Қутбҳои муқобил: Русияву Чин ва Амрико

Дар ҷаҳони муосир амалан се қудрати ҷаҳоние вуҷуд доранд, ки метавонанд барои тақсими дубораи олам талош кунанд. Инҳо: ИМА, Русия ва Чин мебошанд, ки ҳамвора сари қудрати ҳарбиву иқтисодӣ дар баҳсанд. Аммо вақтҳои охир дида мешавад, ки Амрико таҳдидҳои ошкори амниятӣ аз ҷониби Русия ва Чин эҳсос мекунад ва ин дигар пӯшида ҳам нест. Баҳсҳо сари он ки Маскав дар талошаш барои сохтани силоҳҳои нав ва тасаллут дар фазо аз Амрико пеш мегузарад, дигар ҳарфи паси парда нест. Он ба анҷуманҳое матраҳ шудаву баъдан расонаӣ гаштаааст. “Самак” кӯшид бо истифода аз чанд мақолаи ахиран чопшуда ин мавзуъро шарҳ диҳад.

Ҳарос аз ҳузури Чин дар фазо

 Журналист Энтони Капаччо дар bloomberg.com таҳлиле навишта зери унвони “ИМА таҳдидҳои кайҳонӣ аз ҷониби Русия ва Чинро дубора арзёбӣ мекунад” мақолаи хуби таҳлилӣ навиштааст. Муаллиф бар ин аст, ки ҳарбиёни амрикоиро пешрафтҳои ҳарбии Русия хеле ошуфта кардааст. Ба андешаи ӯ хадамоти иктишофии ИМА мехоҳад таҳдидҳои ношӣ аз ҷанги кайҳонӣ аз ҷониби Русия ва Чинро арзёбӣ кунад. Ахиран намояндагони идораҳои ҳарбии ИМА аз дастовардҳои кайҳонии душманони худ дар кайҳон изҳори нигаронӣ карданд. Онҳо мегӯянд душманони ИМА, аз ҷумлаи Русия ва Чин ҳоло дар садади онанд, ки дар фазо ба маҳвораҳо халал эҷод кунанд ва баъдан онҳоро нобуд созанд.

Генерали неруҳои ҳавоии ИМА Ҷон Ҳайтен пештар аз он ки мансаби қаблии худ — сарвари Фармондеҳии стратеги қувваҳои харбии кишварашро тарк кунад, ба хадамоти иктишофоти миллӣ дастур дод, ки вазъро пурра арзёбӣ кунанд. Фармондеҳии нави неруҳои кайҳонии ИМА арзёбии нави омодашударо ҳамроҳ бо ҳама иттилооти лозимӣ дар мавриди вазъи кайҳон ва амалкарди кишварҳоро баррасӣ мекунад.

Муаллифи мақола менависад, ки таҳдидҳои эҳтимолии кайҳонии мавҷуда барои асоснок намудани бунёди фармондеҳии кайҳонӣ, Агентии нави коркардҳои кайҳонӣ истифода мекунад. Асос барои нигаронӣ маърӯзаи солонае метавонад бошад, ки 14-уми ноябр Комиссияи таҳлили иқтисод ва бехатарии Чин ва ИМА чоп кард. Ин Комиссияро Конгресси ИМА ваколатдор кардааст, ки ҳамчунин маърӯзаеро омода ва ироа кунад.

Комиссияи таҳлили иқтисод ва бехатарии Чин

Муаллифони маърӯза ба хулосае омадаанд, ки тибқи он Чин кайҳонро ҷойи заъфи ИМА дар самтҳои ҳарбӣ ва иқтисодӣ медонад. Чин як сислсила таҷҳизот — системаҳои ба фазо партов кардани системаҳои кибернетикӣ, электромагнитӣ ва мадориро барои зарба задан ба иншоотҳои кайҳонии ИМА омода кардааст.

