Олимон ҳисоб кардаанд, ки ба ҳисоби миёна агар умри инсон 70 сол бошад, пас ӯ 13 солашро ба сухан кардан, 6 солашро ба истеъмоли ғизою об ва 22 солашро бо хоб мегузаронад. Дар ин муддат одам 100 тонна озуқа масраф мекунад. Агар тапиши дилаш дар як дақиқа 80-100 маротиба бошад, пас дар тӯли ҳаёт қалби ӯ 2 миллиарду 58 миллион маротиба хоҳад тапид. Дар як рӯз 20 ҳазор, дар як сол 7 миллион қадам зада, маҷмӯан, дар 70 сол масофаи гирди заминро 9 маротиба тай мекунад.

Аз нахустин гиряи тифл ҳисоби умри мо шуруъ мешаваду дигар гуфта наметавонем, ки боз чанд соат ва ё соли дигар дар ихтиёр дорем. Ин аст, ки ҳар нафаси умрро бояд ғанимат шуморему ҳар лаҳзаи вақтро босамар истифода намоем. Чун фурсати умри инсон танҳо як бор аст. Дирӯз, имрӯз, фардо, соле қабл, баъди як моҳ ба монанди ин вожаҳо хело дар забони мо серистеъмоланд. Гузашта, ҳозира ва оянда — ин умри мост. Умри мо бошад, ин ҳамон вақт аст, ки чун оби равон мегузарад.

Ҳамарӯза дар ҳаёти мо сонияҳо, дақиқаҳо, соатҳо, рӯзҳо зам мешаванду таърихи умри моро ташкил медиҳанд. Баъзеи мо дақиқаҳо ва соатҳои вақти қимати хешро дар корҳои беҳуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бозиҳои саргармкунанда, дилхушӣ ва монанди инҳо сипарӣ мекунем. Чӣ тавр метавонем, ки сарфаи вақт кунем? Ин осон аст. Агар ҳар як фард ба болои хеш масъулият ҳис кунад ва реҷаи рӯз барои хеш тартиб диҳад ва аз рӯи он кор кунад. Медонед, чӣ қадар вақти мо ба манфиати мо сипарӣ мешавад? Дар хотир дорам, ҳангоми тайёрӣ ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ чанд моҳ қабл чӣ гуна реҷаи рӯз тартиб додаму болои хеш кор карда будам. Натиҷаашро ҳам пас аз супоридани имтиҳонҳо дидам. Яъне аз рӯи интихобе, ки худам карда будам, ба дилхоҳ донишгоҳ дохил шудам. Барои ҳамин бояд мо ба қадри вақт бирасем. Ҳамаи инҳо дар вақти муайян мешавад ва мо дигар аз кору пайкори кардаи хеш пушаймон мешавему дигар он вақтро баргардонида наметавонем. Албатта узр мепурсем, аммо ҳамон вақт ин корро намекардем, хуб мешуд. Бале, вақт мисли сароб аст. Гоҳи хушҳоливу хушбахтӣ он хеле кӯтоҳ асту дар фурсатҳои нокомиву нороҳатӣ бепоён асту тӯлонӣ… Аммо боз бо вуҷуди он ки мо зудгузар будани умр ва гарон будани вақтро медонем, ба қадри он намерасем. Дар хусуси қимати вақт Бернард Вербер чунин ақида дорад: “Қимати солро аз донишҷӯи аз имтиҳон афтида, қимати моҳро аз модари бармаҳал таваллудкарда, қимати ҳафтаро аз муҳаррири ҳафтанома, қимати соатро аз ошиқи интизори роҳи маҳбуба, қимати дақиқаро аз мусофири аз қатора ақибмонда, қимати сонияро аз шахси дар садама азизи дилашро аз даст дода ва қимати як ҳиссаи сонияро аз дорандаи медали нуқра дар бозиҳои олимпӣ бипурс”.

Ҳаёти мо, ояндаи мо дар дасти худи мост. Вақт ҳаргиз моро мунтазир намешавад. Ҳар лаҳза дар саҳифаи рӯзгори мо як сатри наве зам мешавад, ки бешак муаллифи он худи мо ҳастем. Дар саҳифаи дигари он чӣ навишта шудааст, мо намедонем. Пас биёед ҳар лаҳзаву вақти хешро ба манфиат истифода барем ва “кори имрӯзаро ба фардо нагузорем…”.

Фаридун САФАРЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here