Дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд”. Ин дастури Пешвои муаззами миллат аз ҷониби маорифчиёни кишвар дастгирӣ ёфта, масъулин бо саъйи комил аз пайи иҷрои он талош меварзанд.
Ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент муҳтарам Мақсатулло Шарифов, “дар ростои дар амал татбиқ кардани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои соҳа фаъолияти хешро дар соли 2020 дар асоси нақшаи корӣ ба роҳ монда, таваҷҷуҳи бештар ба он равона доштаем, ки сатҳу сифати таҳсилотро баланд бардошта, барои татбиқ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии соҳа саҳми назаррас гузорем. Дар ин росто, дар муассисаҳои таълимӣ барои рӯз аз рӯз хубтар намудани сатҳи сифати таълиму тарбия, ба маҷрои муайян равона намудани низоми таълим, амалӣ намудани Барномаҳои давлатии дар соҳаи маориф қабулшуда, таҷрибаивазкунӣ миёни омӯзгорон ва омодагиҳо баҳри гузаштан ба низоми нави таҳсилот тадбирҳои чорасоз андешида мешаванд. Ин аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (аз 26.12.2019) дар ин раванд ва ҳамзамон дар самти рушди соҳаи мактабу маориф, аз он ҷумла диққати бештаре додан ба рушди фанҳои табиию риёзӣ бешак дастури роҳнамо маҳсуб ёфта, барои татбиқи амалӣ ба роҳбарӣ гирифта шудааст”.
Маълумоти мухтасар
Айни ҳол дар шаҳри Панҷакент ҷамъ 132 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 116 адад мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 13 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 1 гимназия, 2 литсей мебошанд. Дар асоси дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2019-2020 даҳ адад муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шудаанд. Мактабҳои шаҳру деҳот бо кадрҳои роҳбарикунанда пурра таъминанд.
Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ 4761 нафар омӯзгорон (2581 нафар занҳо) фаъолият менамоянд. Омӯзгорони таҳсилоти олидошта 3609 нафар (1768 нафар занон), таҳсилоти олии нопуррадошта 161 нафар (105 нафар занон), таҳсилоти миёнаи омӯзгоридошта 991 (708 нафар занон)-ро ташкил медиҳанд. Дар соли таҳсили нав ба муассисаҳои таълимӣ 369 нафар — 93 нафар бо таҳсилоти олӣ, 85 нафар бо таҳсилоти олии хатми солҳои пешин, 100 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус, 39 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсуси солҳои пеш хатмкарда, 43 нафар ғойибхонҳои курсҳои 4 ва 5 ва 9 нафар мутахассисони ҷавоне, ки тибқи квотаи президентӣ макотиби олии касбии кишварро хатм кардаанд, ба кор омадаанд.
Дар шуъбаи маорифи шаҳр дар маҷмуъ 68 нафар — 4 нафар хизматчии давлатӣ, 19 нафар нозир, 34 нафар мушовир, 10 нафар кормандони техникӣ, 4 нафар муҳосиб, 6 нафар кормандони Маркази ТИК ва Маркази рушди истеъдодҳо фаъолият менамоянд. Барои пардохти саривақтии маоши кормандони соҳа тадбирҳо андешида мешаванд. Ба 1-уми марти соли 2020 қарз аз ҳисоби маош вуҷуд надорад.
Дар соли таҳсили 2019-2020 дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ 62231 нафар ба таҳсил ҷалб шудаанд, ки 30300 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Айни замон дар синфҳои 1-ум 7245 нафар (3436 нафар духтарон) ва дар синфҳои 2 — 11-ум 54986 нафар (26864 нафар духтарон) таҳсил менамоянд. Дар соли таҳсили 2019-2020 дар синфи 11-ум 3589 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар синфҳои 9 бошад, 5179 нафар таҳсил менамоянд.
Муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ
Дар шаҳру деҳоти Панҷакент 3 маркази таҳсилоти иловагии мансуб ба шуъбаи маориф фаъолият мебаранд. Дар се муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бо ташкили 64 маҳфилҳо зиёда аз 1936 нафар толибилмон ҷалб карда шудаанд. Дар МТИ №1 шуъбаи техникӣ (шомили маҳфилҳои “Ибтидои техникӣ”, “Радио — конструктор”, “Акс — наворбардорӣ”, “Автомодел”, “Кандакорӣ”, “Рассомӣ”), шуъбаи ҳунарҳои зебо (шомили маҳфилҳои “Дӯзандагӣ — бурандагӣ”, “Кашидадӯзӣ”, “Рақс — лӯхтак”, “Попурзанӣ”, “Рӯзгордорӣ”, “Қолинбофӣ”, “Зардӯзӣ”, “Адрасбофӣ”, “Бофандагӣ”, “Бозичаҳои мулоим”, “Қуроқдӯзӣ”, “Навозандагӣ”, “Шашка — шоҳмот”), шуъбаи сайёҳӣ — кишваршиносӣ (шомили маҳфилҳои “Забонҳои русӣ ва англисӣ”, “Мардумшиносӣ”, “Сайёҳи ҷавон”, “Бостоншиносӣ”, “Адабиёт — кишваршинос”, “Рӯзноманигорӣ”, “Ҳуқуқшинос”) ташкил карда шудаанд. Дар МТИ №2 шуъбаи ҳунарҳои миллӣ ташкил ёфта, дорои маҳфилҳои “Рӯзгордорӣ”, “Қолинбофӣ”, “Дӯзандагӣ — бурандагӣ”, “Бофандагӣ”, “Гулдӯзӣ”, “Гулпарварӣ”, “Қуроқдӯзӣ”, “Кашидадӯзӣ”, “Кандакорӣ”, “Дастони моҳир”, “Компютер”, “Суруди якка”, “Экологи ҷавон”, “Забони русӣ”, “Рассоми ҷавон”, “Сайёҳи пиёдагард”, “Рақси миллӣ” мебошад. Ҳамчунин, дар МТИ №3 низ шуъбаи ҳунарҳои миллӣ фаъолият дорад, ки аз маҳфилҳои “Дӯзандагӣ”, “Рӯзгордорӣ”, “Экология”, “Сайёҳӣ”, “Баскетбол”, “Волейбол”, “Тенниси рӯйи миз”, “Компютер” иборат мебошад.
Муассисаҳои томактабӣ
Дар қаламрави шаҳр 18 муассисаҳои таълимии томактабӣ (12-то мансуби шуъбаи маориф, 4-то хусусӣ, 2-то мансуби корхонаву ташкилот) фаъолият доранд. Дар ин кӯдакистонҳо 3537 нафар кӯдакон тарбия мегиранд.
Ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо мизу курсӣ, катҳои хоб, ҷевонҳо барои бозичаҳо, китобҳо, либос, таҷҳизоти зарурӣ ва ошхона таъминанд. Дар самти таъминоти кӯдакистонҳо бо таҷҳизот ва мустаҳкам намудани пояи моддии онҳо нақши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр мунтазам эҳсос мегардад. Ҳамчунин, ҳамасола бо дастгирӣ ва маблағгузории волидон, сарпарастон ва шахсони саховатпеша муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ таъмиру таҷдид ва таҷҳизонида мешаванд. Ҳамзамон, биноҳо таъмири асосӣ шуда, барои ба талабот ҷавобгӯй намудани шабакаҳои санитарию техникӣ ва обгузаронии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ чораҳо андешида мешаванд.
Ҳамзамон, бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии ташкилоти байналмилалии “ЮНИСЕФ” дар назди 16 муассисаҳои таълимӣ (МТМУ рақамҳои 4, 8, 31, 35, 78, 9, 63, 66, 88, 5, 76, 40, 27, 45, 25, 65) марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият менамоянд, ки 516 нафар кӯдаконро дар 20 гуруҳ фаро гирифтаанд. Марказҳои зикршуда бо таҷҳизоти зарурӣ (мизу курсиҳо, адабиёти бадеӣ ва таълимию методӣ, бозичаҳо, ҷевонҳои либосовезӣ, дастшӯякҳо, қолинҳо барои бозӣ ва ғайра) таъмин карда шудаанд.
Инчунин, дар соли таҳсили 2018-2019 дар 44 муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷамоатҳои деҳот бо ҷалби 880 нафар кӯдакони синни томактабӣ дар 58 гуруҳ марказҳои инкишофи кӯдакон ташкил карда шудаанд.
