Ман, Кучакшоев Диловаршо (хусури даъвогар) ҳастам ва ҳалномаи судиро шунида, бовариам наомад, ки адолати судӣ то ин дараҷа коста шудааст, ки “далелҳои” бофтаи тадсдиқнашудаи даъвогар (келинам) барои баровардани ҳалномаи беадолатона асос карда шудаанд. Эътирозҳои равшану аёни ман — мӯйсафеди 85-соларо бошад, ки соҳибмулкам, сарфи назар кардаанд…

Ман аз соли 1958 дар кӯчаи Айнӣ 39 истиқомат мекардам. Хонаро ҳамроҳи бародарам шодравон Ҳокимшо Кучакшоев сохта будем. Дар ҳамин хонаам ҳамроҳи ҳамсарам Раҳмонқулова Анор соҳиби ҳафт фарзанд (3 духтару 4 писар) шудем. Дар ин манзил ҳамроҳи бародарам Ҳокимшо ва зану чор фарзандаш ҳамроҳ зиндагӣ мекардем. 15 нафар (11 кӯдаку чор калонсол) дар як ҳавлӣ хеле дӯстона ва бе хархаша умр ба сар мебурдем. Хонаамон ҳамеша пур аз меҳмонону хешу таборонамон буд.

Вақте, ки фарзандони ман калонтар шуданд, бародарам ба хонаи дигар кӯчид ва манзили модарамонро ба ман — додари хурдиаш монд.

Солҳои зиёд дар корхонаи “Тоҷикселхозтехника” кору фаъолият намуда, раиси иттифоқи касаба будам ва соҳиби унвону орденҳои зиёди даврони шӯравӣ гаштаам. Ҳамчун инсони меҳнаткаш ҳамеша аз ҷониби роҳбарияти иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр мешудам. Як умр бо нони ҳалоли худам, бо меҳнати содиқонаам ҳаёт ба сар бурдаам. Ҳамсарам Раҳмонқулова Анор бошад, 40 сол дар мактаб омӯзгору китобдор кор кардааст.

Дар гӯшаи хаёлам андешае ҳам набуд, ки рӯзе мерасад, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ аланга зада, ҳама оилаам зери таҳқир монда, парешон мешавад.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ оилаи ман зери шиканҷаи зиёде монда буд. Як гуруҳи ҷиноятпеша қариб буд, ки ману ҳамсарамро кушанд ва хонаву дарамонро гиранд. Бояд гӯям, ки писари калониам Акбаршо солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба тиҷорат машғул шуд, орду дигар маҳсулоти хӯрокаро ба Бадахшон равон мекард. Ин фаъолияташ сабабгори он шуд, ки гуруҳҳои манфиатдор аз вазъияти ноороми ноҳияи Орҷоникидзеобод (имрӯза шаҳри Ваҳдат) истифода бурда, аз ӯ маблағҳои калон талаб мекарданд. Ҳатто 3 писари дигарамро таҳқир карда, дар зиндон нигоҳ доштанд, мошини сабукравамонро гирифта бурданд, ману ҳамсарамро латукӯб намуданд.

Ба муроҷиатҳои ман касе аҳамият намедод, чунки Диловар ном корманди полки милитсия (мутаассифона, насабаш дар хотирам намондааст) аз мансабаш истифода бурда, бо яроқ ба оилаи ман таҳдид карда, талаб мекард, ки ҳуҷҷатҳои хонаро ба ӯ диҳем. Баъди ба мақсад нарасиданаш, яъне дастгир карда натавонистани писарам Акбаршо ду бародараш — писаронам Давлатшо ва Мирзошоро ба рӯйхати шаҳрвандони дар кофтуков қарордошта ворид мекунад. Гӯё онҳо дар кадом як дастаи ҷинояткор даст дошта бошанд. Ин туҳмату таҳқири маҳз буд.

Дар натиҷаи ин беадолатиҳо ман маҷбур шудам бо пешниҳод ва дастгирии писарам Акбаршо, ки он замон аз ҷанг гурехта, шаш сол боз дар Бадахшон бо оилааш қарор дошт, соли 1999 ба ноҳияи Ишкошим, қишлоқи Намадгут фирор кунам. Дар он ҷо замин гирифта, хона сохтем. Аз он ҷо, ҳамон сол, ба хотири аз даст надодани хонаам дар ноҳияи Орҷоникидзеобод келинам Шодавронова Сафарморо (ки ҳамзамон хеши наздикам, ҷиянам мебошад) бо ду фарзандаш ба шаҳри Ваҳдат фиристодам. Писарам Акбаршо бошад, ба Россия рафт ва мутаассифона аз соли 2002 то имрӯз ӯ дар Россия маҳбус аст.

