Дар натиҷаи як назарсанҷӣ оид ба фаъолияти Ҳукумати кишвар, вазорату кумитаҳои давлативу дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар як соли охир, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон гузаронида шуд, маълум гардид, ки мардум аз хизматҳои арзандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон розиву мамнунанд. Хусусан рейтинги Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар давоми як соли охир боз чанд зина боло рафтааст, ки ин гувоҳи хизматҳои арзандаи Олимзода Насим Хоҷа — вазири тандурустии кишвар дар баробари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, садоқати ӯро нишон медиҳад. Рейтинги вазорати мазкур дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баланд будааст. Ба ин хотир, тасмим гирифтем, ки хонандагони азизро бо дастовардҳои беназиру хизматрасониҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар Кӯлобшаҳр ошно созем.
Бояд гуфт, ки бо дастгириҳои бевоситаи пайваста ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, инчунин бо ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ соҳаи тандурустии вилояти Хатлон рӯз то рӯз рушду нумуъ ёфта истодааст.
Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон айни ҳол 22 адад муассисаҳои соҳавии вилоятӣ, 12 адад муассисаҳои шаҳрӣ (Маркази саломатии №1-и шаҳри Кӯлоб, Маркази саломатии №2-и шаҳри Кӯлоб, Маркази саломатии кӯдаконаи шаҳри Кӯлоб, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Кӯлоб, Маркази эмтаъминкунии шаҳри Кӯлоб, Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили шаҳри Кӯлоб, Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зиддии ВНМО-и шаҳри Кӯлоб, Маркази стоматологии шаҳри Кӯлоб, Маркази солимии репродуктивии шаҳри Кӯлоб, Таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб, Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Кӯлоб, Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб), инчунин, дар деҳоти Кӯлоб 1 адад Беморхонаи марказӣ, 1 адад Беморхонаи рақамӣ, 1 адад Маркази саломатии ноҳиявӣ, 10 адад марказҳои саломатии деҳотӣ, 15 адад бунгоҳҳои саломатӣ ва 5 адад дигар марказҳои махсусгардонидашуда фаъолият доранд, ки баҳри ҳифзи солимии аҳолии минтақа, аз ҷумла шаҳру деҳоти Кӯлоб хизмати тиббӣ расонида истодаанд.
Дар баробари ин, муассисаҳои вилоятӣ низ ба тамоми аҳолии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва алалхусус сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб хизмати тиббӣ мерасонанд. Мавриди зикр аст, ки чи дар муассисаи беморхонавӣ ва чи дар марказҳои вилоятӣ аксари кулли бистаришудагон ва муроҷиаткунандагон сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб мебошанд.
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ ва пешгирии фавти модарону кӯдакон, дар асоси Созишномаи тарафайни байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон, дар доираи Барномаи «Ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва ёрии таъҷилӣ» (аз 22-юми октябри соли 2013) дар шаҳри Кӯлоб Маркази перинаталӣ сохта ба истифода дода шуд, ки айни ҳол фаъолият намуда истодааст. Мувофиқи шартномаи мазкур, бояд якчанд муассисаҳои тандурустӣ дар шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла таваллудхона ва беморхонаи кӯдаконаи вилоятӣ дар Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб ҷойгир карда шуда, дар ин замина, бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 25-уми ноябри соли 2019, №309 Беморхонаи клиникии бисёрсоҳавӣ ба номи А. Ҳақназаров таъсис дода шудааст.
