Саломатӣ асоси некӯаҳволии инсоният, шахс, оила ва ҷамъият ба шумор меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки «Солимии ҷомеа боигарии давлат аст».

Вируси нав бо номи COVID-19 зимни таҳқиқоти олимони варзидаи ҷаҳон, ки тавассути ҳаво аз як нафар ба нафари дигар интиқол меёбад, қарор гирифтааст. Дар ин масъала аз ҷониби табибон барои пешгирии вируси мазкур тавсияҳои зиёд пешниҳод шудаанд.

Вируси COVID-19 аз рӯзи хурӯҷёбии худ, яъне аз моҳи декабри соли 2019 натанҳо аҳолии қишри заминро коҳиш додааст, балки ба соҳаи тиби кишварҳо ва инчунин тиби ҷаҳонӣ хисороти зиёд расонидааст. Роҷеъ ба масъалаи коронавирус ва таъсири он ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон коршиносон, муҳаққиқон ва сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ фикру андешаҳои ҷолиби худро иброз намудаанд. Дар мубориза бо ин вабои аср давлатҳои олам дастаҷамъона мубориза бурда, кумакҳои башардӯстонаи молиявӣ байни давлатҳои дунё то ҳанӯз ба назар мерасад. Ҳатто давлатҳои абарқудрате аз қабили ИМА, Чин, Австралия, кишварҳои Аврупо ва ғайра зери хатари вируси COVID-19 барои ниёзи худ ба масолеҳи молиявӣ (аз ҷумла тиббӣ) кумак талаб намуданд.

Олимони физиолог ва духтурон таъкид мекунанд, ки инсон метавонад аз лаҳзаҳои тавлид шуданаш 100 сол бидуни беморӣ зиндагӣ намояд. Инсон ҳанӯз аз даврони ба дунё омаданаш дар худ бо тарзи ҳаёти солим зиндагӣ намуданро ҷой дода, ба қонунҳои табиат ва инсоният риоя менамояд. Дар ҳуҷҷати стратегии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ «Саломатӣ барои ҳама дар садсолаи 21-ум» ба масъалаҳои сафарбар намудани ҷомеаҳо ба мустаҳкам намудани саломатӣ тавассути ба одамон ва ҷамъиятҳо фароҳам овардани имконияти баланд бардоштани назорати омилҳои мустаҳкамкунандаи саломатӣ диққати махсус дода мешавад. Вобаста ба ҳамин дар сиёсати имрӯзаи давлати тоҷикон ба ташаккули тарзи ҳаёти солим бо иштироки ҷомеаҳо дар ҳалли масъалаҳои бахши тандурустӣ дар давраи хатари вируси COVID-19

аҳамияти муҳим дода мешавад. Танҳо тавассути сафарбар намудани саъю кӯшиши бахшҳои гуногун ва ҷомеаҳо тарзи солими ҳаётро таъмин намудан ва барои саломатӣ муҳити мусоидро фароҳам овардан мумкин аст.

Тарзи нодурусти зиндагӣ ва камҳаракатӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон сабаби зиёд шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгарди инсонҳо ва зуд паҳншавии вируси COVID-19 гардидааст.

Солҳои охир дар тамоми дунё яке аз сабабҳои асосии ба марг ва маъюбият гирифтор шудани одамонро бемории cактаи дил медонанд. Ин беморӣ ҳар сол беш аз 17 миллион одамонро аз байн мебарад. Сабабҳои асосии ин беморӣ — баландшавии фишори хун, болоравии холестерин ва глюкоза дар хун, диабети қанд, сигор кашидан, вазни зиёд, камҳаракатӣ ва истеъмол накардани ғизои солим мебошанд.

Тадқиқотҳои илмӣ исбот намудаанд, ки пайдоиши бемориҳои мазкур ба тангшавӣ ва тамоман банд шудани роҳҳои хун дар рагҳои хунгузар вобаста мебошад. Вақте ҳаҷми рагҳо то 70% танг мешавад, норасоии энергияву хун ба мушоҳида мерасад. Ин омил боиси халалдор шудани меъёри талаботи ҷисм ба оксиген ва миқдори дастраснамоии он ба мушакҳои дил мегардад.