Солҳои баъдӣ вазъият дар Тоҷикистон нисбатан ором шуда буд ва ман писаронам Давлатшову Мирзошоро хоҳиш кардам, ки ба ватан баргарданд. Боварӣ доштам, ки писаронамро дигар таъқиб намекунанд, зеро худи Диловареро, ки ин қадар бадбахтиҳоро ба сарамон овард, ҳукумат барои ҷиноятҳояш ҷазо дода буд.

Писаронам баргаштанд ба Ватан, ҳарду оиладор шуданд, вале хушбахтии онҳо дер давом накард. Онҳоро баъди якчанд сол аз рӯи ҳамон рӯйхатҳои одамони дар кофтукоббуда, ки Диловар бардурӯғ воридашон карда буд, ба маҳкама кашиданд. Ба ҷиноятҳое, ки тамоман даст надоштанд, гунаҳгорашон карданд. Куҷое нарафтам, ба додам касе нарасид. Бо ҷурми ҷиноятҳои гуруҳӣ гуфта, ҳарду писарамро ба маҳкама кашиданд.

Барои ҳамаи мо ва бахусус ману ҳамсарам Анор ин як зарбаи сахт буд. Мо руҳафтода шудем. Бадбахтиҳоямон ҳеҷ тамом намешуд. Ҳамсарам ба бемории фишорбаландӣ мубтало шуд. Чашмони ман аз гиряву ғам кӯр шудан гирифтанд, пойҳоям дард пайдо карданд. Ғам одамро мешикастааст…

Моҳи ноябри соли 2006 аз сабаби аллакай дар маҳбас будани писаронам ва дар шаҳри Ваҳдат ҷорӣ будани реҷаи шиносномавӣ (паспортный режим), ман ба келинам Сафармо боварӣ карда, ба номаш васиятнома кардам, то ҳама масоили бо хона вобаста бударо назорат карда тавонад ва то омадани онҳо манзилашонро нигоҳубин кунад. Дили ману ҳамсарам Анор пур буд, ки дар пирӣ ва беморӣ дар хонаи худамон ҷой мегирем. Вале, мутаассифона аз ҳамон замон муносибати келинам бо ҳамаи мо дигар шуд. Новобаста аз ин, дар ҳама муддати набудани шавҳараш ва то сар задани қазияи мазкур, мо ӯро бо фарзандонаш нигоҳубин мекардем, мунтазам хабарашон мегирифтем, аз ҷиҳати молиявӣ дастгириашон мекардем. Дар тӯйи духтараш Фирӯза ҳамсарам ва духтаронам иштирок карда, кӯмакаш карда буданд. Ӯро ҳам ба тӯю маъракаҳоямон даъват менамудем. Ба хотире, ки ҳам ҳамсари писарам ҳасту ҳам ҷиянам.

Соли 2014 писарам Мирзошо аз маҳбас озод шуд ва ба хонаи падараш, яъне хонаи ман баргашта омад. Тайи якчанд рӯз нисбати худ аз ҷониби янгааш Сафармо ва бародарзодагонаш муносибати бадро дида, дигар истода натавонист ва дар шаҳри Ваҳдат иҷора нишаст. Ман, ҳамчун соҳибмулк ба келинам муроҷита карда, хоҳиш кардам, ки писарам Мирзошоро дар хонаи падараш ба қайд гирад, вале ӯ хоҳиши маро рад кард. Келин бо ҳар баҳонаву суханони туҳмат додари шавҳарашро ба хона роҳ намедод. Чанд маротибае, ки ману завҷаам аз келин хоҳиш кардем, то писарамонро гузорад, ки дар хонаи падараш зиндагӣ кунад, ҷавоби дағалонаи рад шунидем.

Ман ба келинам борҳо фаҳмонидам, ки васиятнома додани ман ба ӯ маънои онро надорад, ки хона пурра аз ӯст. Соҳибмулк манам ва ҳуқуқҳои маро қонун ҳимоя мекунад. Ман ҳуқуқ дорам, ки хонаи худро ба ҳар навъе, ки хоҳам, истифода кунам ё ба дигар нафар онро васият намоям. Таъмин намудани ту ва фарзандонат бо ҷои зист вазифаи шавҳарат аст, на хусурат. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, тайи якчанд сол хоҳиши ману ҳамсарамро келинамон рад мекард.

