Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хоса дар фейсбук баъзе мақолаҳо интишор меёбанд, ки моро ба вокунишҳои ҷиддӣ водор месозанд. Ин дар ҳолест, ки қаблан дар ин росто аз андеша кор мегирифтем ва нисбати навиштаҳои баъзе “таърихнигорон” вокунишҳо нишон намедодем. Аммо ин раванд боз авҷ гирифтааст ва дар таҳкими дӯстиву рафоқати миёни ду халқи бародар — тоҷикон ва ӯзбекон латмаи сахт ворид хоҳад кард.  

Лозим ба ёдоварист, ки мундариҷаи навиштаҳои “таърихнигорон” бештар аз таҳқири мардуми тоҷик иборат мебошад. Гӯё мо ҳамчун халқ дар ин марзу бум дирӯзакак пайдо шудаем ва ҳарчӣ дар бисоти маънавию фарҳангӣ дорем, ин моли мо набудааст.

Чанде муқаддам бо яке аз профессорони соҳаи таърихи Ӯзбекистон вориди баҳс шудам. Аввал хостам, ки дар ҷавоб ба навиштаҳои ӯ, ки пур аз таҳрифи таърих ва камситоии мардуми тоҷик буд, ошкоро фикрамро баён кунам, вале боз ҳамон андеша ва мулоҳизакориҳо пеши роҳамро гирифт.

Ба ҳар сурат бо ин олим чанд ҷумларо тавассути телефон радду бадал кардам. Дар ҷараёни суҳбат барояш гуфтам, ки таҳрифи таърих ва нодида гирифтани он хазинаи ғановатманди маънавию фарҳангии мо аслан кори дуруст нест. Вай шояд хеле хуб медонад, ки мо — тоҷикон таърихи бой ва дуру дароз дорем, алломаҳои зиёди мардуми мо дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ нақши муассир бозидаанд. Ин мисли нури офтобе равшану дурахшон аст, ки наметавон онро бо бари ҷома пӯшонд.

Ман олими соҳаи таърих ё бостоншиносӣ нестам. Ҳарчӣ дар курсии донишҷӯӣ аз устодон шунидаам ва баъдан китобҳову маъхазҳо каму беш варақ зада, аз он донишамро сайқал додаам, ба ҳамон такя мекунам, вале мехоҳам, ки “гунҷишкро кушад ҳам, қассоб кушад”. Дар Ӯзбекистону Тоҷикистон хеле зиёданд академикҳо, докторҳои илму профессорони соҳаи таърих. Онҳо бояд дар муқобили навиштаҳои таҳрифгарони таърих бо далелу санадҳо ҷиддан вокуниш нишон диҳанд.

Ёдам омад, вақте ки раиси Созмони ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, собиқ вазири рушди иҷтимоӣ Равшанбек Собиров ба сарнавишти талх мувоҷеҳ шуд. Вай баъди депутатии парлумон ва таъйин шудан ба вазифаи вазир аз чаҳор тараф мавриди таъқибу тазйиқи чанд миллатгарои қирғиз қарор гирифт, аммо тоҷикони Қирғизистон бо он ҷамъияти кучаки худ натавонистанд ба ҳимояи ӯ бархезанд.

Ҳамон солҳо нав аз Бишкек ба Тошканд баргашта будам, зеро фаъолиятам ба ҳайси хабарнигори бахши тоҷикии радиои Озодӣ қатъ шуд. Маҷбур шудам, ки аз тариқи рӯзномаи “Миллат” зери унвони  “Аз ҳамаи шумо дилам сахт монд!” бонги изтироб занам. Нигошта будам, ки ба раиси созмони тоҷикон туҳмати хушку холӣ мезананд. Вай гунаҳкори бегуноҳ аст ва шаҳодат медиҳам, ки ба ҳайси раиси тоҷикон дар рушди фарҳанги миллат заҳмат мекашад, барои дастгирии осебдидагони ҳодисаҳои табиӣ, оилаҳои камбизоат ва амсоли он аз кисааш даҳҳо ҳазор доллар сарф намудааст, аммо ҳоло вайро дар ришвахорӣ айбор кардаву ба панҷ соли зиндон маҳкум намудаанд.

Вай харҷи табъу нашри мунтазами созмони тоҷикон — “Паёми Ала-Тоо”-ро, ки се сол муҳаррири он низ будам, бар дӯш дошт, ҳамчунин, нашри чандин китобро низ маблағгузорӣ менамуд. Як муроҷиати дастаҷамъона ба унвони мақомоти раҳбарии Қирғизистон сурат гирифт ва боз туфайли омилҳои дигар Равшанбек Собирови раис баъди чанд муддати ҳабс аз зиндон озод карда шуд.

Алҳол низ гуфтаниам, ки мутахассисони ҳарду кишвари дӯсту бародар хомӯш нанишинанд. Онҳоро лозим меояд, ки бидуни таҳқир ва гапҳои зиёдатӣ, танҳо бо далел алайҳи таҳрифгарони таърих вокуниш нишон диҳанд ва ҳақиқатро барқарор намоянд, зеро дарҷи чунин мақолаҳо метавонад дӯстии ду халқро ба бумбастҳо мувоҷеҳ кунад.

