Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дуруду пайёми самимии моро бипазиред, Ҳомии бузурги миллат, Қаҳрамони халқи тоҷик, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмони азиз! Шумо номбардори Ватан, чашми бедор ва ойинаи пурҷилои миллат ҳастед.
Таърих ин сатрҳоро бо оби тилло дар саҳифаҳои ҷовидонааш навиштааст, ки баъд аз садсолаҳои талхи бегонагароӣ ва бедавлатӣ Шумо бо тафаккури баланд ва доштани андешаи миллӣ дар шонаҳои кӯҳҳои азим пояҳои давлатдории миллиро пайванд кардаед. Мо хуб медонем, ки Шумо ҳар як ваҷаби ин замин ва хар як сокини ин ватанро чун фарзанди хеш дӯст медоред, зеро маҳз дар партави сиёсати созанда ва инсонгароёнаи Шумо мо ба ин рӯзҳои офтобӣ расидем. З-ин рӯ, ҳастии Шумо кафили ояндаи дурахшони мо ва андешаҳои хирадмандонаатон бақои ин миллат аст.
Падари азиз, Президенти маҳбуб, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон! Мо чанд нафар аз кормандони ширкати «Умед — 88», хешу таборон ва волидайни Одинаев Раҷабалӣ аз Шумо, ки набз ва қалби ин миллат ҳастед, барои бемасъулиятӣ ва сари вақт иҷро накардани вазоифи ба ӯҳда гирифтаи масъулини ширкати мазкур, ки боиси нигаронӣ ва нороҳатии Шумои азиз гаштаанд, узр мепурсем ва назди назари пурмуҳаббат ва садоқати поки Шумои азиз, ки нисбат ба ҳар яки мо доред, сархаму шармандаем. Аммо инро бояд бигӯем, ки мо ба ҳайси кормандони ин ширкат борҳо шоҳид гаштаем, ки роҳбарияти ширкат дар симои Одинаев Раҷабалӣ Ғафорович дар ҳама гуна сӯҳбатҳо, ҷаласаҳои корӣ аз сиёсати хирадмандонаи Шумои азиз ёдовар мешуданд ва ҳар яки моро таъкид мекарданд, ки даст ба дасти ҳамдигар дар ободии Ватан саҳм бигузорем ва ба қадри сулҳу ободие, ки Шумо бароямон овардаед, бирасем. Ҳамчунин, номбурда бо дарназардошти дастгириҳои Шумо нисбат ба фаъолияти соҳибкорон ва имтиёзҳои Ҳукумати ҷумхурӣ, борҳо ба хонаи маъюбон, ятимхонаҳо, хонаи пиронсолон ва барои ҷарроҳии беморони оилаҳои ниёзманд дасти кӯмак дароз кардааст. Инчунин, ширкати мазкур тӯли фаъолияташ дар ғанӣ гардонидани буҷаи давлат зиёда аз 2 миллиард сомонӣ тариқи супоридани андоз саҳм гузоштааст ва зиёда аз 500 нафар шаҳрвандонро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудааст.
Бояд гуфт, ки мувофиқи шартномаи байни ҶСК «НБО Роғун», Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ “Умед-88” ба ширкат ҷиҳати рушди комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи таъмини ҳоҷагиҳои кишоварзӣ бо маҳсулоти сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 171 000 000 сомонӣ бо меъёри 18% солона то мӯҳлати 31.12 соли 2015 қарз дода шудааст. Аммо, мутаассифона, бо сабаби ба бӯҳрони молиявӣ дучор гаштан, ширкат натавонистааст дар мӯҳлати дар боло зикргашта қарзи мазкурро баргардонад, вале тӯли ин муддат ҷаримаҳо ва фоизҳо дар ҳаҷми 33 миллион сомонӣ ба ташкилотҳои бонкӣ супорида шудааст.
Ҳоло муассиси ширкат Одинаев Раҷабалӣ Ғафорович бо дастрасии моддаҳои 246, қисми 3 ва 295, қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Аммо сари вақт супурдани фоиз ва ҷаримаҳо дар ҳаҷми 33 миллион сомонӣ, ҳамчунин қисм ба қисм бозпас гардонидани қарзи мазкур ба ташкилотҳои бонкӣ далолати он аст, ки масъулини ширкати «Умед-88» аз супурдани қарзи мазкур саркашӣ накардаанд ва нияти баргардонидани қарзро доранд.