Дар ин миён якчанд соли дигар гузашт. Дар ин муддат набераам Ҷаҳонгир — писари Мирзошо дар дарёи Кофарниҳон ғарқ мешавад ва муддате баъд ҳамсараш низ аз дунё мегузараду ӯ бо се фарзандаш мемонад. Писарам Мирзошо боз оиладор шуд ва ҳамсари дуюмаш аз оилаи аввалаш як фарзанд дошт. Онҳо боз соҳиби се фарзанди дигар шуданд ва акнун бо 6 кӯдаки ноболиғ иҷоранишин буданд. Мирзошо имкони дигар дар иҷора нишастанро надошт, зеро баъди маҳбас кор пайдо кардан барояш мушкил буд. Аз ин рӯ, ӯ дар дар Санкт-Петербург кор пайдо кард ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ барои дарёфти ризқу рӯзӣ рафт. Аҳли оилаашро дар хонаи хушдоманаш, дар ноҳияи Файзобод муваққатан ҷой карда буд.

Ман маҷбур шудам, ки охири соли 2018 дар идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ишкошим васиятномаамро, ки ба номи Сафармо Шодавронова буд, ҳамчун соҳибмулк, аз ҳуқуқи худ истифода бурда, бекор кунам ва хонаамро тариқи ваколатнома ба номи писарам Мирзошо Кучакшоев гузаронам.

Давоми ин муддат ман дар қишлоқи Намадгути ноҳияи Ишкошим бо ҳамсарам зиндагӣ мекардам. Сол то сол саломатии ҳардуи мо бад мешуд. Фарзанди калониам, духтарам София ба наздамон омад ва модарашро парасторӣ мекард. Оқибат соли 2019 бо сабаби бад шудани вазъи саломатии ҳамсарам Анор ба Душанбе роҳсипор шудем, вале дар нимароҳ ӯ сактаи майна гирифту мо рост ба беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе рафтем. Баъди кӯмаки тиббии аввалия гирифтан, дар хонаи духтари хурдиам тайи ду ҳафта ҳамсарам табобат гирифт. Писарам Мирзошо ҳам ба хотири модари бемораш аз Петербург таъҷилан ба Душанбе омад.

Ҳамсарам Анорро ҳолаташ вазнинтар мешуд ва аз ман хоҳиш карда, васият намуд, ки “маро ба хонаи худам бар, ба хонае, ки арӯс шуда омада будам, ба хонае, ки фарзандонамро таваллуд карда будам, ба хонае, ки рӯзҳои хушбахттаринамро гузаронида будам”. Ман хоҳиши ҳамсари беморамро иҷро намуда, ӯро ба шаҳри Ваҳдат, ба хонаамон овардам.

Мо ба келинам Сафармо Шодавронова пешакӣ занг зада, гуфтем, ки хушдоманашро ба хона оварданием, то як хонаро барои бемор омода созад, вале ӯ гӯшаки телефонро партофт ва дигар намебардошт. Вақте ки вориди хона шудем, дар хонаҳо тамоми ноқилҳои барқӣ канда партофта шуда буданд. Келин қолину курпачаҳоро аз зери пои ману хушдоманаш кашида ҷамъ карда, ба хонаи дигар бурд ва дари даромадро ба хонаҳои дарун қулф зада, доду вой бардошт: “Хонаи ҷанҷолиатон аз саратон монад!”. Бисёр суханҳои ҳақорату қабеҳ мезад ба рӯи ману ҳамсарам, ки ба такрор карданашон ҷуръат намекунам. Кор то ҷое расид, ки келин ҳуҷҷати хонаро нимдарон карда, ба сари ҳамсари ману хушдомани худ зад. Ӯ ба ҷои ҳамчун келини хонадон хушдомани беморашро ба хубӣ пешвоз гирифтану оромона аз аҳволи ӯ пурсон шудан як пиёла чой додан, ҷанҷолу хархашаро сар кард. Келинамон аз даҳлез баромада, ба кӯча рафт ва баланд-баланд дод мезад, то диққати ҳамсояҳоро ҷалб кунад. Ман аз ин рафтори ӯ ба даҳшат афтода будам, дасту поям меларзид. Баъди доду фиғон фарзандонашро гирифта, аз хона баромада рафт, ҳол он ки, ҳеҷ кас ӯро пеш накарда буд.

