Дар нишастҳои матбуотӣ раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба мавзуҳои ҷолиб, аз ҷумла зиёда аз 1 миллион қарзи ширкати Муродалӣ Алимардон, сохтани манораи “Эйфел”, бозсозии муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров, бунёди корхонаи семент бо 5 ҳазор ҷойи корӣ, барои ташнагони Хуросон хати оби ошомиданӣ кашидан, зарари тухмиҳои аз хориҷ воридшудаи зироатҳо, афзоиши ҷинояткорӣ миёни сокинон ва дигар масъалаҳо ибрози назар карданд.

 Зарина Давлатзода дар Левакант Париж месозад?

Раиси шаҳри Левакант Зарина Давлатзода дар нишасти матбуотӣ рӯзи 10-уми феврал гуфт, ки дар ояндаи наздик шаҳри Левакант ба Париж шабеҳ хоҳад шуд.

Ӯ иттилоъ дод, ки ҳоло дар даромадгоҳи шаҳри Левакант сохтмони нусхаи манораи “Эйфел”, ки дар маркази пойтахти Фаронса қомат афрохтаву шуҳратёр шудааст, идома дорад.

— Манора бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуда истода, дар сохтмони он беш аз 200 ҳазор сомонӣ масраф хоҳад шуд,- гуфт хонум Давлатзода.

Раиси нави Бохтарро муҷассамаи Ғафуров ҳиҷолатзада кардааст

Раиси навтаъйини шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода аз фарсуда шудани муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров, номувофиқии қаду бари ҳайкал ва харобии таҳкурсии он ҳиҷолатзада шудааст.

Гуфтанист, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар паҳлу ба паҳлуи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров, ки солҳои 90-ум сохта шудааст, ҳоли хароб дошта, ба ақидаи коршиносон, ба талаботи ҳайкалтарошӣ мутобиқат намекунад.

— Дар сурати пайдо кардани маблағ, мо муҷассамаи ин абармарди миллатро азнавсозӣ хоҳем кард,- гуфт раиси шаҳр.

Дар шаҳри Бохтар ҳамзамон масъалаҳои дигари ҳалталаб, аз ҷумла, ба истгоҳи пулакӣ табдил додани канори роҳҳо, харобии ҷодаҳо, зиёд танба шудани нақлиёт дар назди бозорҳо, сохтани биноҳо ва дӯкону мағозаҳо дар ҷойи бозии кӯдакон ва фарсудагии хатҳои оби нӯшокӣ мавҷуд мебошанд. Рӯзноманигорон роҳҳали ин мушкилотро аз раиси нави шаҳр ҷӯё шуданд. Сиҷоуддин Саломзода сабаби пайдо шудани мушкилоти зикршударо ба бемасъулиятии худи шаҳрвандон рабт дода, ягон тадбирандешии мушаххасро зикр накард.

Ширкати Алимардон қарздор аст?

Ёқуб Саидзода — раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иттилоъ дод, ки ҶДММ “Баракати Ҷомӣ”, мутааллиқ ба наздикони Муродалӣ Алимардон, аз андоз зиёда аз 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ва аз ҳаққи истифодаи об 240 ҳазор сомонӣ қарздор аст.

Муродалӣ Алимардон, ки ҳоло раисии “Агроинвестбонк”-и Тоҷикистонро бар дӯш дорад, дар гузашта муовини Сарвазири кишвар буд.

Ба қавли Саидзода, тибқи як қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ҶДММ “Баракати Ҷомӣ” ҳамчун хоҷагии тухмипарварӣ таъсис дода шуда, иловатан ба зотпарварӣ ҳам машғул аст. Масоҳати заминҳояш кам не, 1 ҳазору 200 гектар аст.

— Соли гузашта нақшаи андозҳо дар ноҳия ба пуррагӣ иҷро нашуд, ки яке аз сабабҳояш пардохт накардани андоз аз ҷониби ин ширкат аст,- бо таассуф зикр кард раиси ноҳияи А. Ҷомӣ.

Вализода: корхонаи сементбарорӣ месозем

Вализода Икромиддин — раиси ноҳияи Кӯшониён зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки бунёди корхонаи истеҳсоли семент дар ҳудуди ноҳия ба нақша гирифта шудааст. “Корхона аз ҷониби ҶДММ “Хайёми Нур” бунёд мешавад. Иқтидори солонаи он се миллион тонна сементи маркаи 700 дар як солро ташкил хоҳад дод”,- илова кард ӯ.

Ҳамрадиф, иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамин замина эъмори корхонаҳои истихроҷи хока, истеҳсоли хишт, картонҳои гаҷӣ ва шифер низ ба нақша гирифта шудааст. Маҷмааи саноатии мазкур дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони олмонӣ сохта хоҳад шуд. Айни замон масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмон дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

— Агар ин маҷмааи азими саноатӣ ба истифода дода шавад, беш аз панҷ ҳазор сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ хоҳанд шуд,- таъкид кард Вализода.

Убайдуллои Файзулло: рӯзе мешавад, ки мегӯем: “мо худ вирус овардем!”

