СПИД як навъ бемории шадиди сироятист. Ангезандаи СПИД ретровирусҳои махсус буда, ба силсилаи масуният (иммунитет) ва асабҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Дар натиҷа, организми бемор ба таъсири дигар касалиҳои сироятӣ хеле ҳассос мегардад.

Ангезандаи СПИД-ро соли 1983 бехабар аз ҳамдигар олими фаронсавӣ Л. Монтенйе ва тадқиқотчии амрикоӣ Р. Галло кашф кардаанд. Онҳо баъдтар барои асос гузоштанашон ба соҳаи нави табиатшиносӣ -ретровирусология сазовори мукофоти нобелӣ гаштанд. Соли 1987 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ вируси мазкурро HIV (Human immunodeficiency virus) ном ниҳод, ки маънояш вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ) аст. Соли 1986 дар бемороне, ки дар Африкаи Ғарбӣ ба қайд гирифта шудаанд, боз як вируси дигари ба ҳамин монанд ошкор гардид, вале он каме тафовут дошт. Ба вируси мазкур HIV-2 (ВИЧ-2) ном ниҳоданд.

Раванди СПИД аз чор давра иборат аст:

  1. Давраи ниҳонӣ (аз лаҳзаи сироят то зуҳуроти аломатҳои болинии беморӣ ё пайдоиши подтан);
  2. Давраи зуҳуроти аломатҳои аввалин, ки ба таври гуногун сурат мегирад:

а) сирояти шадид (боиси фарингит, табларза, лимфаденопатия, калон шудани ҷигар ва сипурз, ихтилоли қазои ҳоҷат, ҳасбаи пӯст ва ғ. мегардад);

б) лимфаденопатияи беаломат;

в) лимфаденопатияи мунташир;

  1. Давраи бемориҳои дуюмин:

а) осебҳои занбурӯғӣ, вирусӣ, бактериявии пӯст ва луобпардаҳо, шукуфаи фарогир, фарингит ва синуситҳои такрорӣ, хароб шудан (тақрибан 10% гум кардани вазн);

б) исҳол ё табларзаи зиёда аз як моҳ, сили шуш, осебҳои такрорӣ ё устувори вирусӣ, бактериявӣ, занбурӯғӣ, протозойии узвҳои дохилӣ, шукуфаи фарогири такрорӣ, саркомаи Капоши, гум кардани вазн зиёда аз 10%;

в) бемориҳои мунташири бактериявӣ, вирусӣ, занбурӯғӣ, протозойӣ ва ангалӣ, пневмонияи пневмосистӣ, кандидози сурхрӯда, сили ғайришушӣ, кахексия, осеби силсилаи асаби марказӣ;

  1. Давраи вопасин.

Вобаста ба ҷараён ва дараҷаи вазнинӣ СПИД музмин (15-20 сол давом мекунад), бад, фарҷоми шадидмонанд (2-3 сол идома меёбад), шадиди шабеҳ ба саркомаи Капоши мешавад. Вобаста ба бартарии ҷойгиршавии раванди патологӣ шаклҳои шушӣ, рӯдаӣ, майнаӣ, мунташир ва бефарқӣ СПИД-ро ҷудо мекунанд.

Баъди ба организми одам ворид шудани вируси СПИД ядрои он ба ситоплазмаи ҳуҷайра мегузарад. Дар ситоплазма синтези КДН-и махсуси вирус (минус — КДН), сипас аксиоинавии он (плюс — КДН) оғоз меёбад. Онҳо муттаҳид ва ҳалқашакл шуда, КДН — нусхаи геноми вирусро ба вуҷуд меоваранд; он аз ситоплазма ба ядрои ҳуҷайраи сироятёфта мегузарад ва дар геном ҷой мегирад.

