Маркази Тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар натиҷаи як тадқиқот муайян намуд, ки рейтинги Пешвои муаззами миллат дар ҷумҳурӣ басо баланд (беш аз 90%) аст. Ин нишондод дар мавзеъҳои дар гузашта даргир боз ҳам баландтар мебошад. Яке аз ин минтақаҳо ҷамоатҳои деҳоти Роҳатӣ, Қиблаӣ ва Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ ба шумор мераванд. Имрӯз мебинем, ки маҳз дар ин мавзеъҳо маҳбубияти Пешвои муаззами миллат беандоза баланд буда, мардум барои хизматҳои арзандаю садоқаташон ба халқ ба эшон арҷ мегузоранд.

Дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ махсусан дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ба назар мерасад, ки роҳбарии ин мақомоти худидоракунии деҳотро ҷавони басо сермаҳсулу кордон Азизов Ҳабибулло муддати чор соли охир бар уҳда доранд ва баҳри пешрафти кор хизмати арзанда мекунанд.

Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ кор ва фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастуру супоришҳои Аасосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармонҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба роҳ монда, баҳри иҷроиши онҳа талош меварзад.

Деҳоти Роҳатӣ яке аз калонтарин деҳоти ноҳия буда, масоҳати умумии ҷамоат 6956 гектарро ташкил медиҳад, ки он аз 12 деҳа ва 1 шаҳрак (типи замонавӣ) иборат мебошад. Дар он 5355 хоҷагӣ ва 38972 нафар аҳолӣ (аз он ҷумла, занҳо 19259 нафар ва мардҳо 19713 нафар), ки дар ин шумора муҳоҷирони НБО-и «Роғун» низ ба қайд гирифта шудаанд, зиндагӣ доранд. Аз ҳудуди деҳот 1671 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

Дар ҳудуди деҳот 14 мактаб арзи вуҷуд дорад, ки дар онҳо 10549 нафар хонанда, аз ҷумла 5458 нафар писарон ва 5091 нафар духтарон таҳсил мекунанд. Ҳамаи муассисаҳо дар ду баст фаъолият доранд.

Шумораи омӯзгорон 453 нафар, аз он ҷумла занҳо 229 нафар, маълумоти олидор 223 нафар мардҳо ва коркунони техникӣ бошад, 165 нафар, аз инҳо 117 нафар занҳо ва 48 нафар мардҳо бо кор таъмин шудаанд. Дар ин соҳа масъалаи кадрӣ қариб ки ҳалли худро ёфтааст.

Ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дар асоси барномаҳои таълимӣ фаъолият дошта, омӯзгорон ва хонандагони ин муассисаҳо дар тамоми чорабиниҳои ноҳия фаъолона иштирок менамоянд.

Аз моҳи аввали соли ҷорӣ нақшаи корӣ барои соли 2019 тартиб дода шуда, дар асоси ҳамин нақша корро ба роҳ монда, ҳар моҳе ду маротиба бо раисони маҳаллаҳо, фаъолон ва вакилони деҳот маҷлис гузаронида шуда, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору амру фармонҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, масъалаҳои дохилию камбудиҳои ҳудуди деҳот дар якҷоягӣ баррасӣ карда мешавад.

