Бале, ӯ аз дидаҳо ба дилҳо гузашт. Ман инро аз мотаме, ки хурду бузурги деҳаи Қаҳрамон, (Баракат) ҷамоати М. Турсунзодаи ш. Ҳисор, ҳамсабақону ҳамхизматони ӯ доштанд дарк намудам.
Субҳи сешанбе, 17 сентябри с. 2019 буд. Ҳанӯз чашми рӯз накафида ҳар як сокини деҳа аз хабари ҷонгудоз воқиф гаштанд: «Полковник Рустамро паррондаанд!». Дар як лаҳза гузару кӯчаҳои деҳа пуродам шуд. Хурду бузург ашк дар чашму гиря дар гулу бо дили реш-реш сӯйи хонаи муаллим Амонулло Убайдуллоев шитофтанд…
Ӯ 35 сол дошт. Афсари хеле умедбахши қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон буд. Дар минтақаи исфарагии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳайси қумандони бахш (застава) хизмат мекард. Дар Академияи москвагии қӯшунҳои сарҳадии Федератсияи Русия таълим гирифта буд. Бас ҷавони хушқаду зебо буд ва ҷуссаи варзишӣ дошт. Аммо ҳангоми ҳимояи хоки Ватан аз тири ноҳақи кадом як нохалафе, ки ман чунинҳоро ҷавонмард намешуморам ва душмани дӯстии мардуми тоҷику қирғиз медонам ҳалок гашт…
НАНГИ БАЧАИ 12 СОЛА
Агар дар ёдам дуруст монда бошад, охири моҳи апрели с. 1996 буд. Дарвозаи ҳавлиам чанд бор кӯфта шуд. Баъд садои «Устод!», «Устод!» ба гӯш расид. То аз хона баромадам, ки вориди дарвоза шуданд. Ду бачаяк буданд. Яке нисбат ба дигаре қоматбаланд, вале ҷиддичеҳра. Дигаре хурдтару хандонрӯ. Ҷиддичеҳрааш баъд аз салому алайк узр пурсид, ки ташвишам доданд. Сипас мақсади омаданашонро бо чунин мазмун баён кард:
— Мегӯянд, ки шумо таърихи Ҷанги Бузурги Ватаниро хуб медонед ва дар бораи хизматҳои бобои ман, Убайдулло Муродов мақолаҳои зиёд навиштаед.
— Дуруст гуфтаанд. Ман дар бораи хизматҳои ҷангии бобои ту хеле чизҳо навиштаам. Аммо чӣ зарур шуд, ки ин чизҳоро пурсуҷӯ доред?
— Дар мактаб ба муносибати Рӯзи ғалаба чорабинӣ гузаронданием. Нақша ҳаст, ки дар бораи хизматҳои бобоям низ маълумот бидиҳем. Аммо чанд нафар мегӯянд ки «Ӯ ҳеҷ хизмате накардааст. Гӯё, ки вақти ҷанг пушт-пушти девору пас-паси буттаю дарахтон пинҳон шуда гаштааст».
Инро гуфту об дар чашмонаш ҳалқа зад. Ман фаҳмидам, ки ин бача бо вуҷуди хурдсолӣ нанги хеле баланд дорад ва аз гуфтаҳои носазои бадзабонон дард мекашад. Аз ин рӯ барои паст намудани дарди ӯ аз корнамоиҳои бобояш дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва хизматҳои баъдиҷангиаш барои халқу Ватан қисса намудам. Ӯ шукуфт. Аз гирифтагии чеҳрааш осоре намонд. Хайрухуш карду бо ҷӯрааш давид ҷониби мактаб. Вале дарду нанги ин кӯдаки 12 сола маро водор намуд, ки баъдтар оиди хизматҳои бобояш мақолаи калонҳаҷмеро иншо намуда, ба нашр расонам…
Аз пурсишҳо маълум гашт, ки он кӯдаки 12 солаӣ бо нангу номус ҳамин полковник Рустам Убайдуллоев будааст. Рустам Убайдуллоеви барои ҳифзи хоки Ватан шаҳидгашта.