Амалиёти минбаъда мумкин аст бо ду тарз идома ёбад. Дар мавриди тарзи якум вирусе, ки ба ҳуҷайра ворид шудааст, ҳамон лаҳза баҳри аз дигар ба «тартиб» даровардани ҳамаи равандҳои технологии он мекӯшад ва босуръат ҳамтоёни худро ба вуҷуд меорад. Дар натиҷа ҳамаи захираҳои нерӯӣ ва моддии ҳуҷайра сарф гашта, он маҳв мешавад. Аз сабаби он ки нуфузпазирии пардаҳои ҳуҷайраҳо зиёд мегардад, вирионҳои нав мумкин аст аз доираи ҳуҷайраи осебёфта берун оянд ва ба ҳуҷайраҳои дигари организм сироят кунанд. Ин навъи сироят сирояти шадид ё пурмаҳсул ном дорад.

Дар мавриди тарзи дуюм вирус метавонад аз худ дарак надода, фақат дар сурати таъсири ким-кадом омилҳои ҳанӯз номаълуми «иғвоангез» ба ҳуҷайра таъсир расонад. Ин шакли сирояти бидуни аломатро сирояти ниҳонӣ меноманд.

ВИЧ зери таъсири спирти этил, маҳлули 1%-илизол, маҳлули 5%-иформалин, маҳлули 0,5%-и гипохлориди натрий, омехтаи спирт ва атсетон (1:1) зуд маҳв мегардад. Вале он ба таъсири радиатсияи ионнок ва афканишоти ултрабунафш нисбатан устувор мебошад. Дар ҳарорати хона вирус дар муҳити моеъ ё ҳолати хушк қобилияти сироятангезиро 4-7 шабонарӯз нигоҳ медорад. Ҳангоми то 57 дараҷа тафсонидан баъди 30 дақиқа ва дар сурати ҷӯшонидан бошад, пас аз 5 дақиқа маҳв мешавад.

Чанд роҳи интиқоли сирояти ВИЧ мавҷуд аст, ки аз ҳамдигар фарқ доранд. Роҳи асосии сирояти ангезандаи СПИД алоқаи ҷинсӣ аст. Роҳи дигари таъсири ВИЧ, ки сироят аз хориҷ ном дорад, ҳангоми хунгузаронӣ (истифодаи хуни шахси гирифтори ВИЧ) ва истифодаи асбобҳои тиббии тамйизнашуда (шпритс, сӯзандору, чакрачаконак, катетер) ба вуқуъ мепайвандад. Чунин тарзи сироят ёфтан бештар хоси нашъамандон аст, зеро бисёр вақт як сӯзандоруро чанд нафари онҳо истифода мебаранд. Сирояти дохилибатнии ВИЧ низ мавҷуд аст. Дар мавриди он тифл дар шиками модар сироят меёбад, вирус аз хуни модар тавассути ҳамроҳак ба кӯдак мегузарад. Ҳолатҳое низ ба мушоҳида мерасанд, ки тифл аз шири синаи модар ё баръакс, модар аз тифли бемор сироят ёфтааст.

Бемории СПИД саросари оламро фаро гирифтааст. Дар Тоҷикистон аввалин ҳодисаи сироят аз ВИЧ расман соли 1991 ба қайд гирифта шуда буд. СПИД-ро дар асоси аломатҳои клиникӣ ва маълумотҳои лабораторӣ ташхис мекунанд. Муолиҷа бо дору чандон натиҷаи хуб надиҳад ҳам, дар ҳар сурат зарур аст. Мурод аз муолиҷаи СПИД баланд бардоштани иммунитет мебошад.

Пешгирии СПИД вазифаи ҳар фарди солимақл мебошад. Қабл аз ҳама дар байни аҳолӣ корҳои маърифати санитариро хуб ба роҳ мондан лозим аст. Дар ин бобат чопи дастуру ёддоштҳои гуногун аҳамияти калон дорад.

Э. Р. Раҳмонов, Ш. А. Тошева, С. С. Ризоев ва Тулохов Акобиршо,

устодони кафедраи бемориҳои сироятии ДДТТ ба номи А. Сино

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here