Таваҷҷуҳ ва рушд додани соҳаи маориф аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо ба шумор меравад. Бо назардошти ҳамин омил, тайи солҳои охир бо иқдоми неку созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятнок ва муҳими ҳаёти ҷомеа мавриди таҳлил ва арзёбии ҳамаҷониба қарор гирифта, дар тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дигаргунсозӣ ва таҳкими ислоҳоти маориф идома ёфта истодааст. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод низ аз таҳаввулоти дар ин раванд ҷоришуда дар канор нест.

Дар соли 2020 шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, супоришу дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Консепсияи миллии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарчашма гирифтаанд, аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, бо дарки масъулият фаъолият кардааст.

Дар оғози соли таҳсили 2020-2021 оид ба тадбирҳои амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар муассисаиҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумии ноҳия дар асоси қарори раиси ноҳия аз 27-уми марти соли 2020, №358 нақша-чорабиниҳо тартиб дода, ҷиҳати иҷрои он корҳои зерин ба анҷом расонида шудаанд:

— то оғози соли нави таҳсили 2020-2021 муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ аз таъмир бароварда шудаанд;

— дар даромадгоҳҳои биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ дизбарер ва гузаргоҳҳои безараркунӣ бо гузоштани маҳлулҳои антисептикӣ ба роҳ монда шудааст;

— гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ аз хасу хошок тоза карда шудааст;

— ҳуҷраҳои санитарию техникӣ, ҳоҷатхонаҳои беруна ҳар рӯз бо истифодаи маҳлули захираҳои хлордор безарар карда мешаванд;

— дар атрофи ҳуҷраҳои санитарию техникӣ, ҳоҷатхонаҳои беруна дастшӯяк, сачоқҳои яккарата ва собун ташкил карда шудааст;

— ҳамаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо ниқоб ва маводи антисептикӣ таъмин шудаанд;

— дар даромадгоҳи муассисаҳои таълимӣ навбатдор, антисептик ва ҳароратсанҷ ташкил карда шудааст;

— ҳамаи омӯзгорон ва кормандони техникӣ аз муоинаи тиббӣ (флюорография) гузаштаанд.

Айни замон дар ҳудуди ноҳия 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамоянд, ки инҳо аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузорӣ карда мешаванд. Қабули кӯдакон ба ширхоргоҳ-кӯдакистонҳо дар асоси моддаи 5-и Низомномаи намунавии муассисаи томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти №256 аз 29.04.2015 ба тасвиб расидааст, ба роҳ монда шуда, кору фаъолият намуда истодаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 433 нафар кӯдак таълиму тарбия мегиранд.

Дар самти таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак дар ноҳия корҳои муайяне гузаронида шудаанд. Агар чунин марказҳо дар ноҳия соли 2018-ум 4 адад бо фарогирии 70 нафар кӯдак фаъолият карда бошанд, пас ин нишондиҳанда дар соли 2020 ба 13 адад расидааст, ки дар онҳо 245 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Бо мақсади амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми майи соли 2014, №295 “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020” ва иҷрои банди 3-и нақшаи чорабиниҳо оид ба “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” аз тарафи соҳибкор Ғафуров Ғулом дар маркази ноҳия муассисаи томактабии хусусӣ сохта шуда истодааст, ки сохтмонаш рӯзҳои наздик ба охир мерасад.

Бо мақсади рушди қобилияту истеъдоди кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, қонеъ гардонидани майлу рағбат ва талаботи маънавии онҳо, такмил ва татбиқи донишҳои назариявӣ ва заминагузорӣ барои интихоби касб дар ноҳия муассисаи таҳсилоти иловагӣ — Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон фаъолият менамояд. Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон корбарии худро дар асоси Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва Оинномаи Марказ ба роҳ мондааст. Дар муассисаи мазкур 24 маҳфил фаъолият менамоянд, ки 100 гуруҳро дар бар гирифта, 863 нафар хонанда, аз ҷумла 581 нафар духтарон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон 8 маҳфил, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ум 2 маҳфил, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-юм 1 маҳфил, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-ум 2 маҳфил, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-ум 1 маҳфил, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-ум 1 маҳфил, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ум 1 маҳфил, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-ум 1 маҳфил, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-ум 3 маҳфил ва дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64-ум 2 маҳфил амал менамоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи МЭКН як қатор чорабиниҳо бахшида ба рӯзҳои таърихӣ гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шудаанд. Ба муносибати эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” байни маҳфилҳои Марказ озмуни рассомӣ таҳти унвони “Модар — ганҷинаи меҳр” баргузор гардидааст. Моҳи сентябр узви маҳфили “Таърихи кишваршиносӣ” — хонандаи синфи 9 Мирқадамова Фариштамоҳ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 ва узви маҳфили “Сайёҳони ҷавон” — хонандаи синфи 10 Амонализода Ҳабибулло аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии фосилавӣ бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ, пешниҳоди иншои хуб аз рӯйи мавзӯи манзуршуда ва дар вақти муайяншуда пешниҳод кардани ҷавобҳои мушаххас ба саволҳои тестии гузошташуда бо “Ифтихорномаи”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.

