Бинобар таъйиди манобеи илмиву таърихӣ, нахустин зуҳури адабии забони модарии мо – порсӣ (порсии нав ё порсии дарии классикӣ), дар шарқи Эрон анҷом гирифт ва ба ҳамин сабаб таҳти таъсири луғавию сарфию наҳвии лаҳҷаҳои роиҷ дар ин навоҳӣ даромад. Ба назари қадимтарин муаллифон, аз қабили Ал-Мақдисӣ, Ибни Ҳавқал ва Истахрӣ, ки дар бораи маҳалли ривоҷи забони форсии дарӣ сухан гуфтаанд, дарӣ забони қисмате аз навоҳии шарқӣ аз ҳудуди Нишопур ва навоҳии наздик ба вилояти Суғд дар Мовароуннаҳр дониста шудааст. Ин муаллифон, ки забони мардуми Нишопуру Ҳироту Ҷузҷону Бухороро шабеҳи ҳам дониста ва онро «дарӣ» хондаанд, ба сароҳат забони хоразмию суғдию рустоҳои Бухороро «лисони алоҳида» шумурдаанд ва аз ин ҷо маълум мешавад, ки лаҳҷаҳое аз қабили суғдию хоразмию тахорӣ, ки ҷузви дасталаҳҷаҳои шарқист, дар лаҳҷаи форсии ҷадид таъсир надоштанд ва аз он фарқ мекарданд. Нахустин гӯяндагоне, ки бад-ин забон шоирию нависандагӣ карданд, онро дарӣ номидаанд ва дарӣ ё порсӣ ё порсии дарӣ низ гуфтаанд ва дар баробари паҳлавӣ (паҳлавонӣ) ва тозӣ (арабӣ) қарор додаанд. Ба таври намуна:
Чу бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ,
Нагӯяд парӣ ҷуз ба лафзи дарӣ!
Унсурӣ
Бифармуд, то порисю дарӣ,
Бигуфтанду кӯтоҳ шуд доварӣ!
Фирдавсӣ
Низомӣ, ки назми дарӣ кори ӯст,
Дарӣ назм кардан сазовори ӯст! Низомии Ганҷавӣ.
Ба фархундафолию некахтарӣ,
Гушодам дари ганҷи дурри дарӣ.
Асадӣ
Ман онам, ки дар пойи хӯкон нарезам,
Мар ин қиматӣ дурри лафзи дариро!
Носири Хусрав
Забони дарӣ (форсии дарӣ) дар асрҳои 7-8 ду гунаи аслӣ дошт. Яке шимолӣ, ки аз Тайсафун то Хуросону Мовароуннаҳр густарда буд ва дар шаҳроҳое чун Бухорову Самарқанд, Балх, Сарахс, Марв, Ҳирот, Тӯс ба он такаллум мекарданд. Ин шоха баъдҳо асоси забони адабӣ қарор гирифт ва таъсири забонҳое чун портию суғдию эҳтимолан балхӣ дар он ёфт мешавад. Дигар, гунаи ҷанубӣ, ки аз Хузистон то Систон густарда буд ва аз рӯи вижагиҳояш ба форсии миёна наздиктар буд. Ин забон дар осори нависандагони исломӣ илова бар дарӣ (арабӣ: ал-дарийя) порсӣ (ё форсӣ, ба арабӣ: ал-форсийя) ва порсии дарӣ (ё форсии дарӣ, ба арабӣ: ал-форсийяту-д-дарийя) номида шудааст. Дар баъзе мавридҳо, масалан тарҷумаи «Тафсири Табарӣ» (ҷ. 1), иборати «порсӣ ва дарӣ» низ ба кор рафта, ки нишон медиҳад, «порсӣ» ва «дарӣ» ҳадди ақал барои иддае ду гунаи мутафовит будааст. Ба назар мерасад, ки дарӣ дар асл номи шохаи шимолӣ ва порсӣ дар асл номи шохаи ҷанубӣ будааст.