«Комилан имконпазир аст, ки барои ИМА хеле мушкил хоҳад буд Пекинро аз истифодаи ин силоҳ боздорад, зеро Чин ба ин назар аст, ки ИМА дар кайҳон таъсири чандоне надорад»,- омадааст дар матни маърӯза. Дар ин гузориш аз ҷумла гуфта шудааст, ки баъди санҷиши соли 2007, ки дар бораи он расонаҳо хеле зиёд навиштанду коршиносон изҳори назар карданд, Чин ягон маҳвораро дар кайҳон нобуд накардааст. Вале ин кишвар талош мекунад ҳар сол як санҷише  дар фазои кайҳонӣ анҷом бидиҳад.

Хадамоти таҳқиқотии Конгресси ИМА хабар дод, ки Пентагон ахиран хоҳиш кард, ки хароҷоти таъмини амнияти миллӣ дар кайҳон бештар карда шавад. Идораи ҳарбии Амрико аз Конгрес хостааст, ки барои соли молиявии 2020 ба ин мақсад 14,1 миллиард доллар ҷудо кунад, ки ин тахминан 14% бештар аз хароҷоти соли 2019 мебошад.

Нозироти кулли Пентагон гуфтааст, ки аз 1880 маҳвораҳои шиносоӣ, маҳвораҳои мухобиротӣ ва илмие, ки дар фазо партов шудааст, 870 адади он мансуб ба Иёлоти Муттаҳида мебошад. Хадамоти иктишофии ИМА ҳар ду ё се сол вазъро дар ин бора арзёбӣ мекунад. Хулосаи ин арзёбиҳо мавриди баррасиву баҳрабардории ниҳодҳои марбута қарор мегиранд. Котиби матбуотии Дастгоҳи директори хадамоти иттилоотии миллӣ Моника Таллос дар номаи электронии худ навиштааст, ки “тибқи таҷрибаи маъмулии чопи маърӯзаҳо, баррасии ошкори маърӯзаҳое, ки ба чоп омода мешаванд ва ё маърузаҳои пешини аллакай интишорёфта бо арзёбии ҷомеаи иктишофӣ иҷозат дода намешаванд. Ин маҳдудият ба мавзуъи гузоришҳо марбут аст”.

Стив Китай (Steve Kitay) — сарвари департаменти сиёсати кайҳонии ИМА моҳи гузашта зимни суханронӣ дар як конфронс изҳор дошт, ки “таҳдид дар ҳақиқат беш аз ҳар вақти дигар зиёдтар аст ва рӯз ба рӯз меафзояд”.

Фармондеҳии нави неруҳои Кайҳонии ин кишвар “ҳар рӯз бо хадамоте, ки намояндагонашон дар дохили ин неруҳо ҳастанд, ҳамкорӣ мекунад, — гуфт котиби матбуотии неруҳои ҳавоии ИМА Хоггатт. “Мо ҳамвора дар масъалаҳои таҳдидҳо аз кайҳон, аз ҷумла таҳдидҳо аз Русия ва Чин ҳамкорӣ мекунем ва амалҳои худро бо ҳам мувофиқ месозем”, — гуфт вай.

“Мо стратегияи кайҳонии Чинро хуб медонем. Мо имкониятҳои онҳоро ҳам дарк мекунем ва “бағоят ба осудагиву беташвиш” онро мепазирем, ки онҳо силоҳҳои наверо ихтироъ мекунанд, ва шояд лазерҳои ҷангиро ҳам созанд, ки маҳвораҳои моро “кӯр” кунанд. Онҳо ҳатто системаҳои басо пурқудрати “мадорӣ”-ро ҳам месозанд, ки хеле мураккабанд ва метавонанд ба ду ҳадаф истифода шаванд”,- гуфт фармондеҳи неруҳои кайҳонии ИМА генерал Ҷон Рэймонд дар ҷаласаи Анҷумани неруҳои ҳавоии ИМА.

