Ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералии Тоҷикистон, муҳтарам Юсуф Раҳмон Аҳмадзод
Ба таваҷҷуҳи Раиси Суди Олии Тоҷикистон, муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён
Ба таваҷҷуҳи Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро
(Қазияи мо — чор нафар гувоҳи ин гуфтаҳо мебошад)
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Қазияи мо сарусадои зиёде дар ҷомеа ба вуҷуд оварда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ моро разилу ҷинояткор ва қонуншикану авбош муаррифӣ карданд. Ҳол он ки, асли воқеа дигар аст ва шабакаҳои иҷтимоию расонаҳои хориҷ аз кишвар воқеиятро баръакс нишон медиҳанд. Онҳоеро, ки дар роҳи ҳифзи амнияти ин давлату миллат сина сипар кардаанд, гунаҳгор меҳисобанд. Яке аз ин чор нафар афсари гунаҳгоршуда ман — Нурхонов Фарҳод Адбуллохонович, муовини сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар шаҳри Душанбе мебошам ва тӯли 21 сол дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар барои ҳифзу ҳимояи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат сарбаландонаву содиқона хизмат карда, то ба рутбаи подполковникӣ расидам.
Сабаби ба Шумо муроҷиат карданам ин аст, ки то чанд рӯзи дигар тақдири ояндаи ман ва се нафар зертобеонам дар Суди шаҳри Душанбе ҳал хоҳад шуд, вале ман ба ҳалли мунсифона ва боадолатонаи қазия бовар надорам.
Дар мурофиаи судии мо, ки тӯли зиёда аз чор моҳ дар Суди шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дорад, ман ва зертобеонам подполковник Аваз Сабзаев, майори милитсия Умед Ваҳҳобов ва Ирониддини Аҳлиддинро барои содир кардани як қатор ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла моддаҳои 143, эзоҳи 1, қисми 2, банди «а, б, г», 147, қисми 2, бандҳои «а, б», 319, қисми 4, банди «г» ва 358, қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аризаҳои сохта, бофта ва хаёлӣ гунаҳгор дониста истодаанд. Айбдоркунандаи давлатӣ дар баромади худ, ки ҳамагӣ панҷ дақиқа давом кард, нуқтаи назари тафтишоти пешакиро, ки ягон далел ва факту рақамҳоро насанҷида буд, ба инобат гирифта, нисбатамон айб эълон намуд. Ҳол он ки, интизор будем аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ вобаста ба ҳолатҳои воқеие, ки дар рафти мурофиаи судӣ муайян карда шудаанд, баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода мешавад ва хулосаи қонунии худро манзури суд мегардонад. Мутаассифона, ин ҳолат рух надод ва айбдоркунандаи давлатӣ беасос ва ғайриқонунӣ аз суд барои ман 23 сол ва барои ҳамроҳонам 15-солии маҳрумият аз озодӣ талаб намуд.
Ҷаноби Олӣ, парвандаи мазкур аз тарафи мақомоти тафтишотӣ бо тариқи сохтаю бофта ва ҳамчун қисса сохта шудааст. Имруз зарурияте ба миён омадааст, ки ҳамчун судшаванда нисбати айбномаи мақомоти тафтишоти пешакӣ, ки ҳолатҳои аслии кор аз нигоҳи мансубият, қобили қабул, саҳеҳ ва кифоя будани маҷмӯи ҳамаи далелҳои кирдори маро нодуруст банду баст кардааст, изҳори назар намоям, зеро тақдири ман ҳал шуда истодааст. Ман чӣ дар тафтишоти пешакӣ ва чӣ дар тафтишоти судӣ худро қисман танҳо дар қисмати баръало берун баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ дар вақти дарёфт ва гирифтани маводи нашъадор аз ҷои пинҳонкардаи гумонбаршуда Солеҳов Ҳамза ва ба расмияти қонунӣ надаровардани ҳолати воқеан аз ҷои ҳодиса ёфтани далелҳои шайъӣ гунаҳгор мешуморам, вале дар дигар қисми эълони айбҳо бо асосҳои зерин худамро умуман гунаҳгор намешуморам:
Дар аввал парвандаи ҷиноятӣ нисбати ман — Нурхонов Фарҳод Абдуллохонович аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ бо моддаҳои 316, қисми 3, банди «а» ва 319, қисми 4, банди «г» ва баъдан бо моддаи 143, нишонаи 1, қисми 2, банди «б, г», КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, мавриди баррасӣ қарор дошт. Тафтишоти пешакӣ бар хилофи талаботи моддаи 21-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, бидуни тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи ҳолатҳои кор амал карда, танҳо яктарафа ҳолати вазнинкунандаро ба нақша гирифта, тамоми чораҳои пешбининамудаи қонунро наандешидаанд, ки ба воқеияти асли кор мувофиқат намекунад.
