Тоҷикистон дар саёҳати ҷаҳонӣ ду бренди машҳур дорад, ки инҳо Зарафшон ва Бадахшон мебошанд. Ҳамасола садҳо сайёҳони хориҷӣ аз ин ду минтақа дидан мекунанд, ки ин ҳоло ҳам кам аст.

Бузургтарин ёдгории на танҳо водии Зарафшон, балки Тоҷикистон ва ҳатто кулли Осиёи Марказӣ — ин шаҳркадаи Саразм мебошад, ки дар масофаи 15-километраи шаҳри Панҷакент ва дар 45-километраи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Ин шаҳри ниёгон ба асрҳои 4-3-и пеш аз милод мансуб буда, масоҳати 100 гектарро дар бар мегирад.

Ба ақидаи барҷастатарин донандаи забони суғдӣ В. А. Литвитс, калимаи Саразм маънои “Сари замин”-ро дорад. Барои илми бостоншиносӣ ва умуман барои кулли инсоният кашфи бошишгоҳи Саразм бозёфти беназир ба ҳисоб меравад ва бояд ёдовар шуд, ки саҳми нахусткашшофи сарзамини Саразм Абдулло Исҳоқӣ дар солҳои 70-уми асри гузашта бениҳоят бузург аст.

Солҳои аввали омӯзиши Саразм ақидае роиҷ буд, ки гӯё Саразм аз теппачаҳои начандон калон ва деҳоти аз ҳам дур мураттаб шудааст. Вале тадқиқотҳо собит кард, ки ин андеша билкул ботил аст. Ба чандин далел метавон Саразмро шаҳри қадима номид. Биноҳои монументалӣ, кӯчаҳои сангфаршуда, ба табақаҳои иҷтимоӣ ҷудошавии ҷомеа, савдову тиҷорат, дӯконҳо, кишоварзӣ, чорводорӣ, кулолгарӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, сангтарошӣ ва коркарди чӯб, хуллас ҳама гуна рукнҳои шаҳрсозӣ, ки хоси Осиёст, дар ин ҷо дида мешавад.

Дар минтақаи Зарафшон кӯлу дарёҳо ва шаршараҳои зебоманзар хеле зиёданд, амсоли Ҳафткӯлу Искандаркӯл. Зеботарин кӯли ин минтақа Ҳафткӯл мебошад, ки бо номҳои “Ҳафт муъҷизаи куҳҳои Фон”, “Ҳафт гулдухтари зебои Фон”, “Ҳафт нозанини Шинг” ва ғайра дар байни мардуми маҳаллӣ ва сайёҳон ташбеҳ дода шудаанд. Ёдовар бояд шуд, ки ҳар як кӯли Ҳафткӯл ба худ ранги хос дорад, ки дар натиҷаи расиши нурҳои офтоб дигаргун мешаванд.

Пас аз Ҳафткӯл агар тавассути ағбаи Тобасанг ва деҳаи Қиёғлӣ сафарро идома диҳем, ба минтақаҳои зебоманзари Арчамайдон мерасем. Чуноне, ки аз номаш маълум аст, ин минтақа арчаҳои хеле зиёдро дорост ва бо ҳамин сабаб чунин номро гирифтааст. Ва агар боз поёнтар фароем, ба кӯли Чуқурак мерасем, ки дар деҳаи зебоманзари Артуч ҷойгир аст. Кӯли мазкур дар миёни якчанд хатсайрҳои сайёҳӣ ҷойгир аст. Барои мисол, аз шарқ сайёҳонро ба самти Кӯли Калон ва Ало(в)уддину Искандаркӯл ва аз ғарб ба Ҳафткӯл мепайвандад. Ва кӯли дигаре, ки аксарияти сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст, ин Искандаркӯл мебошад. Мавқеи ҷойгиршавии Искандаркӯл ва оби мусаффои он аз тарафи сайёҳони ҷаҳонӣ хеле ва хеле баҳои баланд гирифтааст ва онон эътироф кардаанд, ки панорама, яъне ҷойгиршавии куҳҳои атрофи Искандаркӯл дар минтақа назир надорад ва дар ҷаҳон камшуморанд. Аз ин кӯл дарёе ҷорӣ мешавад, ки онро Искандардарё меноманд. Дарёи мазкур дар ҷараёнгоҳи қадимаи худ ҷорӣ шуда, шаршараи зебоеро ба вуҷуд меорад, ки он қариб 40 метр баландӣ дорад. Шаршараи Искандарро хориҷиён ба Ниагараи Америка ташбеҳ дода, онро “Ниагараи Фон” номидаанд. Инчунин, дар масофаи қариб яккилометраи кӯли Искандаркӯл кӯле бо номи Кӯли Морон ҷойгир шудааст, ки он низ манзараи зебо дорад ва атрофи онро дарахтон иҳота кардаанд. Пас аз он метавон ба самти Кӯли Калон равона шуд, ки дар он ҷо низ хеле кӯлҳои зебо, шаффоф ва гуногунранг ҷойгир шудаанд. Ба монанди Кӯли Душоха, Кӯли Бибиҷон ё Бибиҷаннат, Кӯли Говкуш ва ғайраҳо.

Дар деҳаи Артуч пойгоҳи сайёҳии куҳнавардии “ARTUCH” дар маркази куҳҳои Фон дар баландии 2200 метр ҷойгир аст. АТВ “Артуч” масоҳати 15 гектарро дар бар мегирад ва 20 дақиқа аз “Артуч” то макони куҳнавардӣ роҳ аст, ки дар он куҳнавардони тамоми синну соли гуногун таълим дода мешаванд. Пойгоҳи мазкур бо тамоми шароитҳо таъмин мебошад. Ва аксарияти сайёҳонро базаи туристии “Артуч” қабул менамояд.

Боиси сарафрозист, ки Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифӣ намудани онҳо ба ҷаҳониён таваҷҷуҳи нек доранд ва маҳз бо талошҳои ин шахсияти бузург мавзеъҳои таърихӣ диққати олимон ва сайёҳони хориҷиву ватаниро ба худ ҷалб намудаанд.

Моҳофарид МУРОДКУЛОВА,

магистри Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here