— Аҳамият надодан ба тухмии маҳаллӣ — ин ояндаи худро гум кардан аст!,- гуфт Убайдуллои Файзулло — раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.- Тухмиҳои хориҷии воридотӣ шояд имрӯз ё чанд соли оянда ба мо фоида оранд. Аммо нест кардани тухмии ватанӣ хатои нобахшиданист. Аз эҳтимол дур нест, ки мо бо ворид кардани тухмиҳои хориҷӣ ба кишвар беморӣ низ ворид кунем. Мутаассифона, олимони соҳа бо деҳқонон ва ё бо заминистифодабарандагон ҳамкории зич надоранд. Як ё ду минтақае ҳаст, ки онҳо кор мекунанд, вале хеле кам аст. Олимон бояд баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии тухмиҳои ватанӣ кӯшиш кунанд.

Раис ба ин бовар аст, ки олимони мо дар ноҳияҳои пахтакор то охир кор намекунанд ва тадқиқотҳои худро пурра анҷом намедиҳанд. “Аз ин ҳисоб ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон беҳад кам аст. Тухмиҳои ватанӣ як қисми таърих ва боигарии мо ҳастанд. Бояд онҳоро аз байн набарем”,- афзуд ӯ.

“Хаёл мекунед, ки ҳамаи тухмиҳои аз хориҷ ба Ватани мо воридшаванда ояндаи моро хубу дурахшон мекунанд?”,- суол гузошт раис ва худ посухи рад дода, гуфт: “Ҳоло дар вилояти Хатлон ноҳияе нест, ки дар он олимон дуруст кор кунанд. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ майдони таҷрибавӣ доштем, дар ноҳияи Қубодиён хоҷагии овозадори “Авесто” мавҷуд аст. Тамоми олимон омада пахтаашонро истеҳсол мекарданд, зеро минтақаи гарм ва замину хоки аълосифат дорад. Мо ҳамеша заминҳои Ҷайҳунро таъриф мекунем. Пас, чаро олимон дар он ҷо кор намекунанд? Чаро дар Кӯшониён кор намекунанд? Ба хотири зиёд шудани ҳосилнокӣ аз хориҷ тухмӣ меорем. Хитоиҳо тухмии пахтаеро овардаанд, ки мо худ дидем. 23-сентнерӣ аз ҳар гектар ҳисобот доданду рафтанд. Онҳо намемонанд, то ин ки мо худ ҳосилнокии онҳоро ҳисоб кунем. Аз ин рӯ, бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки тухмиҳои хушсифати ватаниро истеҳсол ва дар заминҳо кишт кунем”.

Сафарзода барои ташнагони Хуросон об оварданист

Раҳматулло Сафарзода — раиси ноҳияи Хуросон гуфт, ки аҳолии ноҳияи Хуросон солҳо аз надоштани оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Ва иддао кард, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ талоши зиёд ба харҷ додааст.

— Ҳукумати Тоҷикистон чанд сол инҷониб бо ташкилоти JIСA-и Ҷопон дар самти таъмини пурраи аҳолии ноҳия бо оби нӯшокӣ гуфтушунидҳои судманд анҷом дода истодааст. Ва агар нақшаҳо амалӣ шаванд, ин орзуи деринтизори зиёда аз 100 ҳазор аҳолии ноҳия бо харҷи беш аз 50 миллион евро татбиқ мегардад,- илова кард раис.

Нишонзода аз афзоиши ҷиноятҳо гуфт

Соли гузашта дар ноҳияи Носири Хусрав аз ҷониби сокинон 98 ҷинояти гуногун содир карда шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 19 адад зиёд аст. Дар ин бора раиси ноҳия Даврон Нишонзода иттилоъ дод.

Ба гуфти раис, аз ҷумлаи ҷиноятҳои содиршуда 11-тояш ҷинояти вазнин буда, 20 ҳолати дуздӣ ва 29 ҷинояти қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст. Ошкоршавии ҷиноятҳо 98,9 дарсадро ташкил медиҳад. Занони ноҳия 3 ҷиноят содир карда будаанд. 4 ҳодисаи худкушӣ рух дода будааст, ки ду ҳолати он аз ҷониби ноболиғон мебошад.

— Аз тарафи ниҳодҳои дахлдор баҳри пешгирии ҷиноятҳо миёни аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо баргузор гашта истодааст,- зикр кард Нишонзода.

Намояндагони ВАО чӣ суол доданд?

Зимни нишастҳои матбуотӣ намояндагони ВАО аз раисони шаҳру ноҳияҳо дар бораи норасоии оби тозаи ошомиданӣ дар деҳот, бунёди корхонаҳои саноатӣ, вайронии роҳҳои маҳаллӣ, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтани мавзеҳои таърихӣ, вокуниш накардан ба маводҳои таҳлиливу танқидии расонаҳо, аз гардиши кишоварзӣ дур мондани заминҳо, набудани мактабу бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои навбунёд, фарогирии ками кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва фурӯхта шудани онҳо, ба талабот ҷавобгӯ набудани боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами соҳаҳои хоҷагии халқ суол карданд.

Раисон чӣ посух доданд?

Аксар раисони шаҳру ноҳияҳо дар посух ба суолҳои намояндагони ВАО мегуфтанд, ки “дар ҳақиқат дуруст қайд кардед. Ин мушкилӣ дар ноҳия ҷой дорад. Дар оянда ислоҳ мекунем”. Посухе, ки фаҳмида намешавад, онро барои ба қавли маъруф, “ҷони худро халос кардан” изҳор медоштанд ё воқеан ҳам, ягон тадбири муассир бобати рафъи камбудиҳо андешиданианд…

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here