Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш роҳбарону масъулони соҳаи маорифро вазифадор намуданд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон, ба тарбияи насли наврас диққати бештар диҳанд. Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт низ фаъолияти худро баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи маориф равона карда, дар таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳми арзанда мегузорад.

Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру супоришҳои раиси ноҳияи Рашт мудом тадбирҳои судманд андешида мешавад.

Дар коллеҷи тиббӣ дар баробари таълими фанҳои тахассусӣ фанҳои гуманитарӣ низ таълим дода мешаванд. Дарсҳои техникаи информатсионӣ пурра дар синфхонаи компютерӣ гузаронида мешавад. Дар айни ҳол 78 адад компютер, 2 адад нотбук, 4 адад тахтаи электронӣ ва 3 адад проектор мавҷуд ҳастанд, ки 4 адади онҳо ба хати интернет пайваст карда шудаанд, то хонандагон аз ҳаводиси ҷаҳон огаҳӣ дошта бошанд.

Консепсияи миллии тарбия, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2006 таҳти рақами №94 тасдиқ шудааст, дар самти дуруст ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ бо роҳҳои гунонун амалӣ гардонида мешавад. Ҳамаи нақшаҳои корҳои тарбиявии омӯзгорон дар асоси ин ҳуҷҷат тартиб дода шуда, оид ба амалӣ гардонидани 18 номгӯи унсурҳои таркибии тарбияи миллӣ чорабиниҳои муфид ба нақша гирифта мешавад. Яке аз онҳо гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ ҳафтае як маротиба аст ва дар бораи ҳар як номгӯи тарбияи миллӣ ба шогирдон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Моҳе як маротиба «Рӯзи тарбия» гузаронида мешавад, ки донишҷӯён бевосита атрофи мавзуҳои муҳими тарбиявӣ баҳсу музокираҳо менамоянд ва оид ба ҳар як унсури таркибии тарбияи миллӣ «Реферат»-ҳо тайёр менамоянд.

Муассисаи таълимии мазкур бо қарори Ҳукумати маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт 28.02.1992, №22 ва фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.5.1992, №225 таъсис дода шудааст. Муассиси таълимгоҳ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар таълимгоҳ  низомномаҳои аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳиягардида мавҷуданд ва тибқи талаботи онҳо ҳуҷҷатгузорӣ ба расмият дароварда шудааст.

Дар таълимгоҳ мутахассисони миёнаи тиб аз рӯи ихтисоси 790106 — «Кори ҳамширагӣ», дар заминаи таҳсилоти асосӣ 4 сол, умумӣ 3 сол ва аз рӯи ихтисоси 790102 — «Кори момодоягӣ» дар заминаи таҳсилоти умумӣ 4 сол тайёр карда мешаванд. Муҳлати таҳсил дар коллеҷ дар заминаи таҳсилоти асосӣ 4 сол ва дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 3 сол муқаррар карда шуда, дар таълимгоҳ талаботҳои Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудааст.

Барои мутобиқ намудани самти таҳсилот дар коллеҷ дар раванди ҷаҳонишавӣ низ тадбирҳо андешида мешавад. Шӯрои методӣ дар ин ҷода дар ҷаласаҳои худ рафти маълумотгирӣ ва дар ҷараёни таҳсил тадбиқи барномаҳои таълимии фанҳоро ҳаматарафа омӯхта, дар байни аъзо мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ҳамзамон, баҳри сифати таҳсилот шӯрои методӣ дар асоси нақша дар байни донишҷӯён мониторинг гузаронида, аз рафти иҷрои барномаҳои таълимӣ ва донишомӯзии донишҷӯён натиҷагирӣ менамояд.

Дар коллеҷ рӯзи шанбе «Рӯзи волидон» эълон карда шудааст ва волидони донишҷӯён дар ин рӯзҳо ба муассиса ташриф оварда, аз рафтор ва пешрафти фарзандонашон воқиф мешаванд.

Қабули «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бо қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.10.2011, №458 боз як ташаббус ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати беҳдошти риояи ҳатмии «Қонуни забон» ва дар ин замина бархӯрдор будан аз «Қоидаиҳои имлои забони тоҷикӣ» барои аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Оид ба ин ҳуҷҷати муҳим дар коллеҷ нақша-чорабиниҳо таҳия шуда, «Гӯшаи забон» насб карда шудааст. Омӯзгорон бо «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» шинос шуда, онро дар ҷараёни машғулиятҳо ба шогирдон меомӯзонанд.

Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт дорои бинои 3-ошёнаи таълимӣ ва хобгоҳи 3-ошёнаи замонавӣ мебошад, ки соли 2016 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 25-солагии Истиқлолият ба истифода дода шуд. Он аз 16 синфхона ва 16 кабинет иборат аст.