ШОИСТАИ ИФТИХОР ВА ҚАДРУ МАНЗАЛАТ
Гуфтаи он ки Рустам дар хонаводаи ҳарбиён камол ёфтааст, хато нест. Зеро бобояш У. Муродов корнишондодаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст. Падараш Амонулло Убайдуллоев чандин солҳо сардори мизи ҳарбии ҷамоати Қарамқул, ҳоло ба номи М. Турсунзодаи ш. Ҳисор буд. Сипас, дар комиссариати ҳарбии ин шаҳр вазифаи сардори шуъбаи 2-юмро ба уҳда дошт. Баъдтар дар қисми ҳарбӣ воқеъ дар минтақаи Айнӣ ба ҳайси муовини командир оид ба тарбияи сиёсӣ хизмат намуд. Аз ҳамин ҷо ба нафақа баромад. Вале дасту дилаш, ки ба кор одат карда буд, натавонист хонанишинӣ кунад. Аз ин рӯ ва ба мақсади бештар бо ҷомеа будану ба он фоида овардан ба мактаби №57-и деҳаи Қаҳрамон омад. Дар мувофиқа бо роҳбарияти мактаб ва шуъбаи маорифи ш. Ҳисор ба таълимӣ ҳарбӣ-ватандӯстии хонандагон мушғул шуд, ки то имрӯз банди ҳамин кори пуршарафу масъулиятнок мебошад.
Ба ман гуфтанд, ки бисёр ҷавонон Рустамро шоистаи ибрат дониста, ба ӯ пайравӣ кардаанд. Аз ҷумла ҷавонони деҳаи Қаҳрамон ва деҳаҳои гирду атрофи он аз пайи ӯ рафта, касби ҳарбиро пеша намудаанд, ки байнашон чанд нафар ҷиянҳои худаш низ ҳастанд. Дар фаҳми ман ин чиз хеле муҳим аст. Алалхусус, дар ҳоле, ки бештари ҷавонони синнашон мувофиқ хизмати Модар-Ватанро чун қарзи шаҳрвандию ватандории худ эҳсос намекунанд ва онро пешаи ихтиёрии хеш қарор намедиҳанд.
Назари ман он аст, ки хонаводаи ҳамсабақам Амонулло, бояд бо фарзанду шавҳар, падару бародар ва тағою амаку ҷиянашони — Рустамҷон фахр кунанд. Зеро на ҳар фарзанд пайрави бобою падар мешавад. На ҳар кас шоистаи ибрат буда метавонад. Худованд на ба ҳар кас қудрату тавон медиҳад, ки ӯ дар зарурат барои ҳифзи Ватан ҷон нисор кунад. Ин аз як. Дувум: Дар ҷанозаи на ҳар кас то он миқдоре, ки дар ҷанозаи Рустамҷон буд, одамон ширкат мекунанд. Баҳри ба манзили охират гуселониданаш роҳбарони сохторҳои сатҳи баланди ҷумҳурӣ ва шаҳр меоянду дар дарвозаи хонаи падараш ҳамоиши сатҳи давлатӣ баргузор менамоянд. Нисбати на ҳар кас раиси Ҳисор барин шаҳри аз ҷиҳати нуфус калонтаринҳои ҷумҳурӣ бо дард сухан мегӯяд, бо алам видоъ мекунад ва аз кӯчаи пурчангу хоки деҳа баробари тобутбардорон қадам мезанад.