Аз аввали сол сар карда мардуми деҳоти Роҳатӣ барои ободу зебо гардонидани ҳудуди деҳот камари ҳиммат баста, корҳои ободонию созандагиро ба роҳ монда, дастаҷамъона корро аз ободу зебо намудани гирду атроф, кӯчаю биноҳо, ба тартиб даровардани роҳҳои байни деҳот, бунёд намудани боғҳои нав, шинондани дарахтону гулҳои ороишӣ ва тайёрӣ ба кишту кори мавсимӣ оғоз кардаанд. Дар аввали соли ҷорӣ натиҷаи меҳнати босуботи мардум буд, ки деҳоти Роҳатӣ оҳиста — оҳиста симои худро тағйир дода истодааст. Дар як қисмати шоҳроҳ навиштаҷотҳои замонавӣ овезон карда шудааст, ки ба шоҳроҳ ҳусни дигар зам мекунад. Дар даромади деҳот навиштаҷотҳо, шиору овезаҳо, рамзҳои давлатӣ, номгӯи деҳаҳо ба таври замонавӣ навишта шуда, маълумоти пурраи омории деҳот, рамзҳои давлатӣ: парчаму нишон ва 13 адад парчам, рамзи 13 деҳаю шаҳрак ва радиои доимоамалкунанда фаъолият дорад, ки симои деҳотро куллан дигаргун намудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар моҳҳои сипаришуда дар ҳудуди деҳот зиёда аз 2597 адад гулу буттаҳо ва дарахтони мевадиҳандаю сояафкан шинонида шудааст.

Дар моҳҳои сипаришуда зиёда аз 22 маротиба маҷлису вохӯриҳо бо мардуми деҳоти Роҳатӣ гузаронида шудааст, ки дар онҳо 8 маротиба раиси ноҳия бо аҳли ҷамоатчигии деҳот, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуруҳҳои корӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва суд иштирок карда, оид ба тамоми масъалаҳои умдаи рӯз ва сиёсати имрӯзаи Ҳукумати давлат баромадҳо намудаанд.

Дар моҳҳои сипаришуда дар тамоми деҳаҳо 1 маротиба маҷлису вохӯриҳо гузаронида шуда, тамоми масъалаҳои ҳалталаб — даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротгаро, оид ба иҷроиши нақшаи андоз, паёму супоришҳои Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Санаи 23-юми марти соли равон бахшида ба ҷашни «Наврӯз» дар деҳаи Теппаи Самарқандӣ Наврӯзи аҷам дар сатҳи баланди миллӣ, бо таронаю шеъру сурудхонӣ пешвоз гирифта шуда, байни ҷавонон гӯштини миллӣ баргузор гардида, ғолибон бо мукофотҳо сарфароз гардиданд. Тариқи шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» оид ба бурду бохти деҳоти Роҳатӣ, ободонию кабудизоркунӣ, сохтмонҳои иншооти ҷашнӣ, таъмири роҳҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ барномаи диданӣ пешкаши бинандагон гардид.

Санаи 19-уми марти соли равон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Наврӯз» чор иншооти замонавӣ, аз ҷумла 6 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и деҳаи Охчакман бо тамоми шароити хониш, як нуқтаи истифодабарии оби нӯшокӣ дар деҳаи Теппаи Самарқандӣ, як нуқтаи истифодабарии оби нӯшокӣ дар деҳаи Меҳтарӣ ва як майдончаи хурди варзишӣ дар деҳаи Дова сохта ба истифода дода шуд, ки дар расми кушодашавӣ раиси ноҳия Акрамзода Р., муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Орзу ширкат варзида, иншооти ҷашниро кушодаву ба истифода доданд.

Санаи 24.08.2019 дар ҳудуди деҳоти Роҳатӣ дар деҳаи Теппаи Самарқандӣ як иншооти ҷашнӣ — майдончаи варзишии замонавӣ кушода ба истифода дода шуд. Дар деҳаи Охчакмани деҳоти Роҳатӣ низ барои сохтмони беморхонаи замонавӣ таҳкурсии аввалин гузошта шуд, ки дар ҳамаи ин корҳо раиси ноҳия Акрамзода Р. ширкат варзида.