Фаъолияти иҷтимоии инсон, оқилона ба роҳ мондани фаъолияти корӣ ва истироҳати фаъол дар реҷаи рӯз, дуруст ташкил намудани фароғати фарҳангӣ, ҳаракати фаъоли муносиб, гигиенаи шахсӣ, истифодаи қувваҳои шифобахши табиат (офтоб, ҳаво, об), хӯроки дуруст, ҳолати сиҳатии психологӣ дар оила, фаъолияти меҳнатӣ ва таълимӣ дар коллектив. Ҳамаи инҳо бо ҳамдигар вобаста буда, ба омилҳои тарзи ҳаёти солим дохил мешаванд. Бо супориши раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар назди ҳама биноҳои истиқоматӣ майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки меҳвари тарзи ҳаёти солими ҷавононро таъмин менамояд. Инсон — ин ягонагии ногусастании биологӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Шахси фаъол ва мақсаддор намегузорад, ки руҳу танаш танбалӣ кунад, муддати дароз ҷавонӣ ва зиндадилиро нигоҳ дошта, ҳатто дар пирӣ низ қувваи созандаи эҷодиашро давом медиҳад.

Дар муқобил, беғайратии иҷтимоӣ, даст кашидан аз қуллаҳои мақсад, мурдадилӣ, набудани машғулияти дӯстдошта, бефаъолиятӣ, ба олами ғуссаҳо рафтан, руҳафтодагӣ, афсурдаҳолӣ шахсро ба таназзул оварда мерасонад.

Энергия дар организм ҳангоми ҳаракат ба вуқуъ меояд. Инсонро табиат барои фаъолияти ҷисмонӣ офаридааст, ки ба он ҳамаи узвҳо ва система бо якдигар мутобиқ карда шудаанд. Зиёда аз ними вазни танро дастгоҳи ҳаракат ташкил медиҳад: скелет ва мушакҳо. Қалб ва хунгардӣ, системаи нафаскашӣ ва асаб, системаи ҳозима ва ғадудҳои тарашшуҳи дохила — ҳамаи ин тарзе сохта шудааст, ки фаъолияти мунтазами мушакҳоро ба амал меоваранд. Сигналҳое, ки аз мушакҳои ҳаракатдиҳанда ба майнаи сар ворид мешаванд, дар марҳилаҳои муайяни ҳаёти кӯдак, барномаҳои ташакулёбии ирсии организми ӯро ба миён меоранд.

Организми инсон дар баробари сарф кардани энергия, дар ҳолатҳои гуногун онро аз нав пур мекунад, дар ҳоле, ки агар худи шахс бештар фаъолият намудаву талош кунад, ки ғизоҳои энергетикиро истифода намояд. Дар чунин ҳолат энергияи сарфшуда барқарор мегардад. Дар акси ҳол, раванди мубодила дарҳол суст шуда, энергия ҷамъ намешавад, инчунин ҳуҷайраҳои мағзи сар ва бадан бо ғизо таъмин нагардида,  раванди ташаккулёбии организм рушд намеёбад.

Пайваста фаъолияти мунтазам накардан ба ҳолатҳои ногувор оварда мерасонад. Бисёре аз касбҳои имрӯза дар ҳолати беҳаракатӣ, бо сарфи минималии қувваи ҷисмонӣ ҳастанд. Дар муддати рӯз мо аз як курсӣ ба як курсии дигар менишинем, ин амалиётҳоро бо гаштугузор дар бозору мағозаҳо иваз менамоем.