Дар озмуни ҷумҳуриявӣ дар байни ҳунармандони кишвар оид ба истеҳсоли армуғони беҳтарин ба сайёҳон дар номинатсияи кулолгарӣ бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” роҳбари маҳфил Саъдуллоев Манучеҳр фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойи сеюм гардидааст.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар давоми сол натиҷаҳои хуб ба даст овардааст. Шумораи гуруҳҳои таълимӣ аз 11 ба 17 гуруҳ расонида шуда, 146 нафар, аз ҷумла 63 нафар духтарон — хонандагони соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба ин гуруҳҳо фаро гирифта шудаанд.

Дар ноҳия 64 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 13 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 24 794 нафар (12 206 духтар) хонанда ва 4 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 433 нафар кӯдак фаъолият менамоянд. Дар 64 муассисаи таълимӣ 1430 нафар омӯзгор (691 зан — 48%) ба таълиму тарбия машғуланд. Бо таҳсилоти олӣ 1049 нафар — 73% (393 зан — 37%), олии нопурра 60 нафар — 4,2% (42 зан — 70%), миёнаи махсус 307 нафар — 21,4% (242 зан — 78,8%) ва миёнаи умумӣ 14 нафар — 1% (14 зан — 1%) фаъолият менамоянд. 14 нафар омӯзгорони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ғоибона ва фосилавӣ) фаро гирифта шудаанд.

Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони соҳибихтисос (равияи омӯзгорӣ) мутобиқи талаботи “Тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 2017, №262) тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм 31 нафар мутахассисони ҷавон фиристода шуда, бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд. Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон” соли 2020 ду нафар омӯзгори ҷавон қарзи имтиёзнок бо маблағи 6 000 сомонӣ аз филиали бонки давлатии “Амонатбонк” дар ноҳия гирифтаанд.

Аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни пуршукуҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда дар маҳал бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2018, №АП-1059 (бо тағйиру иловаҳо аз 6-уми марти соли 2019, №АП-1175 ва аз 18-уми апрели соли 2020, №АП-1376) тасдиқгардида, сохтмони як қатор иншоот дар соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст, ки қисме аз он сохта шуда, мавриди истифода қарор дода шудаанд ва дар қисме аз ин иншоот сохтмон идома дорад.

Рӯзи 13-уми августи соли 2020 бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Н. дар деҳаи Заркамар 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти умумии асосии №26 ба истифода дода шуд. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон синфхонаҳои иловагии муассисаи таълимӣ барои 100 ҷойи нишаст бо 60 ҷуфт мизу курсӣ таъмин гардидаанд.

Дар оғози соли нави таҳсил бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ бори аввал дар ноҳия гимназияи хусусӣ кушода шуд. Гимназияи хусусӣ аз тарафи узви Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Каримзода Манучеҳр ташкил карда шуда, бо фарогирии зинаи якуми таҳсилот (80 нафар) ба фаъолият шуруъ кардааст. Инчунин, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и деҳаи Сурхдара 2 синфхона ва дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и деҳаи Файзрез 2 синфхона ба истифода дода шудааст.

Соли 2020 муассисаи таҳсилоти томактабӣ (маркази инкишофи кӯдак) дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6, бинои алоҳида дар деҳаи Ҳаймаҳмадӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37, майдони варзишӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва №45 сохта ба истифода дода шудаанд.

