Ба пешвози 50-солагии муҳоҷирати Яғноб

’’Забони суғдии Яғноб куҳантаърих ва куҳантарин будани миллати тоҷикро исбот менамояд. Ин забонро чун гавҳараки чашм нигоҳ доред ва ҳифз намоед”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода саввумин раиси вилоятест, ки соли гузашта дар рӯзи 5-уми июли соли 2019 ба дараи Яғноб бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари кориашро ҳусни оғоз бахшида буд.

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо мардуми Яғнобдара дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 дар водии Яғноб ҷараёни тоза гирифт. Раиси вилоят дар баромадаш ба рушди соҳаи картошкапарварӣ, қутоспарварӣ, ташкили боғдорӣ, ҳифзи забони суғдӣ, расму оин, суннатҳои маҳаллӣ, моҳипарварӣ бо таъсиси ҳавзҳои махсус, дар қарибиҳои соҳили дарёи Яғноб ташкил намудан ва то тирамоҳи соли 2019 анҷом додан ва ба истифодаи мардум супоридани ду кӯпруки болопӯш дар болои дарёи Яғноб дар мавзеи Даҳана ба масъулину мутахассисони дахлдор супоришҳои мушаххасу муайян дод.

Дар мулоқоти мазкур банда иштирок доштам, ки ҳатто масъулону мутахассисони вилоятро аз ҷой бархезонида, пурсиданӣ шуданд, ки оё то фаромадани барфи зимистон аз уҳдаи ин супориш мебароянд ва ё на. Аъзои дахлдори ҳукумати вилоят бо ҳамфикрӣ якдилонаву якҷоя “аз уҳдааш мебароем” гӯён, табъи раиси вилоятро хуш сохтанд ва бо кафкӯбиҳо ба ин масъала нуқтаи поёни иҷрошаванда гузошта шуд. Ба ин зудӣ иҷроиши сохтани ду кӯпрук моро низ басо шоду мамнун гардонида буд.

Рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо сипарӣ шуданд ва ниҳоят зимистони соли 2019 ба куҳистони Яғноб барфашро резонд. Аммо ба истифода додани ду кӯпруки Даҳанаи Яғноб он тараф истад, лоақал як пули Даҳана оғози корҳои аввалини худро наёфтаву ҳатто як хиште ба болои хишти дигар гузошта нашуд. Маълум шуд, ки ин маҷлис ҳам чун маҷлисҳои 70 соли замони шӯравӣ дар ҳаққи мардуми Яғноб ва маҷлисҳои баъдӣ нишастану нақшаҳои зиёде кашидан ва бо меҳру муҳаббатҳои зиёд гуфтану бархоста фаромӯш карда рафтан будаасту халос.

Пайи маҷлисе маслиҳат оростанд,

Нишастанду гуфтанду бархостанд.

Яғнобиҳо 50 сол боз аз ин гуна ҷаласаҳои беамалу бебунёд мондаву хаста шудаанд. Дар аввал аз ваъдаҳои осмонрас хеле шод мешаванд, чун гуфтаҳои роҳбарон амалӣ намегарданд, боз ғам домангирашон мекунад.

Набояд нодида гирифт, ки дар мулоқоти раиси вилояти Суғд бо мардуми Яғноб назару эътибор ва таваҷҷуҳи Раҷаббой Аҳмадзода оид ба ободонии Яғноб ва ҳифозати забони суғдӣ шоистаи таҳсину ибратбахш буд. Раиси вилоят дар вохӯриаш ҳатто соҳибзабононро аз ҷой бархезонида, маслиҳат гирифтанӣ шуд, ки “мо бояд чӣ кор кунем, ки ин забони қадимаи суғдӣ аз байн наравад?”. Албатта, ба ин дилсӯзии боварибахш ба хотири ҳифзи забони модарии яғнобиҳо ҳарф задани Раҷаббой Аҳмадзода аз дигар вохӯриҳову сафарҳои пештараи раисони вилояти Суғд фарқ дошта, чунин дилсӯзиву ғамхорӣ ҷиҳати ободонии Яғноб дар қалби яғнобиҳо тухми умеду дилгармиро ба сабзиш даровард.

Мактаб бо бунгоҳи тиббӣ дар як иморат пасу пеш часпидаанд. Раиси вилояти Суғд барои ҷудо кардани бунгоҳи тиббӣ аз мактаб ва як хона аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ барои муаллим Идиев Ислом, ки аз ноҳияи Зафаробод барои омӯзгорӣ ба Яғноб даъват шудааст, барои сохтмон супориш доданд. Раиси вилоят бо пешниҳоди нафақахӯр Асламов Махкамбой барои 280 гектар замини картошкапарварӣ кушодан ба ҷониби деҳаи Сокайн ва ба воситаи қубурҳои обгузар интиқол додани об аз дарёи Яғноб ба самти киштзори деҳа, таъсиси шароити хуби ҷойи корӣ бо ҷалби мардуми деҳот маслиҳатҳои судбахш доданд. Ин лоиҳаву барнома, ки Институти лоиҳакашии ҷумҳурӣ омодаву мураттаб сохта, дар остонаи корбарӣ ва ба нафъи мардуми деҳот дар солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корбаст намудан омода карда шудааст, мавриди таваҷҷуҳи раиси вилояти Суғд қарор гирифта буд.