Муҳтарам Пешвои миллат, диққати Шуморо ба як қатор ҳаракатҳои сохтакории маркази экспертизаи тиббӣ-судӣ бо якҷоягӣ дар аввал бо кормандони Прокуратураи шаҳри Душанбе ҷалб карданиам. Ҳангоми пешбурди тафтишоти пешакӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ се намуд санади ташхиси шаҳодатгардонии тибби-судӣ нисбати Солеҳов Ҳамза Шабонович, яке аз санади 08.01.2019 сол, дигаре аз санади 12.01.2019 сол ва сеюм хулосаи тиббӣ-судӣ аз 23.04.2019 ҷой дорад. Ин асоснокии санадҳои қаблии аз тарафи Прокуратураи шаҳри Душанбе ва баъдан Прокуратураи генералии ҶТ дар Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию-судӣ гузаронида шударо зери шубҳа қарор медиҳад. Байни санадҳои аз тарафи кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе санаи 08.01.2019 сол дар Маркази миллии тиббӣ гузаронида шуда ва санади аз тарафи муфаттиши Прокуратураи шаҳри Душанбе Насриддинзода Ф. ва баъдан муфаттиши Прокуратураи генералии ҶТ Каримов Н. дар Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию судӣ гузаронидашуда, мухолифати ҷиддӣ ҷой дорад. Санадҳои баъдӣ ҳангоми дар озодӣ қарор доштани ӯ гирифта шудаанд, ки эҳтимолияти садфоизаи гирифтани чунин зарари ҷисмонӣ аз ҷониби шахсони дигар ҷой дорад. Бинобар ин, дар мурофиаи судӣ эксперти тиббӣ-судӣ Қараев Бобоназар мавриди пурсиш ва навори фиттаи сабти муоширати гуфтугӯии корманди оперативии РВКД-и шаҳри Душанбе ва ташхисгари Маркази экспертизаи тибби-судии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мавриди намоиш, омӯзиш, таҳлил, додани баҳои дурусти ҳуқуқӣ ва хулосабарорӣ қарор дошт, ки ғайриқонунӣ ва сохтакории санадҳои мазкурро тасдиқ намуд. Дар сабте, ки дар дасти мо маҳфуз аст, гуфтугӯи корманди РВКД ва ташхисгар Қараев Бобоназар сабт гардидааст. Дар он Қараев изҳор медорад, ки ӯ аз ҷониби муфаттиш зери фишор қарор гирифтааст. Ба гуфтаи Қараев, муфаттиши парванда фармудааст, чизе, ки ӯ мегӯяд, бояд ҳамон шавад, вагарна ба Президент марасонад, ҳам ӯ аз вазифа меравад ва ҳам вазири тандурустӣ.
Ҳамзамон, ба маълумоти Шумо расониданиам, ки Солеҳов Ҳамза Шабонович қаблан бо моддаи 200, қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Новобаста аз ин, тибқи парвандаи оперативӣ муддати дароз, бе ягон маҳдудият дар қаламрави шаҳри Душанбе ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба миқдори махсусан калон бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, истеъмол намудан, машғул буда, тибқи қайди Шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар шаҳри Душанбе мавриди коркарди оперативӣ қарор дошт. Санаи 07.01.2019 парвандаи оперативӣ оғоз шуда, нисбати Солеҳов Ҳамза Шабонович коркарди оперативӣ амалӣ карда шуд. Дар натиҷаи амалиёти оперативӣ аз ӯ, тибқи ташхиси химиявии эксперти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводи нашъадори нави ҳашиш ба миқдори 212,0 грамм ёфта, гирифта шуд. Нисбати ҳолати мазкур аз сӯи муфаттиши калони ШТ РВКД дар шаҳри Душанбе Ваҳҳобов У. парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои моддаи 200, қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст, ки баъдан парвандаи ҷиноятии мазкур аз тарафи муфаттиши Прокуратураи генералии ҶТ беасос бекор карда шуда, тақдири 212,0 грамми маводи нашъадори навъи ҳашиши мусодиракардашуда, номаълум, бе соҳибият мононда шудааст.
