Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода рӯзи 7-уми феврал дар нишасти матбуотиаш аз дастовардҳо ва мушкилоти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят ба хабарнигорон маълумот дод. Нишасти раиси вилоят имсол дар толори Идораи телевизион ва радиои вилоят бо иштироки зиёда аз 50 нафар намояндагони ВАО, муовинону роҳбарони ташкилту идораҳои вилоят баргузор гардид.

Раиси вилоят иттилоъ дод, ки “соли 2019 соҳаҳои истеҳсолӣ рушд карда, даҳҳо корхонаҳои хурду миёна бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Дар ин кори хайр саҳми соҳибкорони ватанӣ, шахсони саховатпеша, кишоварзону сохтмончиён ва тамоми мардуми шарифи Хатлонзамин хеле назаррас мебошад. Соҳибкорон, шахсони саховатманд ва мардуми заҳматкаши шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободонию созандагиро бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшида, дар соли 2018-ум 1061 адад ва соли 2019-ум 2474 адад иншооти гуногуни таъйиноти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ бунёд намуданд, ки аз ин ҳисоб 12,9 ҳазор ҷойи кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд. Умуман, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди вилоятамон сохтмону азнавсозии беш аз 7400 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, беш аз нисфи ин иншоот аллакай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд”.

Зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят 30 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ шуда, аз ҳисоби онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 469 миллион доллари амрикоӣ аз худ карда шудааст.

Иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2016-2020-ум 98 фоиз таъмин гардидааст. Гардиши савдои хориҷии вилоят 404,5 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ин нисбати соли гузашта 36,4 миллион доллар ё 9,9 фоиз зиёд мебошад.

Дар гардиши савдои хориҷӣ содирот ба 46 фоиз ва воридот ба 54 фоиз баробар мебошад. Дар содироти молу маҳсулоти вилоят ба хориҷи кишвар ҳиссаи нахи пахта 23 фоиз, калобаи ресандагӣ 21 фоиз, семент 15 фоиз ва қувваи барқ 34 фоизро ташкил дода, ба вилоят аз хориҷи кишвар асосан шакар, нуриҳои маъданӣ, сӯзишворӣ, гӯшт ва орду гандум ворид гардидааст.

Дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» 25 субъект ва “Панҷ” 16 субъект ба қайд гирифта шудаанд. Соли 2019 дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ба маблағи 129,2 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардида, аз аввали фаъолият як миллиарду 780 миллион сомонӣ аз худ шуда, ба маблағи 36,8 миллион сомонӣ молу маҳсулоти гуногуни саноатӣ истеҳсол гардидааст.

Бонкҳои вилоят дар соли 2019 ба соҳаҳои иқтисодиёт як миллиарду 298 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд, ки ин нисбати соли 2018-ум 154 миллион сомонӣ зиёд аст.

Гардиши моли чакана ба 6 миллиарду 658 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 2 миллиарду 64 миллион сомонӣ расида, иҷрои дурнамо мутаносибан 105,8% ва 102,5 фоизро ташкил додааст.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва барои ба шуғл фаро гирифтани шаҳрвандон мусоидат менамояд, таъсиси ҷойҳои нави кории доимӣ ва дуруст ба роҳ мондани касбомӯзии ҷавонон ва калонсолон ба ҳисоб меравад. Соли 2019 дар вилоят 50697 ҷойи нави кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шудааст. Аз ҳисоби 310 ярмаркаи ҷойҳои кории холии баргузоргардида, дар маҷмуъ 6413 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд. Ҳамзамон, 6340 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, соҳиби ихтисосҳои гуногун гардидаанд.

— Соли 2019 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 14,5 миллиард сомонӣ расида, афзоиши он нисбат ба соли 2018-ум 8,5 фоизро ташкил менамояд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 1171 гектар боғу токзорҳои нав, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ 930 гектар бунёд гардида, иҷрои нишондиҳандаи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ 77,8 фоиз таъмин гардид. Инчунин, дар ин давра 262,9 гектар боғ ва 67 гектар токзор барқарор карда шуданд,- зикр намуд раиси вилоят Қ. Ҳакимзода.

Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза ба ҳолати 1-уми январи соли 2020 дар майдони 53 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда ва 653 гектар мавсимӣ 33,5 ҳазор тонна маҳсулот (помидор, бодиринг ва дигар сабзавот) истеҳсол гардида, ба фурӯш бароварда шудааст.

Дар корхонаҳои саноатии вилоят соли 2019 ба маблағи 8 миллиарду 507 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбати соли 2018 ба андозаи 1 миллиарду 147 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳо 90 корхона ва коргоҳҳо бо дарназардошти 865 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Тибқи “Нақшаи бунёди корхона ва коргоҳҳои саноатӣ барои соли 2020” бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохта ба истифода додани 112 корхонаю коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 1637 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.

Зикр шуд, ки соли 2019-ум 263 ҳазор нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла 22,4 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан намудаанд. Дар вилоят 795 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 101 меҳмонхона, 64 мавзеи сайёҳӣ, 37 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 121 тарабхона, 36 осорхонаҳо, 58 чойхона, 54 ҳомстей ва гестҳауз, 69 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 97 зиёратгоҳ, 33 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 20 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки аксари онҳо дар солҳои 2018-2019 бунёд шудаанд. Дар вилоят 14 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд.

Дар нишасти матбуотӣ Қурбон Ҳакимзода ба суолҳои намояндагони телевизиони “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Хатлон”, “Кӯлоб”, телевизиони мустақили “Қӯрғонтеппа”, нашрияҳои «Фараж», “Ҷумҳурият”, “Минбари халқ”, “Тоҷикистон”, “Азия-плюс”, “Пайк”, “СССР”, маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” посух дод.

Бештар намояндагони ВАО дар бораи мушкилии дастрасии оби тозаи ошомиданӣ дар деҳоти вилоят, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтани баъзе мавзеъҳои таърихӣ, рахнашавии соҳили дарёҳо ва шусташавии заминҳои кишт, напардохтани музди маоши кормандони корхонаи Нуриҳои Осиё, вокуниш надодани аксари мансабдорон ба маводҳои таҳлилию танқидӣ, дар се баст таълим гирифтани хонандагон дар чанде аз муасисаҳои таълимӣ, норасоии китобҳои дарсӣ, дар вагон таълим гирифтани хонандагон ва дигар масъалаҳои мубрами соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят суол карданд.

Раиси вилоят ба 21 нафар собиқадори матбуот ва журналистони фаъоли вилоят барои саҳми муносиб дар рушди журналистикаи тоҷик, инъикоси саривақтӣ ва касбии рӯйдодҳои вилоят, тарбияи мутахассисони соҳа, ҳамкории хубу самарабахш бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сипоснома ва дигар туҳфаҳо тақдим кард.

Нишасти раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо кормандони ВАО наздики ду соат идома ёфт. Раиси вилоят барои иштироки фаъоли аҳли қалам дар нишасти матбуотӣ, инчунин ҳамкории созанда бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон изҳори сипос намуд.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here