Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳим ба шумор рафта, барои пешрафт ва рушди он Ҳукумати Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст. Дар ҳар давру замон маориф аз соҳаҳои аҳамиятдор барои ҷомеаи бомаърифат маҳсуб ёфтааст. Пешрафту инкишофи ҷомеаи мутамаддин маҳз ба соҳаи маориф алоқамандӣ дорад. Хусусан, шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус зарурияти ҳар як тадбиру вазифаи дар ин самт ба миён гузоштаро хуб дарк намуда, пайи иҷрои онҳо тамоми имкониятҳоро амалӣ месозад. Дар ин раванд дастуру супоришҳои ба миён гузоштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун «Дар бораи маориф», барномаҳои давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Шаҳритус, фармону дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва дигар санаду ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардида истодаанд.

Пешво — ҳидоятгари мо

Нурулло Муродалиев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, ки «Маориф соҳаест, ки барои рушду тарақиёти кишвар ва ҷомеаи солиму пешқадами миллату давлат пояи воқеӣ мегузорад. Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инкишофи мактабу маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд».

— Бешак, соҳаи маориф меҳвари пешбарандаи ҷомеа аст. Дар ҳамин асос аҳли кормандони шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус баҳри иҷрою амалигардонии Барномаҳо, қонунҳою санадҳои меъёрии амалкунанда фаъолияти кории худро ба роҳ монда, баҳри бо дастовардҳои чашмрас ҷашн гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайраташро равона карда истодааст, — изхор дошт Муродалиев.

Маълумоти мухтасар

Дар қаламрави ноҳияи Шаҳритус 54 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 44 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 5 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 2 литсей, 1 мактаб-интернат, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, 1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, 1 Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ва 8 кӯдакистон фаъолият доранд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1642 нафар омӯзгорон фаъолият бурда, аз онҳо 1085 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Аз ин шумораи омӯзгорон 888 нафар, аз ҷумла 480 нафар занон дорои маълумоти олӣ, 221 нафар (172 нафарашон занон) дорои маълумоти олии нопурра, 442 нафар (346 нафарашон занон) дорои маълумоти миёнаи махсус, 91 нафар (77 нафарашон занон) дорои маълумоти миёнаи умумӣ буда, дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ ғоибона ва ба тариқи фосилавӣ таҳсил карда истодаанд.

Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 28043 нафар хонандагон таълиму тарбия мегиранд, ки аз ин миқдор 13109 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар соли таҳсили 2019-2020 барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар 50 муассисаи таълимӣ ва 8 муассисаҳои томактабӣ «Маркази инкишофи кӯдак» бо фарогирии 72 гуруҳ, 1401 нафар хонандагони синни 6сола ва 72 нафар мураббияҳо фаъолият карда истодаанд. 8 адад муассисаҳои томактабӣ бо фарогирии 1014 нафар тарбиятгирандагон дар 43 гуруҳ ва бо ҷалби 43 нафар мураббиён фаъолият доранд.

Шумораи қабули хонандагон дар соли хониши 2019-2020 дар синфи 1-ум 3326 нафар, аз он ҷумла духтарон 1593 нафар, шумораи хонандагон дар синфи 10-ум 1895 нафар, аз он ҷумла духтарон 923 нафар мебошад.

Пешқадамони соҳа

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия даҳҳо нафар устодони мушфиқу ботаҷриба, омӯзгорони моҳири касб фаъолият дошта, тавассути меҳнати самарабахш байни шогирдону волидон ва аҳли ҷомеа соҳибэҳтиром гардидаанд. Дар ин радиф номи омӯзгорони пешқадам Наҷибулло Маҷидов, Шоназар Худойназаров, Мақсуда Тӯраева, Олга Гареева, Қиёмиддин Назаров, Қурбон Набиев, Ҳаитмурод Қулдошев, Гулҷаҳон Аҳёева, Эркин Абдуламитов, Нормат Қарабоев, Маъруфҷон Бобоқулов, Адолат  Урунова, Абдуназар Давлатов, Назар Тӯразода, Юсуф Қурбонов, Муҳаббат Раҳматова, Ҷамила Уринова, Саймуддин Авазалиев, Абдулло Назаров, Набӣ Ярматова, Қаноат Ҳамроев, Суман Раҳмонқулова, Миралӣ Хоҷаев, Эҳром Анваров, Гулҷаҳон Рӯзиева, Зокир Ҳоҷиев, Саймурод Хушмуродов, Нарзулло Сайдалов, Назар Сафаров, Сурайё Басалиева, Лутфулло Юсупов, Суҳроб Саидраҳмонов, Ҷалил Раҳимов, Имомиддин Тӯраев, Ҷумагул Исмоилова, Тошболта Холматов, Бекмирзо Уразов, Бахтиёр Пулотов, Панҷӣ Бадиев, Нуралӣ Шукуров, Мамат Бобоёров, Шайдулло Маматалиев, Ҳусейн Мадиев, Маҳмадсаид Умиров, Саид Ҷӯраев, Мусулмонқул Мирзоқулов, Қурбоназар Ахматов, Муқаддас Бакирова, Очилдиев Ф., Худойназарова Г., Фахрия Шоҳназарова ва боз чандин нафари дигарро метавон бо ифтихор ба забон овард, ки бо меҳнати шоистаи худ байни мардум эҳтирому иззати хоса доранд.