Баъди ду рӯз бо аризаи даъвогӣ нисбати писарам Мирзошо Кучакшоев ба Суди шаҳри Ваҳдат муроҷиат кард. Ману ҳамсарам ва ҳама фарзандонамон дар даҳшат афтодем аз ин амали келинамон.

Аризаи келин саропо аз маълумоти бардурӯғ иборат буд. Масалан, дар аризааш омадааст: “Акнун муддати чор рӯз мешавад, яъне аз санаи 29.08.2019, ҳеварам Кучакшоев Мирзошо Диловаршоевич ба хонаи ман ҳамчун ба меҳмонӣ ва гӯё аз ҳолу аҳволи ман хабаргирӣ омада бошад, ки дар муддати 28 сол ақаллан ба сифати меҳмон ба хонаи мо наомада буд. Ман аз нияти ғаразноки ҳеварам Кучакшоев Мирзошо Диловаршоевич санаи 29.08.2019 ӯро ба сифати меҳмон қабул кардам. Баъдан фаҳмидам, ки мехоҳад маро дар манзиле, ки муддати 28 сол зиндагӣ карда, манзили истиқоматиро қариб ки аз сифр, яъне аз сари нав таъмир намуда, маблағи як хонаву дари дигарро масраф намудаам, омада мехоҳад аз они худ намуда, маро бе хонаву дар монад”.

Акнун бинед, ки дар санаи ишоранамудаи даъвогар ман бо ҳамсари сактаи майна гирифтаам ба хонаи худам омада будам ва писарам Мирзошо ҳамроҳи набераам Амир модари беҳолу бемадорашро рӯи даст бардошта ба хона дароварда буданд. Дар бораи кадом ба меҳмонӣ омадани писари ман даъвогар сухан меронад?! Ин чӣ туҳмату таҳқир аст?!

Ба замми ин, бо аризаҳои дигараш келинам аз болои писарам Мирзошо ба Прокуратураи шаҳри Ваҳдат, шубъаи 6-уми корҳои дохилӣ туҳмат кардааст, ки гӯё ӯ ба келинам таҳдид мекунад, гӯё ӯ бо гуруҳҳои силоҳбадасти Бадахшон ҳамроҳ аст, гӯё ӯ яроқ дорад ва аз ҳама аламовар барои ман, мӯйсафеди 85-сола ин буд, ки гӯё ман аз ақл бегона ҳастаму писарам аз ин истифода карда, хонаро ба номи худаш гузаронида бошад.

Дар асоси ин аризаҳои келинам ману писарамро тайи ду рӯз то 5-6 соат дар прокуратура пурсупос карданд ва маро аз ақл берун буданамро “санҷиданд”. Ин як таҳқир нисбати ман буд! Ҳол он ки, ман бо ақлу ҳуши пурраву солим худам васиятномаамро, ҳамчун соҳибмулк иваз карда будам.

Баъди ин бесарусомониҳо ман қарор додам, ки дигар бо келинам дар як хона зистан намехоҳам. Ӯ се фарзанди ба балоғат расида дорад, бигузор равад, дар хонаи Ишкошим буда, ки дар вақташ бо кӯмаки шавҳараш — писарам Акбаршо сохта шуда буд, зиндагӣ кунад. То ҳол намедонем, ки ба писарамон Акбаршо чӣ гуфтааст ҳамсараш, ки бо падару модар, бародарону апаву хоҳаронаш ӯ тайи чанд муддат ба алоқа намебарояд.

Аз рӯи аризаи келинамон раиси Суди шаҳри Ваҳдат Сайфиддин Камолзода ману писарам Мирзошоро ба назди худ чандин маротиба даъват кард ва танҳо тарафи келинамро гирифта, талаб мекард, ки мо бояд худамон аз хона баромада равем ва келинамон дар он монад. Вале, мо ба ин кор розӣ нашудем. Дафъаи дигар пешниҳод кард, ки хонаро 50 ба 50 тақсим кунему нисфашро ба даъвогар диҳем, вале ман боз ҳам розӣ нашудам. Дар он сурат судя пешниҳод кард, ки ба келинамон духонагӣ харем. Мо ба ӯ гуфтем, ки на ман, на ҳамсарам, на писарам қудрати харидани хонаро надорем.