Дар биноҳои муассисаҳое, ки озод гардидаанд, дигар муассисаҳое, ки вазъи биноҳои онҳо ба талаботҳои имрӯзаи соҳаи тандурустӣ мувофиқат намекунанд, ба ин биноҳо гузаронида мешаванд, аз ҷумла:
— дар як қисми бинои собиқ Беморхонаи кӯдаконаи вилоятӣ Маркази вилоятии стоматологӣ гузаронида мешавад ва дар назар дошта шудааст, ки барои бистарӣ ва табобат намудани беморони стоматологӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй 20 кат ташкил карда мешавад. Инчунин, дар қисми биноҳои дигари он Маркази вилоятии барқарорсозии саломатӣ, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Корхонаи воҳиди давлатии «Хатлон — фарматсия» дар минтақа ва ғайраҳо ҷойгир карда мешаванд;
— дар бинои собиқ Маркази беморихои дили вилоятӣ Маркази вилоятии ғадудҳои даруна ҷойгир карда шудааст. Дар боқимонда биноҳои холимонда зина ба зина дигар муассисаҳои тандурустие, ки дар биноҳои номувофиқ ҷойгиранд, гузаронида мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки айни ҳол дар биное, ки ба Маркази вилоятии стоматологӣ вобаста шудааст, таъмири асосӣ оғоз гардида, идома дорад. Аз ҷумла, қубурҳои обу ташноби фаъолиятнадошта ба пуррагӣ барқарор карда шудаанд ва гузаронидани таъмир дар қисми беруна ва дигар ҳуҷраҳои корӣ рафта истодааст.
Дар Маркази перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб барои табобати кӯдакон 78 кат ҷудо карда шудааст, ки айни ҳол фаъолият дорад.
Хизматрасонӣ ба модарону кӯдакон
Бояд гуфт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, ҳамеша баҳри сиҳатии омма талош варзида, хизматрасонии тиббиро ба модарону кӯдакон дар мадди аввал мегузорад.
Бо мақсади расонидани хизмати муосири тиббӣ ба модарону кӯдакон Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб ба истифода дода шудааст, ки мислаш дар Осиёи марказӣ мавҷуд набуда, сохтмони чунин Марказ дар шаҳри Бохтар оғоз гардида, идома дорад, ки дар соли 2020 ба истифода дода мешавад ва ин боиси фахри шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон гардидааст.
Дар самти таъмини нерӯи кадрӣ, маврид ба зикр аст, ки танҳо дар ду соли охир аз ҳисоби хатмкардагони Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино 29 нафар мутахассисони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои гуногун ба шаҳру деҳоти Кӯлоб сафарбар карда шудаанд.
Агар 2 соли охирро гирем, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Олимзода Н. Х. фақат дар шаҳру деҳоти Кӯлоб кӯмакҳои ниҳоят зиёд расонида шудааст.
Маркази перинаталӣ дар Кӯлоб
Сохтмон ва ҷиҳозонидани Маркази перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон соли 2015 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон тавассути Бонки олмонии рушд (KFW) оғоз гардида, барои ин амал Бонки олмонии рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 8,3 миллион Евро грант ҷудо намуда, аз ин миқдор 5,3 миллион Евро барои корҳои сохтмонӣ ва 3,0 миллион Евро барои муҷаҳҳазонидани он масраф шудааст. Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаи мазкур маблағи 6 миллиону 637 ҳазор сомониро дар бар гирифтааст.
Беморхонаи бемориҳои руҳӣ ва наркологӣ
Иншооти дигари сохташаванда дар шаҳри Кӯлоб — Беморхонаи бемориҳои руҳӣ ва наркологӣ барои 120 кат мебошад, ки корҳои сохтмонии он аз ҳисоби маблағҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни ҳол идома дорад. Иншооти мазкур аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои табобати бемориҳои равонӣ 80 кат ва барои табобати бемориҳои наркологӣ 40 кат пешбинӣ гардидааст.
Харҷномаи тасдиқшудаи корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани иншооти мазкур, ки аз ҷониби ҶСК «Корезлоиҳа» омода карда шудааст, 24 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, тибқи лоиҳа барои корҳои сохтмону васлгарӣ 16 миллиону 863 ҳазор сомонӣ, барои таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ 6 миллиону 117 ҳазор сомонӣ ва барои назорати техникӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва дигар хароҷотҳо 720 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соли 2016 барои омодасозии лоиҳаи корӣ ва оғози корҳои сохтмонии иншооти Беморхонаи бемориҳои руҳӣ ва наркологӣ барои 120 ҷой 550 ҳазор сомонӣ, соли 2017-ум 2 миллион сомонӣ, соли 2018-ум 2 миллион сомонӣ ва соли 2019-ум 3 миллиону 94 ҳазор сомонӣ масраф намудааст. Дар маҷмуъ, тайи солҳои 2016-2019 дар иншооти зикргардида ба маблағи 7 миллиону 644 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлгарӣ иҷро гардидааст.
