Масъулини Суди вилояти Суғд муроҷиату шикояти моро тавре баррасӣ кардаанд, ки ба фарқи ду бозор сарфаҳм нарафтаанд.
Нисбат ба таъиноти Суди шаҳри Хуҷанд аз 30-юми июли соли 2019, ки аризаамро дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалномаи суди ин шаҳр, ки аз 1-уми октябри соли 2018 вобаста ба ҳолатҳои навошкоргардида рад намуда буд (судя Маъруфзода Н. Н.), санаи 8-уми августи соли 2019 ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Суғд шикояти хусусӣ навишта будам. Назар ба ин, ки дар муҳлати як моҳи бо қонунгузории мурофиавӣ муқарраршуда баррасӣ шудани ин шикояти хусусиам, Суди вилояти Суғд онро дар муҳлати 68 рӯз, яъне рӯзи 8-уми октябри соли ҷорӣ ва он ҳам бе даъват ва иштироки ман баррасӣ намудааст, ки таъиноти онро рӯзи 25-уми октябри соли ҷорӣ аз суди вилоят гирифтам. Ҳангоми баррасии шикоятам, сабаби ба маҷлиси коллегияи судӣ даъват нашуданам шарҳ дода нашудааст ва қарори марҳилаи кассатсионӣ бо дастгирии раиси Суди вилояти Суғд Оқилзода Бахтиёр қабул шудааст.
Дар бораи он, ки чи тавр судяи Суди шаҳри Хуҷанд Маъруфзода Н. Н. аз ҳисоби тақаллубкории далелҳо парвандаро баррасӣ намуда, ҳалномаи ғайриқонунӣ қабул намуда буд, дар шумораи 41-уми ҳафтаномаи “Фараж” аз 9-уми октябри ҳамин сол таҳти унвони “Хато андар хато, ё Суди Олӣ чиро намебинад?” муроҷиатномаам нашр шуда буд. Ба хонандаи закӣ ва муҳтарами “Фараж” хотиррасон мешавам, ки дар шумораи 37-уми ин ҳафтанома аз 11-уми сентябри ҳамин сол муроҷиатам ба роҳбарони мақомоти кишвар таҳти унвони “Боз як беадолатӣ дар Хуҷанд” низ интишор шуда буд.
Дар муроҷиатномаҳо дар ҳафтаномаи “Фараж” ба унвонии роҳбарияти кишвар ва ҳам масъулини Суди Олӣ дар бораи ислоҳи камбудиҳое, ки судяҳои Суди шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд, ки дидаву дониста роҳ додаанд, баён намудаам, то чораандешӣ сурат гирад. Зеро, дар ҳоле, ки худи судяҳо қонунро риоя намекунанд, пас онҳо барои кӣ ва баррасии кадом парвандаҳои судӣ лозиманд?! Аз ин, ки беш аз ду сол боз дар назди идораҳои суд дар шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд мегардам, мебинам, ки баъзе аз судяҳо на парвои таъмини волоияти қонун доранд, на хостори пойдории адолати додгоҳӣ ҳастанду парвои савгандхӯриашонро ҳам надоранд. Фарзи мисол, агар ба қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Суғд, ки онро 8-уми октябри соли 2019 судяҳо Қурбониён С. А., Сатторзода Ҳ. Р. ва Шарифзода Б. Н. қабул намудаанд, таваҷҷуҳ намоед, бараъло дида мешавад, ки ҷаноби судяҳо ба ҳисоби вайрон кардани меъёрҳои қонунгузорӣ ҳатто дастуру қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нодида гирифтаанд.
Чунончи, моддаи 337-и КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ки шикоят ва эътирози кассатсионии пешниҳодшударо судҳои вилоят бояд дар муҳлати на дертар аз як моҳи воридшавии он моҳиятан баррасӣ намоянд.
Ман шикояти хусусиамро ба таъиноти Суди шаҳри Хуҷанд аз 30.07.2019, баъди даҳ рӯз, санаи 8-уми августи соли 2019 ба Суди шаҳри Хуҷанд расман супорида будам ва дар ин бора ҳуҷҷати тасдиқкунанда ҳам дорам. Аммо чаро дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, ки як моҳро дар бар мегирад, коллегияи Суди вилояти Суғд онро баррасӣ накард? Дар ин бора дар Суди Олӣ ҳам иттилоъ доранд, аммо чаро бо ин вуҷуд нисбати фориғболии судяҳо чораандешӣ сурат намегирад?
