Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромади хоҷагии халқ аст. Аз ин ҷост, ки тамоми давлатҳо барои рушд додани он кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар кишвари мо низ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди ҳар чи бештари ин соҳа аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Натиҷаи тадбирандешиҳои Ҳукумати кишвар буд, ки солҳои охир дар як сол зиёда аз як миллион нафар ҳамчун сайёҳ ба кишвари мо ташриф меоранд. Зеро Тоҷикистон чун кишвари куҳсор дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, қуллаҳои сарбаафлок, рӯду чашмаҳои мусаффо, гулу гиёҳҳои зебову шифобахш, табиати рангин дили ҳар бинандаро дар сафари аввал тасхир намуда, барои такроран сафар кардан водораш менамояд. Бинобар ин, ба хотири боз ҳам рушд додани соҳа, беҳтар кардани инфрасохтори сайҳӣ ва муаррифии бештари захираҳои сайёҳии кишвар Президенти кишвар соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми декабри соли 2018 солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Роҳбари давлат зимни ироаи ин пешниҳод аз ҷумла, зикр карда буд, ки “мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад”.
Роҳбари давлат Ҳукумати мамлакатро вазифадор карда буд, ки “барои расидан ба мақсадҳои зикршуда дар самти мазкур ва ҳамзамон бо ин, ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои нодири сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳайвоноту наботот ва мероси таърихиву фарҳангӣ, фароҳам овардани шароит барои сайёҳии экологӣ, табобатӣ, варзишию шикор ва куҳнавардӣ тадбирҳои иловагӣ андешад”.
Воқеан, деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҳам пайвандии ногусастанӣ доранд, зеро захираҳои сайёҳии кишвари мо асосан дар деҳот ҷойгир мебошанд. Ғайр аз ин, 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ доранд, ки шуғли асосии аксарашон ба ҳунарҳои мардумӣ тавъам аст. Аз ин ҷост, ки агар сайёҳ ба минтақаи сайёҳие сафар кард, ҳатман барои хотира армуғонеро харидорӣ намудаву бо худ мебарад, ки маҳсули дасти ҳунармандони ҳамон маҳал мебошад.
Аз ин рӯ, ин иқдоми Президенти кишвар боиси рушди инфрасохтори деҳот гардид. Тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳ ҳастем, ки имрӯз дар тамоми деҳоти кишвари соҳибистиқлоламон корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо суръати баланд идома доранд. Дар деҳае агар хати оби нӯшокӣ кашида шавад, дар деҳаи дигар марказҳои муосири хизматрасонӣ ба истифода супорида мешавад; дар маҳале роҳу пулҳо таъмиру тармим, рустои дигар бо бунгоҳи тиббӣ таъмин мегардад. Ҳамин тариқ, деҳаҳои Тоҷикистони азизамон ба корзори меҳнат табдил ёфтааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Айнӣ низ, ки яке аз минтақаҳои дилрабои сайёҳии кишвар мебошад, дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” корҳои зиёде анҷом ёфта истодаанд. Ба фарқ аз 5-10 соли пеш имрӯз қариб дар ҳар деҳа меҳмонхонаву чойхона, ҳатто тарабхонаҳоро пайдо кардан мумкин аст. Роҳҳову пулҳо таъмиру тармим гардида истодаанд, ки дар ин кор баробари ташкилоту идораҳои давлатӣ, инчунин аҳолӣ ва соҳибкорон низ саҳм мегузоранд. Аз ҷумла, дар деҳаҳои дараи Искандаркӯл сол то сол ободкориву бунёдкорӣ вусъат гирифта истодааст. Аҳолӣ кӯшиш доранд, ки ҳар сол бо истифода аз имконоти мавҷуда мушкилиеро бартараф намуда, як гӯшаи диёри зебоманзарамонро ободтар созанд. Зеро ин ҷо минтақаи сайёҳӣ буда, дар сурати ҳар чи бештар ҷалб шудани сайёҳон имкони беҳтар ба даст овардани даромад низ зиёдтар мегардад. Аммо, дар ин баробар як мушкиле мавҷуд аст, ки бартараф кардани он аз зӯру тавони аҳолӣ берун аст. Ин ҳам бошад, таъмиру тармими роҳи Искандаркӯл мебошад. Ин роҳ аз роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд ҷудо шуда, то Искандаркӯл 24 километр тӯл мекашад ва бинобар солҳои зиёд таъмир нашудан, ҳангоми сафар тавассути он кайфияти сайёҳону мусофирон халалдор мешавад. Сайёҳон низ аслан аз вайронии роҳи мазкур шикоят доранд. Мутмаинем, ки мақомоти марбута пайи таъмири ин роҳ иқдом мекунанд ва бо ин амалашон дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар саҳмгузор мешаванд.
Бунёд Ғафуров, омӯзгори муассиса таҳсилоти миёнаи
умумии рақами 51, деҳаи Нарвад, н. Айнӣ