Орзуи аввалину охирини модар танҳо як аст — фарзандаш бо тани солим ба дунё ояд, ба гуфти рӯзгордидаҳо, “чор ишкелаш бутун бошад”. Ба ҷуз ин ормон ва умед барои модар дигар чизе лозим нест, ки нест.

Банда зане ҳастам, ки бо вуҷуди дар зиндагӣ модари танҳо буданам, таҳти сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Сарвари муаззаму ғамхори кишвар худро танҳо ва заиф ҳис накардаам. Ҳамеша ифтихор аз сулҳу суботи давлатам карда, дар зиндагӣ бо дили гарм даст ба кору зиндагӣ  бурдам. Фарзандонамро калон кардам, хонондам, барои хизмати Модар-Ватан фиристонидам. Шукри тани солимашонро кардам.

Дар набераам Саидова Ёсуман (соли таваллудаш 2015) баъди ташхиси МД ММТ ҶТ диагнози неврити кохлеари хулосаи пастшунавоии музмини нейронсенори дараҷаи 4 аз рост, 3 аз чап ва инкишоф наёфтани нутқи дуюминдараҷаро муайян карданд. Тавсия дода шуд, ки ба гӯши чап гирифтани дастгоҳи хуби шунавоӣ (слуховой аппарат) ва ҷарроҳии кохлеарная имплантатсия гузаронида шавад. Ин навъи ҷарроҳӣ, тибқи маълумоти гирифтаам, чӣ дар хориҷ (Ҷумҳурии Қазоқистон) ва ё чӣ дар миқёси ҷумҳурӣ, агар гузаронида шавад, маблағи бисту ҳашт ҳазор доллари амрикоиро дар бар мегирад. Чунки мутахассисон аз Ҷумҳурии Қазоқистон оварда мешаванд.

Бисёр-бисёр мехоҳам, ки кӯдакам ҷарроҳӣ  шавад, шунавад, чун кӯдакони дигар дар кӯчаҳо гаштугузор кунад, овози модарро шунавад, садои табиатро шунавад. Охир, кӯдаки масъумам ба шунавоӣ ниёз дорад.

Аз ин лиҳоз, аз тамоми хонандаҳои рӯзнома самимона, аз самими қалби модарона хоҳиш менамоям, ки дасти раҳму шафқаташонро бар сари набераи бемори ман низ гузоранд ва барои ҷарроҳӣ мусоидат намоянд.

Бо мақсади табобат гирифтан, аз шаҳри Кӯлоб кӯчида, ба шаҳри Душанбе омада, дар ҳуҷраи иҷора зиндагӣ дорам. Ман қодирам, ки тамоми дороиву нодориамро баҳри табобати набераи зебову дустрӯякам сарф намоям, то ки ӯро гапзан бинам, забондон бинам.

Барои ҳамин, мусоидат ва дастгирии бевоситаи Шуморо барои ҷарроҳии набераам ё дар ҷумҳурии худамон ва ё дар ҷумҳурии ҳамсоя мепурсам.

Бо умеду интизорӣ дар роҳи шифо, Назарова Матлуба, сокини муваққатии шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, маҳаллаи Зарафшон, кӯчаи Н. Махсум, хонаи 11, утоқи 32

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here