуносиб будан дар вазифа пешниҳод манзур гардидааст.
Ба иттилои масъулини соҳа, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 661 адад муассисаҳои хусусии тиббӣ фаъолият мекунанд. Тибқи ҷадвали воҳидҳои корӣ дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 1586 нафар табибон, 1492 нафар кормандони миёнаи тиб ва 855 нафар кормандони ёрирасон, ҷамъ 3933 нафар кормандон кор ва фаъолият менамоянд.
Ҳамзамон, дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 24 нафар мутахассисони бурунмарзӣ ба фаъолиятҳои гуногуни тиббӣ машғул мебошанд. Минҷумла, 5 нафар аз Ҷумҳурии исломии Эрон, 8 нафар табиб ва 1 нафар фелдшер аз Ҷумҳурии халқии Чин, 4 нафар аз Ҷумҳурии Ҳиндустон, 3 нафар аз ИМА ва 2 нафар аз Федератсияи Россия.
Қобили тазаккур аст, ки соли сипаришуда ҳуҷҷатҳои 1520 нафар мутахассисон ба Комиссияи маркази аттестатсионӣ барои гирифтани сертификат пешниҳод гардида, 894 нафар мутахассисон аз санҷиши тахассусӣ гузашта, дорои сертификати мутахассис гардидаанд. Ҳамчунин, дар ин давра аз ҷониби довталабон барои машғул шудан ба фаъолияти тибби хусусӣ 60 адад дархост, аз ҷумла 11 адад бори аввал ба унвонии Хадамот ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Ҳамзамон ба 12 адад мақолаи дар ВАО нашршуда расман вокуниш ирсол карда шудааст.

Назорати давлатии ҳифзи иҷтимоӣ
Дар самти назорати давлатии ҳифзи иҷтимоӣ бошад, дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда бо дахолати кормандони Хадамот 32100 сомонӣ маблағи ҷубронпулӣ ба иштирокчиён ва маъюбони садамаи Чернобил пардохт карда шудааст. Инчунин 4200 сомонии нодуруст ҷубронпулии пардохтшуда ба буҷети ҷумҳурӣ бозпас гардонида шуда, ҳамзамон 715700 сомонӣ маблағҳои барои пардохти кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ пешбинишуда, ки дар суратҳисоби бонкҳои амонатгузории “Амонатбонк”-и шаҳру ноҳияҳои ба санҷиш фарогирифташуда бақия монда буд, ба ниёзмандон расонида шудааст.
Зикр намудан бамаврид аст, ки дар ин росто маблағи аз нархномаи тасдиқшудаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми декабри соли 2008, №600 «Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» кам гирифташуда дар рафти санҷишҳои гузаронидашуда, ки 1366 сомониро ташкил медод, барқарор гардидааст.

Назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ
Соли сипаришуда Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мутобиқи нақшаҳои тасдиқшуда корҳои омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содирот, назорати фаъолияти фармасевтӣ, сертификатсиякунонӣ, стандартонӣ, бақайдгирӣ ва ташхиси маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишӣ-гигиенӣ, ғизои кӯдакон ва ғайраро идома бахшидааст. Чуноне сардори шуъбаи назорати давлатии назорати фармасевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Камол Сафарализода иттилоъ дод, Шуъбаи омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содироти Сарраёсати Хадамот ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда мутобиқи нақшаи корӣ дар соли 2018-ум корҳои чашмрасеро ба анҷом расонидааст. Чунончӣ:

Дар бахши маводи доруворӣ
Воридоти маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ маблағи умумии 518 811 030 сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, содирот бошад, дар соли 2018 ба маблағи 26 256 463 сомонӣ сурат гирифтааст.

Дар бахши маводи ороишӣ — гигиенӣ
Дар соли 2018-ум рухсатномаҳои якдафъагӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дода шудааст, ки маблағи умумиашон ба 382 614 249 сомонӣ баробар аст.

Дар бахши моддаҳои нашъаовар ва психотропӣ
Дар 12 моҳи соли 2018-ум 14 шаҳодатнома барои воридоти маводи нашъадор ва психотропӣ дода шудааст.