Агарчи забони дарӣ дар охирҳои даврони Сосонӣ баробари забони форсии миёна роиҷ буд, аммо чун забони гуфтор буд, аз он ёдгории хаттие намондааст ва ҳатто номи он дар матнҳои баҷоймондаи форсии миёна дида намешавад. Бо ин ҳол, шоҳидҳое вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад, дар авввалҳои давраи исломӣ бархе аз мубадони зардуштӣ барои нигориши забони дарӣ аз хатти паҳлавӣ низ баҳра бурдаанд. Муҳимтарин намуна қитъаи манзум ба унвони «Дар бораи омадани Шоҳбаҳроми Варҷованд» аст, ки бо ин мисраъ оғоз мешавад: «Кай буваз, ки пайге ояз аз ҳиндувон». Пештар гумон мерафт, ки ин қитъа ба забони форсии миёна мебошад, аммо Де Блуа (de Blois) нишон дод, ки ин шеър ба забони дарӣ суруда шудааст.
Дар осори давраи исломӣ намунаҳое аз забони дарии охирҳои давраи сосонӣ ва аввалҳои давраи исломӣ ба хатти арабӣ сабт шудааст, ки дар миёни он қитъаҳои манзум низ дида мешавад. Вазнҳои ин қитъаҳо ба шеъри форсии миёна наздик буда, ба вазнҳои арузии шеъри дарии давраҳои баъд мутобиқат намекунад. Бархе аз ин ашъор иборатанд: 1. қитъаҳои кӯтоҳ дар «Ал-масолик ва-л-мамолик»-и Ибни Хурдозбеҳ, ки ба Баҳроми Панҷуми Сосонӣ нисбат дода шудааст: «Манам шери Шаланба…»; 2. қитъаи кутоҳи мутааллиқ ба замони фатҳи Бухоро ба дасти Саъид ибни Усмон дар соли 56 ва моҷарои ишқи ӯ ба Хотуни Бухоро, ки дар китоби «Асмоу-л-мағтолин»-и Ибни Ҳабиб нақл шудааст: «Гӯ вар хамир омад» ё «Кӯри хамир омад, Хотун дар Вағканда»; 3. қитъае дар бораи оташи Каркуй, дар «Таърихи Систон» омадааст: «Фурӯхта бодо рӯш…»; 4. се мисраи ҳаҷвомез, ки эҳтимолан фарде, ки ба номи Язид ибни Муфарриғи Ҳимайри онро дар соли 679 дар Басра сурудааст: «Об асту набиз аст…»; 5. се мисраъ дар китоби «Ал-лаҳву ва-л-малоҳӣ»-и Ибни Хурдозбеҳ, ки ба Борбад нисбат дода шудааст: «Қайсар моҳ монаду хоқон хуршед…»; 6. қитъаи кӯтоҳ дар китоби «Ал-масолику ва-л-мамолик»-и Ибни Хурдозбеҳ дар ҳасрати вайронии Самарқанд: «Самарқанди кандманд…»; 7. қитъаи ҳаҷвомез, ки ба гуфтаи Табарӣ, сокинони Балх онро пас аз шикасти Асад ибни Абдуллоҳ — ҳокими Хуросон, аз Хуталон ва бозгашташ ба Балх барояш мехонданд: «Аз Хуталон омазия…»; 8. як рубоӣ, ки гӯё аз Абуҳафси Суғдист: «Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давазо…».
Ба ҷуз намунаҳои андаке, ки аз забони порсии дарӣ ба хатти паҳлавию авестоӣ боқӣ монда, осоре низ ду-се аср пеш аз ҳамлаи араб аз бархе аз пайравони динҳои дигар дар Эрон (яҳудиён, масеҳиён, монавиён) ба забони дарӣ, аммо ба хатти динии худашон (ибрӣ, сурёнӣ, монавӣ) бар ҷой мондааст, ки инҳо низ зиёд нестанд. Аммо дар асрҳои 9–10 муҳити ҷадиди ривоҷи дарӣ дар дарборҳои Тоҳирӣ, Саффорӣ, Сомонӣ, Фареғунӣ, Чағонӣ, Ғазнавӣ табъан асарҳои луғавию сарфию наҳвии бисёр аз лаҳҷаҳои роиҷу маъмули Хуросону Мовароуннаҳр пазируфт ва аз ин рӯ дар ҳайати ибтидоию қадими худ ба лаҳҷаҳои хуросонӣ ва тоҷикии ноҳияи шарқии манотиқи Эрону Афғонистон ва Помиру Туркистон ва матнҳои монавӣ иртиботу шабоҳати наздиктаре ёфт. Ва аз қарни 12 ба баъд ба қисматҳои марказию ғарбию ҷанубии Эрон рафта, ба суръати бисёр таҳти таъсири лаҳҷаҳои марказию ҷанубии Эрон қарор гирифт. Зимнан, ҳангоми густариши лаҳҷаи дарӣ дар Ироқу Озарбойҷон бисёре аз луғоту муфрадоти ихтисосии Мовароуннаҳр барои гӯяндагони навоҳии ҷадид маҳҷур ва муҳтоҷ ба тавзеҳ буд. «Луғати Фурс»-и Асадии Тӯсӣ ба сабаби ҳамин ноошноӣ ба вуҷуд омад ва Қатрони Табрезӣ, бо он ки забони ӯ лаҳҷаи озарӣ буд, ба ҳамин сабаб «забони форсӣ намедонист» (фармудаи Носири Хусрав) ва мушкилоти худро дар девонҳои Мунҷику Дақиқӣ аз Носири Хусрав мепурсид.