Хобгоҳ барои донишҷӯён
Бунёди иншооти дигари сохташаванда дар шаҳри Кӯлоб — хобгоҳ барои донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб барои 700 ҷой тибқи нақша идома дорад. Иншооти мазкур дар Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСК «Корезлоиҳа» соли 2016 лоиҳабандӣ гардида, харҷномаи корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани он тибқи хулосаи мусбати экспертизаи давлатии лоиҳаҳои сохтмонӣ 23 миллиону 95 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Тибқи лоиҳа иншоот аз 9 ошёна ва тагхона иборат буда, масоҳати зери сохтмони он 7848 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар тарҳи ошёнаи тагхона ошхона барои 48 ҷой, толори хурди варзишӣ, толори теннис ва ҳуҷраҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла, сартарошхона, шустушӯйхона, анборҳои нигоҳубини рахтҳои хоб ва ғайра ҷойгир карда шудааст.
Дар ошёнаҳои 1-ум то 9-ум ҳуҷраҳои хобгоҳи донишҷӯён, толори хониш, толори омӯзиши дарсҳои компютерӣ ва шустушӯй, хонаҳои занона ва мардона, инчунин, ташноб ба нақша гирифта шудааст.
Дар иншооти бинои нуҳошёнаи хобгоҳ барои 700 нафар донишҷӯ дар дохили Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дар давоми солҳои 2016-2019 аз ҳисоби маблағҳои буҷети Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб 4 миллиону 276 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ тавассути вазорат 4 миллион сомонӣ масраф гардидааст.
Дар маҷмуъ, тайи солҳои 2016-2019 дар иншооти зикргардида ба маблағи 8 миллиону 276 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро карда шудаанд.
Таъмири иншооти тандурустӣ
Дар соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои марказонидашуда ва махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои зерини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таъмир гардидаанд:
— таъмири боми бинои Маркази саломатии шаҳрии №2-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон;
— таъмири қисми бинои Беморхонаи бемориҳои сироятии калонсолони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон;
— таъмир ва азнавсозии Беморхонаи вилоятии бемориҳои дили №2-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон (бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти вазорат, тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои сеошёнаи маркази саломатии «Модар ва кӯдак»-и Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба моликияти коммуналии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон гузаронида шуда, бинои мазкур ба табобати бемориҳои дил мутобиқ карда шуд).
Маблағи умумии корҳои таъмирӣ, ки аз ҷониби вазорат анҷом дода шудаанд, дар соли 2018 ба 1 053 580 сомонӣ баробар аст.
Дар соли 2019 бошад, аз ҳисоби маблағҳои марказонидашуда ва махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои зерини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таъмир гардидаанд:
— таъмири системаи обу корезии Маркази саломатии шаҳрии №2-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон;
— таъмири бинои Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон;
— сохтмони Бунгоҳи саломатӣ дар ҷамоати Сангпари ноҳияи Кӯлоб;
— таъмири бинои Беморхонаи сироятии кӯдакона дар шаҳри Кӯлоб.
Маблағи умумии корҳои таъмирию сохтмонӣ дар соли 2019 ба 1 820 518 сомонӣ баробар аст.
Таъминот бо нақлиёти санитариву хизматӣ
Бо мақсади ташхиси саривақтӣ ва дар ин замина коҳиш додани сатҳи беморшавии аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб, соли 2018 аз ҷониби вазорат дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд як адад автомашинаи сайёри флюорографӣ (рақамӣ) бо маблағи 250 ҳазор доллари ИМА харидорӣ ва ба Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили шаҳри Кӯлоб дастрас карда шудааст.
Инчунин, соли 2018 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чор адад нақлиёти санитарии Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Кӯлоб ба маблағи умумии 69 933 сомонӣ аз таъмир бароварда шудаанд.
Дар соли 2019 бошад, бо ҷалби шарикон оид ба рушд бо маблағи 240 ҳазор доллари ИМА автомашинаи ташхиси сайёри тамғаи «КАМАЗ» харидорӣ ва ба Маркази пешгирӣ ва назорати ВНМО-и шаҳри Кӯлоб барои истифодаи хизматӣ дастрас гардидааст.
