Паҳншавии коронавирус дар шаҳри Ухони Ҷумҳурии мардумии Чин на танҳо дар ҷумҳурии мо, балки дар тамоми кишварҳои олам боиси ташвиши ҷиддии сокинон гашта, ҳангомаҳои зиёдеро ба бор овард.

То ҳол бештар аз 30 навъи короновирусҳо ба олимони соҳа маълуманд. Ин вирусҳо дар паранда, сагу гурба, мӯш, мор, кӯршапаракҳо, хук, харгӯш ва дигар намуди ҳайвонот инкишоф меёбанд. Хурӯҷи вируси намуди нави коронавирусро олимони соҳаи тиб охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухони Ҷумҳурии мардумии Чин ба қайд гирифтанд. Дар миёни сироятёфтагон табибон ва кӯдакон низ ҳастанд. Аломатҳои асосии ин беморӣ табларза, ҳарорати баланди бадан, сулфаи хушки бардавом, дарди сар, дарди гулӯ ва дарди мушакҳо мебошад. Бемории зикршуда аввал нафаскаширо душвор сохта, баъд ба кори шуш халал ворид месозаду дар ҳолати саривақт пешгирӣ накардан, инсонро ба марг мерасонад. Барои мубориза бо ин вирус дар Чин беморхонаҳои махсус сохта истодаанд.

Узви Шӯрои машваратии коршиносони Кумитаи давлатии тандурустии  Чин Сзян Жунмэн оид ба паҳн гаштани намуди нави коронавирус ва тарзи ҷилавгирӣ аз он гуфт, ки вируси 2019-nCoV тавассути роҳҳои қатрагӣ-ҳавоӣ вақти сулфидан ё атса задан, инчунин тариқи даст расонидан ба бемор мегузарад. Одатан он ба масофаи 1-2 метр паҳн гашта, дар бадани инсон худро ҷой менамояд. Бо ин ҳама, коронавирус имкони дар ҳаво мондан надорад. Аммо вирус метавонад дар рӯи ашё пайдо шавад, масалан, аз оби даҳони шахси сироятёфта. Он вақт метавонад ба воситаи даст задан ба ҷисми инсон ворид гардад.

Тадқиқотҳо нишон додаанд, ки вирус чанд соат дар рӯи ашёи ҳамвор имкони зинда мондан дорад ва ҳамчунин дар ҳавои нам ва ҳарорати мувофиқ метавонад чанд рӯзи дигар зинда бимонад. Масалан, дар муҳите, ки намӣ 40 фоиз ва ҳарорати ҳаво 20 дараҷа аст, коронавирус то 5 рӯз вуҷуд дошта метавонад.

Воситаҳои ахбори омма алакай дар бораи мавҷуд будани гирифторони коронавирус дар Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ҷопон, Ветнам, Сингапур, Непал, Фаронса, Австралия, Канада, Эрон ва ИМА хабар додаанд. Ба нишонаҳои бемории мазкур монанд беморонро дар Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Индонезия низ бистарӣ кардаанд. Ҳафтаҳои охир дар сомонаҳои интернетӣ оид ба мавҷуд будани коронавирус дар Тоҷикистон сарусадоҳо зиёд гардид. Дар посух ба овозаҳои интернетӣ Мирҳамуддин Камолзода — муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шабакаҳои телевизионӣ расман хабар дод, ки коронавирус дар ҶТ ба қайд гирифта нашудааст ва набояд мардум ба ҳангомаю овозаҳо дода шаванд.

Барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ мардум бояд аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода бурда, ҳамеша оби ҷӯшонидашуда нӯшида, аз сафар ба кишварҳое, ки ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, худдорӣ намоянд. Ба қоидаҳои беҳдошт, махсусан бо собун шустани даст эътибори махсус додан лозим аст. Инчунин, ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои ин беморӣ ҳатман ба табибон муроҷиат намудан аз чораҳои асосии пешгирии коронавирус мебошад.

Ҳафтаҳои охир харидани ниқобҳои тиббӣ, доруҳои зидди вируси зуком ва муроҷиат ба табибони сироятшинос дар кишвар ба маротиб афзудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки хатари коронавирусро шаҳрвандони Тоҷикистон дарк намудаанд, аммо бояд ба ҳар гуна овозаҳо дода нашаванд.

Субҳи 4-уми феврали соли равон аз ҷониби Хадамоти назорати истеъмолии Россия (Роспотребнадзор) 2000 воситаҳои ташхиси коронавирус ба Озмоишгоҳи вирусологии Сарраёсати назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардид. Айни замон озмоишгоҳҳои вирусологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли омодабош қарор дошта, дар мавриди пайдо шудани нафарони гумонбар ба коронавирус онҳо ба ташхис фаро гирифта мешаванд.

Чизи дигари хушҳолкунанда ин аст, ки шумораи нафарони аз бемории коронавируси 2019-nCoV комилан шифоёфта аз шахсони фавтида аллакай ду баробар зиёд аст. Дар ин бора намояндаи расмии ВКХ-и Чин Хуа Чунин ба расонаҳо иттилоъ додааст.

То имрӯз наздики 400 нафар шахсони аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон воридшуда дар беморхонаҳои шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Хуҷанд бистарӣ карда шуда, таҳти назорати духтурон қарор доранд, ки дар миёни онҳо 37 нафарашонро шаҳрвандони Ҷумҳурии мардумии Чин ташкил медиҳанд. Хушбахтона, пас аз ташхис дар миёни бистаришудагон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

М. МАЗИЁЕВ, сармуҳаррири “Ворисони Сино”,

А. ТУЛОХОВ, устоди кафедраи бемориҳои сироятии ДДТТ ба номи А. Сино,

М. РАҶАБОВ, духтури сироятшиноси ДДТТ ба номи А. Сино

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here