Сохтмони толори варзишӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №17-и деҳаи Сино ва №23-и деҳаи Чаноро ва сохтмони майдончаи хурди варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 идома дорад.

Дар семоҳаи аввали соли 2020 дар даври сеюми олимпиадаҳои фаннии хонандагон 138 нафар хонандагони синфҳои 5-10 иштирок кардааанд. Дар даври ҷумҳуриявӣ чанд нафар синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия рӯзҳои 18-19-уми апрели соли 2020 ба шаҳри Душанбе (Мактаби байналмилалии Президентӣ) сафарбар карда шуда, дар Олимпиадаи фаннии хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ иштирок кардаанд. Баъди натиҷагирӣ хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 Зиёев Ҳузуриддин аз фанни география ҷойи якумро ишғол намуда, сазовори медали тилло гардидааст.

Бо мақсади гузаронидани корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳии низоми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 48 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ вохӯриҳо гузаронида шуда, дар маҷмуъ бо 3 784 нафар омӯзгорон, хатмкунандагони синфи 9, 11 ва падару модарони хатмкунандагон суҳбатҳо доир гардидааст. Тибқи ИМД 692 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шудаанд. Тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020-ум 21 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд.

Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, №443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” зери назорати доимӣ қарор дошта, тибқи талаботи нақшаи Барномаи мазкур нақшаи харидории компютер дар 3 соли амалишавӣ (солҳои 2018-2020) 251 адад буда, 144 адад компютер харидорӣ шудааст, ки 57,4%-ро ташкил медиҳад. Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Файзобод 853 адад компютер, 191 адад принтер, 15 адад тахтаи электронӣ ва 35 адад видеопроектор мавҷуд аст.

Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.07.2014, №427 “Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” зери назорати доимӣ қарор дорад. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 140 нафар (83 нафар зан) омӯзгор аз фанни забони русӣ дарс мегӯянд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия аз фанни забони хориҷӣ (англисӣ) 90 нафар (50 нафар зан) омӯзгор аз фанни забони англисӣ дарс мегӯянд. Аз ҷумла, бо таҳсилоти олӣ 80 нафар, миёнаи махсус 10 нафар ба таълиму тарбия машғул мебошанд.

Тибқи нақшаи кори шуъбаи маориф дар давоми сол 12 ҷаласаи Шӯрои шуъбаи маориф гузаронида шуда, дар онҳо 64 масъалаи нақшавӣ ва 52 қарору мактубҳои воридотӣ мавриди баррасию муҳокима қарор дода шудаанд. Дар маҷлисҳои назди мудири шуъба 24 масъала муҳокима гардида, аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардидаанд.

Дар зинаи сеюми таҳсилот таълими равиявӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба ин васила хонандагон метавонанд мувофиқи майл ва қобилият таҳсилро бо назардошти интихоби касб муайян намоянд. Таълими равиявӣ дар ин зина аз рӯйи равияҳои ҷамъиятӣ — гуманитарӣ, табиӣ — математикӣ ва технологӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳаминро ба инобат гирифта, дар муассисаҳои таълимии №21, 40, 59 равияи ҷамъиятӣ — гуманитарӣ барои соҳаи филологӣ, дар муассисаи таълимии №5 равияи табиӣ — математикӣ, дар муассисаи таълимии №9 равияи табиӣ — математикӣ барои соҳаи физикаю химия ташкил карда шуда, теъдоди 6 синф бо фарогирии 129 нафар хонандагонро дар бар гирифтааст.

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Пешвои миллат зери унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда шуд (Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми феврали соли 2020, №АП-1339). Тибқи Тартиби баргузории озмун даври якум моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ ташкил ва гузаронида шудааст. Дар ин давр 999 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намудаанд, ки 170 нафарашон ба даври дуюм роҳхат гирифтаанд. Аз ҷумла:

— аз рӯйи номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони классики тоҷик — 59 нафар;

— аз рӯйи номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони муосири тоҷик — 50 нафар;

— аз рӯйи номинатсияи хондан ва азёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик — 53 нафар;

— аз рӯйи номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони ҷаҳон — 6 нафар;

— аз рӯйи номинатсияи шоирӣ — 3 нафар.