Назорат бар силоҳҳо

Таҳлилгарони назорат бар мусаллаҳшавӣ, ки масоили бунёди силоҳҳои зиддикайҳониро пайгирӣ мекунанд, мушкилоти ҳарбии ИМА-ро пинҳон намедоранд, вале ҳамзамон ин кишварро ба он муттаҳам мекунанд, ки наметавонад маҳдудиятҳо ба тавлиди силоҳҳои кайҳонӣ ҷорӣ кунад.

«Сохтани технологияҳои зиддимаҳвораӣ, аз ҷумла чизҳои дигар, ба монанди мушакҳои мустақим бо партов ба мадор, албатта дар доираи имконоти техникии Русия ва Чин аст», «ҳамчунин ба вуҷуд овардани он имкон, ки ба маҳвораи дигар наздик шавад, онро таъмир созад ва ё аз кор барорад”,- навиштааст Лаура Грего аз Иттиҳоди олимон дар як номаи электронӣ ба дӯсташ. “ИМА дар айни замон пешгоми ин гуна иқдомот аст, вале Русия ва Чин, агар бихоҳанд, аз вай пеш мегузаранд”.

Таҳлилгари Хазинаи “Олами бехатар” Виктория Сэмсон низ ба ин назар аст, ки имконоти Русия ва Чин назире надорад, “муҳим будан ва аз мавқеъи душманӣ нигаристан ба ИМА каме зиёдравӣ дар арзёбии вазъ аст, вале ИМА низ дар баробари ин гуна таҳдидҳо хомӯш нест ва амал мекунад.

Тарс аз Русия чаро?

То ҳамин чанд соли наздик касе дар олам ин гумон надошт, ки шояд расад замоне, ки Амрико аз Русия биҳаросад. Ин ба мисли он андеша, ки рӯзе Иттиҳоди Шӯравии қудратманд фурӯ хоҳад рафт, як андешаи ботил дониста мешуд. Русияе, ки ба сад мушкили дохиливу таҳримҳои берунӣ рӯ ба рӯст, чӣ гуна метавонад замоне Амрикоро тарс диҳад?

Аммо чуноне ин шабу рӯз мебинем, ин андеша ба воқеъият табдил шудааст. Ва на танҳо ИМА, балки муттаҳидони аврупоии вай дар НАТО сари ин нукта зиёд меандешанд. Чаро?

Барои посух ба ин суол ба таҳлили Sina.com рӯ меорем. Албатта, ин пойгоҳи интернетиест, ки онро Чин роҳандозӣ мекунад, вале сухан ин ҷо аз иқтидори ҳарбии Русия меравад, на Чин.  

5 ноябри соли 2019 Русия изҳорот дод: президенти Русия Владимир Путин чанде пеш зикр намуд, ки коркарди мушакҳои нави байниқитъавии балластикӣ, силоҳҳои ҳассос ва дигар силоҳҳои нав амалан анҷом шуда ва Русия аввалин санҷиши мушаки нави байниқитъавии балластикии “Сармат”, ки дорои кулоҳаки ҳассос мебошад, гузаронд. Ин ба он маъност, ки ба муҷарради он ки ин гуна санҷишҳо пушти сар мешаванд, кулоҳакҳои ҳассос мадорро тарк мекунанд ва ба сӯйи ҳадафе гом мениҳанд, ки муқаррар шудааст.

Русияи фаъол дар тавлиди силоҳҳои ҳассос

Таҳлилгари ҳарбии Амрико изҳор дошт, ки мушаки байниқитъавии “Сармат”-и Русия системаи зиддимушакии муҳофизатии ИМА-ро “зери об” мекунад ва рӯйи кор омадани он таҳдиди азимест барои ИМА ва НАТО. Вай мегӯяд, он ки президент Путин аз он ситоиш мекунад, мушаки байниқитъавии “Сармат” дар ҳақиқат қодир аст ҳар гуна системаи зиддимушакиро рахна созад ва имконе нест, ки онро дар ҳаво боздоранд. Ҳамзамон бо ин манобеъи ҳарбии Русия, ки ҳоло ҳам шарҳи бештареро дар бораи чигунагии ин мушаки нав ироа накардаанд, мегӯянд, ки он сар аз моҳи январи соли 2020 тибқи ҷадвали қаблан таъиншуда ба кор хоҳад даромад. Ҳар қадар ин муҳлат наздик мешавад, ҳарбиёни амрикоӣ ҳамон андоза бимнок мешаванд.