Омӯзиши касбу ҳунар
Чун имрӯз ба масъалаи касбомӯзии хонандагон эътибори хоса зоҳир мегардад, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар ва раиси вилояти Суғд дар мактабҳо маҳфилҳои рӯзгордорӣ, қолинбофӣ, зардӯзӣ ва дигар ҳунарҳои дастии мардумӣ ташкил карда шудаанд. Бояд зикр сохт, ки дар ин росто ҳангоми доиршавии дарсҳои технология (касбу ҳунар) ва маҳфилҳои фаннӣ ба хонандагон ҳунарҳои дастии мардумӣ, аз қабили бурандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, кашидадӯзӣ, рӯзгордорӣ, коркарди чӯб ва ғайра омӯзонида мешаванд, ки барои касбомӯзии хонандагон мусоидат менамояд.
Айни замон дар назди 90 муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби 1370 нафар хонандагон маҳфилҳои рӯзгордорӣ, дар назди 8 муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби 96 нафар хонандагон маҳфилҳои сӯзанидӯзӣ, дар назди 10 муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби 106 нафар хонандагон маҳфилҳои қолинбофӣ, дар назди 2 муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби 45 нафар хонандагон маҳфилҳои атласу адрасбофӣ, дар назди 2 муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби 22 нафар муҳассилин маҳфилҳои сабадбофӣ ташкил карда шудаанд.
Ҳамзамон, месазад хотирнишон сохт, ки 211 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар маҳфилҳои ҳунаромӯзии Муассисаи давлатии “Мактаби санъати бачагонаи шаҳри Панҷакент” аз рӯйи касбу ҳунарҳои дӯзандагӣ, қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ, доиранавозӣ, рубобнавозӣ, фортопитано, ғижжакнавозӣ, овозхонӣ ширкат меварзанд.
Ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҳунаромӯзӣ дар мактабҳо дар ҷараёни баргузории ҳафтаҳои фаннӣ ва дигар ҷашну маросимҳои давлативу миллӣ дар давоми соли таҳсил маҳсули дасти хонандагон ба намоиш гузошта мешавад. Ҳамзамон, шумораи муайяни хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ ҷалб карда шуда, ба онҳо ҳунарҳои гуногун васеътар омӯзонида мешаванд.
Саҳми волидону саховатмандон
Дар самти ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо волидон, сарпарастон, шахсони саховатманду хайрхоҳ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ кӯшишҳои судманд ба харҷ дода шудаанд ва ин тадбирҳо ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои моддию техникии таълим самараҳои дилхоҳ ба бор меоваранд. Ин аст, ки бо кӯмаки кумитаи волидон, саҳмгузории хоҷагиҳои деҳқонӣ, сарпарастон ва шахсони алоҳидаи хайрхоҳу саховатпеша дар мактабҳо ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои моддию техникии таълим, ободонию кабудизоркунӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд. Ҳамчунин, аз ҳисоби сметаи хароҷоти таълимгоҳҳо харидории мизу курсиҳо ва дигар воситаҳои таълимӣ низ нисбат ба солҳои пешин хеле беҳтар шудааст.
Дар муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, 5500-солагии Саразми бостонӣ ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шиору овезаҳо нав карда шудаанд.
Озмунҳо ва чорабиниҳои варзишӣ
Иштироки хонандагон дар олимпиада ва озмунҳо қаноатбахш аст. Ин аст, ки дар даври вилоятии олимпиадаи фаннии мактаббачагон 10 нафар хонандагони синфи 11 аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, таърихи халқи тоҷик, физика, география, алгебра, биология ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд.
Дар муассисаҳои таълимӣ вобаста ба шароиту имкониятҳо дар фурсати таътили зимистона ва баҳорӣ мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили волейбол, баскетбол, шашка, шоҳмот, армрейслинг ва бозиҳои шавқовари “Офарин” ва бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҳарбӣ — варзишии “Ватанпарвар”, “Сипар”, “Шафақ”, мусобиқаи “Тирпарронӣ” байни хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таълимӣ гузаронида шудаанд.
Бо кӯмаку дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, кӯшиши ҷомеаҳои омӯзгорӣ ва дастгирии сарпарастон солҳои охир пояи моддӣ — таълимии мактабҳо оид ба варзиш беҳтар гардида истодааст. Аз 132 мактаб дар 22-тояш толорҳои варзишӣ мавҷуданд. Вобаста ба дастуру супоришҳои роҳбарияти мамлакат, вилоят ва шаҳр имрӯзҳо таъмиру азнавсозӣ ва бунёди варзишгоҳҳо идома дорад.