Барои аз чунин мушкилӣ баромадан моро зарур аст, ки бештар ҳаракат кунему ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шавем. Бояд қайд кард, ки агар шахс машқҳои ҷисмониро дар табиат ба ҷо оварад, таъсири мусбати он ба организм зиёдтар мешавад. Зеро омилҳои гигиении табиат (офтоб, ҳаво, об) беҳтарин воситаи обутоб ва пешгирии бемориҳост. Ҳамчунин, вазни худро дар сатҳи меъёр нигоҳ доштан ва бештар ҳаракат кардану аз ғизои серчарб даст кашидан ҳатмист. Ба онҳое, ки дар таркиби хунашон холестерин аз меъёр зиёд аст, лозим нест, ки якбора аз баҳри ҳама хӯроки дӯстдоштаашон бароянд. Яке аз роҳҳои асосии дучор нашудан ба ин бемориҳо — риояи тарзи ҳаёти солим ва гӯш додан ба маслиҳати табибону аз рӯи он амал намудан аст.

Табибону мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки то аз байн рафтани ин беморӣ ҳамагонро мебояд баҳри муҳофизати худ қоидаҳои умумиеро, ки зарурист, риоя намоянд. Ба мисоли рӯкаш намудани узвҳои нафаскашӣ, шустани дастон пеш аз истеъмоли ғизо ва дигар талаботи тавсиявӣ.

Пандемия (аз юнонӣ — pandemia — оммаи халқ) эпидемияест, ки боиси сирояти васеи аҳолӣ, гуруҳи мамлакатҳо ва пайдо шудани вирусҳои нав ё бемориҳои сироятие, ки бо сабаби набудани масунияти аҳолӣ ба амал омада, боиси фавти зиёди инсонҳо мегардад. Пандемия вақте пайдо мешавад, ки беморӣ дар ҷаҳон зуд паҳн мешавад ва аксарияти мардум аз он эмин нестанд. Манбаи касалии гузаранда шахси бемор ё шахси солими паҳнкунандаи беморӣ буда, ба муҳити атроф микроорганизмҳо ҷудо мекунад, ки ба воситаи ҳаво ҳангоми атсазанӣ, сулфидан, истифодаи ашёҳои умумӣ, бо маҳсулоти хӯрокӣ ва об, бо даст салом кардан, бӯсидани якдигар ба организми одамони сиҳат роҳ меёбанд. Агар одамон иммунитети паст дошта бошанд, бемории сирояткунандаи оммавӣ — эпидемия сар мезанад. Дар бисёр ҳолатҳо иммунитет ва тарзи дурусти рафтори бемор ба шахс дар бартараф кардани бемориҳо кӯмак мекунад ва коронавирус низ истисно нест. Барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ дар ҷойҳои серодам, ҷои дарсомӯзӣ, нақлиёт, ҳаргуна чорабиниҳо аз ниқобҳои муҳофизатӣ ва ғайра истифода бурдан лозим аст. Аз сафар ба кишварҳое, ки ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, худдорӣ намудан лозим. Дастатонро бо собун ва об шӯед. Аз дастфишорӣ ва рӯйбӯсӣ худдорӣ кунед. Ба дараҷаи кофӣ оби ҷӯшонидашуда нӯшед. Одамоне, ки гирифтори табларза, ҳарорати баланди бадан, сулфаи хушки бардавом, дарди сар ва мушакҳо ҳастанд, ба мутахассисони тиб муроҷиат намоянд. Реҷаи хонаро риоя кардани бемор ҳатмист, зеро вусъати минбаъдаи ангезандаҳоро пешгирӣ мекунад.

Дар ҳолати омодабош қарор доштани ҳамаи муассисаҳои тандурустии кишвар далели эҳсоси масъулият ва дарки муҳимияти ин масъала аз ҷониби Ҳукумати мамлакат мебошад. Бинобар ин, аз ҳар як фарди ҷомеа имрӯз тақозо мегардад, ки бо дарки масъулияти шаҳрвандии хеш ва дар ҳамҷоягӣ бо Ҳукумати кишвар ҳар иқдомеро, ки дар ин самт гирифта мешавад, оқилонаву одилона риоя намоянд.

С. А. ТАИБОВ, унвонҷӯи кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДДТТ ба номи А. Сино

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here