Санаи 19-уми майи соли ҷорӣ чун анъана дар «Рӯзи дави миллӣ» зиёда аз 973 нафар ҷавонони касбу кори гуногун ва хонандагони мактабҳои ҳудуди деҳот дар маркази Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, деҳаи Теппаи Самарқандӣ ба масофаи 3 км, дар шаҳраки Ганҷобод зиёда аз 560 нафар ба масофаҳои 3 км — 5 км ва дар деҳаи Охчакман зиёда аз 200 нафар ҷамъ омада, ба масофаи 2 км давиданд. Ғолибони ин чорабинӣ ҷойҳои гуногунро ишғол намуда, аз тарафи мақомоти худидоракунии деҳот бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Тибқи супориши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе шанбегиҳо оид ба корҳои ободонию хуррамгардонӣ гузаронида мешавад. Аз 4 то 15-уми июни соли ҷорӣ дар ҳудуди деҳоти Роҳатӣ маъракаи ободонию кабудизоркунӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат сокинони деҳоти Роҳатӣ дар тоза намудани бехи дарахтону гулу буттаҳо аз алафҳои бегона, нарм ва сафед намудани дарахтон ва баровардани партовҳо, насб намудани шиору овезаҳо тибқи ҷашнҳои дар пеш истода, парчамҳо, ки ба шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат ҳусни хосаро зам менамоянд, саҳми худро гузоштанд. Дар арафаи иди Саиди Фитр ҳамаи оромгоҳҳои ҳудуди деҳот низ аз алафҳои бегона тоза карда шуд. Дар ҳудуди деҳоти Роҳатӣ 275 тонна партов бароварда шуда, 835 метр ҷӯйборҳои канори роҳҳо тоза карда шуда, партовҳо бароварда шуд ва қисмати роҳҳои дохилӣ сангфарш карда шуда, аз минтақаи Болошаҳр то маркази ҷамоат қисмҳои кандашудаи роҳҳо мумфарш карда шуд, ки 2,5 километрро ташкил медод. Дар маҷмуъ, аз моҳҳои аввали соли ҷорӣ корҳои ободонӣ дар деҳоти Роҳатӣ назаррас буда, зиёда аз 697 тонна партов бароварда ва зиёда аз 12235 метр ҷӯю канори роҳҳои дохилӣ бо тариқи ҳашар тоза карда шудааст.

Дар деҳаи Меҳтарӣ аз тарафи як нафар хайрхоҳ — Разоқов Зуҳуриддин, ки ба ҷои гузаронидани маъракаи сол 18 адад лампаи каммасрафи ҳозиразамон ба маблағи 5200 сомонӣ барои чароғонкунии кӯчаю роҳравҳо хайр намуд, як қисми кӯчаю роҳравҳоро чароғон кунониданд.

Дар арафаи иди Саиди Фитр аз тарафи cоҳибкорони деҳоти Роҳатӣ ва аз ҳисоби фитри рӯза ба оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд, ятимону бепарасторон ва маъюбон кӯмаки молию пулӣ расонида шуд.

Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сайёҳони дохилию хориҷӣ дар минтақаи сайёҳии деҳаи Мағмуруди деҳоти Роҳатӣ ҳар рӯзҳои шанбе ва якшанбе 10-15-нафарӣ аз манзараҳои сайёҳии деҳаи мазкур дидан менамоянд. Дар моҳҳои сипаришуда 93 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 439 нафар сайёҳони дохили кишвар аз манзараи деҳаи Мағмуруд дидан намудаанд.

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми декабри соли 2018, №АП-1140 «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2021» тасдиқ гардида, дар маркази ноҳия «Иди сада», «Озмуни дастархонороӣ» доир гардида, дар онҳо сокинони Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ иштирок намудаву саҳми худро гузоштаанд.

Иҷроиши буҷа дар сатҳи сазовор қарор дошта, қисми даромад дар соли 2019-ум 389000,00 сомониро ташкил додааст. Қисми хароҷот дар соли 2019-ум 253769,00 сомониро ташкил медиҳад.

Дар моҳҳои сипаришуда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 адад мактуб, аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ 61 адад мактуб, 85 адад аризаи хаттӣ ва 5 адад муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ворид шуда, ба таври хаттӣ баррасӣ шуда, 5-тояш дар истеҳсолот мебошад. Ҳар ҳафтае ду маротиба қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси ҷамоат ба роҳ монда шудааст, ки дар моҳҳои сипаришуда 98 нафар шаҳрвандон қабул карда шудаанд.