Дар як мақола, ки чанде муқаддам дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук интишор шудааст, гуфта мешуд, ки забони форсиву дариву тоҷикӣ забонҳои комилан аз ҳам мутафовутанд. Онҳо забони ягона шумурдан норавост.

Дар номаи ҷавобиам ба як доктори улуми таърих, ки тарафдори ҳамин даъвоҳо будааст, навиштам, ки вай олими таърих не, балки таҳрифгари таърих мебошад, зеро коре мекунад, ки хоси олимон нест ва шояд супориши киҳоеро иҷро мекунад.

Ба гуфтаи муаллиф, ин фикрҳои ӯ набуда, балки Камолиддин Шамсиддинов ном олим будааст, ки вай дар мақолаи худ аз ҳамон навиштаҳо иқтибос овардааст. Барои ҳамин, ҳар эътирозе, ки дошта бошам, ба ҳамон олим бояд нигаронам.

Он ҷо навишта мешуд, ки дар замони салтанати шӯравӣ забони русӣ дар ҳамаи ҷумҳуриҳои таҳти тасарруфи ин иттиҳод забони муоширати умум қарор дошт ва магар баъди гузашти солҳо метавон гуфт, ки ин макону манзалат моли мардуми рустабор буд. Гӯё замоне забони форсӣ низ чунин будааст ва ба ин далел ҳеч гоҳ наметавонад соҳибони ин забон сокинони бумӣ ва қадимии ин марзу бум бошанд ва ғайра.

Кӯшиш кардам фаҳмонам, ки ин даъвоҳо хатои маҳзанд ва забони форсиро ба забонҳои русиву инглисӣ муқоиса кардан низ ғайр аз бефаҳмӣ ва беақлӣ чизи дигар нест!

Ҳар як тоҷик осори адибонеро, ки дар сарзамини имрӯзаи Эрону Афғонистон зодаву парварда шудаанд ва эҷод кардаанд, бидуни тарҷума  мехонад. Дар ин сарзаминҳо ҳар як тоҷик метавонад бо лаҳҷаи деҳаи худ ҳарф занад ва ӯро дар ин ду кишвар мефаҳманд, аммо забонҳои туркӣ чунин наянд ва бештар дидаам, ки осори адибонашонро бидуни тарҷума на ҳамаи мардуми турктабор, аз ҷумла ӯзбекон, турманҳо, қирғизҳо, қазоқҳо ва озариҳову ғайра намефаҳманд.

Дар идома навиштам, ки тоҷикҳо ва ӯзбекҳо асрҳои зиёд боз ҳаёти худро бе ҳамдигар тасаввур карда наметавонанд, аммо шумо барин олимон дар миёни онҳо тухми низоъ мекоред.

Пурсидам:

— Умдатан, медонад, ки дар мамлакатамон чи қадар мардуми тоҷиктабор зиндагӣ мекунанд  ва тоҷикон чанд дарсади аҳолии кишварамонро ташкил медиҳанд?

Дар мақолаи Камолиддин Шамсиддинов, ки ба гуфтаи он олим аз вай иқтибосҳо овардааст, даъво карда мешуд, ки сулолаи Сомониён ҳама мардуми турктабор буданд ва ин сулола ба мардуми тоҷик ягон иртибот надошт. Қадри имкон ин даъвоҳоро низ шадидан рад намудам.

Ахиран боз як таҳрифгари таърих пайдо шуд ба номи Анвар Шукуров, ки аз хондани навиштаҳои  ӯ ва иқтибосҳои овардааш дар саҳифаи фейсбукиаш мӯйи сари одам рост мехезад. Тарҷумаи матни посухамро ба Анвар Шукуров ин ҷо меорам:

— Ҷаноби мӯҳтарам, Анвар Шукуров! Ман ба сифати роҳбари дафтари матбуоти Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон посух мегӯям. Ҳама чизро шояд тағйир додаву дигар карда шавад, аммо таърихро дигар кардан наметавон. Даъвоҳои шумо комилан беасосанд.  Ин ҷо шарҳҳои зиёд низ аз рӯи бадбинӣ нисбати миллати тоҷик навишта шудаанд, ки сабабгораш шумо ҳастед.

Нахуст, бо риояи андеша, бароятон алоҳида навиштам, ки дар ин ҷо гузоштани чунин постро маслиҳат намедиҳам, аммо ба ин навиштаам ягон вокуниш нишон надодед. Агар ҳадафатон ин аст, ки ҳақиқат рӯи об барояд, чаро аввал китобҳоро варақ назадед, мавзӯро наомӯхтед?

Донистам, ки чанд китоб таълифу нашр кардаед, аммо шумо кори одами китобдор (шояд дарк мекунед, ки ин чӣ маънӣ дорад?)-ро накардаед. Дар ин рӯзҳои пуртаҳлука тамоми мардуми олам чиҳоро паси сар мекунанд, медонед? Одамон ҳатто дар ҷанозаи наздикони худ ширкат кардан наметавонанд! Барои як идда одамон гусели пайвандонашон ба он дунё барои ҳамеша армони дил шудааст!

