Вешист осоре аз тамадуни ҳазорсолаи миллат деҳкадае, ки аз таърихи ҳунармандии мардуми тоҷик далелҳои бе баҳсро дорад, бозёфтҳои нодире, ки сокинонро дар ҳайрат мегузорад, ин аз кадом тамаддун гувоҳӣ медиҳад? Вешист дар куҳдомани Панҷекат бо ҳазорон асрори нокушода…
Деҳаи Вешист хеле қадима буда, дар он чандин нишонаҳои таърихи куҳан, аз қабили қалъаи вурун (вайроншуда) ё ки қалъаи дарун ҳам ном мебаранд, шаҳраки вайроншудаи Шаҳрихон, ҷойҳои гаҷкорӣ шудае, ки онро сағона ё дахма ҳам мегӯянд, зиёд ҳастанд, қабристонҳое, ки ба таври гуногун майитро мегӯрониданд, деги оҳангӯдозӣ, кӯзаҳои гуногун бо наққошиҳои гуногун, тангаву ангуштариву ҳалқа ва чандин ёдгориҳои гаронарзише, ки дар деҳа ёфт шуд, шаҳодат аз он медиҳад, ки ин деҳа таърихи қадима дорад. Ба гуфти таърихшинос прафессори академияи илмҳои ҶТ Юсуфшо Ёқубов аз кадом қалъае, ки дастхатҳо ёфт шудаанд, дар он номи Вешист дарҷ гардидааст, аз он ҷумла дастхате, ки аз куҳи муғ ёфт шуд, номи Вешист дар он дарҷ гардидааст ва дар он гуфта шудааст, ки Вешист маркази сохтани олотҳои оҳангари аз ҷумла, зину лаҷом ва наъли асп мебошад. Чанде пеш чӯпоне дар вақти чаронидани мол тангае ёфт, ки ба гуфтаи прафессор Юсуфшо Ёқубов сиккаи бухор худод аст ва ба асри 9 тааллуқ дорад. Ба хулосаи профессор деҳаи Вешист хело қадима буда дар он ягон тадқиқот бурда нашудааст ва омухта ҳам нашудааст. Вешист бо тамоми асрораш дастнохурда боқӣ мондааст.
Ёров Ҳасан