Камол Сафарализода зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба Хадамот аризаҳо ва ҳуҷҷатҳои лозима барои аз қайди давлатӣ гузаштани маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ, иловагиҳои ғизоӣ ва маводҳои косметикӣ пешниҳод карда шудаанд. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо таҳти омӯзиш ва таҳлил қарор дода, ба 732 номгӯи онҳо шаҳодатномаи сабти давлатӣ тайёр карда супорида шудааст, ки аз он 574-то шаҳодатномаи сабти давлатӣ барои маводи доруворӣ, 93-то шаҳодатномаи сабти давлатӣ барои молҳои тиббӣ, 7-то шаҳодатномаи сабти давлатӣ барои воситаҳои косметикӣ, синтетикӣ, шустушӯи безараркунӣ, 57 шаҳодатномаи сабти давлатӣ барои иловаҳои фаъоли биологӣ, воситаҳои гомеопатиро ташкил медиҳад.
Ба иттилои мавсуф, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 2440 муассисаи фармасевтӣ фаъолият менамояд. Ин нишондод мутаносибан ба шаҳри Душанбе — 495, НТМ — 316, вилояти Хатлон — 695, вилояти Суғд — 876 ва ВМКБ 58 муассисаҳои фармасевтӣ рост меояд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамот ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда дар соли 2018-ум бо 656 қарор, супоришнома, фармоиш фаъолияти 946 муассисаҳои фармасевтиро мавриди санҷиш қарор дода, бо 365 қарор, фармоиш супоришнома дар 496 муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва дар асоси 263 супоришномаву фармоиш 771 нуқтаи савдои маводҳои ороишию гигиениро зери назорат гирифтааст. Ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтӣ ва ду анбори ғайриқонунии ҷумҳурӣ 4926 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 469 826 адад аз муомилот гирифта шудаанд, ки аз инҳо 896 номгӯй маводҳои дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 33244 адад, 3972 номгӯй маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори 288624 адад, 54 номгӯй молҳои тиббии ба талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯй набуда ба миқдори 146732 адад ва аз шаҳрванд 4 номгӯй маводҳои дорувори қалбакӣ ба миқдори 1226 ададро ташкил медиҳад. Қайд кардан зарур аст, ки 51 номгӯй молҳои тиббии ба талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯй набуда ба миқдори 144229 адад то ба бозори фармасевтӣ баромадан аз ду анбори ғайриқонунӣ дарёфт гардида гирифта шудаанд. Инчунин мувофиқи мактубҳои КВД «ЭОМФТ»-и Хадамот бо сабаби ҷавобгӯй набудани маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар вақти воридот ба ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ (ҲМТ) 54 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 425 969 адад аз муомилот хориҷ гардидаанд.
Дар баробари ин, аз муассисаҳои табобатию профилактикӣ бошад, 795 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 14712 адад аз муомилот гирифта шудаанд, ки аз ин 552 номгӯй маводҳои дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 11968 адад, 243 номгӯй маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори 2744 адад, дар асоси санади гирифт аз муомилот гирифта шудаанд.
Ҳамзамон, соли сипаригардида ҳангоми санҷишҳо аз нуқтаҳои савдо ва анборҳои маводҳои ороишию гигиенӣ 1279 номгӯй маводҳои ороишию гигиенӣ муҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ба миқдори 79881 адад аз муомилот дар асоси санад бозпас гирифта шуда, 160 269 кг маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талаботҳо ҷавобгӯй набуда бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шудаанд.