Қаламрави густариши адабиёти дарӣ (аз ин пас ҳамчун форсии дарӣ низ маъмул мегардад), ки нахуст дар шарқи Эрон зуҳур кард, то ҳудуди поёни асри 11 ба Хуросону Мовароуннаҳр маҳдуд буд. Аз шоирони давраҳои Тоҳириёну Саффориён танҳо зикри номе дар бархе аз тазкираҳо бар ҷо мондааст. Зоҳиран Ҳанзалаи Бодғисиро нахустин шоири аҳди Тоҳирӣ медонанд ва ба ривояти «Таърихи Систон», Яъқуби Лайси Саффорӣ нахустин касе буд, ки шеърро ба сурудан ба забони форсии дарӣ ташвиқ кард. Низ Муҳаммади Васиф нахустин касе буд, ки ба форсии дарӣ шеър гуфт. Аммо метавон аслан давлати Сомониёнро, ки маркази он Бухоро буд, муқтадиртарин давлати пуштибони забону адаби форсии дарӣ ба шумор овард. Яке аз хидматҳои бузурги Сомониён он буд, ки донишмандони маҳаллиро барои тарҷумаи китобҳои арабӣ ба ин забон ташвиқ мекарданд. Беҳтарин намунаҳои он тарҷумаи «Таърихи Табарӣ» (маъруф ба «Таърихи Балъамӣ») ва тарҷумаи «Тафсири Табарӣ» аст, ки ҳар ду ба фармони Мансур ибни Нуҳи Сомонӣ сурат гирифт.
Наҳзате, ки дар замони фармонравоии шоҳони Сомонӣ барои тарвиҷу ба кор бурдани забони форсӣ ба ҷои арабӣ оғоз шуд, бо суръати тамом вусъат ёфт, то он ҷо, ки форсии дарӣ забони адабии Хуросон шуд ва дар даргоҳи онҳову баъдан дар даргоҳи Ғазнавиён садҳо шоиру нависандаи эронитабор ба забони миллии худ шеър суруданд ва дар риштаҳои гуногуни илмию адабию таърихӣ китобҳо таълиф карданд. Сипас дар замони шоҳони Салҷуқӣ ин забон дар умури идорию мукотиботи девонӣ низ ҷойи забони арабиро гирифт. Минтақаи ривоҷу равнақи форсии дарӣ ибтидо дар машриқу шимолушарқии Эрон буд ва то ҳамлаи муғул бештари суханварону нависандагони форсигӯй, ки ҳатто дар адабиёти ҷаҳон пойгоҳу эътибори барҷаста доранд, аз мардумони ин қисмати кишвар буданд, ки дар дастгоҳи бузургони Саффорию Сомонию Ғазнавию Салҷуқӣ ба сар мебурданд. Маҳз дар давраҳои Сомониёну Ғазнавиён бо зуҳури бузургоне чун Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Кисоӣ, Манучеҳрӣ ва Носири Хусрав адаби форсӣ ба авҷи шикуфоӣ расид. Аммо қаламрави ин шикуфоӣ ҳамчун гузашта навоҳии шарқии Эрон ё худ Мовароуннаҳру Хуросон буд. Дар давраи вазорати ду шахсият — Фазл ибни Аҳмади Исфароинӣ (вазири Султон Маҳмуди Ғазнавӣ) ва Абунаср Мансур ибни Муҳаммади Кундурӣ (вазири Салҷуқиён) порсии дарӣ забони девонҳои давлатӣ ва мукотиботи расмӣ буд. Дар аҳди Хоразмшоҳиён низ девони расоил ғолибан ба забони дарӣ буд. Кишваркушоиҳои Ғазнавиёну Салҷуқиён корбурди форсии дариро дар дигар манотиқ, ба хусус дар Ҳиндустону манотиқи ғарбии Эрон ривоҷ дод. Пас аз истилои муғул ва дар замони ҳукумати Элхонону Темуриён нигориш ба забони форсии дарӣ ҳамчун гузашта бисёр равнақ дошт, аммо вайронии шаҳрҳои Хуросону Мовароуннаҳр сабаб шуд, ки марказияти форсии дарӣ ба шаҳрҳои марказию ҷанубии Эрон, ба вижа Шероз интиқол ёбад.