Дар даври дуюми озмун хонандагони муассисаҳои таълимӣ фаъолият намуда, 19 нафари онҳо ба даври сеюм (минтақа) роҳхат гирифтаанд. Даври сеюми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардида, иштирокчиёни озмун фаъолияти хуб нишон дода, бо “Сипоснома”-и Кумитаи иҷроияи ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон сарфароз гардидаву 5 нафари онҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд. Дар даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, 2 нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 — Бовозода Рухшона — хонандаи синфи 11, аз рӯйи номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони муосири тоҷик сазовори ҷойи аввал ва Раҳмонова Нигора — хонандаи синфи 5, аз рӯйи номинатсияи хондан ва азёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик сазовори ҷойи дуюм гардидаанд.

Соли 2020 дар соҳаи варзиш хонандагон дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ зиёда аз 30 медал ба даст овардаанд. Дар ин самт хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 Икромзода Баракатулло дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо байни наврасони соли таваллуди 2004 дар вазни 45 килограмм соҳиби ҷойи аввал гардида, ба гирифтани медали тилло ва унвони номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил гардидааст. Ҳусейнзода Оятулло — хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини самбо дар вазни 48 килограмм сазовори ҷойи якум гардида, соҳиби медали тилло ва унвони номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Бояд гуфт, ки Икромзода Б. соли гузашта низ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз гӯштини миллӣ сазовори унвони номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида буд.

Барои баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон давоми соли гузашта 79 нафар омӯзгорон, директорон, муовинони директор оид ба корҳои таълиму тарбия, роҳбарони иттиҳодияҳои методии фанҳои таълимӣ, мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ, сармуҳосибони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мураббияҳои марказҳои инкишофи кӯдакон, сарварони созмонҳои хонандагон, китобдорон, роҳбарони иттиҳодияи методии роҳбарони синфҳо, мутахассисон ва мушовирони шуъбаи маориф аз курсҳои баландбардории такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардидаанд.

Шуъбаи маорифи ноҳия дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ ва таҳсилоти иловагӣ оид ба кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар доираи «Маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ» 4 000 (чор ҳазор) бехпиёзи гули лола (тулпан), 600 бех гулу гулбуттаҳо, дарахтони ороишии арча, дарахтони сояафкан, дарахтони мевадиҳандаи себ, олу, шафтолу ва зардолу шинонида, зиёда аз 1400 метр ҷӯю обгузарҳо тоза карда шудаанд.

Тибқи нақшаи кори солонаи шуъбаи маориф ва аз рӯйи талаботҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5.02.2003, №54 “Дар бораи тартиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муассисаҳои таълимии №№5, 30, 44, 43, 50, 61, 62 аз аттестатсия гузаронида шуда, натиҷаи аттестатсияи ин муассисаҳои таълимӣ дар Шӯрои шуъбаи маориф мусбат арзёбӣ шудааст. Инчунин, муассисаҳои таълимии №5, 18, 30, 44, 45, 47 ба шуъбаи маориф ариза ва маводҳои аккредитатсионӣ пешниҳод намудаанд. Комиссияи аккредитатсионии шуъбаи маориф маводҳои пешниҳоднамудаи ин муассисаҳоро дар Шӯрои шуъбаи маориф мавриди баррасӣ қарор дода, онҳоро аз аккредитатсия гузашта ҳисобида, шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ ва ҳуқуқи додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ ба хатмкунандагон додаааст.

Рӯзи 23-юми сентябр дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ озмуни гирандагони Стипендияи Президентӣ гузаронида шудааст, ки дар он 30 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок кардаанд. Тибқи Низомномаи озмун аз ин шумора 6 нафар хонанда бо сазовор шудани холҳои баланд гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд.

Ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи МИҲД-и ноҳияи Файзобод муҳтарам Ғуломов Т., “аҳли маорифчиёни ноҳия аз ғамхориҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар бобати беҳбуд бахшидан ба вазъи зиндагии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф руҳу илҳом гирифта, дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат садоқатмандона меҳнат карда, баҳри баланд бардоштани сифати дониши хонандагон, маънавиёти ҷавонон, дар руҳияи ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудани насли наврас чораҳои муассир андешида, вазифаҳои дар наздашон гузошташударо сарбаландона иҷро менамоянд”.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here