Ба иттилои масъули дафтари матбуоти раиси умумӣ — мушовири масоили сиёсати ахбори Ҷамъияти саҳҳомии “Шабакаҳои миллии барқи Ӯзбекистон” Улуғбек Урунов коҳиши ҳаҷми воридотии нерӯи барқ ягон ангезаи сиёсӣ надорад. Вай гуфт, балки ин ба чанд омил вобаста мебошад, ки тарафҳо аз он огоҳанд.

Вай ба мухбири “Фараж” тавзеҳ дод, ки бар асари ин омилҳо ҳаҷми воридот дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна аз 12,0 миллион киловат/соат ба 0,3 миллион киловат/соат пойин рафт.

 — Аз соати 02:33-и 16-уми июл дар натиҷаи пастравии сатҳи оби обанбор ва рӯдхонаҳои Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ дар шабакаҳое, ки барқи зеристгоҳҳои фаръии “Регар” ва “Сурхон”-ро аз тариқи Л-508-и васл мекунад, қатъ шуд. Барои ҳамин ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ аз 12 миллин ва 0,3 миллион киловат-соат коҳиш ёфт, — изҳор кард Улуғбек Урунов.

Мавсуф афзуд, ки шартномаи тарафайн дар мавриди интиқоли нерӯи барқ мебоист охири моҳи сентябр ба охир мерасид, вале омилҳое пайдо шуданд, ки коҳиш ёфтани ҳаҷми воридоти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистонро ба миён оварданд.

— Ин аввал ба пастравии сатҳи оби ҳавзаҳои оби Ӯзбекистон ва Тоҷикистон марбут мебошад, ки дар натиҷаи он таъмини нерӯи барқ дар ду кишварро низ ба мушкилот мувоҷеҳ шуданд. Як нуктаро қайд карданиам, ки дар нерӯгоҳҳои ҳароратии мо моҳи июл мавсими тармим эълон шудааст. Ба ин далел дар мавриди захира намудани сӯзишворӣ иқдом сурат нагирифтааст. Мо омодагӣ нагирифта будем, ки ҳаҷми нерӯи барқ якбора коҳиш меёбад ва онро мебояд аз тариқи нерӯгоҳҳои ҳароратӣ ҷуброн намуд, — гуфт Улуғбек Урунов.

Тавре вай иброз дошт, бо вуҷуди пеш омадани чунин вазъият нерӯгоҳҳои ҳароратии кишвараш нисбат ба нақша боз 8 миллион киловат/соат нерӯи иловагии барқ тавлид карда метавонанд. Он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25-30 миллион киловат/соат ҳаҷми нерӯи барқи бештарро ташкил мекунад.

— Коҳиши ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ бо ташаббуси ширкати “Барқи тоҷик” сурат гирифт, зеро пойин рафтани сатҳи оби сарбанди “Норак” ба чунин иқдом сабаб гашт. Ин як ҳоли табиист. Ғайр аз ин, соли равон дар нерӯгоҳҳои ҷумҳурии мо низ нисбат ба миқдори шартномавӣ рӯзона 6-7 миллион киловат/соат, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10-12 миллион киловат/соат нерӯи барқ кам тавлид карда шуд ва камбуди нерӯи барқро ба вуҷуд овард, — мегӯяд масъули дафтари матбуоти раиси умумӣ — мушовири масоили сиёсати ахбори Ҷамъияти саҳҳомии “Шабакаҳои миллии барқи Ӯзбекистон” Улуғбек Урунов.

Ба таъкиди ин манбаъ ба манзури барқарор намудани ҳолати фавқуззикр Ҷамъияти саҳҳомии “Шабакаҳои миллии барқи Ӯзбекистон”  дар доираи ваколати худ бо ширкати “Туркменэнерго” доир ба воридоти нерӯи барқ шартнома имзо намуд. Аз 27-уми июл ин шартнома дар амал татбиқ шуд ва ҳаҷми воридотии интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон ба Ӯзбекистон афзуд.

Дар айни ҳол ба воситаи шабакаҳои ҳавоии дорои нерӯи 500 киловатии Қоракӯл–Сердар ба Ӯзбекистон  80 МВт нерӯи барқ интиқол меёбад. Нерӯи ҳаҷми рӯзонаи он то ба 200 МВт хоҳад расид. Маҳдудиятҳои ҷоришудаи барқ дубора лағв гардид.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here