Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқолояти давалтии кишвар бунёди 342 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз онҳо дар солҳои 2018 ва 2019 беш аз 130 ададаш сохта шуда, дар назар аст, ки то соли 2021-ум 209 иншооти дигар бунёд хоҳад гардид.
Маркази ноҳия симои дигар гирифт
Қурбон Юсупов — раиси ноҳияи Вахш гуфт, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки бо мақсади таъмини зиндагии хубу шоиста барои ҳар як сокини кишвар аз марказҳои маъмурии шаҳру навоҳӣ то дурдасттарин деҳаҳо бояд дорои инфрасохтори зарурӣ бошанд. Татбиқи нисбатан хуби ин дастури Сардори давлат дар ноҳияи Вахш ҳам дар марказ ва ҳам дар дилхоҳ деҳа амалӣ гашта истодааст”.
Агар ба чашми таҳқиқ бингарем, дар маркази маъмурии ноҳия — шаҳраки Вахш бисёр навгониҳоеро вомехӯрем, ки маҳсули ҳамагӣ як соли охиранд. Шоҳроҳе, ки кӯчаи марказиро бо ноҳияи Вахш мепайвандад, акнун симои муосир гирифтааст. Манзурамон, пиёдароҳҳои канори ҷодаҳо ба таври дилкаш кошинкорӣ шуда, дар гӯшаҳои мувофиқ шиору овезаҳои ҷолиб, ки ҳамагӣ мазмуни ватандӯстона ва ободгароӣ доранд, насб гардидаанд.
Шоми маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот низ дигар мисли солиёни қабл тира нест. Кӯчаи марказӣ аз даромадгоҳ то охир бо чароғпояҳои зебо, симчароғҳои рангрези мунаққаш оро дода шуда, атрофи биноҳо ҳам равшан карда шудаанд.
Раиси ноҳия илова кард, ки айни замон дар ноҳия сохтмони маҷмааи Парчам ва Нишони давлатӣ, корхонаҳои хурду бузарги саноатӣ, бунёди дарвозаи зебо дар марзи ноҳияи Кӯшониён ва Вахш, бинои истиқоматии баландошёна, муассисаҳои таълимию томактабӣ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, таъмири роҳҳои мошингард, навсозии боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, марказҳои замонавии хидматрасонӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн амалӣ гашта истодааст.
Бунёди 30 мактаб дар 29 сол
Соҳаи маориф дар меҳвари асосии таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш қарор дошта, дар тӯли 29 соли Истиқлолияти давалтӣ ин соҳа ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Бино ба гуфти иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш Гулбаҳор Хоҷаева, дар маҷмуъ давоми 29 соли Истиқлолияти давалтии кишвар дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Вахш аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад 30 муассисаи таълимӣ бо 262 синфхона сохта ба истифода дода шуда, дар 9 муассисаи таълимӣ 180 синфхона аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.
Ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давалтии кишвар ҳоло дар ноҳия сохтмони дигар муассисаҳои таълимии замонавӣ ва синфхонаҳои иловагӣ давом дорад.
— Инчунин, то ин ҷашн сохтмони 6 муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шуда, ҳоло шароит дар 8 кӯдакистони ноҳия хуб мебошад,-илова кард ин шахси масъул.
Масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш талош доранд то соли 2021 мушкилоти ҷойдоштаро дар соҳаи маориф бартараф намуда, муҳассилинро дар шароити хуб ба таълиму тарбия фаро бигиранд.
Бунёди бунгоҳу маркази саломатӣ
— Хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ноҳияи Вахш рӯз аз рӯз беҳтар шуда, дар ин замина бунёду таъмири муассисаҳои соҳаи тандрустӣ ҳоло дар ноҳия ҷараён дорад,- гуфт Наҷотзода Фурқат — роҳбари кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия.
Ҳамчунин, ӯ илова кард, ки раиси ноҳия ба соҳаи тандрустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст. Дар ин замина бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давалтии кишвар дар ҷамотаҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бунёди даҳҳо бунгоҳу марказҳои саломатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки чанде аз онҳо сохта шуда, дар дигараш корҳои сохтмонӣ рафта истодааст, ки ин дар фароҳам овардани шароити хуби хизматрасонии тиббӣ барои сокинон муосидат хоҳад кард.
Сайёҳон аз Вахш дидан карданд
Дар ноҳияи Вахш соҳаи фарҳанг солҳои охир бамаротиб рушд намуда, масъулони бахши фарҳанги ноҳия ҷашни 30-солаги Истиқлолияти давлатии кишварро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд.
Бунафша Нусратуллозада — мудири бахши фарҳанги ноҳияи мазкур зимни суҳбат иброз дошт, ки ҳоло дар ноҳия 7 ёдгории таърихӣ арзи ҳастӣ доранд, ки маъмултарини он “Аҷинатеппа” мебошад. Он яке аз ёдгориҳои таърихӣ ва ҷойи тамошобоб барои сайёҳон ба ҳисоб меравад. Ин мавзеи таърихӣ боқимондаи ёдгории меъмории дини будоӣ буда, мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон дар он мавзеъ бутхона дар нимаи дуюми асри 7 ва ибтидои асри 8 фаъолият доштааст. “Аҷинатеппа” аз маркази ноҳия 11 км дур, дар ҷамоати шаҳраки Киров ҷойгир аст.
Ба гуфти ӯ, соли 2019 аз маконҳои таърихии ноҳия, махсусан “Аҷинатеппа”, 381 нафар дидан кардаанд, ки аз онҳо 90 нафарашон хориҷӣ будаанд. Дар се моҳи соли 2020 бошад, шумораи нафароне, ки аз мавзеҳои таърихии ноҳия дидан намудаанд, 607 нафарро ташкил дода, аз онҳо 71 нафараш шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.
— Ҳоло дар тобеияти бахши фарҳанги ноҳияи Вахш 18 китобхона ва 16 клубу хонаҳои фарҳангӣ фаъолият доранд. Соли гузашта як китбхона ва як клуб сохта шуда, ду китобхонаи дигар аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Дар назар аст, ки то охири соли 2020 боз ду китобхона сохта шавад,- илова кард Бунафша Нусратуллозода.
Мушкили сокинон бартараф мешавад
Бо бунёди бинову иншооти гуногун, аз ҷумла корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ шумораи бекорӣ ба таври назаррас коҳиш ёфта, сатҳи зиндагии мардум дар ноҳияи Вахш боло меравад. Дар ин баробар, ин тадбири муҳим дар ғанӣ кардани иқтисодиёти ноҳия нақши муассир хоҳад гузошт.
Ҳамчунин, дар доираи эълон шудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш тасмим доранд дар ин солҳо мушкилоти ҷойдоштаро дар ноҳия бартараф сохта, сатҳи зинагии мардумро боз ҳам боло бардоранд.