Ба таваҷҷуҳи вазири корҳои дохилии ҶТ, муҳтарам Рамазон Раҳимзода

Ба таваҷҷуҳи вазири нақлиёти ҶТ, муҳтарам Худоёрзода Худоёр

Бархе аз ронандагон пешниҳод доранд, ки ҳаракати нақлиёт дар Тоҷикистон бо чароғи дур (дальний фар) аз тарафи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ назорат ва танзим карда шавад. Ва ё барои онҳое, ки чунин чароғҳоро ба нақлиёташон мечаспонанд, ҷазои сангин муқаррар гардад.

Ба андешаи ронандагон, ҳаракати нақлиёт бо нурҳои дур ва ё баланд дар роҳҳои кишвар, бахусус дар шоҳроҳҳо ва ағбаҳои мамлакат, боиси ба вуҷуд омадани хатарҳо ва сар задани садамаҳои нақлиётӣ мегардад. Аҳмадҷон Восихов, як нафар аз ронандагоне, ки ба гуфтаи худаш, собиқаи 30-сола дорад, вақтҳои охир дар нақлиёт насби чароғҳои баланд, аз ҷумла галогену ксенон ва дигар намуди чароғҳое, ки ба ронандагони самти муқобил халал мерасонанд, мӯд шудааст.
— Ман бисёр вақт дар сафар ҳастам. Бештар шабона дар ағба ҳаракат мекунам. Бахусус дар ин вақт он нақлиёте, ки чунин чароғҳоро насб кардаанд, ба ҳаракати муқобил халал эҷод мекунанд ва ба чашми ронандагон зарар мерасонанд. Кормандони БДА бояд назоратро дар ин самт пурзӯр намояд ва ронандагонеро, ки ба мошинҳои хеш чароғҳои аз стандарт берун ва баланду ба чашм зарарнокро насб мекунанд, ҷазои сахт диҳанд. Зеро ин гуна одамон ба ҳаёти дигарон хатар эҷод мекунанд,- мегӯяд Восихов.
Ба андешаи ронандагони солхӯрда, дар гузашта, яъне солҳои шӯравӣ насби чунин чароғҳо дар нақлиёт иҷозат набуд. Ҳамзамон, истифодаи чароғ дар нақлиёт аз тарафи ронандагон батартиб мегузашт.
Мансур, як тан аз ронандагон мегӯяд, ки дар Русия таҳсил карда ва аз он ҷо ҳуҷҷати ронандагиро гирифтааст. Ба қавли ӯ, тибқи Қоидаи ҳаракат дар роҳ дар Русия, ронанда уҳдадор аст, ки ҳатто рӯзона чароғи наздикбин (ближний фар)-и нақлиёташро даргирон монад.
— Албатта, дар Тоҷикистон ронандагони нохонда зиёданд, ки имрӯз қоидаро надониста, паси чанбараки нақлиёт нишастаанд. Онҳо баъзе аломатҳои роҳоро сарфаҳм намераванд, намедонанд, ки кай ва дар кадом вақт бояд чароғҳоро иваз кунанд ва аз ин сабаб ба мошинҳои худ ҳатто чароғҳои ғайристандартиро мечаспонанду ба замми ин, чунин ҳолатҳо аз тарафи нозирони БДА назорат карда намешавад,- меафзояд ӯ.
Ба андешаи чанд нафар аз ронандагоне, ки дар Русия ба ин касб машғуланд, дар ин давлат аз рӯи қоидаи ҳаракат дар роҳ дар якчанд маврид ронандагон уҳдадоранд, ки қоидаҳои гузариш аз фари дур ба фари наздикро риоя кунанд. Аз ҷумла: дар ҷойҳои аҳолинишин, агар роҳ равшанӣ дошта бошад, дар вақти аз пеш намудор шудани нақлиёти муқобил на камтар аз 150 метр, агар одамон дар роҳ бошанд ва ғайраву ҳоказо.
Ҷовид Облоқулов, ронандаи дигар, ки ба гуфтаи худаш пайваста аз Хуҷанд бор мекашонад, дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ нақлиёти дорои чароғҳои баланду ба чашм зараррасон ҳини ҳаракат ба ронандагони самти муқобил халали ҷиддӣ мерасонанд ва он боиси пайдо шудани ҳолатҳои садамавӣ мегардад.
— Ҳарчанд аз дур «маргат» мекунӣ, ки чароғашро кушад, вале баъзе ронандагони нохонда намефаҳманд. Худам шоҳиди он будам, ки нақлиёт бо ҳамин сабаб, ки нақлиёти муқобилаш чашми ронандаро бурд, ба садама дучор гардид,- мегӯяд ин ҳамсуҳбати мо.
Як нафар аз кормандони БДА мегӯяд, ки «бештар вақт барои вайрон кардани қоидаи истифодаи чароғҳои дурбин ба ронандагон огоҳӣ дода мешавад. Пештар мо чунин ронандагонро бо моддаи 315-и Кодекси маъмурӣ ҷарима мекардем. Вале дар сурати лозима нисбати онҳо тибқи моддаи 333-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб медиҳем».
Вале як нафар аз ронандагон, ки ҳуқуқшинос будааст, мегӯяд, ин гуна ронандагонро мешавад бо моддаи 324 (Риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, нишонаҳои қисми роҳ ва дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ), моддаи 326 (Аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ)-и Кодеси маъмурӣ ҷазо дод, то ислоҳ гарданд.
Ба ақидаи ронандагон, рӯз аз рӯз сафи нақлиёт бо насби чароғҳои баланд дар роҳҳои кишвар афзуда истодааст ва хеле хуб мебуд, агар кормандони БДА шабона рейд гузаронида, чунин ронандагонро ҷазои сангин диҳанд. Чунки шабонгоҳ ингуна нақлиётро дар роҳҳо пайдо намудан осонтар аст.
— Боварӣ дорем, ки вазири корҳои дохилии кишвар муҳтарам Рамазон Раҳимзода пас аз хондани муроҷиати мо барои ислоҳи ин камбудӣ даст ба кор мешаванд,- мегӯянд ронандагон.

Хуршед ФОЗИЛОВ 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here