Аз сафари Раҷаббой Аҳмадзода якуним сол гузашт. Ку бубинем, ваъдаву супоришҳое, ки раиси вилояти Суғд ба хотири ободонии Яғноб ба масъулону мутахассисони дахлдори вилоят ва роҳбарони ноҳияи Айнӣ дода буд, то чӣ андоза ба иҷро расидаанд ва ё дар нимароҳ мондаву ё худ то ба имрӯз лоақал оғоз карда нашудаанд… Ҷавоби мо ҳамон матлаби саввумин аст, ки супоришҳои Раҷаббой Аҳмадзода оид ба сохтмони ду пули Даҳана, бунгоҳи тиббии нав, васеъ кардани роҳҳои мошингард аст. Рӯирост бояд иқрор шуд, ягон супоришу ваъдаи раиси вилоят иҷро нашудааст ва сафари корӣ ба Яғноб ягон натиҷае то ба ҳол надодааст.

Агар яғнобиҳо сарсахт намебуданд, ба ин таърихи куҳантарини пурифтихор ва бо ин забони яктову ягонаи нодири ҷаҳон наход ки як макони суғднишин дар Тоҷикистон ва суғдмакони яктову якдонаи гуфтугӯи суғдзабонҳо дар кишвар обод карда нашавад!?

Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ободии водии Яғноб кӣ бояд дар ҳаёт роҳандозӣ намояд?

Зикраш бамаврид аст, ки дар санаи 3-юми августи соли 2011 ба ифтихори ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари кории хешро ба вилояти Суғд аввалин шуда аз диёри суғднишини Яғноб оғоз карда буданд. Пешвои муаззами миллат дар ин вохӯрӣ бо ғамхориву дилсӯзиҳои зиёд барои дубора обод кардани дараи хушманзараи суғдзабони Яғноб дастуру супоришҳои ободкунанда доданд. Аз сафари кории Сардори давлат ба куҳандиёри яғнобзамин наздик ба 10 сол сипарӣ мешавад. Ин сафари таърихӣ ва рӯйдоди фаромӯшнашаванда дар замони роҳбарии собиқ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҳамчун хотироти ибратбахш сурат гирифта буд. Дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба ободонии дубораи ин сарзамини аҷдодии таърихан барои давлату миллати тамаддунсози тоҷик муҳиму арзишманд дар расонаҳои мухталифи ҷумҳурӣ ва садову симо интишор ёфта, расонаӣ шуда буданд. Биёед таъкиди як нуктаи муҳими Пешвои миллатро дар ин рӯйдоди таърихӣ, ки ба ҳамаи роҳбарони қишрҳои ҷомеа тааллуқ дошт, бори дигар ёдовар мешавем:

”Мо бояд ҳама якҷо барои нигоҳ доштани анъанаву суннатҳои мардуми Яғноб, ҳамчун арзиши пурқиммати фарҳангу тамаддуни бостонии халқамон кӯшиш намоем, ба онҳо дар ҳалли мушкилоти мавҷуда ва ташкили зиндагии шоиста, инчунин таълиму тарбияи насли наврас, ки посдорони арзишҳои нодири миллиамон мебошанд, кумак расонем” (рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”, аз 4-уми августи соли 2011).

Афсӯс, ки ин суханҳои пурқиммати Сарвари давлат қабули хотиру таваҷҷуҳи роҳбарони дахлдор нагардида, дар пушти гӯши роҳбарони вақт то ба ҳол мондааст. Феълан вақти он расидааст, ки ин андешаҳои пурқиммати Сарвари кишварро ба гӯшҳо дохил намоем ва ҷиҳати иҷроиш ба хотираҳоямон сабт намоем, бо дасту дили гарм аз пайи иҷроиши дастуру супоришҳои додашуда шавему бошем. Оё мардуми Яғноб ҳам чуноне ки Пешвои миллат гуфтаанд, ба ҳаёти озод, ба ҳаёти хуррамонаву зиндагии шоиста ҳақ доранд ва аз ин дастуру супоришҳои пурҳикмати Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дида барои тамоми роҳбарону масъулини идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ сухани баландтару муҳимтар ва боарзиштаре ҷиҳати ободониву барқароркунии Яғнобдараи суғднишин вуҷуд дорад? Чаро ин гуфтаҳои ғамхоронаи Ҷаноби Олӣ то ба имрӯз ҳалқаи гӯши роҳбарон нашуд ва теғи буррандае баҳри ба амал баровардану ба иҷро расонидани кору нақшаҳои таъиншудаву таъкидёфта нагаштанд?

