Президенти нави Интерпол ба муҳлати ду сол намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ким Чон Ян интихоб шуд. Дар ин бора дар саҳифаи расмии ин созмон дар Twitter хабар дода шуд.

Ким Чон Ян баъди бо ҷанҷоли коррупсионӣ дастгир шудани роҳбари пешини ин созмон Мэн Хунвэй иҷрокунанаи ин вазифа буд. Ба ҷонибдории ӯ 98 аъзои Ассамблеи генералии Интерпол раъй доданд. Ба ҷонибдории намояндаи Русия Александр Прокопчук 64 нафар овози худро доданд. Намояндаи Русия, ки ноиби президени Интерпол аст, аз барандагони ин мансаб дониста мешуд, аммо дар ин сабқат бохт ва дар вазифаи пешинаш монд. Намояндагони ИМА ва кишварҳои аврупоӣ қатъан бар зидди номзадии ӯ баромаданд. Ҳатто чанд кишвар ҳушдор доданд, ки дар сурати интихоб шудани Прокапчук аз аъзогии ин ташкилот хориҷ хоҳанд шуд.

Аслан президенти ин созмонро ба муҳлати то 4 сол интихоб мекунанд, аммо Ким Чон Ян ба муҳлати ду сол – то анҷоми муҳлати номзадии роҳбари пешин интихоб шудааст.  

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here