Мӯҳтарам Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуб Эмомалӣ Раҳмон! Мо бақои миллатро дар андешаҳои хирадмандона ва кафолати адолатро маҳз дар оинаи чашмони бедори Шумои азиз мебинем. Зеро маҳз Шумо, мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, бо ҳастии пурмаънои хеш пояҳои ин давлати ҳуқуқбунёд ва демократиро дар асоси қонун бунёд гузоштаед, ки хар як хишти бинои ин давлати миллӣ нақши дастони созандаи Шуморо чун мӯҳр дар хазинаи таърих ҳифз кардааст. Мо бо чашми ақл шоҳиди ҳазорҳо хидматҳои шоистаи Шумо баҳри ободии ин ватан гаштаем. З-ин рӯ, ба ҳар як ҳарфи Шумо, ки ҳарфи таърих аст, аз самими қалб бовар дорем, зеро ҳастии Шумо — кафили зиндагии босаодати ҳар яки мо мебошад.
Шумо, Президенти маҳбуб, борҳо дар баромадҳоятон аз волоияти қонун ва арзишҳои ҳуқуқи инсон ёдовар шуда, мақомоти қудратиро хушдор дода будед, ки дар пойдории адолат, ки мояи ҳастии миллат аст, боандеша ва боэҳтиёт бошанд, то оинаи пурҷилои таърихро ғуборе наафканад. Ҳамчунин, зикр карда будед, ки барои як кадрро тарбият кардан ҳудудан 40 сол лозим меояд ва сокинони ин сарзаминро, ки Шуморо чун фарзанданд, набояд ба хотири содир кардани як гуноҳ пушти панҷараи зиндон гузоранд.
Ҳоло мо кормандони ширкати «Умед-88» ва волидайни Одинаев Раҷабалӣ, аз Шумо Падари хирадманд, ки қалбе бузург чун кӯҳҳои сарбафалак ва шаффоф, чун чашмаҳои кӯҳистон доред, авфи гуноҳ металабем. Илтиҷо мекунем, ки ба Раҷабалӣ Одинаев, ки аз шарофати дастони пурбаракаташ фарзандони азизамон нон хӯрдаанд ва ҳамеша бо лабханди гарм дар ғаму шодиямон ҳузур доштанд, чораи пешгирӣ аз намуди дар ҳабс нигоҳ доштан ба намуди тарк накардани ҷои зист ва ё дигар чораи пешгирӣ тағйир дода шавад.
Ҳар яки мо тариқи соядастҳои хеш, ки дар поёни номаи мазкур мегузорем, кафолат медиҳем, ки дар ҳолати ғайриҳабс будан Одинаев Р. Ғ. метавонад қарзи мазкурро бипардозад, зеро мувофиқи хулосаи экспертизаи нархгузории ВА ҶТ нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ширкати ватании «Умед-88» дар айни ҳол маблағи зиёда аз 175 миллион сомонӣ нархгузорӣ карда шудааст ва илова бар ин, амволи хешу таборони номбурда низ метавонад маблағи муайянеро ташкил бидиҳад. Ҳамчунин, Одинаев Р. Ғ. дар ҳолати ғайриҳабсӣ будан метавонад бо дарназардошти кафолати моликияти ширкат ва боварии соҳибкорони Федератсияи Русия, ки давоми ҳамкориҳои бисёрмуддат сазовор гардидааст, 40 миллион доллари ИМА-ро барои амалӣ намудани ин ӯҳдадориҳо тариқи шартномаи қарзии бисёрсола бигирад.
Бояд зикр кард, ки вазъи саломати Одинаев Р. Ғ. бо иллати осеби сутунмӯҳра, бемории шуш ва сактаи қалб хуб нест ва нигоҳ доштани ӯ дар боздоштгоҳ боиси авҷ гирифтани бемориҳои мазкур мегардад.
Мӯҳтарам Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмони азиз! Мо муштариён ва хешовандони Одинаев Р. Ғ. аз Шумо, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ки соябони сари ҳар яки мо мебошед, қаблан илтиҷо мекунем, ки модари пиронсоли азизи ин соҳибкорро, ки дидаҳои камнураш дар роҳи бозгашти фарзанди азизаш чор аст ва қалби афгоре доранд, ба дидори фарзанди азизаш бирасонед. Зеро мо борҳо тариқи симову садои ватанӣ шоҳид гаштаем, ки қалби пурмуҳаббат ва инсонгароёнаи Шумо ҳатто кӯчактарин ҳоҳишу илтиҷои мардумро беҷавоб нагузоштааст. Аз ин рӯ, боварии комил дорем, ки моро низ аз неъмати бахшоишҳоятон бенасиб намегардонед.
Боқӣ, чун ҳар вақти дигар мо аз самими қалб бо муҳаббати гарм барои саломатии Шумо ва пойдории давлатдории миллӣ дасти дуо мебардорем.
Бо эҳтироми самимӣ, як гурӯҳ ҳамкорон, хешу таборон ва волидайни Одинаев Раҷабалӣ Ғафорович