Инчунин, дар ҳамин сол бо ҷалби шарикон оид ба рушд барои Маркази санитарию эпидемиологии шаҳри Кӯлоб бо маблағи 90 ҳазор доллари ИМА автомашинаи сайёри тамғаи “Газел” харидорӣ ва ба муассисаи мазкур дастрас гардидааст, ки дорои имкониятҳои зарурии ташхисии озмоишгоҳӣ мебошад.
Ғайр аз ин, вазорат дар соли 2019 дар доираи «Лоиҳаи пешниҳоди нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ», ки аз ҷониби Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) маблағгузорӣ мегардад, бо нақлиёти ёрии таъҷилӣ таъмин намудани муассисаҳои тиббии шаҳру деҳоти Кӯлобро ба нақша гирифтааст.
Таъминот бо таҷҳизоти тиббӣ
Дар соли 2018 бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои табобатию пешгирӣ бо таҷҳизоти тиббии муосир ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон маводи доруворӣ, мебел, таҷҳизот ва молҳои тиббӣ ба маблағи умумии 493 149 сомонӣ таъмин гардидааст. Аз ҷумла, ба Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ба номи А. Ҳақназаров як адад таҷҳизоти муосири фиброгастроскоп ва 7 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ ва мебелҳо ба маблағи умумии 234 240 сомонӣ ва як маҷмуъ иборат аз 11 қуттӣ маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ барои ҳолатҳои фавқулодда ба маблағи 17112 сомонӣ дастрас карда шудааст.
Инчунин, ба Таваллудхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб 6 адад кати тиббии функсионалӣ ба маблағи умумии 25080 сомонӣ ва ба Маркази вилоятии бемориҳои чашми шаҳри Кӯлоб як адад чароғи тарқишдор ба маблағи 41840 сомонӣ дастрас карда шудааст. Ҳамзамон, дар ин давра ба Маркази вилоятии саратоншиносии шаҳри Кӯлоб 13 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ ва мебелҳо ба маблағи умумии 29952 сомонӣ дастрас карда шудааст.
Ба Маркази вилоятии бемориҳои дили шаҳри Кӯлоб 15 адад катҳои беморхонагӣ ба маблағи 11250 сомонӣ дастрас шудааст. Ба Маркази солимии репродуктивии минтақаи Кӯлоб 10 номгӯй таҷҳизот ва молҳои тиббӣ, аз ҷумла, як адад таҷҳизоти колпоскоп, тамғаи “Ге-100” ба маблағи 27262 сомонӣ дастрас шудааст.
Ба Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Кӯлоб як адад рентгени сайёр ба маблағи 27500 сомонӣ дастрас гардидааст. Ба Маркази солимии репродуктивии шаҳри Кӯлоб 10 номгӯй таҷҳизот ва молҳои тиббӣ ба маблағи умумии 10012 сомонӣ дастрас шудааст.
Ба Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоб 11 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ ва мебелҳо ба маблағи 20 202 сомонӣ ва ба шабакаи муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Кӯлоб 12 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ ва мебелҳо ба маблағи умумии 12 508 сомонӣ дастрас карда шудааст. Ба Беморхонаи ноҳиявии №1-и Ҷамоати деҳоти Зарбдори ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон 4 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи умумии 17150 сомонӣ таъмин шудааст. Ба шабакаи муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Кӯлоб (Бунгоҳи тиббии деҳаи Корези боло) 12 номгӯй таҷҳизот ва молҳои тиббӣ ба маблағи 12508 сомонӣ дастрас гардидааст. Ба КАТС-и ноҳияи Кӯлоб (Бунгоҳи деҳаи Тудакафш) 9 номгӯй таҷҳизот ва молҳои тиббӣ ба маблағи 6533 сомонӣ дастрас шудааст.