Ба ин дараҷа бадбинии як миллат ва эътироф накардани ҳиссаи ӯ дар тамаддуни ҷаҳонӣ чӣ маънӣ дорад? Магар ин фазилати мардист? Шумо одамонро ба корҳои шовинистӣ ва миллатгароӣ ҳидоят мекунед. Аз ин коратон чӣ фоида мебинед?

Бубинед, Бобуршоҳ дар замони худ ба деҳаи ман (деҳаи Ҳушёр, воқеъ дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаро дар назар дорам) рафтаву он ҷоро маскан гузида буд. ”Бобурнома”-ро хонед! Аҳолии ноҳияе, ки ман зодаву парварда шудаам, 99,9 дарсад тоҷиктаборанд. Ин ноҳия низ имрӯз як гӯшаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. Аммо дар ҳамон замон низ маҳз тоҷикон Бобуршоҳро истиқбол гирифтаанд ва ба канор кашидаанд, чанд муддат барояш бо садоқат хизмат кардаанд. Шояд шумо донед, ки Бобуршоҳ аз дасти киҳо ба ҳамон тарафҳо гурехтаву он ҷо паноҳ бурда буд?

Боз як далел меорам, ки хеле аҷиб аст. Баъзан зимни гуфтугӯ бо ягон нафар ё дӯстонамон бародарони ӯзбек дағалона чунин тақозо мекунанд: “Дар назди мо немисӣ ҳарф назанед!”. Оё аз ин чизҳо хабар доред? Ин дар ҳолест, ки ҳар як қавму миллат бо ҳамзабони худ ба ҳамон забон суҳбат мекунаду ҳарф мезанад, ки пазируфтааст.

Банда боз аз як нукта ёдовар мешавам. Агар дар нишасту суҳбатҳои тоҷикон ягон бародари ӯзбектабор ҳузур дошта бошад, ба нишони ҳурмати ӯ то қадри имкон аҳли нишаст ба забони ӯзбекӣ гуфтугӯ мекунанд. Ин фарҳанги волои мардуми мост! Агар шумо фикр кунед, ки аҳли нишаст аз тарс ба забони меҳмон ҳарф задаанд, сахт иштибоҳ мекунед.

Ба ин ҳол садҳо бор гувоҳ шудаам ва ин ҳеч ҷои баҳс надорад. Банда низ аз зумраи ҳамон ашхосе ҳастам, ки каму беш ба таълифу чопи китоб  машғуланд. Аз забони ӯзбекӣ ба тоҷикӣ шеърҳо, ҳикояҳо ва матолиби дигарро тарҷума мекунам, ба мардуми худ онро тақдим месозам.

Худо бибахшадам ва ин манманӣ нест, ки мамлакатҳои зиёдро дидаам, бо одамони зиёди хурду бузург, арбобони давлатӣ, фарҳангсолорон ва дипломатҳо вориди суҳбатҳову мулоқотҳо шудаам. Дар мавзӯҳои дилхоҳ метавонам баҳсу мунозира кунам, аммо як нуктаро хеле хуб дарк кардаам ва дарки онро ба шумову дигарон низ маслиҳат медиҳам: аз ширкат дар суҳбатҳое, ки вайрон кардани дӯстиву рафоқати ду халқи бародарро ҳадаф қарор додааст, парҳез кунед!

Тавре ки маълум аст, дастовардҳои Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар се соли охир ҷиҳати барқарор намудани муносибатҳои дӯстона бо ҳамсоякишварҳо қобили таҳсин мебошад. Ин нуктаи муҳимро мардуми ду кишвар кайҳо эътироф намудаанд, аммо тавре аз хондани мақолаҳои шабакаҳои интернетӣ бармеояд, барқарор шудани риштаҳои дӯстии байни ин ду халқ барои баъзеҳо хеле нохушоянд аст.

Чаро чунин аст? Инро низ хеле хуб дарк мекунам!

Мо бояд аз як гиребон сар барорем ва нагузорем, ки ба дӯстиву рафоқати миёни тоҷикону ӯзбекон рахна ворид созанд.

Боз як чизи дигарро ба самъи шумо мерасонам. Дар вилояти Суғди Тоҷикистон 9 рӯзномаву маҷаллаи давлативу хусусӣ ба забони ӯзбекӣ интишор меёбанд. Дар як қатор факултетҳои донишгоҳҳои бонуфузи Тоҷикистон гурӯҳҳои ӯзбекӣ ифтитоҳ ёфтаанд.

Бо анҷоми муддати қарантин ва ба эътидол омадани вазъияти марбут ба коронавирус аъзои раёсати Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон як ҷамъомади хос баргузор намуда, масъалаи мазкурро таҳти баррасӣ қарор хоҳанд дод.  Шояд ба унвони раисиҷумҳур як нома ироъа шавад, ки дар меҳвари он ҳамин масъала матраҳ мешавад.

Мирасрор Аҳроров,

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,

сухангӯи Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here