Ба мо нофаҳмо буд, ки барои чӣ судяи таъиншуда бо мо суҳбат намекунаду танҳо раиси Суди шаҳри Ваҳдат Сайфиддин Камолзода моро пурсиш мегузаронад? Дар яке аз чунин пурсишҳо ду духтарам ва писарам Мирзошо ва даъвогар — келинамон Сафармо бо духтараш Фирӯза, ки аз шавҳараш ҷудо шудааст, ҳузур доштанд. Мо дар ҳайрат мондем, ки барои чӣ телефонҳои мобилии моро пеш аз ба назди раиси суд даромадан аз мо гирифтанд, вале Фирӯза дар дасташ телефон дошт ва ҳар замон бо он ба падараш, ки дар маҳбаси Россия аст, занг зада, суҳбат мекард? Ҳатто телефонашро ба раиси суд дод, то он кас бо падари маҳбусаш гап занад.

Имсол зимистонро ману ҳамсарам ва духтарам София, ки модарашро нигоҳубин мекунад (ҳамсарам роҳ гашта наметавонад баъди сактаи майна), инчунин ҳамсари Мирзошо ва шаш фарзанди ноболиғашон (ганҷурхонаро тоза карда, дар он ҷо зиндагӣ доранд) дар даҳлези калону хунук гузаронидем. Ман чандин маротиба ба нозири минтақавӣ муроҷиат намудам, ки келинамонро таклиф карда, дар ҳузури ӯ хонаро кушоем, чизу чораашро ба як хона монему беморро ба дарун дарорем, ба ҷои гармтар. Ман мехостам ӯро дар хонаи дарун, дар ҷое, ки гарм карданаш осонтар аст, дароварда, нигоҳубин кунанд. Вале, мутаассифона, келин ду маротиба дар ҳузури нозири минтақавӣ доду фиғон карда, роҳ намедиҳад, ки мо ин корро кунем. Чунин ба назар мерасид, ки ман нею келинам аз ақл берун шудааст.

Ин ҳолати бесарусомонӣ ҳам писарам Мирзошо ва ҳам мо — одамони пирро хеле асабӣ мекард ва бо ҳамсари беморам, ки ба муолиҷаи ҳамарӯза ниёз дошт, як рӯз ҳам оромӣ надоштем. Туҳматҳои келин, ки тасдиқ намешуд, Мирзошоро ҳар дафъа ҷавоб медоданд. Билохира, писарам ба адвокаташ ваколат дода, худаш ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт.

Ман ба қароре омадам, ки дар шаҳри Ваҳдат ба додам касе намерасад ва ба суди шаҳр раддия дода, парвандаро ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гузаронидем. Гумон кардам, ки дар пойтахт адолатро пайдо мекунам.

Дар ду мурофиаи Суди ноҳияи Фирдавсӣ таҳти раисии судя Неъматуллозода Гулноз ду намуд аризаи гуногунмазмуни Шодавронова Сафармо баррасӣ карда шуд. Дар мурофиаҳои аввал аз рӯи аризаи якумаш бармеояд, ки гӯё ӯ ҳурмату эҳтироми хусуру хушдоманашро ҳама вақт ба ҷо меовардаасту ба онҳо ба воситаи таксиҳо, хешу табор ва тавассути почта ва бонкҳо маблағи пулӣ равон мекардааст ва чекҳои маблағҳоро доштааст. Ишора ба 23000 сомонӣ мекунад. Мегӯяд, ки гӯё фарзандонам маро нигоҳубин намекардаанду барои ҳамин, гӯё ман хонаро ба ӯ васият кардаам. Ин дурӯғи маҳз аст, ба мисли он, ки гӯё писарам Мирзошо аз хона ӯро ронда бошад. На ман ва на ягон фарзанди ман ӯро аз хона пеш накарда будем. Ин иқдоми худаш буд.

Дар мурофиаи дуюм Шодавронова Сафарамо ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе боз як аризаи даъвогии дигар пешниҳод намуда, тамоми нишондодҳояшро дигар кардааст. Мутобиқи ин аризаи наваш, даъвогар маро ва духтаронам София ва Зулашамро туҳмат карда, ба гирифтани маблағҳои калон муттаҳам кардааст, ки гӯё маслиҳати хариду фурӯши хона тирамоҳи соли 2006 дар манзили зисти духтари хурдиам ба амал омадааст (ҳол он ки, дар ин сана духтарам бо оилааш дар Россия буд) ва даъвогар муддати чанд вақт 23 ҳазор доллари амрикоиро қисман-қисман дода будааст. Ин маълумотро келин бе ягон ҳуҷҷат (шартномаи хариду фурӯш) ва далелҳои тасдиқкунандаи ин дурӯғи маҳз пешниҳод намудааст. Вале суд ин суханони бардурӯғи даъвогарро қабул медонад ва хариду фурӯшро амалишуда меҳисобад. Ӯ дар даъвояш ихтисосашро иқтисодчӣ гуфта, серпул буданашро бо кор дар ҶДММ-ҳо пайваст кардааст, вале аслан ӯ маълумоти миёнаи касбӣ дошта, муҳосиби як кӯдакистон аст. Ин 23 ҳазор долларро муҳосиби кӯдакистон аз куҷо гирифта, хонаи маро гӯё харида бошад?