Соли 2018-ум аз тарафи шуъбаҳои назоратии Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 583 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводҳои ороишию гигиенӣ тартиб дода, ба маблағи умумии 1 243 850 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд.
Дар баробари ин, дар ин давра баҳри бартараф намудани камбудиҳо аз тарафи шуъбаҳои Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ 378 амрнома содир гардидааст, ки ба ҳамаи онҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳо вақт дода шудааст.
Бахшҳои аккредитатсияҳои муассисаҳои фармасевтии сарраёсатҳои назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар вилоятҳо дар соли 2018 аз тарафи шуъбаҳои дахлдори сарраёсатҳо ва ширкатҳои ба фаъолияти фармасевтӣ машғулбуда, нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ ба миқдори 2144 баста ҳуҷҷатҳои лозимаро барои гирифтани шаҳодатномаи аккредитатсионӣ қабул намуда, мавриди баррасӣ қарор дода, бо муваффақият гузаронида шудаанд. Аз инҳо 1613 бастаи ҳуҷҷат аз тарафи муассисаҳои фармасевтӣ, 506 ҳуҷҷат аз тарафи нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ, ки хусусияти табобатию пешгирӣ доранд ва 25 намояндаи тиббӣ мебошад ва 8 ҳуҷҷати дигар аз сабаби нопурра будани бастаи ҳуҷҷатҳо рад карда шудаанд.
Чуноне ки директори Корхонаи воҳиди давлатии «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ» Даврон Содиқов баён намуд, Хадамот баҳри беҳбудӣ бахшидан ба самти ташхис ба маблағи беш аз 148 000 доллари амрикоӣ дастгоҳ ва ташхисгоҳҳои муосир харидорӣ намудааст. Дар корхонаи марказӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатии дар вилоятҳо будаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар соли 2018-ум 31707 адад маводи дорувориро аз санҷиш гузаронидаанд, ки аз онҳо 29966 адад аз воридот, 1726 адад аз муассисаҳои фармасевтӣ аз муомилот гирифта шудаанд. Маҳсулоти аз ташхис гузашта 1471 намуна истеҳсоли ватанӣ (7-тояш барои содирот), 1233 бақайдгирӣ, 1194 намуна аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 833 адад ёрии башардӯстонаро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор маводи зери ташхис қарордодашуда ба 30859 адад сертификатҳои мутобиқат ва 1800 протоколи санҷиш дода шудааст ва 674 намунаи онҳо бошад, ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯй набудаанд, ки аз ин 315 намунаашон дар вақти воридот, 7 намунааш истеҳсоли дохилӣ ва 352 намунаашон аз муомилот ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ будаанд.
Ғайр аз ин, 33666 адад маводи ороишӣ ва маҳсулоти табобатию профилактикӣ низ зери ташхис қарор дода шудаанд, ки аз онҳо 32067 адад аз воридот, 1489 адад аз муомилот ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 344 адад истеҳсоли дохилӣ гирифта шудаанд. Аз ин миқдор маводи ороишии зери ташхис қарордодашуда ба 33129 адад сертификати мутобиқат ва 1264 протоколи санҷиш дода шудааст. 268 намунаи онҳо бошад, ба меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯй набудаанд, ки аз ин миқдор 106 намуна аз воридот, 155 намуна аз муомилот аз нуқтаҳои фурӯш ва 7 намунааш истеҳсоли дохилӣ гирифта шуда, пешниҳод шудааст.