Дар вақти пешбурди тафтишоти пешакӣ аз нишондодҳои Солеҳов Ҳамза, ки аз айбдоршаванда ба ҷабрдида мубадал гашт, маълум шудааст, ки гӯё ман — Нурхонов Ф. дар вақти таҳқиқи ибтидоӣ қасдан бо яроқи хизматии тамғаи «Макаров» зарари ҷисмонӣ расонида бошам ва ин боис ба расонидани зарари миёна ба саломатӣ гардидааст. Ин нишондоди бардурӯғи Солеҳов Ҳ.-ро инкор намуда, ваҷҳ оварданиам, ки дар вақти дастгир шудани Солеҳов Ҳ. яроқи хизматии ман аз санаи 18.12.2018 сол то оғози парвандаи ҷиноятӣ дар қисми навбатдории РВКД дар шаҳри Душанбе қарор дошт (нусхаи китоби қабул ва супоридани аслиҳа ва маводҳои махсус дар парвандаи ҷиноятӣ замима карда шудаанд).
Мутассифона, тафтишоти пешакӣ бе санҷиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи кор, нишондоди бардурӯғи Солеҳов Ҳ.-ро ба инобат гирифта, нисбат ба ман парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои моддаи 143, нишонаи 1, қисми 2, банди «г», “Шиканҷа” бо расонидани зарари миёна ба саломатӣ ва моддаи 316, қисми 3, банди «а» КҶ ҶТ “Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он” оғоз кард. Ҳолати дигари шубҳаомези оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ман аз тарафи Прокуратураи шаҳри Душанбе бо моддаи 319, қисми 4, банди «г» КҶ ҶТ он аст, ки гӯё ман — Нурхонов Ф. санаи 08.01.2019, бегоҳирӯзӣ, тахминан баъд аз як рӯзи дастгир шудани Солеҳов Ҳ. бо маводи нашъадор, дар маҳалаи Гипроземи шаҳри Душанбе аз телефони мобилии худ (907-47-59-47) бо як шахси ба тафтишот номаълум занг зада, гӯё ба ӯ дастур дода бошам, ки рафта, аз язнаи Солеҳов Ҳ. — Абдуҳалимов Хуршед Абдусаломович 2800 долларро бигирад. Бино ба шаҳодати ин шахси номаълум, ин маблағ барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани хусурбачаи ӯ, яъне Солеҳов Ҳамза будааст. Ин ҳолат низ аз тарафи тафтишоти пешакӣ ғайриқонунӣ буда, бе санҷиши ҳамаҷониба, бе гирифтани далели шайъӣ, яъне предмети пора, нисбати ман бо моддаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Дар асоси ваҷҳҳои қайдшуда ва дархости тарафи ҳимоя, тафтишоти пешакии Прокуратураи генералиро зарур буд, ки зангҳои содиротӣ ва воридотии ду рӯз пеш ва панҷ рӯз баъд аз содир шудани ҷиноят, тибқи дастури хаттии Прокурори назоратӣ гирифта шуда, мавриди санҷиш қарор дода, маълум карда мешуд, ки оё ман — Нурхонов Ф. санаи 8.01.2019 аз соати 18 то 24 бо телефони шахсии худ бо кӣ муошират кардаам, рӯйхат тартиб дода шуда, шахсияти ҳар яки онҳо маълум карда мешуд, вале мутаассифона, бинобар манфиатдорӣ ва дағалона вайрон кардани талаботи қонуни мурофиавӣ, дархости тарафи ҳимоя оид ба хориҷ ва банду баст кардани моддаҳои эълон намудаи айб аз тарафи муфаттиш беасос рад карда шудааст. Яъне, аз ин ҳолатҳои дарҷшуда бармеояд, ки тафтишоти пешакӣ дидаву дониста даст ба конуншиканиҳо зада, ҳаракатҳои беасос, ғайриқонунии худро бар хилофи қонуни мурофиаи ҷиноятӣ иҷро намуда, аз ваколатҳои мансабии худ сӯйистифода кардааст.
Тафтишоти пешакӣ ҳангоми таъин ва гузаронидани экспертиза тибқи талаботи моддаи 210-и КМҶ ҶТ ҳуқуқи маро поймол карда, бо қарори таъин намудани экспертиза ва хулосаи он маро шинос накард, ки боиси дағалона риоя накардани талаботи моддаҳои мазкур гардидааст.