Президенти Русия бори аввал дар бораи ин мушак соли гузашта зимни як суханрониаш дар парлумони кишвараш хабар дода буд ва мегуфт, ки вазни он 208 тонна аст. Вай гуфта буд, ки ин маҷтамаи мушакӣ метавонад кулоҳакҳои термоядроӣ ва дигар силоҳи стратегӣ, аз ҷумла силоҳи басо ҳассоси “Авангард” ҳам дошта бошад. Он замон Путин гуфта буд, ки доираву доманаи амали ин гуна мушакҳо амалан номаҳдуданд. Ва агар ин таърифҳо дуруст бошанду бе ягон муболиға, пас метавон гуфт, ки вурудашон барои ИМА ва муттаҳидони вай баъди соли 2020 дардисарҳое эҷод хоҳад кард.

Мушаки байниқитъавии “Сармат” барои дигар гӯшаҳои олам низ таъсир дорад. Ин навъи мушак амалан метавонад мушаки байниқитъавии Р-36-и “Воеводро иваз кунад. Дурбурди парвози он 18000 километр буда, метавонад дорои 16 кулоҳаки ҳастаӣ бошад. Маврид ба таъкид аст, ки ин гуна мушак бо ин миқдор кулоҳаки ҳастаӣ метавонад қаламраверо ба андозаи иёлоти Техас дар Амрико ва ё кишвари Фаронсаро пурра нобуд созад.

 Санҷиши  «Сармат»

Маврид ба таъкид аст, ки барои сохтани ин гуна як силоҳи пурқудрат артиши Русия талошҳои хеле зиёде кардааст. Ҳанӯз соли 2011 Русия эълон крада буд, ки барои навсозии иқтидори стратегии мамлакат аз буҷаи кишвар 650 миллиард доллар ҷудо кард. Ин маблағи ҳангуфт имкон дод, ки Русия амалан кулли қурхонаҳои силоҳашро бо аслиҳаи наву замонавӣ иваз кунад, 320 мушаки байниқитъавӣ бо 1000 кулоҳак созад, киштиҳои зериобии стратегӣ ва ҳавопаймоҳои ҳамлакунанда сохт ва дар истифода қарор дод. Ва дар доираи ҳамин нақшаи басо бузург мушаки байниқитъавии “Сармат” сохта шуд.

Ҳоло Русия диққати худро ба он ҷалб кардааст, ки кулоҳакҳои ҳастаӣ барои маҷтамаи мушакии “Авангард”-ро ҳам нав созад ва ин таҳдиди ошкорест ба Аврупо ва Ғарбро водор хоҳад кард, ки дар стратегияи муҳофизати ҳастаии худ таҷдиди назар кунад. То ин шабу рӯз “Авангард”-ро таҳдиди ҷиддӣ аз ҳаво намедонистанд. Дар ҳамин иртибот баъзе таҳлилгарони амрикоӣ тахмин мекунанд, ки Русия тадриҷан аз ИМА ва НАТО дар сохтани силоҳҳои нави ҳассос пеш мегузарад.