Боздид ва суханронии Пешвои муаззами миллат дар сарзамини суғднишин пур аз нуктаҳои ҳикматбор дар васфи куҳандиёри Яғноб буда, арзиши олии таърихиву миллӣ дошта, бо меҳру садоқати самимона гуфта шудааст, ки боз дигареро манзури хонандагони фаҳим мегардонем: “Ман ҳамеша дар орзуи он будам, ки ба ин гӯшаи ватани аҷдодии тоҷикон — водии Яғноб омада, бо ҳолу аҳволи посдорандагони таъриху фарҳанг ва оину суннатҳои суғдиёни қадим аз наздик ошно гардам” (рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”, аз 4-уми августи соли 2011).

Мақсади асосии сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба водии Яғноб вохӯрӣ бо мардуми суғдитабор ва аз зиндагиву кор ва рӯзгори мардуми суғдидиёр огоҳ шудан буд. Аммо рафтору кирдорҳои роҳбарони ноҳияи Айнӣ дар соли 2011 дар рӯзи мулоқот яғнобиҳоро ба минбари сухан роҳ надода, ба даҳони онҳо қулф задан буд. Агар Сарвари давлат дар ҷараёни вохӯрӣ “ба забони суғдӣ ҳарф занед” намегуфтанд, барои сухан кардан номи ягон яғнобӣ навишта нашуда буд. Сухани Сарвари давлат гӯё калиде шуд, ки қулфи забони яғнобиҳоро кушода, онҳоро беихтиёр ҷониби минбар кашид. Аввал Ҷурабойи Писконӣ ва баъдан нависандаи ин сатрҳо Пешвои миллатро бо шеърҳои суғдӣ хайрамақдам гуфтем. Сарвари кишвар таъкид бар он доштанд, ки дар Яғноб конҳои кашфношуда бисёранд, ки ҳанӯз мавриди баҳрабардорӣ ва коркард қарор дода нашудаанд. Дар ин санаи рӯйдоди таърихӣ оид ба сохтмони 4 кӯпруки замонавии ҷавобгӯ ба стандартҳои давлатҳои пешрафта дар миён буд, ки бояд дар болои рӯди Яғноб тарҳрезӣ ва сохтаву ба истифодаи мардум супорида мешуд. То санаи ташрифи Пешвои миллат ба водии Яғноб мардуми яғнобӣ бо қувваи ҳашари дастаҷамъонаву маблағҳои худашон то деҳаи Бидев роҳи мошингард кушодаву сохта ва ба истифодаи мардум супорида буданд. Ба ин хотир, дар рӯзи мулоқот Пешвои миллат дар ҳузури иштирокчиён ба роҳбарону масъулини ноҳия ва вилояту ҷумҳурӣ дастуру супориш доданд, ки роҳи боқимондаи 25 километри Яғноб аз ҳисоби фонди захиравии Президенти кишвар сохта шавад. Сарвари давлат аз мардуми Яғноб оид ба камбудиву норасоиҳои Яғноб пурсон шуданд. Ба ҷойи мардуми Яғноб як шахси тайёркардаи роҳбарони ноҳияи Айнӣ дар он сол Хокироев Абдушукур, ки парвои Яғнобу яғнобиҳо надорад, пешдастона аз ҷой бархоста, бо садои баланд аз номи яғнобиҳо ҷор мезанад, ки дар Яғноб ягон камбудӣ нест. Тавба кардам, гӯё ки яғнобиҳо кару гунг ва кӯр бошанду Хокироев донои олам. Аз мардуми Яғноб шарм накарда, ингуна одамон магар аз Худованд наметарсанд, ки 70 соли шӯравӣ ва 20 соли Истиқлолият аз номи мардуми яғнобӣ гап зада, яғнобиҳоро ба чӣ балову бадбахтиҳо ва мусибату сарсахтиҳо оварда расониданд!? Охир, ин тоифа роҳбарон шарму ҳаё накарда, дар рӯзи мулоқот ягон нақши дастонашонро ба Ҷаноби Олӣ нишон дода натавонистанд ва ноилоҷ аз роҳи бо ҳашари мардум сохтаи яғнобиҳо истифода карда, аз ҷониби худ ба Пешвои миллат нишон доданд. Гӯё ин роҳи бо арақи ҷабин ва дастони пуробила сохтаи яғнобиҳоро онҳо сохта бошанд. Дар асл, ним метр роҳ насохтаанд ва аёнро ҳоҷати баён нест. Ҷуволи холӣ ҳеҷ гоҳ рост намеистад. Онҳо аз номи яғнобиҳо дар пешорӯйи Сарвари давлат ҳисобот медиҳанд, ки ягон камбудӣ дар Яғноб нест.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳама вайронаҳои Яғноб бо айби роҳбарони пешин ва имрӯза, ки нисбати зодгоҳи охирини ворисони Суғд беҳурматӣ кардаанд, ба амал омадааст. Ба роҳбароне, ки аз номи яғнобиҳо 100 сол боз сухан карда, кафкӯбиҳои бардавом зада, ворисону макони Суғдро ба чунин аҳволи табоҳ оварда расонидаанд, фақат ба як ҷумлаи ҳаким Фирдавсии Тусӣ ҳушдор менамоем: “Натарсед гар аз кас, битарсед аз Худо!”.