Дар асоси супориши бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ байни коллеҷи тиббӣ ва Беморхонаи марказии ноҳия, маркази саломатӣ ва беморхонаҳои маркази ҷамоатҳо, ки дар онҳо таҷрибаомӯзии донишҷӯён гузаронида мешавад, шартнома баста шудааст. Кабинет ва лабараторияҳои таълимгоҳ бо муляжҳо, склети одам, устухонҳои узвҳои одам, узвҳои дарунии одам, узвҳои сар, гуруҳҳои хун, индикаторҳо, асбобҳои ҷарроҳикунанда, асбобҳои фишорченкунӣ, доруворӣ, лавозимоти дорусозӣ ва маводҳои аёнӣ таҷҳизонида шудаанд. Умуман, масоҳати таълимии кабинету ҳуҷраҳое, ки дар онҳо донишҷӯёни коллеҷ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаронанд, ба 2068 метри мураббаъ баробар аст, ки ба ҳар як донишҷӯ (ҳамагӣ 621донишҷӯ дар таълимгоҳ) 12,5 метри мураббаъ рост меояд.

Машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ дар майдончаи худи таълимгоҳ гузаронида мешаванд, ки ин шароити хуб дарои инкишофи ҷисмонии донишҷӯён фароҳам меоварад. Илова ба ин, дар мавсими зимистон машғулиятҳо дар маҷмааи варзишии ДОТ дар ноҳияи Рашт гузаронида мешаванд.

Дар хобгоҳи таълимгоҳ, ки яке аз беҳтарин хобгоҳҳо дар миқёси мамлакат мебошад, 138 нафар донишҷӯёне, ки аз дигар ноҳияҳо ё деҳаҳои дурдаст мебошанд, зиндагӣ мекунанд. Дар хобгоҳ барои шустушӯи донишҷӯён ҷои шустушӯй, ҳаммом, барои тайёр кардани хӯрок ҷои алоҳидаи хӯрокпазӣ, синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст. Барои аз василаи ахбор бодарак шудан телевизорҳо дар гӯшаҳои алоҳидаи хобгоҳҳо гузошта шудааст. Барои тайёр намудани дарс дар ҳуҷраҳои хобгоҳ мизу курсиҳо вуҷуд доранд.

Дар коллеҷи тиббӣ китобхона фаъолият меноамояд, ки мудирии онро китобдор Шодиева Оростамо ба уҳда дорад. Номбурда нақшаи кори китобхонаро дар асоси талаботҳои давру замон таҳия намуда, пайваста аз рӯи он кор мебарад. Ҳамаи номгӯи китобҳои дарсӣ ва бадеӣ ба қайд гирифта шуда, оид ба истифодаи онҳо назорати доимӣ бурда мешавад. Бо мақсади ҷалби донишҷӯён бобати мутолиаи китобҳои бадеӣ дафтари бақайдгирӣ ташкил карда шуааст. Китобдор пайваста дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯён дар давоми соли таҳсил як қатор чорабиниҳои бадеӣ ва адабӣ гузаронида, чеҳраҳои машҳури ноҳияро даъват менамоянд.

Дар оғози таҳсили нимсолаи 1-уми соли хониши 2019-2020 дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт 716 нафар донишҷӯён таҳсил менамуданд, ки аз ин 437 нафарашро духтарон ва 279 нафари боқимондаро писарон ташкил медоданд. Аз ин шумораи донишҷӯён 277 нафар дар гуруҳҳои шартномавӣ ва 439 нафар дар гуруҳҳои буҷавӣ таҳсил мекунанд.

Яке аз аз омилҳои асосии ҷараёни таълиму тарбия дар муассисаи таълимӣ — ин дуруст ба роҳ мондани низоми таълим ва истифодаи усулҳои нави таълим ва воридшавӣ ба таҳсилоти ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт бо мақсади самаранокии ҷараёни таълиму тарбия шӯрои методӣ фаъолият мекунад. Шӯрои методӣ пайваста кӯшиш менамояд, ки маҳорати касбии омӯзгорро ҳаматарафа омӯхта, сатҳи сифати донишро муайян намояд. Ба ин васила аз рӯи нақшаи пешакӣ таҳияшуда дар нимсолаи дуюми соли хониши 2019-2020 низ «Мониторинги сифати дониш» аз рӯи фанҳои тахассусӣ ва гуманитарӣ гузаронида шудааст. Натиҷаи корҳои омӯзишӣ ва таҳлилӣ дар ҷаласаҳои назди директор мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Барои аттестатсияи хатми 2018-2019-ум 201 нафар хатмкунандагон — дар заминаи маълумоти асосӣ 62 нафар ва дар заминаи маълумоти умумӣ 139 нафар иҷозат дода шудаанд. Атесттатсияи хатм аз фанҳои «Кори ҳамширагӣ дар терапия», «Кори ҳамширагӣ дар педиатрия» ва «Кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳия» гузаронида шудааст.