Назорати фаъолияти санитарию эпидемиологӣ
Омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ дар соли 2018 дар муқоиса бо соли 2017 нишон медиҳад, ки сироятҳои ниҳоят хавфнок, ба монанди вабо ва тоун ба қайд гирифта нашудаанд. Инчунин, бемориҳои домана 28, ҷамъи бемориҳои шадиди рӯда 322, исҳоли хунин 80, буғумдард 307, сӯхтанӣ 24, табби хунин 1, ҳорӣ 7, зуком 95, сил 231 ҳодиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 камтар ба қайд гирифта шудаанд. Дар баробари ин, мутаассифона, зардпарвини вирусии намуди “А” 759, зардпарвини вирусии намуди “В” 63 , зардпарвини вирусии “С” 15, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас 2106, илтиҳоби шуш 259, осеббинӣ аз газидани ҳайвонҳо 940 ҳолат зиёдтар ба қайд гирифта шуда, бемории табби хунин бо 14 ҳолат дар як сатҳ қарор дорад.
Мавриди зикр аст, ки дар иншооти зериназоратӣ оид ба риояи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ 35048 санҷишҳои нақшавӣ, ғайринақшавӣ ва такрорӣ (соли 2017, 42026 санҷишҳо, 19,9% зиёд) гузаронида шудааст, ки барои риоя нагардидани талаботҳои санитарию эпидемиологӣ ба 13352 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (соли 2017 ба 12945 нафар, 3,0% кам) тартиб дода шуда, ба маблағи умумии 1824228 сомонӣ (соли 2017 ба маблағи 1772450 сомонӣ, 2,8 кам) ҷарима баста шудааст. Инчунин, фаъолияти 2672 иншоот (соли 2017 1743 иншоот, 34,8% кам) бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботҳои санитарию гигиенӣ муваққатан аз фаъолият боздошт шуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 381 мавод (соли 2017 477 мавод, 21,5% зиёд) ирсол гардидааст, аз ҷумла 110 парванда барои моҳиятан дида баромадан ва додани баҳои ҳуқуқӣ.
Ҳамзамон, дар миқёси ҷумҳурӣ дар соли 2017 аз муоинаҳои ҳатмии пешакӣ ва давравии тиббӣ ба буҷаи давлат 6 545 100 сомонӣ ворид шуда буд. Дар соли 2018 бошад, аз ин ҳисоб ба буҷа 17 134 469 сомонӣ ворид гардидааст, ки ин рақам 2,6 маротиба назар ба соли 2017 зиёд мебошад. Инчунин, ба 21127 шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва алоҳида хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ дода шуда, аз ҳисоби он 3 169 050 сомонӣ ба буҷети давлат ворид карда шудааст, ки 1,6 маротиба кам мебошад.
Дар рафти санҷишҳо аз дӯкону мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, бозорҳо ва нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мутахассисон тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2012, №890 “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” дар сатҳи ҷумҳурӣ маҳсулоти хӯрокаи ба талабот ҷавобгӯй набуда, муҳлати истифодабариашон гузашта ва маҳсулоти шубҳанок ба миқдори 1018788 кг аз муомилот гирифта шудаанд, ки маблағи он 12966268 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин 5421 адад бозичаҳои пастсифату ба талаботҳо ҷавобгӯ набуда ба маблағи 144800 сомонӣ аз муомилот бароварда шудааст. Ба таври умумӣ 494 584 кг маҳсулоти хӯрокаи пастсифат ва шубҳанок ба ҳудуди ҷумҳурӣ роҳ дода нашудааст, ки нисбати соли 2017-ум 84,5 маротиба кам аст.
Дар сатҳи ҷумҳурӣ барои риоя накардани қоидаҳои зиддиэпидемикӣ ба 219 нафар шахсони масъули муассисаҳои стоматологӣ (соли 2017 ба 87 нафар, 2,5 маротиба кам), ба 547 нафар (соли 2017 ба 243 нафар, 2,2 маротиба кам) шахсони масъули сартарошхонаҳо ва ба 147 нафар (соли 2017 ба 64 нафар, 2,2 маротиба кам) шахсони масъули иншооти кошонаҳои ҳусн протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба таври умумӣ ба маблағи 127500 сомонӣ (соли 2017 56400 сомонӣ, 2,2 маротиба кам) ҷаримабандӣ карда шудаанд. Инчунин, фаъолияти 146 муассисаҳои стоматологӣ (соли 2017-ум 38 муассиса, 3,8 маротиба кам), 201 адад (соли 2017-ум 85 адад сартарошхона, 2,3 маротиба кам) сартарошхонаҳо ва 127 иншооти кошонаҳои ҳусн (соли 2017-ум 29 иншоот, 4,3 маротиба кам) бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботҳои санитарию гигиенӣ муваққатан боздошта карда шудааст.
Бо зикри ин нуктаҳои муҳими нишондодӣ аз ҷамъбасти соли 2018 сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султонмурод Бекмуродзода дар фароварди суҳбат иброз дошт, ки вазъ дар соҳа нисбати солҳои пешин хеле тағёир ёфта, рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. С. Бекмуродзода ҳамаи ин пешравиҳоро ба шарофати истиқлолияти комили кишвар, ҳукмфармо будани сулҳу субот ва шукуфоии кишвар медонад, ки ҳамааш аз файзу баракат, дастгириву талаботҳои қатъӣ оид ба камбудиҳои ҷиддии ҷойдошта дар самтҳои фаъолияти Хадамот, талошҳои пайваста, ташаббусу ибтикороти созандаву ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, ба даст омадааст.
— Мо — кормандони соҳаи тандурустии кишвар ҳамеша эҳсос менамоем, ки ҳифзи саломатии аҳолии кишвар дар мадди назари доимии Пешвои миллат қарор дорад,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here