Дар ҳашт моҳи соли равон қисми даромади буҷети вилояти Хатлон 102 фоиз, яъне ба ҷои 748,1 миллион 753,6 миллион сомонӣ ба буҷет ворид шудааст, ки ин 5,5 миллион сомонӣ зиёд аст.
Назарзода: Талошҳо баҳри ободист
Сарраёсати молияи вилояти Хатлон фаъолияташро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои ҳукумати кишвар, вобаста ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранаок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид намудани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ равона намудааст.
Сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Назарзода зимни суҳбат афзуд, ки 87,5 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла маориф — 626,3 млн сомонӣ, тандурустӣ — 259 млн сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ — 7,8 млн сомонӣ, фарҳанг ва варзиш — 39,8 млн сомонӣ равона шудааст.
Ба иттилои ӯ қисми хароҷоти буҷет дар 8 моҳи соли 2019 ба маблағи 1 миллиарду 66 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст, ки 95 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
— То ба имрӯз дар вилоят музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, аз ҷумла рухсатпулии омӯзгорон пурра пардохт шуда, қарз аз ин ҳисоб вуҷуд надорад. Дар қисме аз ноҳияҳо то моҳи август қафомонии пардохти рухсатпулии омӯзгорон вуҷуд дошт, ки тавонистем онро то 1-уми сентябр бартараф намоем,- гуфт сардори Сарраёсат.
Омодагӣ ба зимистон
Бахтиёр Назарзода изҳор дошт, ки Сарраёсати молияи вилоят ва раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо баҳри омодасозии хоҷагии халқи вилоят ба тирамоҳу зимистони соли 2019-2020 маблағгузории ташкилоту идораҳои буҷетиро дар ин самт роҳандозӣ карда истодаанд.
Мувофиқи сметаи хароҷотии муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят бо ин мақсад 7,2 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин маблағ аллакай 1,7 миллион сомониаш пардохт шудааст. Ҳамчунин, ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 945 ҳазор сомонӣ дар назар дошта шудааст, ки ба ҳолати имрӯза 200 ҳазор сомонӣ пардохт гардидааст,- қайд кард Назарзода.
Маблағгузории роҳҳои маҳаллӣ
Аз суҳбат бо сардори Сарраёсати молияи вилоят маълум гардид, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят ба роҳҳои маҳаллӣ зиёд гардида, маблағгузорӣ дар ин самт афзоиш ёфтааст.
— Тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва раиси вилоят имсол баҳри нигаҳдории роҳҳои маҳаллӣ ҳам аз буҷаи вилоят ва ҳам аз буҷаи шаҳру ноҳияҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд. Дар маҷмуъ, тайи 8 моҳи сипаригардида 3,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст,- илова кард мусоҳиби мо.
Ниёзмандон дастгирӣ меёбанд
Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ва раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10-уми феврали соли 2014, таҳти №159 дар арафаи иду ҷашнҳо оилаҳои камбизоат, маъюбон, ятимон ва дигар қишри ниёзмани ҷомеаро дастгирӣ намуда, ба онҳо кӯмакҳои моливу пулӣ мерасонанд. Ва ин иқдомро дар оянда низ идома хоҳанд дод.
Дар Сарраёсат ва раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилоят тамоми шароит корӣ барои кормандон фароҳам оварда шудааст, ки ин боиси сари вақт ба анҷом расонидани дастуру супоришҳо ва дархостҳои ташкилоту идораҳо мегардад.
Бояд гуфт, дар назди Сарраёсат маркази бозомӯзии мутахассисон ва сармуҳосибони ташкилоту идораҳои буҷетӣ кушода шудааст, ки баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва таҷрибаи кории мутахассисон хизмат менамояд.
«ФАРАЖ»