Савол ба миён меояд, ки барои чӣ суд ба суханони бардурӯғи келинам, далелҳои бофтаи ӯ бовар мекунаду ба суханони мани собиқадори меҳнат, мӯйсафеди 85-сола ва суханону далелҳои духтаронам, ки ҳарду маълумоти олӣ доранду омӯзгорони ботаҷрибаанд, эътимод надорад?

Судя Гулноз Неъматуллозода амалҳои ғайриқонунии Шодавронова Сафарморо тамоман ба инобат нагирифт. Ба сарам бор кардаанд, ки гӯё ман хонаамро ба келин фурӯхта бошам. Ин дурӯғи маҳз аст. Ман ҳамеша нияти баргашта, дар хонаи худам охири умрамро гузаронидан доштам ва фикри ба нафаре фурӯхтани манзиламро ҳеҷ гоҳ накардаам.

Ман дар асоси шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун таҳти №НК-1377 аз 21-уми марти соли 1986 соҳибмулки манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, кучаи Айнӣ, хонаи 39 мебошам. Ҳамчун молик мутобиқи талаботи моддаи 232-и КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонам мутобиқи салоҳдиди худ нисбати молу мулкам ҳама гуна амалро раво бинам, зеро соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани молу мулкамро  қонун ҳифз кардааст.

Ниҳоят, дар мурофиаи судӣ, ки 11-уми марти соли 2020 дар Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз рӯи суханони бардурӯғ ва далелҳои бофтаи келинам ҳалнома ба фоидаи ӯ бароварда шуд. Эълон карда шуд, ки:

  1. Соҳибмулкии ман аз эътибор соқит дониста шавад.
  2. Ваколатномае, ки ба писарам Мирзошо Кучакшоев додаам, бекор карда шавад (Ҳол он ки, аз рӯи қонунгузории ҶТ, ваколатномаи соҳибмулкро танҳо худи соҳибмулк бекор карда метавонад).
  3. Ман — соҳибмулк Кучакшоев Диловаршо, ҳамсарам Раҳмонқулова Анор, писарам Мирзошо Кучакшоев, келинам Қурбонова Гулшода бо шаш фарзанди ноболиғашон аз хонаам бароварда шавем.

Маълум мешавад, ки ҳамаи мо ва бахусус шаш набераи ноболиғам ҳуқуқҳоямон поймол шудаанд. Аммо Шодавронова Сафармо бо се фарзанди болиғаш ҳуқуқҳои бештар доштааст.

Савол ба миён меояд, ки барои чӣ қонунҳои Тоҷикистон риоя карда намешаванд ва ҳуқуқҳои ҳам мо — одамони пиронсол ва ҳам кӯдакони ноболиғ поймол мегарданд?

Мани мӯйсафеди 85-сола дигар ба ин туҳмату таҳқир тоб оварда наметавонам. Ҳамсари ман — зани 81-солаи бемори сактаи майна, ки зиёда аз ним сол дар даҳлези хунук истиқомат дорем, дигар тобу тавони тоқат кардан надорем.

Ҳаст ягон мақомоте, ки тавонад ҳалномаи беадолатона ва бофтаро бекор кунад, то қазияи мо аз сари нав аз рӯи қонун ва адолат дида баромада шавад?!

Ман бо ариза ба Дастгоҳи Президенти ҶТ муроҷиат кардам, зеро бовариам ба адолати судӣ дар мақомоти судии шаҳри Ваҳдат ва Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе коста шудааст. Чунин ба назар мерасад, ки аз сабаби доғи судӣ доштани писаронам, нисбат ба ин масъала муносибати одилонаву беғаразона намекунанд.

Диловаршо КУЧАКШОЕВ,

собиқадори меҳнат, нафақахӯр, маъюби гуруҳи 2

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here