Сарвари кишвар дар рӯзи мулоқот бо мардуми Яғноб як хаймаи дар ҳамвории деҳаи Бидев сохташударо ҳамчун туҳфаи хотиравӣ аз боздиди кориашон ба мардуми яғнобӣ инъом карда буданд, ки ба вайронаҳои суғдинишин ва куҳу дараҳои яғнобзамин ҳусну тароват ва як шукуҳу зебоие бахшад. Вале афсӯс, ки собиқ раиси ноҳияи Айнӣ Раҳматзода Рустами Мирзо туҳфаи хотиравии ба яғнобиён бахшидаи Президенти кишварро аз куҳандиёри Яғноб кандаву бозпас ба ноҳия бурданд. Чаро дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар тамоми манотиқи кишвар иҷро мешаваду ҷиҳати ободии Яғноб на?

Соли 1970 бадтарин мусибат бар сари яғнобиҳо омад. Муҳоҷирати маҷбурии Яғноб гаҳвораю тобути суғдидиёрро таккон дода, 50 сари сол ва ним аср мешавад, ки харобаҳои Яғноб, ин зодгоҳи интихобнамудаи суғдиён то кунун ҳолатҳои асливу пешинаи худро пайдо карда наметавонанд. Мавлонои Рум бедарак нагуфтаанд:

Ҳар кӣ шуд аз ҳамзабони худ ҷудо,

Бенаво шуд, гарчи дорад сад наво.

Таҷрибаи талхи муҳоҷирати соли 1970 дар Яғноб ба мо нишон дод, ки вайронсозиву харобкории як диёр, таъриху забон ва фарҳанги ниёгон чӣ паёмадҳои нохуш дорад. 50 сол боз мардуми яғнобӣ ободии диёрашро мепояд. Бедарак нагуфтаанд, ки “Обод агар намекунӣ, вайрон макун маро”. Мо бояд ба ҳар ҳолате набошад, нобоварӣ ва ноумедиро аз дили яғнобиҳо бурун оварем ва ба фардои ободиву ҷамъшавии яғнобиҳо дар ин сарзамини аҷдодиву таърихиашон умед бандем, ки солҳои наздик Яғноб ҳам ободон ва пойдор гардад. Болорҳои афтода, сутунҳои хона, хиштҳои парешону сангдеворҳои ҳайрон, хонаву деҳаҳои дар хок ғелону яксон ва умуман 50 сол мешавад, ки вайронаҳо дар мотами Яғноб нишаста, азодорӣ мекунанд.

Соли 2020 ҳам паси сар шуд. Дар бораи муҳоҷирати Яғноб ва зарбаҳои ҳалокатбор ба забону маънавиёти худвижаи ворисони Суғд дар садову симо ва расонаҳои кишвар касе чизе нагуфт. Мо 29-солагии Истиқлолиятро бо хушнудӣ ва дар сатҳи баланди ватандорӣ сипарӣ кардем. Хушбахтона, имрӯз дар остонаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо қудуми нек қарор дорем.

Даҳ сол мешавад, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро оид ба ободонии водии Яғноб касеву ягон масъулин иҷро намекунад. Саволе ба миён меояд, ки киҳо бояд дастуру супоришҳои Пешвои миллатро ҷиҳати ободии Яғноб иҷро намоянд? Аз роҳи 25 км, ки бояд аз фонди захиравии Президент сохта ва ба истифода дода мешуд, ягон метру ваҷабашро то ба ҳол оғоз накардаанд. Оё мардуми Яғноб ҳам ба ҳаёти озодонаву хуррамона ва зиндагии бо сари баланди шоиста ҳақ доранд? Шояд баъд аз 10 соли гузашта ҳама масъулин ба он боваранд, ки дигар Пешвои муаззами миллат ба Яғноб намеоянд ва ба ин хотир аздусар ҳамагуна супоришҳои Сарвари давлатро фаромӯш кардаанд. Ба гуфти Хоҷа Ҳофиз, афсӯс, ки “чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд”.

Соли 2010 собиқ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аввалин раиси вилояти Суғд буд, ки ба дараи Яғноб сафари корӣ анҷом дод. Аз ин сафари корӣ хиштҳои мактаби аввалини Яғнобро гузоштанд. То ин муддат дар Яғнобзамин ягон бинои мактаб насохта буданд. Номи мактаб буд то ба синфи 4-ум, вале нишонааш набуд. Ин мактаби нахустини водии Яғноб аз ҳисоби буҷаи вилоят ба пешвози қудуми ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда буд.

