Ба гуфтаи масъулин, аз масофаи 1979,6 км роҳҳои маҳаллии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон фақат 20 дарсади онҳо ба рои рафту омади  нақлиёт мувофиқанд. Омили асосии харобии роҳҳои маҳаллӣ нокифоя будан ё дар тамоман  ҷудонашудани маблағ аз буҷетҳои шаҳру навоҳии вилоят мебошад.

Вазъи хароби роҳҳои маҳаллии вилояти Хатлон ронандагонро сахт нигарон кардааст. Онҳо аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бо вуҷуди сари вақт супоридани андозҳо, роҳҳо то кунун ба талаботи мардум ҷавобгӯ нестанд. Олимбек Маҳмудов, ронандаи воситаи нақлиёти мусофиркаш аз ноҳияи Вахш гуфт, ки қариб ҳама роҳҳои маҳаллӣ дар ин ноҳия хароб мебошанд ва қариб сари ҳар моҳ мошинҳои худро аз нав таъмир мекунанд. Ӯ мегӯяд, ки дар фасли зимистон дар роҳҳои ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш тамоман рафтуомади нақлиёт мушкил мешавад.

Дар ҳамин ҳол, сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Вахш Наҳтулло Олимов мегӯяд, ки барои таъмири роҳҳо дар 8 моҳи соли равон азҳисоби бӯҷаи ноҳия танҳо 9540 сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин бар сари ҳар як километр роҳ 17 дирам рост меояд. Ӯ гуфт, ки айни замон дар ихтиёри идора 169 км роҳҳои аҳмияти маҳаллидошта мебошад, ки аз он 90 фоизаш ба таъмир ниёз дорад.

Инчунин, ронандагони дигар аз он изҳориноризоӣ карданд, ки саривақт андози роҳмесупоранд, аммо ҳолатироҳҳо қариббетағйирбоқи мондааст. Музафар Холиқов, самуҳандиси Муассисаи давлатии Идораи Хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар зимни сӯҳбат бо мо гуфт, ки дар 8 моҳи соли равон барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ аз тарфи буҷетҳои маҳаллии 8 шаҳру ноҳияҳо 536 ҳазору 600 сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ аз масофаи 1979,6 км роҳҳоимаҳаллии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҳамагӣ 20 дарсади онҳо барои рафтуомади нақлиётмувофиқанд, боқимонда 80 фоизи дигар ба таъмир ниёз доранд. Маблағҳое, ки аз тарафи ҳукуматҳои маҳал ҷудо карда шудааст, сари ҳар як км роҳ аз 5 то 8 сомонӣ рост меояд. Ин дар ҳолест, ки барои таъмири асосии як км роҳ 1 миллиён сомонӣ лозим аст. Ба гуфтаи ӯ аз тарафи буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои Кушониён, Панҷ, Ҷайҳун ва Леваканд дар 8 моҳ барои таъмири роҳҳои маҳал тамоман маблағ ҷудо карда нашудааст. Ҷудо нашудани маблағ аз тарафи ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, мегӯяд ӯ, аз иҷро нашудани қарори ҳукумати ҶТ таҳти №639 “Дар бораи ҳисоботи Вазири нақлиёт ва камуникатсияи ҶТ оид ба ҳолати нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва бехатар намудани фаолияти вазорат дар ин самт” гувоҳӣ медиҳад.

Сардори шӯъбаи соҳаи иқтисоди Сараёсати молияи вилояти Хатлон Холмуҳаммад Одинаев мегӯяд, кидар 8 моҳи соли 2018 аз тарфи мақомтҳои шаҳру ноҳияҳои Кушониён, Ҷайҳун, Панҷ,Шаҳритус,Леваканд, Балҷувон, Ҳамадони, Фархор, Ховалингва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин тамоман барои таъмири роҳхои маҳаллӣ маблағ ҷудо карда нашудааст.

Гуфта мешавад, ки ҳатто аз буҷетҳои ноҳияҳои Ховалинг, Ҳамадонӣ, Балҷувон, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва шаҳри Норак ду сол мешвад, ки барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ тамоман маблағ ҷудо карда намешавад. Ӯ гуфт, ки барои таъмири роҳхои аҳамияти маҳаллидошта дар ин давра 2 миллиёну 850 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз он 1 млн 529 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ҷудо нашудани маблағ аз ҳисоби буҷетҳои шаҳру ноҳияҳо барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта аз иҷро нашудани даромади буҷети шаҳру ноҳияҳо дарак медиҳад.

Соҳибкорон умеди охиринанд.

Музафар Холиқов мегӯяд, ки аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ барои таъмири роҳхои аҳамияти  маҳаллидошта беш аз 2 миллиону 228 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудаст. Қисмати зиёди роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби ин маблағ таъмир карда шудаанд. Сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Вахш Наҳтулло Олимов низ афзуд, ки барои таъмири роҳҳо имрӯз танҳо умед ба соҳибкорон бастаанд. Дар 8 моҳи соли равон аз тарафи соҳибкорон 725 ҳазору 500 сомонӣ  маблағ ҷамъ шуда, чанде аз роҳҳои харобгашта таъмиру бозсозӣ шудаанд.

Нурмаҳмад Қаҳҳоров Сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кушониён ба мо гуфт, ки аз тарафи мақомоти маҳал барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ тамоман маблағ ҷудо нашудааст, вале бо дасгирии ҳукумати ноҳия ва маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ беш аз 3 км роҳ таъмир карда шуда, 2 км роҳҳои дигар сангфаршшуда, ҳамчунин 147 км дигар аз нав бозсозӣ шудааст, ки маблағи он 915 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Вазъи 24 пул хароб аст. 

Ба иттилоъи масъулин дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 24 пули мошингузар дар роҳҳои маҳаллӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Дар умум дар роҳҳои маҳаллӣ 485 пули мошингузар мебошад, ки 99 фоизи он ниёз ба таъмир доранд.Харобшавии пулҳои мазкур боиси халалдор шудани ҳаракати нақлиёт дар роҳ гаштааст. Ҳарчанд, ҳукумати кишвар ҳама талошҳои хешро баҳри таъмиру таҷдиди роҳҳо харҷ намуда, маблағгузориро дар ин самт афзоиш додааст, аммо то кунун роҳҳои маҳаллӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба талаботи мардум ҷавобгӯ нестанд. Беҳтар кардани ҳолати роҳҳои маҳаллӣ дар вилояти Хатлон барои афзоиши суръати интиқоли бору коло ва рушди иқтисоду саноат, инчунин боло бурдани сатҳи некӯаҳолии мардум нақши муҳим дорад. Ҳалли мушкилоти мазкур таваҷҷуҳи хоси масъулинро мехоҳад. Вале суоли матраҳ ин аст, ки чаро аз ҳисоби буҷетҳои маҳалҳо дар ин самт маблағ ҷудо намешавад? Кӣ дар ин сарзамин ғами мардумро бояд хӯрад?

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,

Хабарнигори махсуси “Фараж” 

дар вилояти Хатлон

Добавить комментарий