Офтоб ғуруб кардааст. Мо ҳамроҳи ҳамсабақонамон ҳар рӯз дар ин вақту соат аз дарс фориғ шуда, роҳ сӯи хона пеш мегирем. Дар истгоҳ чанд лаҳза мунтазири автобусу хатгардҳо мешавем.
Ниҳоят автобуси хатсайри 10 намоён шуд ва ҳама бо чашми чор мунтазири расидани автобус ба истгоҳ буданд, чунки бевақт шуда буд. Автобус аз меъёр зиёд одам мегирад. Дар дохили автобус бӯи ҳар гуна ғизо ва дигар чизҳои муқаррарӣ ба машоми кас мерасад. Баъзе донишҷӯён гурусна мондаанду дар дохили автобус гуруснагии хешро бартараф карданианд. Як донишҷӯ дар автобус нишастааст. Бисёр ҳам бо овози баланд ханда мекунаду гап мезанад. Ҳамроҳаш 3 нафари дигар буданд ва фикр мекунам, ки ҳамкурсҳояш ҳастанд. Он донишҷӯйро вақте бори аввал мебинед, ҷавони миёнақад, пусти рӯяш камтар сиёҳ, бинии миёна дораду мӯйи сараш сиёҳчатоб буда, чашмони калон дорад. Гумон мекунед ҷавони ботамкину оромтабиат аст. Дар асл гирем, ин гуна нест. Ин донишҷӯ дар ҷойи хеш нишаста, бар замми баланд гап задан, дар ҷои ҷамъиятӣ боз ба дигар донишҷӯдухтарон, занҳо ва калонсолон, хусусан духтарон мегуфт: “Эй дхта, биё шин”. Онҳо ба сӯи ӯ менигаристанду мегуфтанд, ки намешинанд «ҳамин хел хуб аст». Аммо ӯ боз чунин такрор кардан мегирифт: “Хай, ҷой медиҳем, намешинанд”. Бо ҳар кас чунин бархӯрд мекард. Ин ҳолатро ва аниқтараш ҳамон донишҷӯро ман 3 рӯз дидаму кору рафтори ӯро мушоҳида кардам. Пасон дигар надидам. Рӯзи сеюме, ки ӯро дидам, дар як ҷой ду нафар нишаста буданд ва ҳамин гуна мехост ҷой диҳад ба дигарон. Дар охир ба як шахси калонсол ҷой дод. Айни рост истодан низ рафтори хуб надошт. Вақти якбора истодани автобус мувозинаташро гум кардаву ба як зан бархӯрд ва ҳатто узр низ напурсид. Чӣ хуб, ки аз автобус дар кӯчаи Маяковский пиёда шуд…
Ин чист? Лутфи аз ҳад зиёд ё тарбияи нодуруст? Пас, ин ҷо перомуни одоб ҳарф мезанем. Куҷо шуд он одобу рафтори бархе ҷавонон, ки ашхоси аз худ бузургро ҳурмат кунанд? Ҳамаи ҷавонон ин гуна нестанд. Танҳо бархеи ҷавонон чунин кирдорҳоро доранд. Умед бар он мебандем, ки ба зудӣ ин гуна ҷавонҳо ислоҳ шуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз худ дарак медиҳанд.
Фаридун САФАРЗОДА