Тобистони соли 2017 собиқ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо сафари корӣ ба Яғноб омад. Дар баромадаш қайд намуд, ки “мо бояд ин макони таърихии диёрамонро аз нав обод гардонем ва забони суғдии Яғнобро аз нобудшавӣ нигоҳ дорем. Биноан, бояд роҳҳои душворгузари Яғнобро мошингард намоем, кӯпрукҳои дар нақша бударо барқарор созем, роҳи боқимондаро то охирин деҳаи Яғноб сохта ба истифодаи мардум супорем. Дар Яғноб бо чашмони худ дидем, ки сайёҳони хориҷӣ зиёд меомадаанд. Аз ин хотир, мо бояд ба онҳо шароити хуби рафтуомад муҳайё намоем. Чаро ки онҳо назару эътибори моро бо ин макони таърихӣ ба давлатҳои худ рафта баҳогузорӣ менамоянд. Зарур мешуморам, ки роҳҳои сохташуда ва роҳҳои аз нав месохтаро мумфарш карда, ба ихтиёри Вазорати нақлиёти кишвар бо насби нишонаҳои сарироҳӣ супорида, мавриди қабули вазорат қарор диҳем. Ба ин хотир, ҷиҳати дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои ободонии Яғноб аз буҷаи вилоят 3 млн сомонӣ ҷудо менамоем. Ба раиси ноҳияи Айнӣ супориш медиҳам, ки 500 ҳазор сомонӣ барои ободонии Яғноб ҷудо намояд”.

Аз оғози соли 2018 маблағи вилоят ба хотири ҳифозати забони суғдӣ ва ободонии Яғноб ҷудо карда мешавад. Соли 2018 Абдураҳмон Қодирӣ аз вазифа рафта, то ба имрӯз аз маблағи ваъдашуда дараке нест. Аз маблағи раиси ноҳияи Айнӣ ҳам нишоне нест. Моҳи июли соли 2018 дар рӯзи қабули сокинони ноҳияи Зафаробод мо аз раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маблағи ваъдашударо хоҳишу илтимос намудем, ки ёрдами амалӣ расонад. Лекин ман дар таҳайюрам, ки чаро дастуру супоришҳо ҷиҳати ободони Яғноб иҷро намешаванд?

  1. Хаймаеро, ки Пешвои муаззами миллат ба Яғноб дар рӯзи мулоқот туҳфа карда буданд, бо тамоми лавозимоташ канда, ба ноҳияи Айнӣ бурданд. Ҳол он ки, Ҷаноби Олӣ таъкид карда буданд, ки “хайма аз номи ман ба мардуми Яғноб туҳфа аст”.
  2. Соли 2010 дар ҳузури собиқ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода 4 тонна сӯзишвории дизелиро барои ободонии Яғноб сардори Фурудгоҳи байналмилалии вилояти Суғд Маҳмудов Маъруфҷон дода буданд, лекин афсӯс, ба Яғноб нарасидааст.
  3. Соли 2017 собиқ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дархости аҳолии Яғнобро оид ба зарур будани як мошини “Ёрии тиббии таъҷилӣ” ба инобат гирифта, як адад мошини нави “Ёрии тиббии таъҷилӣ” барои водии Яғноб доданд (рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”, “Эҳёи суннатҳо дар ватани аҷдодии суғдиён”, №87, аз 20-уми июли соли 2017, боздиди кории Абдураҳмон Қодирӣ аз дараи Яғноб). Вале се сол гузашту то ба ҳол чархҳои мошини тиббӣ хоки Яғнобро надидаанд.
  4. Соли 2019 тирамоҳ ба поён рафта, ваъдаҳои кӯпруксозии роҳбарону мутахассисон гӯшти уштур хӯрд. Ахиран мардуми Яғноб ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ рафта, як техника ва шахси васлгар дархост карданд, ки каму беш омодагиҳоро бинем. Лекин афсӯс, ки ёриву мадади 500-ҳазораи супориши Абдураҳмон Қодирӣ он тараф истад, лоақал як техникаро бо васлгаре ҷудо накарданд, ки ба имдоди мардуми Яғноб оянд. Чун соли 2019 ба поён мерафт, боз ин масоили ба пушт рафтаро ба роҳбарону масъулини дахлдори вилояту ноҳия дар саҳифаи якуми рӯзномаи “Фараж” ёдрас шуда ва ҳушдор доданд, ки ваъдаҳояшонро аз ёд набароранд ва супоришҳояшон бенатиҷа намонад: “… То ҳол бо вуҷуди даҳҳо бор гуфтану навиштан, сохтмони пулҳо дар дарёи Яғноб оғоз нашудаанд ва рӯзҳои наздик ба ин дара барф меҳмон хоҳад шуд ва ин меҳмон тӯли чор — панҷ моҳ боқӣ мемонаду роҳҳои ин дара баста мегарданд. Ин ваъдаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода буд ва мардум интизори иҷро шудани ваъда ҳастанд. Кош умеди мардум ва ваъдаи раис барбод намерафт!”(“Фараж”, №45, аз 6-уми октябри соли 2019, Хуршед Атовулло). Ҳосили навиштаҳо ин аст, ки то ҳол кӯпрукҳои ваъдашуда баста нашуда ва ҳатто оғоз ҳам карда нашудааст. Ҳол он ки, оид ба бастани кӯпрукҳои мазкур ба ҷуз раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳанӯз 10 сол қабл Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриашон бо мардуми Яғноб ба масъулони мақомоти дахлдори ҳукумат супоришҳои мушаххас дода буданд, ки бояд кайҳо чор пули Яғноб бо стандартҳои давлати пешқадам мавриди баҳрабардорӣ ва истифодаи мардум қарор дода мешуд. Лекин вақте ки ҷиҳати ободии Яғноб масъулину мутахассисон ва роҳбарони дахлдор дастуру супоришҳои Пешвои миллатро иҷро намекунанд, аз дастуру супоришҳои раиси вилоят гап задан ҳоҷат надорад.