Дар соли 2019 бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои табобатию пешгирӣ бо таҷҳизоти тиббии муосир ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон маводи доруворӣ, мебел, таҷҳизот ва молҳои тиббӣ ба маблағи умумии 1 745 826 сомонӣ таъмин гардидааст. Аз ҷумла, ба Беморхонаи вилоятии ба номи А. Ҳақназарови шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон 5 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ (дастгоҳи нафасдиҳии сунъии тамғаи “РО-9”, бронхоскопи кӯдакона ва дуададӣ миз ва чароғи ҷарроҳӣ, катҳои беморхонагӣ) ба маблағи умумии 208 310 сомонӣ дастрас гардидааст. Ба Таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон 2 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ ва мебел (дастгоҳи нафасдиҳии сунъии тамғаи ”РО-9” ва автоклав) ба маблағи умумии 55 690 сомонӣ дастрас гардидааст.
Ба Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон 6 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ ва мебел (геманализатор, кати тиббӣ, дастгоҳи сабти барқии дил 3-канала, дастгоҳи ток Бернара, анализатори биохимиявӣ) ба маблағи умумии 109 945 сомонӣ дастрас гардидааст.
Ба Маркази вилоятии бемориҳои дили Кӯлоби вилояти Хатлон 51 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ ва мебел (дастгоҳи тамизгардонӣ 75л, таҷҳизоти ташхиси фаросавтии доплердор, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, монитори назди кати бемор, дастгоҳи сабти барқии дил 6-канала, дастгоҳи дефибрилятор бо монитор, кати тиббӣ, кати функсионалӣ, яхдон, дастгоҳи назорати кори дил “Холтер”, ларингоскоп, кашиши барқии ҷарроҳи, инфузомат, перфузор, телевизор ва мебелҳои тиббӣ) ба маблағи умумии зиёда аз 1 053 383 сомонӣ ва як адад нақлиёти санитарӣ ба маблағи 114 000 сомонӣ дастрас карда шудааст.
Ба Маркази солимию репродуктивии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 9 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ ва мебел ба маблағи умумии 25 913 сомонӣ дастрас карда шудааст. Ба Маркази саломатии шаҳрии №2-и шаҳри Кӯлоб 4 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи умумии 39 886 сомонӣ дастрас гардидааст. Ба Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон таҷҳизот ба маблағи умумии 78 334 сомонӣ дастрас карда шудааст. Ҳамзамон, ба муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Кӯлоб 24 номгӯи таҷҳизот ва мебел ба маблағи умумии 60 365 сомонӣ дастрас гардидааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасмим гирифтааст, ки заминаи моддию техникии Беморхонаи вилоятии бемориҳои чашми шаҳри Кӯлобро пурзӯр намуда, онро бо таҷҳизоти ҳозиразамони “Факоэмулсификатор” ва “Микроскопи электронӣ барои амалиётҳои ҷарроҳии чашм” ба маблағи зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ таъмин намояд.
Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа дар шаҳри Кӯлоб шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдаконаи Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб (дорои 60 кат) аз таъмири асосӣ пурра бароварда шуд. Инчунин, дар ҷамоати Зиракӣ, деҳаи Баҳористон Бунгоҳи саломатӣ бунёд ва бо таҷҳизоту лавозимоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳазонида шудааст.
Аз рӯи гуфтаи сокини шаҳри Кӯлоб, собиқадори мақомоти қудратӣ Рустам Раҳмонқулович, “давоми 3-4 соли охир соҳаи тандурустии шаҳри Кӯлоб онқадар ба пешравию дастовардҳо ноил гардидааст, ки мо онро дар гузашта ҳатто орзу карда наметавонистем. Ин гувоҳ бар он аст, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа ба Кӯлобшаҳр ва мардуми он таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ман дилпурона метавонам гӯям, ки хизматрасонии тиббӣ дар Кӯлобшаҳр аллакай ба сатҳи ҷаҳонӣ бароварда шудааст”.
Ба гуфтаи сокини дигари шаҳри Кӯлоб, соҳибкор Иброҳимов Эраҷ Абдуллоевич, “хизматрасонии олӣ дар Кӯлоб — ин хизмати арзандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аллакай дар тамоми соҳа ба пешравиҳои беназиру ҷаҳонӣ ноил гардида истодаем. Мардуми сарбаланди Кӯлобшаҳр аз дастгириҳои Пешвои муаззами миллат ва вазир Олимзода Насим қанотманданд ва оид ба рушди соҳа бо ифтихор сухан дар миён меоваранд”.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