Дар шаҳри Левакант нусхаи манораи Эйфел бо харҷи 50 ҳазор сомонӣ аллакай сохта шуд. Аммо раиси шаҳр Зарина Давлатзода дар нишасти матбуотиаш гуфта буд, ки он бо 200 ҳазор сомонӣ бунёд хоҳад шуд.

Хонум Давлатзода рӯзи 10-уми феврал бо зикри ин, ки дар ояндаи наздик шаҳри Левакант ба Париж шабеҳ хоҳад шуд, гуфта буд, дар даромадгоҳи шаҳр бо дасгирии соҳибкорони маҳаллӣ нусхаи манораи машҳури Эйфели пойтахти Фаронса қомат меафрозад.

Тибқи маълумоти ахире, ки мо аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дарёфт кардем, барои эъмори ин иншоот ҳамагӣ 50 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Фарқи Эйфели Париж аз ҳамсони левакантияш дар он аст, ки аввалӣ 300 метр ва дувумӣ ҳамагӣ 30 метр баландӣ дорад. Аз Парижро дар ду сол ва аз Левакантро дар чанд моҳ сохтаанд.

Чанде аз сокинони шаҳри Левакант бидуни зикри шахсияташон иброз доштанд, ки хуб мешуд, агар ин маблағ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ, ки ҳоли хароб доранд, сарф мешуд. Ё ақаллан барои бунёди мактабу синфхона истифода мегардид.

Гуфтанист, ки айнан чунин як манора соли гузашта дар шаҳри Кӯлоб низ бунёд гардида буд.

Р. ДОДАРХӮҶАЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here