Дар ҳудуди деҳоти Роҳатӣ 2 ассотсиатсияи оби нӯшокӣ ва оби полезӣ арзи вуҷуд доранд. Ассотсиатсияи оби нӯшокии «Оби босафо» бо дастгирии барномаи «Оксфам» ташкил карда шуда, зиёда аз 1 800 000 сомонӣ маблағгузорӣ гардида, айни замон 1240 хоҷагии деҳотро бо оби нӯшокӣ таъмин менамояд. 5 нафар бо ҷои кор таъмин буда, дар ин ассотсиатсия фаъолият менамоянд. Ассотсиатсияи дигар, ки фаъолияташ таъмини оби полезӣ мебошад, ин ассотсиатсияи «Самарқандӣ» буда, бояд 560 га заминҳои ҳудуди деҳотро бо оби полезӣ таъмин намояд ва бо 317 хоҷагиҳо шартнома бастааст.

Дар ҳудуди деҳот шумораи корхонаҳои саноатӣ 3 адад, маркази савдо 6 адад, мағозаҳо 55 адад, нуқтаҳои сӯзишворӣ 3 адад, дорухонаҳо 4 адад, толори варзишӣ 6 адад буда, шумораи вакилони ноҳиявӣ 3 нафар, вакилони маҳаллӣ 29 нафар, нафақахӯрон 2048 нафар, иштирокчиёни садамаи Чернобил 6 нафар ва иштирокчиёни ҷанги Афғонистон 34 нафар мебошанд.

Бояд гуфт, ки соҳаи асосии деҳоти Роҳатӣ кишоварзӣ мебошад. Аҳолии ҷамоат асосан бо замин сарукор доранд ва барои баланд бардоштани сатҳи даромаднокии аҳолии ҷамоат ва самаранок истифода бурдани замину 2-3 маротиба рӯёнидани ҳосил ғайрату талош доранд. Барои самаранок истифода бурдани заминҳои кишт дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад. Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ дар наздикии пойтахти азизамон — шаҳри Душанбе воқеъ гардидааст ва барои таъминоти аҳолии шаҳр ва гирду атрофи он бо маҳсулоти кишоварзӣ — меваю сабзавот ҳиссагузор мебошад. Ҳар рӯз ба бозорҳои пойтахт аз ҳудуди ҷамоат маҳсулоти кишоварзӣ ва ширу гӯшт, тухм ва ғайра ворид мегардад, ки дар ғанисозии бозорҳои пойтахт аҳамияти хело ҳам калон дорад. Инчунин, дар ҳудуди деҳот ду сардхонаи замонавӣ арзи вуҷуд дошта, баҳри таъмини меваю  сабзавот ба бозорҳои пойтахт ва берун аз он ҳиссагузор мебошанд.

Шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ 349 адад буда, заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамагӣ 1291,0 гектарро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, заминҳои кишт 834,0 га (518,0 га обӣ ва 316,0 га лалмӣ), хӯроки чорво (юнучқаи соли гузашта) 217,0 га (171,0 га обӣ ва 46,0 га лалмӣ), боғ ва буттамева 219,0 га (152,0 га обӣ ва 67,0 га лалмӣ), токзор 261,0 га (117,0 га обӣ ва 144,0 га лалмӣ), кишти тирамоҳӣ 284,0 га, аз он гандум     265,0 га (118,0 га обӣ ва 147,0 га лалмӣ), ҷав 19 га обӣ, кишти баҳорӣ 230,4 га, аз он гандум 40,0 га (10,0 га обӣ ва 30,0 га лалмӣ), ҷав 10,0 га (6,0 га обӣ ва 4,0 га лалмӣ), картошка 33,4 га обӣ, сабзавот (бехпиёз, сирпиёзи барвақтӣ) 16,0 га обӣ, хӯроки чорво (юнучқаи соли ҷорӣ) 42,0 га обӣ, зағер 81,0 га лалмӣ.

Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ дорои 6956 га замин буда, заминҳои кишоварзӣ 2365 га, аз он ҷумла обӣ 784 га, заминҳои кишт 834 га, аз он ҷумла корами обӣ 518 га, корами лалмӣ 316 га, боғу буттазорҳо 209 га, аз он ҷумла обӣ 137 га, токзорҳо 261 га, аз он ҷумла обӣ 117 га, тутзор 1,30 га, чарогоҳ 1029 га, заминҳои ғайри кишоварзӣ 25,0 га, заминҳои чарогоҳ 3379,70 га, заминҳои маҳаллаҳои аҳолинишин 1098 га, заминҳои Президентӣ 115 га, аз он ҷумла обӣ 35 га ва

заминҳои фонди захиравии ҷамоат 232 гектарро ташкил медиҳад

Саршумори умумии чорво 12431 сарро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, гов — 7236 сар, гӯсфанд — 2845 сар, буз — 2350 сар, асп — 110 сар, харгӯш — 630 сар, оилаи занбӯр — 640 оила, паранда — 5750 адад.

Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ дар моҳҳои сипаришуда ақди никоҳи домоду арӯсӣ 387 нафар ба қайд гирифта шудааст ва ба 165 нафари онҳо шаҳодатномаи ақди никоҳ супорида шудааст. Инчунин, 830 нафар навзод ба қайд гирифта шуда, 803 нафар соҳиби шаҳодатномаи таваллуд гардидаанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ комиссияҳои доимоамалкунандаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар асоси нақша — чорабиниҳо амал карда, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳудуди ҷамоат 5 маркази саломатӣ, 7 бунгоҳи тиббӣ, 3 дорухона, ки дар онҳо 84 нафар кормандони тиб ба мардуми ҳудуди ҷамоат ва берун аз он хизмати тиббӣ мерасонанд, фаъолият мекунанд.

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ 2 китобхона фаъолият доранд. Кормандони шуъбаи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳудуди деҳот дар ҷамоати деҳоти Роҳатӣ ба мардум хизмати фарҳангию фароғатӣ мерасонанд. Алалхусус дар гузаронидани ҷашни «23-юми феврал — Иди Артиши миллӣ», «иди Наврӯзи байналмилалӣ», «иди Суманак» саҳм мегузоранд. Санаи 9-уми сентябри соли ҷорӣ дар деҳаи Теппаи Самарқандии ҳудуди деҳот Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди фароғатӣ ҷашн гирифа шуд, ки дар ин ҷашн намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ низ иштирок доштанд.