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, дар яке аз дастурҳои хаттии прокурор Бобоев М. вобаста ба ҳолати гирифтани маблағи пулӣ аз Абдуҳалимов Х. диққати Шуморо ҷалб карданӣ ҳастам. Дар он омадааст: «Вобаста ба ҳолати аз тарафи Нурхонов Ф. гирифтани маблағи пора дар ҳаҷми 2800 доллари ИМА аз Абдуҳалимов Х. бо роҳи гирифани зангҳои воридотӣ-содиротии телефони мобилии Нурхонов Ф. шахсияти шахси номаълум, ки маблағи пулиро аз Абдуҳалимов Х. гирифтааст, муайян карда шуда, вобаста ба ҳолати кор пурсида шавад. Ҳамчунин, оид ба ин ҳолат нишондоди ҳамсари Абдуҳалимов Х. гирифта шавад». Аммо муфаттиш танҳо ҳолати айбдоркунии ҷиноятиро ба назар гирифта, супориши хаттии Прокурори назоратиро, ки иҷроиши он ҳатмист, иҷро накардааст. Ин амали ғайриқонунии муфаттиш боис ба эълони айб бо моддаи 319, қисми 4, банди «г” нисбати ман гардидааст. Ҳолати дигари манфиатдории муфаттишро пурсиши ҷабрдида Солеҳов Ҳ. ҳангоми тафтишоти судӣ тасдиқ кард. Солеҳов қайд кард, ки бо дастур ва ташаббуси бевоситаи муфаттиш баъд аз чор моҳи озод шуданаш рафта, дар беморхона бистарӣ гаштааст, ки боиси гирифтани хулосаи такрории тиббӣ-судии акнун дараҷаи миёна мансуб ба саломатӣ гаштааст. Мутаассифона, тафтишоти пешакӣ бе санҷиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи ҳолати кор, нишондоди бардурӯғи Солеҳов Ҳ.-ро ба инобат гирифта, нисбати ман парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои моддаи 143, эзоҳи 1, қисми 2, банди «г» КҶ ҶТ, яъне “шиканҷа бо расонидани зарари миёна ба саломатӣ” ва моддаи 319, қисми 4, банди «г» КҶ ҶТ “гирифтани пора бо роҳи тамаъҷӯӣ “ба миқдори калон аз Абдуҳалимов Х. оғоз карда шудааст. Диққати Шуморо боз ба як ҳолати шубҳаноки тафтишоти пешакӣ ҷалб карданиам. Баъд аз оғози парвандаи ҷиноятӣ дар вақти тафтишоти пешакӣ шоҳид Азизова Зебуниссо — ҳамсари ҷабрдида Солеҳов Ҳамза бо сабабҳои номаълум, новобаста аз он, ки ӯ аз ҳолати воқеии кор хабардор набуд ва ҳамчун шоҳид дар мурофиаи судӣ пурсида шуда буд, аз тарафи муфаттиши Прокуратураи генералӣ Каримов Н. шаш маротиба мавриди пурсиш қарор дода шудааст. Ин дар ҳолест, ки ман ба ҳайси гумонбар панҷ маротиба пурсида шуда будам. Ин ҳолат бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки тафтишоти пешакӣ якҷониба анҷом ёфтааст.
Муҳтарам Пешвои миллат, мо ҳоло ҷавонем ва барои ояндаи дурахшони ҷумҳурӣ ҳиссагузорӣ карданӣ ҳастем. Агар парвандаи ҷиноятии беасос нисбати мо бо Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» қатъ шавад, он гоҳ мо бо дасту дили пок фаъолият хоҳем кард.
Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, ҳолатҳои зиёде ҷой доранд, ки сохта будани парвандаро нисбат ба мо исбот мекунанд, вале мо имкони овардани ҳамаи онро рӯи як саҳифа надорем. Шумо дар ҳар як вохӯрӣ бо намояндагони мақомоти судиву прокуратура таъкид менамоед, ки вазифаи онҳо бе исботи гуноҳ пушти панҷара кардани шаҳрвандон нест. Бо ин роҳ онҳо фарзандон, хешу пайвандони судшудагонро аз сиёсати давлат норозӣ менамоянд. Аз ин рӯ, аз Шумо хоҳиш менамоем, то ба қазияи мо бевосита дахолат намуда, ҳақро ба ҳақдор расонед!
Бо эҳтиром, Нурхонов Фарҳод, Сабзаев Аваз, Ирониддини Аҳлиддин, Ваҳҳобов Умед (судшавандаҳо)