Дар таърихи тамаддуну маърифати Эрон, аз ҷумла, Хуросони Бузург асрҳои 10 ва 11 барои он ҳамчун тилоитарин асрҳои рушди адабу илм унвон гирифтааст, ки дарӣ ҳамчун муҳофизи истиқлолу бақои ҷомеаи эронӣ такмилу тақвият шуд ва сипас дар хидмати илм қарор гирифт. Шикуфоии забони форсӣ, ба хусус корбурди илмии он яке аз шигифтангезтарин ҳаводиси ин давра аст, ки ба наҳве Эронзаминро аз нобудии маънавӣ ё худ аз арабизабон шудан наҷот дод. Зеро густариши босуръати тамаддуни исломӣ дар тӯли се қарн (асрҳои 7-10) ҳамаи забонҳои минтақаро (ҷуз забони арабӣ) аз баёни мафҳумҳои олии ин тамаддун оҷиз сохта буд. Дар ҳавзаи ин тамаддун танҳо забоне метавонист дар муқобили забони ғанишудаи арабӣ муқовамат намояд, ки ба осонӣ ва бидуни ҳеч гуна монеъӣ муфрадоти забони арабиро барои баёни мафҳумҳои ин тамаддуни ҷадид ба хидмат гирад. Забони форсӣ ба ҳақ аз уҳдаи чунин вазифаи муҳим баромад ва то ба имрӯз рози бақои дарӣ низ дар баробари тамаддуни арабӣ-исломӣ маҳз дар ҳамин вижагӣ будааст.
Дарӣ аз асри сеюми ҳиҷрӣ (даҳи мелодӣ) дар хидмати илм даромад ва бо он ки аз он замон то ба имрӯз бисёре аз нависандагону муҳаққиқони мо осори зиёде ба забони арабӣ навиштаанд, вале дар ягон давру замон ин забон оҷиз аз баёни мафҳумҳои ҳеч як аз риштаҳои маорифу улум дар омӯзиши сунатии эронитаборон набудааст. Тақрибан дар тамоми риштаҳои улуму маориф осори зиёде ба забони форсии дарӣ низ нигошта шуда, ин забон дӯшодӯши забони арабӣ ба таровату ғановати худ пардохтааст ва ҳудуди ҳазор сол бештар дуюмин забони расмии олами паҳновари ислом будааст. Ин бартарӣ аз он ҷиҳат будааст, ки нависандагону донишмандони мо барои пурбории забони форсии дарӣ ҳеч гуна таъассубе дар истифода аз вожаҳои арабӣ надоштаанд ва дар ҳақиқат забони арабиро ба хидмати забони форсии дарӣ гирифтаанд.
Порсии дарӣ ҳама вижагиҳои як забони классикиро дорост ва акнун забони дувуми классикии ҷаҳон (пас аз забони юнонӣ) шинохта шудааст. Аз назари доманаву танавуъи вожаҳо яке аз пурмоятарин ва бузургтарин забонҳои ҷаҳон шумурда мешавад. Порсии дарӣ тавоноии сохтани 225 милён вожаро дорад, ки дар миёни забонҳои олам бемонанд аст ва ҳамакнун дар се кишвар — Эрону Тоҷикистону Афғонистон забони роиҷу расмист ва дар кишварҳои ҳамҷавори монанди Покистон, Ҳиндустон, Ироқ, Ӯзбекистону Қафқоз (Озарбойҷон) ба ин забон такаллуму китобат мешавад. Ин забон аз лиҳози таъсир дар забонҳои арабӣ, туркӣ, урду ва забонҳои аврупоии фаронсавӣ, инглисӣ, олмонӣ, русӣ ва ғайра низ шоёни тавҷҷуҳ аст.
Обид Шакурзода,
пажуҳишгар