Маврид ба зикр аст, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳритус 160 нафар Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 394 нафар омӯзгорони дараҷаи тахассуси олӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ машғуланд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар соли хониши имсол омӯзгори фанни математикаи МТМУ № 5 Эркин Абдуламитов дар озмуни вилоятии «Муаллиси соли Тоҷикистон», ки дар байни 25 шаҳру ноҳия баргузор гашт иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид.

Дастовардҳои Шаҳритус дар соҳаи маориф

Дар соли таҳсили 2019 — 2020 ғолибони даври дуюми олимпиадаи ноҳиявӣ ба даври сеюми олимпиадаи вилоятӣ роҳхат гирифта, фаъолона иштирок намуда, соҳиби 25 медал, аз ҷумла, аз ҳисоби хонандагони синфи 9 — 6 нафар сазовори медали тилло, 1 нафар бо  медали нуқра, 5 нафар бо медали биринҷӣ ва 1 нафар бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин, аз ҳисоби хонандагони синфи 10 — 1 нафар бо медали тилло, 2 нафар бо медали нуқра ва 10 нафар бо медали биринҷӣ  мушарраф гардиданд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳритус 5 нафар гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар гирандагони Стипендияи раиси вилояти Хатлон, 25 нафар гирандагони Стипендияи раиси ноҳияи Шаҳритус бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, барои хонандагони дигар намунаи ибратанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар соли таҳсили 2018- 2019 хонандагони синфи 9-и МТМУ № 1 Сафарова Умеда, Ҷамшедова Фарзона, Муроталиева Фарида, Воҳидова Роҳила синфи 9-ро бо аттестати аълои таҳсилоти умумии асосӣ хатм намуда буданд.

 Гирандагони Стипендияи Президентӣ:

(дар байни аълохонони синфҳои 8-9-10 дар соли таҳсили 2019-2020)

  1. Бандаев Исфандиёр, хонандаи МТМУ № 1,
  2. Ҷӯрақулова Заррина, хонандаи МТМУ № 1,
  3. Нодирва Фаришта, хонандаи МТМУ № 1,
  4. Ҷамшедова Рухшона, хонандаи МТМУ № 1,
  5. Сатторова Мафтуна, хонандаи МТМУ № 21.

Гирандагони Стипендияи раиси вилоят:

(дар байни аълохонони синфҳои 5-7 дар соли таҳсили 2019-2020)

  1. Маҳрамова Марҷона, хонандаи МТМУ № 2,
  2. Сафинаи Ҷонибек, хонандаи МТМУ №31,
  3. Қурбонов Меҳрубон, хонандаи МТМУ №8.

Роҳхат ба донишҷӯӣ

Дар соли 2019 дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия байни хатмкунандагони синфи 11 оид ба ҳуҷҷатсупорӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғот гузаронида шуда, аз моҳи марти соли 2019 ҳуҷҷатсупорӣ дар шуъбаи маорифи ноҳия оғоз гардида, аз 1786 нафар хатмкунанда 1276 нафар ҳуҷҷат супоридаанд.

Мувофиқи ҳисоботҳои директорони муассисаҳои таълимии ноҳия, аз ҳисоби хонандагони синфи 11-ум 840 нафар тариқи Маркази милли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 нафар тариқи квотаи Президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ, 16 нафар ба донишгоҳу донишкадаи хориҷии кишвар дохил шуда, номи пуршарафи донишҷӯйро сазовор гардидаанд.

Бозомӯзии омӯзгорон 

Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳритус фарогирии омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос мувофиқи мақсад ба роҳ монда шудааст.