Русия ва Чин

Дар баробари худхоҳиҳои амрикоӣ Чин ва Русия ба ҳам муттаҳид шудаанд ва дигар пӯшида ҳам нест, ки ин ду қудрати ҳастаӣ дар ҳама ҷанбаҳое, ки талоши Амрикоро хунсо созад, ҳамкоранд. Чӣ дар вето гузоштан ба тасмимҳои байналмилалӣ ва чӣ дар масоили дигаре, ки мавқеи ин дуро дар ҳалли низоъҳои ҷаҳонӣ танг мекунад. Дар таъини сиёсатҳои ҷаҳонӣ ҳоло дигар намешавад аз иттиҳоди Маскав ва Пекин ғофил буд ва дар тасмимгириҳо низ мавзеъгирии онҳо муҳим шудааст.

Чанде пеш дар мубоҳисаи байналмилалии “Валдай” Владимир Путин сареҳан эълон кард, ки Русия ба Чин дар бунёди системаи огоҳии бармаҳал дар ҳамлаи мушакӣ ёрӣ хоҳад расонд. Ин навгонӣ дар ҷомеаи байналмилалӣ вокунишҳоеро ба бор овард. Оё дар ҳақиқат Чин ва Русия мехоҳанд ҳамкориҳои ҳарбии худро таҳким бахшанд? Гузашта аз ин системаи огоҳии бармаҳал аз ҳамлаи мушакӣ ин худ амнияти миллист. Барои Русия ва Чин басо зарур аст, ки ҳамкориҳои худро дар ин замина тақвият бахшанд ва агар чунин аст, пас метавон гуфт, ки ҳамкориҳои стратегии ду кишвар ба сатҳи нави таърихӣ ворид мешавад.

Системаи мудофиа аз мушакҳои балластикӣ ин системаи силоҳҳоест, ки мушакҳои балластикии стратегиро дар ҳаво медорад. Системаи мудофиаи зиддимушакӣ маъмулан аз се зина иборат аст: зинаи аввал огоҳии пешакӣ аз ҳамлаи мушакӣ, зинаи дуюм диқиқ кардани ҳадафи мушак ва зинаи бисёрсатҳаи боздошти мушак. Ҳамин зинаи сеюм зиддимушакист ва он дорои мушакҳои балалстикӣ мебошад.

ИМА аз Паймони манъи мушакҳои миёнабурд хориҷ шуд, аз ин рӯ агар онҳо мехоҳанд мушакҳои худро наздик ба қаламрави Чин ва ё Русия мустақар созанд, вақти огоҳии пешакӣ хеле кам мемонад ва амнияти миллии Чин ва Русияро зери хатар мегузорад. Гузашта аз ин ба наздикӣ муҳлати “Созишномаи коҳиши силоҳҳои стратегӣ” миёни Русия ва ИМА низ ба поён мерасад ва ба эҳтимоли зиёд ҷонибҳо онро тамдид намекунанд. Ин ба он маъност, ки боз ҳам Русия ва Чин зери таҳдиди шадиди неруҳои ҳастаии Амрико мемонанд. Аз ин рӯ хеле муҳим аст, ки ин ду қудрати минтақавӣ ҳамкориҳои худро бахусус дар сохтани силоҳҳои наву мушакҳои балластикӣ қувват бахшанд

Ғайр аз ин марзҳои Русияву Чин дар шимоли Чин мебошанд ва ИМА ва Чин дар ҳамин як хат қарор доранд. Агар ИМА аз қаламрави худ ва ё аз Арктика ба Чин зарбаи атомӣ занад, стансияҳои радиолакатсионии Русия ва неруҳои баҳрии он метавонанд ба Чин имкони бештари огоҳии бармаҳал диҳанд.

Ба назар мерасад Владимир Путин махсус ин хабарро расонаӣ кард, то нишон диҳад, ки Русия ва Чин дар ҳақиқат мехоҳанд ҳамкориҳои ҳарбии худро тақвият бахшанд. Дар ниҳоят, Иёлоти Муттаҳида ба НАТО ва муттаҳидони он барои эҷоди системаи ҷаҳонии огоҳонии пешакии мушак эътимод дорад. Оғози ҳамкориҳо дар ин самт барои Чин ва Русия муфид аст.

 Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here