Ташкил ва гузаронидани мусобиқаҳо ва чорабиниҳои варзишӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти шуъбаи маорифи шаҳр маҳсуб мегардад. Дар ҳамин ҷо бояд қайд намуд, ки дар қаламрави шаҳру деҳот маҳфилҳои варзишӣ амал менамоянд, ки аз рӯйи 14 намуд (футбол, волейбол, баскетбол, гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи озод, карате-до, бокс, таэквон-до, тенниси рӯйи миз, шоҳмот, дзю-до, варзиши сабук, вазнбардорӣ, пауэрлифтинг, шоҳмот) зиёда аз 840 нафар (62 нафар духтарон) хонандагонро фаро гирифтаанд. Дастпарварони ин намуд маҳфилҳо, ки асосан хонандагон мебошанд, бо иштирок дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ пайваста ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.
Гузашта аз ин, дар арафаи таҷлили ҷашнҳои Рӯзи модар ва Иди байналмилалии Наврӯз озмунҳои “Иншои беҳтарин”, “Беҳтарин қироати шеър”, “Расми беҳтарин”, “Рӯзномаи девории беҳтарин”, “Дастони моҳир”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Ороиши дастархони наврӯзӣ” ва “Беҳтарин омодакунандаи таомҳои миллӣ” ва ғайра дар сатҳи баланд ташкил ва ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шудаанд.
Мониторинги сифати таҳсилот
Дар асоси фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №770 аз 05.08.2010 «Оид ба ташкили гуруҳи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳамаи намуди мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру деҳот гуруҳҳои идоракунии сифати таҳсилот фаъолият менамояд. Ҳар як гуруҳ дар ҳар як мактаб нақшаи кори солонаи худро дорад, ки дар асоси он вазъи таълими фанҳо ва сатҳи дониши хонандагонро месанҷад, мониторинги сифати таҳсилот мегузаронад ва натиҷаҳои санҷишро дар Шӯроҳои омӯзгории мактабҳо баррасӣ менамояд. Хадамоти шаҳрӣ низ дар навбати худ зимни сафарҳои корӣ фаъолияти онҳоро мавриди таҳлил ва хулосабардорӣ қарор медиҳад ва барои пешрафти кор дастуру пешниҳодот ироа медорад.
Аз тарафи кормандони Хадамот дарсҳои 153 нафар омӯзгорон ва сатҳи дониши 1680 нафар хонандагон дар МТМУ рақамҳои 23, 47, 50, 53, 114 зимни баргузории мониторинги сифати таҳсилот таҳлил карда шудааст. Дар хусуси сифати дарсҳо ҳаминро метавон баён дошт, ки омӯзгорон бо ҳисси масъулиятшиносӣ аз рӯйи шароиту имкониятҳои мавҷуда бо истифода аз роҳу воситаҳои муассиру муосири таълим дарс мегузаранд ва мекӯшанд, ки сифат ва самараи дарсҳо назаррас бошад.
Такмили ихтисос
Ҷиҳати аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани кормандони соҳаи маориф тадбирҳо андешида мешаванд. Дар ин фурсат аз курси такмили ихтисоси шаҳрӣ 85 нафар омӯзгорон гузаронида шудаанд. Ҳамзамон, давра ба давра сарварони мактабҳо, ҷонишинони директорон, мудираҳо ва мураббиёни МТТ, омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисоси вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ низ сафарбар карда мешаванд. Аз ин ҷост, ки омӯзгорони фанҳои гуногун, ҷонишинони директорон ва директорони таълимгоҳҳо 16 нафар ба курсҳои такмили ихтисоси вилоятӣ ва 4 нафар ба курсҳои такмили ихтисоси ҷумҳуриявӣ сафарбар карда шудаанд. Ҳамчунин, дар тӯли 3 моҳ 205 нафар омӯзгорони фанҳои таъриху ҳуқуқ, суруд ва мусиқӣ, асосҳои иқтисодиёт ва география, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ аз курсҳои салоҳиятнокӣ гузаронида шудаанд.
Вобаста ба қарори Шӯрои методии шуъбаи маориф омӯзиши таҷрибаи пешқадами 22 нафар омӯзгор ба нақша гирифта шудааст. Оид ба масъалаи омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами ду нафар омӯзгор аз миқдори дар боло номбаршуда дар сатҳи вилоят таклифҳо аз тарафи Шӯрои методии шуъбаи маорифи шаҳр пешниҳод гардидаанд.