Таъриху тақдир намебахшад ононеро, ки Яғнобро аз яғнобиҳо ҷудо карданд. Пас аз муҳоҷирату вайроншавии соли 1970 фурсат ғанимат аст, зарбаҳои ҳалокатбори махлутшавӣ ва гумшавӣ шохаи асили забони Суғди қадимро таҳдид мекунад. Ҳоло ҳам дер нашудааст ва ин забон барпост, бояд на таъхир, балки барои ободии Яғноб таъҷил намоем, вагарна баъд аз гум шуда рафтани забонашон яғнобиҳоро хоҳ сарҷамъ намоем, хоҳ на, баъди тир аз камон ҷастан фоидае надорад. Яғноб дар зинда будани забонаш ба сарҷамъиву якҷояшавии соҳибзабононаш чун обу ҳаво зарурат дорад, вагарна пас аз фанои забон пушаймонӣ суде надорад. Мо бовар дорем, рӯзе фаро мерасад, ки Пешвои миллат аз бадбиниву бадхоҳии баъзе роҳбарон нисбати мардуми Яғноб огоҳ мешаванд. Ҳеҷ сирру асрор ниҳон намемонад ва бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад намерасад. Масалан 6 сол қабл шаҳрванди хориҷӣ Дилон Ҷефрии Австралия мехост ба Яғноб рафта зиндагӣ ва ободкорӣ намояд, аммо роҳбарони ноҳияи Айнӣ дар он сол ба рафтанаш монеаҳои зиёде эҷод карда, ӯро нагузоштанд, ки нақшаҳояшро дар дараи Яғноб ба ҳаёт татбиқ намояд. Дилон Ҷефри ҳатто бо талаби роҳбарони ноҳия қайди зисташро аз ноҳияи Зафаробод бароварда, ба қайди деҳаи Марғтумайни водии Яғноби ҷамоати деҳоти Анзоб монда буд. Даву талошҳои зиёде кард, бо вуҷуди иваз кардани қайди зисташ, пас аз якуним сол натиҷае надод ва ноумедона боз қайди зисташро ба ноҳияи Зафаробод оварда, фаъолияти худро ба ҷойи Яғноб, дар фермаи бузпарварии ҶДММ “Ҷаҳида”-и ноҳияи Зафаробод оғоз кард. Бо гардиши айём, соли 2019 Пешвои миллат ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварда, қабл аз ҳама аз фермаи бузпарварии ҶДММ “Ҷаҳида” дидан намуданд. Дар вохӯрии мазкур Дилон Ҷефри ҳангоми суҳбат бо Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки “аслан ин фермаи бузпарварии мо бояд дар водии Яғноб таъсис дода мешуд, вале афсӯс, ки маро намонданд ва нагузоштанд, ки ба деҳаи Питепи Яғноб рафта, нақшаҳои ободкориамро дар онҷо ташкил намоям”. Пешвои миллат ин нуктаро дар чанд ҷойи макони мулоқоти ноҳияи Зафаробод ба тамоми масъулону вазифадорони дахлдори кишвар ёдрас намуда, мақомоти марбутаро ҳушдор доданд, ки бубинед, ҳозир ҳам нафароне ёфт мешаванд, ки пеши роҳҳои ободкориро мегиранд ва як шаҳрванди хориҷиро нагузоштанд, ки ба Яғноб рафтаву ободкорӣ намояд.

Аз Австралия ба Тоҷикистон танҳо парвози тайёра 30 соат аст. Ҷамшед аз ҳамон мамлакати дур ба Тоҷикистон омада, ҳам забони тоҷикӣ ва ҳам суғдии Яғнобро омӯхта бо мо озодона ва бидуни тарҷумон гуфтугӯ менамояд. Тоҷикистон бо табиати биҳиштосояш, бо неъмати фаровонаш ба хориҷиён мақбул аст ва мо бояд ба онҳо мусоидат намоем.