То рӯзи 25-уми октябри соли равон, яъне он рӯзе, ки ман шахсан таъиноти коллегияи судиро аз 8-уми октябр дастрас намудам, дар бораи вақт ва маҳали баррасии шикояти хусусиам маро касе огоҳ накардааст ва намедонам бо кадом сабаб бошад, ки коллегияи судӣ бе иштироки ман шикоятамро баррасӣ намуда, аз қонеъ гардонидани он қарори рад қабул намудааст. Дар ҳоле, ки қонунгузор (қисми 1-и моддаи 343-и КМГ ҶТ) пешбинӣ намудааст, ки ҳангоми ба маҷлиси коллегияи судӣ ҳозир нашудани шахсе, ки иштирокчии парванда мебошаду дар бораи вақт ва маҳали баррасии он огоҳ нест, суд вазифадор мебошад, ки парвандаро баррасӣ накарда, ба дигар вақт мавқуф гузорад.
Аз таъиноти коллегияи судӣ бармеояд, ки раиси суди вилоят Оқилзода Б. аз қонун боло аст ва ҳар чӣ тасмиме гирад, ҳамон қонун аст!? Ҳол он ки, ӯ ҳамчун раиси суди вилоят вазифадор аст, ки ҳар як таъиноту ҳалномаи баровардаи судяҳоро дида барояд.
Ин қарори коллегияи судӣ бо роҳи дағалона вайрон намудани қонунгузорӣ қабул шудааст, зеро коллегияи судӣ қарорашро ба меъёри қонунгузорие, ки барои қабул намудани ҳамчунин қарор ба коллегияи судӣ ҳуқуқ намедиҳад, асоснок намудааст.
Чунончи, дар қарори коллегияи судӣ нишон дода шудааст, ки тибқи моддаи 361-и КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон (муҳлати пешниҳоди шикояти хусусӣ ва эътироз) асос барои аз нав баррасӣ намудани ҳалнома вобаста ба ҳолатҳои навошкоркардашуда коллегияи судӣ дарёфт накардааст ва бетағйир монондани таъиноти Суди шаҳри Хуҷандро коллегияи судӣ лозим шуморидааст. Оё ҳамаи ин қонуншиканиҳоро раиси суди вилоят Оқилзода Б. намебинад ё ӯ ҳам ба рафтори судяҳое, ки ба манфиати худ қодиранд ҳар қарору таъинот содир кунанд, ҳамроҳ аст?
Се судяи Суди вилояти Суғд ҳама дорои маълумоти ҳуқуқшиносианд, аммо дар вақти баррасии шикояти хусусиам таъиноте қабул намудаанд, ки аслан мазмуни қонунгузорӣ ба таъиноти баровардаи онҳо мантиқан мувофиқат намекунад.
Воқеан ҳам дар қонунгузорӣ омадааст, ки агар суд қонунро татбиқ намуда бошад, ки набояд татбиқ гардад ё суд қонунро нодуруст маънидод карда бошад, ё меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавӣ нодуруст татбиқ шуда бошад, асос барои бекор кардани санади судӣ бояд шавад.
Аз қарори коллегияи судӣ бармеояд, ки шикояти хусусиамро аслан наомӯхтаасту насанҷидааст ва беасос рад намудааст. Чунончи, маводҳои парванда гувоҳи онанд, ки баҳси мо бо ҶДММ “Неъматуллоҳ” идома дорад ва дар ин бора дар шикоятам низ навишта будам, вале коллегияи Суди вилояти Суғд хулоса намудааст, ки баҳси ман гӯё бо “Бозори Панҷшанбе” ки тамоман дигар бозор аст, ҷой дошта бошад. Ҳамаи ин ҳолатҳо собит мекунанд, ки дар шаҳри Хуҷанду вилояти Суғд баъзе судяҳо танҳо ба ном фаъолият дошта, аз татбиқи адолати судӣ парво надоранд.
Муҳтарам роҳбарони Суди Олии кишвар!
Умедворем, ки бо ваҷҳҳои дар боло ишорашуда парвандаро талаб намуда, ба шикояти мо баҳои қонунӣ медиҳанд ва камбудиҳои судяҳои зинаи поёниро тибқи қонун ислоҳ мекунанд.
Мо ба адолати судӣ бовар дорем!
Икром ЮНУСОВ,
соҳибкори инфиродӣ, сокини шаҳри Хуҷанд