Тақсимоти мутахассисони ҷавон дар коллеҷ тибқи талаботи «Низомномаи тақсимот ва ба ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» ба роҳ монда шудааст. Тақсимоти хатмкунандагон дар таърихи 23.07.2019 баргузор шуда, дар он менеҷерҳои марказҳои саломатии ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва Нуробод ҳузур доштаанд.

Тибқи барномаҳои таълимии коллеҷи тиббӣ ва коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар давоми як ва ду семестр донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолӣ равон карда мешаванд. Пеш аз фиристодани донишчӯён ба таҷрибаомӯзӣ, барои ҳар як кадоми онҳо фармони умумӣ ва алоҳида бароварда шуда, инчунин тарзи гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва пур кардани рӯзномаҳо фаҳмонида мешавад. Онҳо дар давоми таҷрибагузаронӣ бо шуъбаҳо, кормандони шуъбаҳо шинос мешаванд. Инчунин, онҳо аз рӯи барномаҳои дар дасташон буда дар дохили шуъба бо назорати ҳамшираи калони шафқат

таъинотҳои гуфташударо иҷро мекунанд. Асосан, дар вақти гузаштани таҷрибаомӯзӣ онҳо аз тарафи мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ назорат карда мешаванд. Таҷрибаомӯзии қаблидипломӣ ба сифати «ҳамшираи тиббӣ» дар курси 3-юми коллеҷи тиббӣ аз рӯи ихтисоси «кори ҳамширагӣ» гузаронида мешавад. Таҷрибаомӯзии қаблидипломӣ бояд дар муассисаҳои тиббие гузаронида шавад, ки онҳо имконияти таъмин намудани заминаи таълимӣ ва моддӣ-техникӣ, техника ва таҷҳизоти навтарини пешгирии бемориҳо, расонидани ёрии таъҷилии қаблдухтурӣ, ҳамчунин аёдат ва диспансеркунонии муроҷиини солим ва беморро дошта бошанд.

Яке аз самтҳои асосии раванди таълим дар коллеҷ низоми дурусти корҳои методӣ буда, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани корҳои методӣ, баланд бардоштани савияи донишҳои касбӣ, такмил додани маҳорати касбии омӯзгорӣ, амалан истифода бурдани усулҳои ба ҷаҳони муосир мувофиқ бударо тақозо менамояд. Вазифаи корҳои методиро дар коллеҷ

омӯзгори фанни забони англисӣ Тағдиров Қ. ба уҳда дорад, ки собиқаи кори 38-сола дорад. Дар коллеҷ «Гӯшаи методӣ» мавҷуд аст, ки дар он як қатор масъалаҳои методӣ, таълимӣ ба таври амиқ ҷой дода шудаанд.

Дар коллеҷ шӯрои методӣ таъсис дода шудааст, ки дар ду самти корӣ — иттиҳодияи методии фанҳои гуманитарӣ ва иттиҳодияи методии фанҳои тахассусӣ фаъолият мекунад. Иттиҳодияҳои методии фанҳои гуманитарӣ (роҳбараш Алимов А.) ва иттиҳодияи методии фанҳои тахассусӣ (роҳбараш Атоев Р.) аз рӯи нақшаҳои корӣ амал намуда, баҳри беҳдошти сифати дониш корҳои назаррасро ба сомон мерасонанд.

Дар давоми соли таҳсил бобати дар кадом сатҳ қарор доштани иҷрои барномаҳои таълимӣ ва сатҳи донишандӯзии донишҷӯён «Мониторинги сифати дониш» гузаронида мешавад ва аз натиҷаи он дар ҷаласаҳои назди директор бо иштироки худи омӯзгорон гузоришҳо шунида шуда, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода мешаванд. Сатҳи дониши донишҷӯён аз фанҳои дақиқ бошад, бо шакли тестӣ муайян карда мешавад.

Маъмурияти Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт пайваста мекӯшад, ки баҳри беҳдошти сифати таълиму тарбия ва татбиқи саривақтии барномаҳои давлатӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шаванд.

Имрӯз ба ҳамагон хуб маълум аст, ки илм бо суръати баланди кайҳонӣ густариш ёфта истодааст. Истифодаи самараноки технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ донишҷӯёнро бо сарчашмаҳои навини иттилоотӣ шинос менамояд. Аз ин рӯ, ба омӯзиши компютер диққати махсус дода мешавад. Донишҷӯён дарсҳои фанни компютерро дар дарсгоҳи компютерӣ аз бар менамоянд. Донишҷӯён аз компютер дуруст истифода бурда, ҳар гуна маводҳои лозимиро бо хати компютерӣ омода мекунанд.

Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт бобати амалӣ гаштани Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2.12.2003, №508) як қатор тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Дар коллеҷ номгӯи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои ин барнома таҳия карда шудааст. Маъмурияти коллеҷ пайваста мекӯшад, ки сатҳи донишандӯзии донишҷӯёнро бо истифода аз усулҳои нави таълим зина ба зина баланд бардорад. Аз ҳисоби донишҷӯёни болаёқат дар коллеҷ маҳфилҳои «Забони русӣ ва англисӣ» ташкил карда шудаанд ва омӯзгорони ин фанҳо — Кабутова Л. ва Тағдиров Қ. машғулиятҳои иловагӣ гузаронида, фонди луғатомӯзии донишҷӯёнро ғанӣ мегардонанд. Як нуктаро бояд тазаккур дод, ки гузаронидани викторинаҳои «Кто знает больше слов?» ва «who knows more words?» ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳар моҳ дар асоси нақшаи тартибдодаи маъмурияти коллеҷ, бахусус бахши тарбиявӣ, чунин намуди чорабиниҳо гузаронида мешаванд. Инчунин, тибқи нақшаи шӯрои методӣ аз рӯи ҷадвал мониторинги сифати дониш гузаронида мешавад. Бо тақозои замони муосир санҷишҳо тариқи тестӣ гузаронида мешаванд ва аз натиҷаҳои онҳо хулосабарорӣ сурат гирифта, дар маҷлисҳои шӯрои методӣ ва ҷаласаҳои назди директор мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода мешаванд. Ҳамзамон, бобати тақвият бахшидан ба таҷрибаивазкунӣ муаллимони алоҳида дар дарсҳои забони русӣ ва англисӣ иштирок намуда, аз усулҳо ва тарзи дарсгузаронии муаллимони ин фанҳо истифода мебаранд.

Маъмурияти Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт бо мақсади татбиқи саривақтии Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 1.11.2006, №484) дар асоси нақшаи чорабиниҳои ба тасвиб расида фаъолият менамояд ва ҳамаи омӯзгорони касбӣ ба таълими фанҳои дар нақшаи таълимӣ ҷойдодашуда фаро гирифта шудаанд. Баҳри бо кадрҳои баландихтисоси тахассусӣ ва фанҳои дақиқ таъмин намудан чораҳои судманд андешида мешаванд.

Дар давоми соли таҳсил бо мақсади дуруст ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии омӯзгорон ва такмили ихтисоси кормандони муассиса тадбирҳои муфид андешида шудаанд. Омӯзгорон бобати омӯхтани таҷрибаи якдигар дар дарсҳои ҳамдигар иштирок намуда, бо усулҳои нави таълими фаъол ошно мегарданд.

Маъмурияти Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт дар асоси нақшаи чорабиниҳо бобати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоџикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Зеро, робитаи доимии байни омӯзишгоҳу оиларо рушд додан ба амалигардии қонуни мазкур мусоидат менамояд.

Корҳои  маъмуриву хоҷагии коллеҷро Азизов Юсуфҷон ба уҳда дорад. Ҳолати бехдошти бинои коллеҷ, нигоҳ доштани моликияти ҷамъиятӣ доимо таҳти назорат мебошад. Аз болои тозагии саҳни коллеҷ ҳамарӯза назорат бурда мешавад.

Ба гуфтаи директори Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт муҳтарам Бобохоҷаев Бахтиёр, «Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт меваи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, аз тарафи Вазорати тандурустии кишвар бо қарори №225, аз 31.05.1992 кушода шудааст».

— Аҳамияти басо калон доштани ин муассисаро барои муассисаҳои тандурустии минтақа ба назар гирифта, маҳз Пешвои муаззами миллат ба муносибати ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар соли 2016-ум бинои сеошёнаи дорои ҳамаи шароити лозимии таълимӣ ва хобгоҳи наву замонавиро ба истифода доданд. Маҳз Пешвои муаззаманд, ки мо имрӯз дар шароити амнтарин таҳсил ва кору зиндагиро ба роҳ мондаем. Дар баробари хизматҳои беназири Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, месазад аз хизматҳои арзандаи узви Маҷлиси миллӣ, раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ёдовар шуд, ки ба коллеҷи тиббӣ аз ҳама ҷиҳат ёрии амалӣ мерасонанд. Кумакҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар муҳтарам Абдуллозода Ҷамолиддин низ саривақтиву қобили ситоишанд, ки мо миннатдорем. Аз ин лиҳоз, ба қасами касбии худ содиқ монда, ба Ватани хеш хизмат хоҳем кард,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here