Ман чун марди рӯзгордида ба волидайни чунин раис ҳазорон раҳмат мегӯям, ки ин гуна фарзанди амалаш бо номаш мувофиқро тарбият кардаву ба камол расондаанд. Шарифҷон Ҷумазода бо вуҷуди серкориаш боз бегоҳии ҳамон рӯзи ҷаноза чанд муйсафедро бо худ гирифта ба хонадони мотамзада омаданд ва дуою фотиҳа карда, пайвандони шаҳидро дилбардорӣ намуданд. Албатта, ин ҳама гувоҳи он аст, ки Рустамҷон ва падараш Амонулло дар назди ҷомеа, давлат ва халқ обрӯю эътибор ва қадру манзалат доштанду доранд. Аз ин рӯ месазад, ки натанҳо хонаводаи Муродовҳо, балки тамоми сокинони деҳа ва ҷамоат бо Рустамҷон барин фарзанди сарсупурдаи худ ифтихор кунанд.
Мефаҳмам. Аз даст додани чунин фарзанд гарон аст. Лек ифтихори бузург ҳам дорад. Пеш аз ҳама барои он ки ӯ шаҳиди гулгункафан аст. Зеро дар роҳи ҳифзи Ватан ҷон бохтааст. Баъд барои он ки Тоҷикистон, мардуми шарифи он бо чунин фарзандон фахр мекунанд. Ҷавонону наврасон дар пайравии эшон тарбият меёбанд, онҳоро чун намунаи ибрат медонанд. Ин чиз бисёри бисёр муҳим аст, махсусан дар масъалаи Ватану ватандорӣ.
Эшони Амриддин як байти барои чунин ҳолатҳо хеле мувофиқро гуфт:
Дар ҷаҳон натвон чун мардона зист,
Ҷонсупорӣ ҳамчу мардон зиндагист.
Рустамҷон Убайдуллоев тавонист, ки мардона бизиҳад, корнамоии падару бобоёнро такрор кунад ва ҳамчу мардони ҳақиқӣ ҷонсупорӣ намояд. Таърихи башарӣ шоҳид аст, ки номи чунин қаҳрамонпешагон зиндаю ҷовид мемонад. Чунинҳо аз дидаҳо ба дилҳо мераванд. Рустам ҳам чунин шуд. Руҳаш шоду манзили охираташ обод бод. Омин!
МАРГЕ, КИ САБАБИ СОЗАНДАГИЮ БАҲАМОИИ ОДАМОН МЕШАВАД, МАРГ НЕ, ЗИНДАГӢ АСТ
Таърих бисёр ҳодисаҳоро медонад, ки баъзе одамон баъди марги хеш ҳам ба ҷомеа, давлат ва қавму миллати худу бегона фоидаҳо меоранд ва сабаб мешаванд барои ба ҳам наздикшавӣ ва ҳамдигарро беҳтар фаҳмидани мардум. Марги Рустам Убайдуллоев ва ду нафар ҳамнабарди ӯ – Рамазон Исломов ва Субҳониддин Илёсов, ки дар натиҷаи муноқишаи сарҳадӣ 16 сентябри соли ҷорӣ шаҳид шуданд, мисоли равшани ин ақида аст. Маҳз ин воқеа сабаби асосии ба мушкилоти мавҷуда назари дақиқтар андохтани роҳбарони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон гардид. Эшон яке, аз мушкилоти асосии мардуми ҳарду ҷониби сарҳадро бартараф карданд: Бо ибтикори ҳарду ҷониб байни мавзеҳои Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон пули ду-се сол пештар валангоршударо аз нав таъмир карда, ба истифода доданд. Бино ба маълумоти расонаҳои хабарӣ ин тадбир аллакай натиҷаҳои муассир бахшида истодааст. Масалан, равуои мардум, алалхусус тоҷирон ба ҷонибҳои ҳамдигар хеле осон шудааст.
ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ ВА ҲАЛЛИ НИЗОЪҲО
Камина бар он ақидаам, ки тадбирҳои номбурда, махсусан устодона истифодабарии дипломатияи халқӣ дар ҳалли низоъ ва моҷароҳо фоидаи бештар расонида метавонад. Ман рӯзи ҷанозаи Рустам Убайдуллоев шоҳиди гуфтори чанд нафар аз одамони ношинос шудам. Бароям аҷиб буд, ки мазмуни сухани онҳоро тақрибан ду сол пештар дар роҳи Душанбе – Бохтар даруни мусофирбари сабукрав шунида будам, ки дар хусуси як навъи дипломатияи халқӣ буд:
— Мардуми дар сарҳади Тоҷикистон зиндагикунандаи қирғиз ба домуллоҳои тоҷик эътиқоди бисёр сахт доштаанд, то андозае, ки гуфтаи онҳоро чун гуфтаҳои барҷастатарин донишмандони Қуръону шариат ва ҳадисҳои Расули Акрам қабул медоштаанд. Дар ҷашну маросимҳояшон, маъракаҳои тӯю таъзияаашон дар бештар маврид домуллоҳои тоҷикро даъват намуда, бологузар мекардаанд. Домуллоҳои тоҷик нуфузе доштаанд, ки муридон ва мухлисони қирғизи хешро бо панду ҳикматҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои Ҳазрати пайғамбар ба гапи хеш даровардаю таъсир бахшида метавонистаанд. Бо ин усул онҳоро аз андешаҳои ноҷо, амалҳои хусуматангез ва миллатчигӣ бар мегардонидаанд ва расму оини ҳамсоягӣ, дӯстии таърихии байни тоҷикону қиргизҳо, бо ҳам қудою хешутабор буданашонро мисол оварда, мефаҳмондаанд ва талқин менамудаанд, ки иззату эҳтироми байни ҳамдигариро нигоҳ доранд. Ба сухани душманони дӯстии ду халқи бародар эътибор надиҳанд. Баръакс, бар зидди иғвоангезон ҳарф зананду амал намоянд ва дӯстии таърихии байни ин ду халқро, хосатан дар байни ҷавонони ҳарду ҷониб устувор гардонанд. Домуллоҳои тоҷик ҳамсояҳои сарҳадии худро бовар кунонида метавонистаанд, ки хушбахтии сокинони ҳарду ҷониби сарҳад маҳз дар ҳамин дӯстӣ ва бародарӣ аст. Низои баёни онҳо танҳо ва танҳо бадбахтӣ меораду халос.
Бино ба гуфтаи ҳамсафаронам баъди сахтгирӣ ва фишору тазйиқҳо аксар домуллоҳи донишманду ватанпарвар, ки бо усулҳои дипломатияи халқӣ ноҷӯриҳои сарҳадиро танзим менамудаанд, аз кишвар баромада рафтаанд. Мондагиҳояшон аз тарси он ки мавриди тазйиқу пурсупос қарор нагиранд, аз муллогии худ даст кашидаанд. Ин боис шудааст барои аз байн рафтани нуфузу таъсири домуллоҳои тоҷик ба мардуми қирғизи дар сарҳад зиндагикунанда, махсусан дар минтақаи исфарагии он. Зеро онҳо бе «пешвоҳои» дин мондаанд. Ҷайҳои холишудаи домуллоҳои панду ҳикматгӯйи тоҷикро бошад, намояндагони қувваҳои бадхоҳ гирифтаанду мардумро ба иғвою ҷангу ҷидолҳо мекашидаанд ва аз ин фоидаҳо ба даст меовардаанд.
Аз рӯйи ақидаи ҳамсафарон қирғизҳо мардуми бад нестанд. Вале, дар дин он қадар сахту устувор намебошанд. Зану мард майлу рағбат ба «хуморӣ»-гӣ доранд. Агар нафароне, чун домуллоҳои тоҷик бо усулҳои дину шариат онҳоро танзиму ҷилавгирӣ карда наистанд, зуд ба ҳар дом меафтанд ва ба ҳар роҳ мераванд, махсусан ба иғво зуд дода мешаванд. Бинобар ин, саркӯбкунии домуллоҳои донишманд дар минтақаҳои сарҳадӣ, махсусан дар Исфара натиҷаи баръакс додааст, ки боиси таассуф мебошад.
САРҲАДБОНИИ БЕЯРОҚ ИМКОННОПАЗИР БОШАД?
Муносибатҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, дар минтақаи марзии Исфара ба нуқтаи доғ расидааст ва ҳамаи мардум дар ташвишу изтиробанд, ки ана-мана байни ин ду давлат даргириҳо сар мезананд. Аслан ин ташвишу изтиробҳо беасос нестанд. Зеро чандин борҳо шуд, ки дар низоъҳои сарҳадӣ аз ҳарду ҷониб ҳам одамон кушта мешаванд.
Маълум, ки масъалаҳои сарҳадӣ масъалаҳои яксолу дусол нестанд. То замоне, ки давлату давлатдорӣ вуҷуд дорад, онҳо ҳам мавҷудият мекунанд, яъне, ки абадианд. Ҳамзамон ҳассостарин ҳастанд ва дар ҳал намуданашон ҳатто «аз мӯрча ҳам мадад хостан» зарар надорад. Аз ин рӯ зарур аст, ҳар як фард, аз шаҳрванди одӣ то сарварони давлатҳо барои аз ин беш нашудани баҳсу низоҳои сарҳадӣ талош варзанд. Тамоми чораю тадбирҳоро андешанд, ки дӯстии анъанавии мардумони ду ҷониби сарҳад, махсусан дар байни ҷавонону наврасон устувор гардад. Бояд коре кард, ки маҳз ҳамин наврасону ҷавонон ҳомиёни асосии сулҳу осоиши сарҳадӣ шаванд ва маҳз онҳо сулҳу осоишро аз имрӯз ба фардо баранд. Вале атанг ва афсусу дареғ, ки баръакс шудан дорад ва натиҷа он аст, ки маҳз онҳо ва мардуми осоишта қурбониёни низоъҳо мешаванд. Ин дар ҳолест, ки мову қирғизҳо на то он андозае бегонаем, ки вонамуд мекунанд. Умумиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ, урфиамон хеле зиёданд. Муносибатҳои хешу табориамон ҳам кам нест. Бинобар ин, намеарзад, ки дар баҳсҳои сарҳадӣ аз ҳарду ҷониб ҳам яроқҳои оташфишон истифода шаванд ва ҷони одамон барбод равад. Биноан, барои пешгирии қурбоншавии одамон ман андешаи зерро пешниҳод мекунам: Аз тарафи ҳарду давлат дар ҳарду ҷониби сарҳад, марзбонии бе яроқ ҷорӣ карда шавад. Ҷонибҳо бо худ ҳатто корд надошта бошанд. Нафаре, ки чунин талаботро риоя намекунад, сазовори ҷазо гардад. Ин тадбир имкон медиҳад, ки дар ҳоли ба вуқуъ омадани ягон қоидавайронкунии сарҳадӣ ҷонибҳо ногузир ба гуфтушуниди даҳонӣ оғоз кунанд. Хайр, агар бо гуфтушунид нашаваду асабҳояшон набардорад, дар бадтарин ҳолат дастбагиребон мешаванд ва муштзанӣ мекунанд. Дастбагиребоншавию муштзанӣ ин қатлкунии ҳамдигар нест. Ман бовар дорам, ки дар ҳоли ба вуқуъ омадани чунин ҳолат аз ҳарду ҷониб ҳам пайдо мешаванд одамоне, ки дастбагиребоншудагонро аз ҳам ҷудо менамоянд. Мардуми маҳаллӣ ҳам, махсусан калонсолон имкон пайдо мекунанд, ки ба байн даромада, онҳоро ба ифоқа оранд ва боз ба сари мизи гуфтушунид шинонанд. Дар ҳоли мавҷудияти яроқ бошад, чунин имконот аз байн меравад.
Аз ҳамдиёрони азиз, аз шаҳрвандони солимфикри Қирғизистони бародар, аз сарварони ҳарду давлат ва аз сохторҳои ба сарҳаду сарҳадбонӣ сарукордоштаи ҷонибҳо хоҳиш менамоям, атрофи ин масъала андеша ронанд. Шояд, ки он бемағз набошад.
ҲАСАН ЮСУФИ ФАЙЗБАХШ