Ҳамин тавр, баъд аз 6 сол Дилон Ҷефри (Ҷамшеди Австралия) бо Пешвои миллат рӯ ба рӯ шуда, дарди дилашро гуфта дод. Мардуми Яғноб ҳам дардҳои зиёде доранд ва ҳамин хел як рӯзи мулоқоти муносиберо бо Сарвари давлат интизорӣ мекашанд. Худо кунад, ки он рӯзи мурод зудтар фаро расад ва ин мардуми вайронанишин дардҳои куҳбори дилашонро чун Ҷамшеди австралиягӣ ба Пешвои миллат холӣ намоянд. Вагарна, ба гуфти аллома Муҳаммад Иқбол, ба ҷуз Ҷаноби Олӣ ба дигарон гуфтани ғаму дардҳои ҷигарсӯз беҳуда аст ва ҳеҷ асаре надорад:

Ба фиғон на лаб кушодам, ки фиғон асар надорад,

Ғами дил нагуфта беҳтар, ҳама кас ҷигар надорад.

Аз Худованд хоҳишу ниёиш дорем, ки умедворони Яғнобро ба дидор ва гуфтугӯи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зудӣ шарафёб гардонад.

Ҷиҳати ободонии Яғнобзамин мо бояд ба гуфтаҳои ҳидояткунандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя намоем ва дастуру супоришҳои Ҷаноби Олиро дар сари вақт иҷро намоем. Дар рӯзи мулоқоти соли 2011 мо шоҳид будем, ки собиқ раиси ноҳияи Айнӣ Раҳматзода Рустами Мирзо дар пешорӯи Пешвои миллат ягон иншооту бино нишон дода натавониста, аз роҳи бо ҳашару маблағҳои мардум сохташудаи яғнобиёнро сӯйистифода карда, аз номи худ нишон дод. Гузашта аз ин, хаймаи туҳфашудаи хотиравии Президентро ба мардуми Яғноб канда, бозпас бурд. Ба гуфтаи Хоҷа Ҳофиз, “чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд”.

Аз муҳоҷирати Яғноб 50 сол сипарӣ шуд, вале чаро то кунун Яғноб обод намешавад? Ним аср паси сар шуд, дунё ҳама дигар шуд, ба гуфти устод Мирзо Турсунзода, “рӯди ман олам дигар шуд, ту ҳамон ҳастӣ, ҳамон”. Бале Яғноб ҳамон асту ҳамон. Дарае, дар гӯшае, танҳои фаромӯшшудае, дар бағалаш ганҷи таърихии суғдиён, аз дасти ошноён ба яғмо рафта.

Ободиву хуррамии Яғноб киҳоро нороҳат менамояд, хоби киро мепарронад, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодати яғнобиҳо киҳоро ҷигархун ва парешон мекунад? Оё ба қатори мардуми кишвар яғнобиҳо ҳам ҳақ надоранд, ки зиндагии хубу пешрафта дошта бошанд? Ба хотири 50-солагии муҳоҷирати Яғноб ба дараи мазкур сафар карда, 5 рӯз аз вазъу ҳолати дара бохабар шудем. Ҳангоми бозгашт ин ду мисраи дардолуд аз даруни пурсӯз ба забон омад:

Обод нашудӣ Яғноб, вайронтарат дидам,

Бе роҳу пули мошин, афгортарат дидам.

Пас аз сафари кории раиси вилояти Суғд 10 маротиба бошандагони Яғноб ба рӯзи қабули шаҳрвандон рафта, бо ваъдаҳои зиёде бармегарданд. Мушкил он аст, ки худи раиси вилоятро дида наметавонанд ва муовинонаш фақат ваъдаҳои зиёд медиҳанду дар натиҷа ҳама холиву пуч мебароянд. То ба имрӯз меоянду мераванд, натиҷае нест. Бо вуҷуди он, ки барои бастани кӯпрукҳои водии Яғноб ҳанӯз дар соли 2011 Пешвои миллат дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд. Мо дар тааҷҷубем, ки чаро дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва раиси вилоят ҷиҳати ободонии Яғноб иҷро намешаванд. Ваъдаи навбатии пулҳои Яғноб ба обшавии барфҳои зимистони 2021 гузошта шуд. Дар омади баҳор ҳам фурсат ғанимат аст, бояд то обшавию обхезӣ кӯпрукҳои Яғнобро бандем, вагарна ваъдаҳои ба барфҳои зимистон дода ҳам хушк мебароянд. Ҳамин тавр, зимистон ваъдаи баҳор медиҳанд ва баҳор ваъдаи тирамоҳ, моҳу солҳо рафта истодаанд.

Аз Яғноб бозгашт намудем ва бо хайру бо умеди дидор аз вайронаҳои Яғноб, то ба ободиҳои Яғноб бо нияту орзуҳои сабзу хуҷастапай дар остонаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бо умеди сафари раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба суғдмакони Яғноб дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва супоришҳои худи ҳукумати вилоят. Раҷаббой Аҳмадзода ваъда карда буданд, ки ба Яғноб боз меоянд. Мо низ дуо мекунем, ки сафари порсола сафари аввалину охирини раиси вилоят набошад.