Дар ҳудуди деҳоти Роҳатӣ 5 толори варзишӣ арзи вуҷуд дорад, ки дар онҳо зиёда аз 141 нафар ҷавонон ба варзиш машғул буда, дар обутоб додани ҷавонон ин толорҳо нақши муҳим мебозанд. Варзишгарони ҷавон ба варзиши гӯштини миллӣ ва дзю-до машғул буда, дар мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявию ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд. Бахшида ба ҷашни «Наврӯзи байналмилалӣ» дар ҳудуди деҳот гӯштингирӣ дар мувофиқа бо бахши кор бо ҷавонони варзиш ва сайёҳии ноҳия гузаронида шуд, ки ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ нафарони фаъол хеле зиёданд. Танзимгар Ёров Муслиҳиддин, кормандони нозироти андоз Ҳамидов Ҳаким ва Неъматов Фарҳод, корманди мизи ҳарбӣ Акрамов Шоҳин, мутахассис оид ба кадр ва бойгонӣ Табаров Мақсадулло, раисони маҳаллаҳо Ҳалимов Раҷабмурод (Охчакман), Саидов Қамариддин (Шайхон), Бобоев Мансур (Теппаи Самарқандӣ), Ҳафизов Далер (Мағмуруд), Қодиров Неъматулло (Нилкон), Ҳакимов Шодӣ (Теппаи Самарқандӣ), вакилон Байонов Абдураҳмон (Моинкаҷ), Розиқова Бибикалон (Охчакман), Сулаймонов Зафар (Теппаи Самарқандӣ), Наимов Қиёмиддин (Моинкаҷ), Зарипов Файзиддин (Охчакман), Нуров Шомаҳмад (Роҳатӣ), имомҳо Сайдалиев Зубайдулло (Роҳатӣ), Шарипов Ҳалимхон (Нилкон), Мирзоев Амриддин (Моинкаҷ), соҳибкорон Уроқов Усмон (Роҳатӣ), Шарипов Азизбек (Теппаи Самарқандӣ), Қаландарова Мунира (Ганҷобод) ва Абдуллоев Хайрулло (Ганҷобод) аз зумраи чунин шахсони фаъоланд. Инчунин, хоҷагии деҳқонии «Заргар» (роҳбараш Раҳимов Абдураҳмон), хоҷагии деҳқонии «Қодир» (роҳбараш Каримов Ҳайтмаҳмад), хоҷагии деҳқонии «Бахтовар» (роҳбараш Файзуллоев Бахтовар), хоҷагии деҳқонии «Исмоил» (роҳбараш Исмоилов Абдулазиз), хоҷагии деҳқонии «Дӯстмурод» (роҳбараш Комилов Фирдавс) ва хоҷагии деҳқонии «Билол» (роҳбараш Алиев Саидаҳмад) фаъолияти намунавӣ доранд. Ҳамзамон, як қатор директорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чун фаъолон шинохта шудаанд. Аз ҷумла, Ҳусейнов Ҷамолиддин (директори МТМУ №45, Теппаи Самарқандӣ), Холова Раҷабгул (директори МТМУ №48, Ганҷобод), Розиқова Бибикалон (директори МТМУ №49, Охчакман), Бердиев Сияр (директори МТМУ №41, Роҳатӣ), Кабутов Мирзобек (директори МТМУ №180, Моинкаҷ), Табаров Маҳмадиброҳим (директори МТМУ №46, Меҳтарӣ) ва Назаров Меҳридин (директори МТМУ №51, Моинкаҷ).

Тибқи нақша — чорабиниҳои вобаста ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки раиси ноҳия муҳтарам Акрамзода Рустам тасдиқ карда ва ба имзо расонидаанд, бояд дар деҳоти Роҳатӣ 18 иншооти ҷашнӣ бунёд карда мешуд. Аммо соҳибкорон ва мардуми бонангу номуси ин деҳот аллакай беш аз нақшаи тасдиқгардида иншоот сохта, дар хизмати халқу меҳани хеш гузоштаанд, ки ин аз садоқатмандии онҳо назди халқу ватани хеш гувоҳӣ медиҳад. Асоси ин пешравиҳо кордонию вафодор будани раиси ҷавон Азизов Ҳабибулло ва раиси ноҳия Акрамзода Рустам аст, ки шабу рӯз дар партави корҳои ободонии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи ободкориҳоянд.

— Баъди сари кор омадани Азизов Ҳабибулло кор дар тамоми самтҳои фаъолияти ҷамоати деҳот ранги дигар гирифт. Аллаккай корҳои ободонӣ вусъат пайдо карда, тозакории ҷӯйбору таъмиру тармими роҳу пулҳо, шабакаҳои обтаъминкунӣ, бунёди бунгоҳҳои тиббию синфҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишию нуқтаҳои хизматрасонӣ ва нақшаи бунёди чанд мактаби замонавии хуб ба роҳ монда шудааст. Мардум ҳамеша аз Пешвои муаззами худ ифтихор доранд ва дар тамоми ободкориҳо фаъолона иштирок намуда, раиси ҷавони ҷамоатро дастгирӣ мекунанду ҳиссаи худро дар гул-гулшукуфоии кишвар мегузоранд,- мегӯяд раиси хоҷагии деҳқонии «Заргар» Раҳимов Абдураҳмон.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here