Дар ноҳия ташкилу гузаронидани курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 106 %-ро дарбар мегирад. Инчунин омӯзгорони фанни забони модарӣ ва адабиёти тоҷик (синфҳои 5-6), математика, технологияи информатсионӣ, технология, химия, биология пурра аз курсҳои кӯтоҳмуддати салоҳиятнокӣ гузаронида шудаанд.

 Муассисаи таҳсилоти иловагӣ

Дар ноҳияи Шаҳритус як муассисаи таҳсилоти иловагӣ дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 бо фарогирии 555 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар 7 маҳфил, аз ҷумла «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ», «Рассомони ҷавон», «Пазандагӣ», «Дӯзандагӣ», «Дастони моҳир», «Техникони наврас» ва «Дӯстдорони варзиш» бо 8 воҳиди корӣ арзи вуҷуд дорад.

Корҳои созандагиву ободонӣ

Дар ноҳия бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати вилояти Хатлон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус, тибқи нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 бинои маъмурии шуъбаи маориф, МТМУ№ 40 дар деҳаи ПМК-12, МТМУ№ 47 дар деҳаи Боймомои ҷамоати деҳоти Пахтаобод, МТМУ№ 54 дар деҳаи Айвоҷ ва як муассисаи навбунёд дар деҳаи Ӯтанободи ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров, МТМУ№ 34 дар деҳаи Бахтиёр Қарабоев ва як муассисаи навбунёд дар деҳаи Қумшох-2-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов, инчунин як муассисаи томактабии №4 дар деҳаи Ёқуб Каримов ва як муассисаи томактабии №8 дар деҳаи Ватан сохтмонашон шуруъ гардида, корҳои сохтмонӣ дар онҳо бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.

Гуфтан ба маврид аст, ки бинои нави маъмурии шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус дар моҳи апрели соли 2020 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Айни ҳол шуъбаи маорифи ноҳия дар бинои МТМУ №1  дар маркази ноҳия ҷойгир буда, аз имкониятҳои мавҷуда истифода карда  барои кормандон шароити корӣ муҳайё карда шудааст.

Инчунин, дар назди МТМУ №53 аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии «Международное Добрососедство» 1 бинои 3 синфхонадор сохта ба истифода дода шуда, заминаи моддӣ-техникиаш аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шудааст.

Ҳамзамон барои бо ҷойи нишаст таъмин намудани хонандагон дар назди муассисаҳои таълимӣ 33 синфхона сохта ба истифода дода шуд.

Умед аст, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаҳои таълимии навбунёд дар соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳритус норасоии ҷойи нишаст бартараф мегардад.

 Таъминот бо воситаҳои таълимӣ

Бо ҷойи нишаст таъмин намудани хонандагон ва ғанӣ гардонидани заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳу сифати дониш алоқамандии бевосита дорад, тибқи дархости шуъбаи маориф аз тарафи Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳала ба марҳала маводу воситаҳои таълимии  замонавӣ аз қабили китобҳои дарсӣ, бадеӣ, дастурамалҳо, харита, 16 адад компютер, 5 адад принтер, 1 тахтаи электронӣ, 14 адад проектор бо навбат дастраси муассисаҳои таълимӣ карда шуданд. Айни ҳол дар муассисаҳое, ки ба мизу курсиҳо, тахтаҳои синфӣ ва дигар маводҳои таълимӣ ниёз доштанд, ба маблағи 157660 воситаҳои таълимӣ харидорӣ карда шуда, таъмин гардиданд.

Ба ҷои охирсухан

Дар фарҷоми суҳбат Нурулло Муродалиев – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус иброз дошт, ки «Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти наврӯзии имсолаашон бо зиёиён солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд, ки ин пешниҳоди саривақтии Сарвари давлат боз як ғамхории ӯ ба соҳаи омӯзишу парвариш ва рушди Тоҷикистони азиз мебошад».

— Барҳақ, Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус фаъолияти кории худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомнома, Оиннома, нақшаи солона, Барномаҳои соҳавии марбут ба соҳаи маориф ба роҳ монда, дар нақша масъалаҳои вазъи таълими фанҳо, бахусус бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такмил ва таълим, омӯзиши фанҳои забони русӣ, забони англисӣ, таълими фанҳои  дақиқ, табиӣ-риёзӣ ва омӯзиши технологияи нави муосир тамоми имкониятҳои мавҷудара сафарбар хоҳад намуд.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here