Дар муҳоҷирати нимасраи водии Яғноб аз хизматҳои шоиставу мондагори яке аз номбардорони водии Яғноб, Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳунарпешаи зиндаёд Абдуллои Султон бо фахру сари баланд ёдовар шудан боиси таҳсину офаринҳои мардум аст:

Яғноб меҳаним, хасти зивоким суғди,

Чо арке, ки воти мох кунимишт марди.

Мутаассифона, имрӯз ҷойи Абдуллои Султон холист ва хизматҳои шоёнашро ҳамчун асосгузори сурудҳои суғдӣ дар Тоҷикистон халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад ва ин байти фармуда дар ҳаққи устоди шодравон шоистаи ёдоварист:

Машҳури олам шудӣ,бо сурудҳои суғдӣ,

Не буду не биёяд, чун то ҳофиз ба зудӣ.

Дар ин рӯзҳои 50-солагии муҳоҷират ба яке аз фотеҳони роҳи мошингарди Яғноб, марди барӯманди шердилу шерҷигари водии Зарафшон, собиқ раиси колхози Орҷоникидзе Муллораҳим Аслиддинов аҳсану офаринҳои фаровон мегӯем, ки мардуми Яғнобро сарҷамъ карда, бо ҳашари дастаҷамъонаи яғнобиҳо кушодани роҳи мошинравро ба ҷониби аввалин деҳаҳои Яғнобдара нуқтаи оғоз бахшида буд.

Баъд аз 50 сари сол имрӯз мо бо ифтихор номи фотеҳони роҳи Яғноб Худойдод Ҷумаев, Ҳоҷимурод Сафаров, Ҳоҷиамон Аминов, Ҷумъабой Тоҳиров аз деҳаи Хишортоб, Мирзоамон Оев, Амонқул Мусоев, Эшонхон Саидов, Риннат Мирзоев, Ҷурабой Кучаков аз деҳаи Кирёнте, Ахмедов Нуралӣ, Шодиев Назар, Сангинов Нарзулло, Исмоилов Мирзо, Кассиров Амон аз деҳаҳои таги Чинор, Восровут, Вағанзой, Қул, Ҷобиров Аваз, Саъдуллоев Нарзулло, Давлатов Азиз, Мирзошоев Муҳаммадрозиқ, Муҳиддинов Муҳаммадризо, Муҳаррамов Соатмурод, Муҳаммадмуроди Анзоб ва дигарон аз худи Яғноб, Ҳасанов Ашур, Шарифов Қурбоналӣ, Қодир ва Мулломаҳмад аз шаҳри Душанбе ва чандин фидокорони дигарро ба забон меорем, ки дар ифтитоҳи роҳи Яғноб ба ҳайси сорбони роҳсозу роҳкушоён саҳмҳои пурарзиши худро гузоштаанд. Гузашта аз ин, номи яке аз фидокорони роҳи Яғноб Раҳматулло Мавизовро хосатан ёдовар мешавем, ки ҳангоми фатҳи роҳсозӣ ҷоннисорӣ карда буд.

Баъд аз 50 сол саволе моро ба андеша мебарад, ки чаро ягона макони Суғд дар дохили вилояти Суғд то кунун нообод аст? Бояд вилояти Суғд ҳамному ҳамнавои худро дар зери қаноти хеш бигирад ва ин охирин маскани суғднишини куҳанбунёдро ободон нигоҳ дорад. Раҷаббой Аҳмадзода бо нияти хайраш мехоҳад дар Яғноб як маскани омӯзиши забони суғдӣ таъсис намояд (“Ҳақиқати Суғд, №77, “Боздиди раиси вилоят аз водии Яғноб”, саҳ. 1, аз 9-уми июли соли 2019). Бисёр фикри аҷоиб ва олиҷаноб аст. Вале фурсат ғанимат аст, мо бояд ҳарчи бармаҳал ва сари вақт ба ин иқдом ҳусни оғоз бахшем. Мардуми Яғноб аз раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода як дархости муҳими ободӣ доранд. Ҳангоми дар Яғноб буданамон сокинони Яғноб Муллоназар Холиқов, Тағоймурод Қурбонов, Саидмурод Партобов, Сафаралӣ Авезов ва дигарон боз ба як техникаи роҳкушои замонавии “Хундай”, ки ҳар рӯзу моҳу сол барои тозаву ҳамвор кардани роҳҳои Яғноб аз ҳама чиз заруртар аст, тақозо намуданд, ки ба хотири 50 соли муҳоҷирати Яғноб барои ояндабиниву ободкунии Яғноб ёрдами амалии худро расонанд.

Дар охир дуо мекунем, ки Худовандо, ба умеде бирасон, умедворони Яғнобро!

Саидмуроди СУҒДМЕҲР, узви ИЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here