Таъмини китобҳо ва компютеркунонӣ
Вазъи бо китобҳои дарсӣ таъмин будани хонандагон сол аз сол беҳтар мегардад. Дар ин фурсат ба таълимгоҳҳо 65203 нусха китобҳои дарсӣ, 22764 нусха китобҳои бадеӣ, 663 нусха барномаҳо ва 4130 нусха роҳнамоҳо дастрас карда шудаанд.
Муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Панҷакент дорои 1560 адад компютер, 250 адад принтер, 27 адад тахтаи электронӣ, 48 адад проектор ва 905 адад камераҳои назоратӣ мебошанд. Пайваст намудани компютерҳои мактабӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет ҳамеша дар назар аст. Дар ин самт ҳоло 60 муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот тавассути модем ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст мебошанд. Дар ин давра 10 адад компютер, 7 адад тахтаи электронӣ, 14 адад проектор, 19 адад принтер харидорӣ ва 461 адад камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд. Ҳамзамон, аз тарафи кормандони Маркази ТИК 15 адад компютерҳои таъмирталаб таъмир ва ба истифода дода шудаанд.
Идомаи таҳсил
Бо мақсади омода намудани хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ — 2020 курси омӯзиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои омӯзгорон дар сатҳи шаҳру деҳот дар заминаи МТМУ №71 ба роҳ монда шудааст.
Дар соли таҳсили 2019-2020 аттестатсияҳои аз синф басинфгузаронӣ ва хатм тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.01.2020, №346 «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2019-2020, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.2017, №1/26) дар сатҳи дахлдор ташкил ва гузаронида хоҳанд шуд.
Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият
Феълан дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонӣ сохта ба истифода додани бинои нави МТУА №40-и деҳаи Тагоби Халқи ҷамоати деҳоти Ворӯ, бинои нави МТУА №18-и деҳаи Сари Камари ҷамоати деҳоти Хурмӣ (дар ҳамкорӣ бо МИМҲДШ), бинои нави МТМУ №38-и деҳаи Яккасадаи ҷамоати деҳоти Саразм, бинои нави мактаб дар деҳаи Ҳавзаки ҷамоати деҳоти Саразм, бинои мактаби нав дар заминаи МТМУ №60-и ҷамоати деҳоти Ворӯ, бинои мактаби нав дар маҳаллаи навбунёди деҳаи Ёрии ҷамоати деҳоти Ёрӣ, бинои мактаби нав дар маҳаллаи “Ғелониён”-и ҷамоати деҳоти Фароб, чор синфхонаи иловагӣ дар заминаи МТМУ №48, се синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №43, се синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №24, се синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №84, чор синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №106-и ҷамоати деҳоти Саразм, 4 синфхонаи иловагӣ дар МТУА №16-и ҷамоати деҳоти Хурмӣ, 4 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №63, чор синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №19-и ҷамоати деҳоти Амондара, 2 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №15-и шаҳр, 4 синфхонаи иловагӣ дар заминаи МТУА №17-и ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, 2 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №59, чор синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №82, ду синфхонаи иловагӣ дар МТУА №70-и ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ бо кӯмаку дастгирии падару модарон ва шахсони саховатпешаву хайрхоҳ дар назар дошта шудааст.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент муҳтарам Мақсатулло Шарифов мегӯяд, ки “шуъбаи маориф дар фаъолияти хеш татбиқи қарору фармонҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Раёсати маорифи вилоят ва супоришу дастурҳои Президенти кишварро ба роҳбарӣ гирифтааст. Вобаста ба ҳамин муқаррарот, дар ҳамин давраи соли ҷорӣ ба унвони шуъбаи маориф 225 адад ҳуҷҷатҳо аз ин сохторҳо ворид шуданд, ки ҳамаашон саривақт мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 28, аз Раёсати маорифи вилоят 90, аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр 53 ва аз ташкилоту идораҳои дигар 54 адад мактубҳо ворид шудаанд”.
— Таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои муаззами миллат ба соҳаи маориф аст, ки ҳамасола дар кишвар биноҳои зиёди муассисаҳои таълимӣ бунёд мегарданд ва шароити таълиму тарбияи хонандагон беш аз пеш хубтару сифатноктар мешавад. Дар навбати худ, кормандони соҳаи маориф аз ин дастгириҳо руҳбаланд гардида, кӯшиш менамоянд, ки фаъолияташонро боз ҳам тақвият дода, дар рушди соҳа саҳми бориз гузоранд,- меафзояд ӯ.
МТЖТ