Пеш аз ҳама, қайд кардан ҷоиз аст, ки мафҳуми ҳамлу нақл дар луғатҳои тафсирӣ ба маънои “аз ҷое ба ҷое бурдани бор”, “интиқол додан”, “кашонидани бор”-ро дорад. Доир ба ин масъалаи хеле муҳим ягон рисола ва ё дастури методие ба чоп нарасидааст. Бинобар ҳамин, мо қарор додем, ки аз таҷрибаи хеш, ки шоҳиди чандин воқеаю ҳодисаҳои ҳаётӣ гардидаем, каму беш изҳори андеша намоем.

Ба қавли В. А. Сухомлинский, педагог симои омӯзгории хешро бояд ҳамеша ва дар ҳама ҷо нигоҳ дорад. Банда чунин мешуморам, ки канораҷӯӣ аз пешгирии қонуншиканӣ ва рафторҳои  номатлуби ҷавонону наврасон дар ҳама ҷо ба зарари аҳли ҷомеа анҷом ёфта, салоҳияти тарбия, бахусус дар нақлиёт низ коҳиш меёбад. Пас, ба панду андарзи ниёгон рӯ меоварам:

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,

То азизи дигарон гардӣ ту низ.

Бо ин ҳикмати пурмазмун гуфтанием, ки наврасону ҷавонони чиптафурӯш бояд ҳурмати пирону барҷомондагонро ба ҷо оварда, дағалию худнамоиро ба мусофирони дохили автобусу троллейбус низ раво набинанд.

Модоме ки шаҳри Душанбе дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар рӯ ба тараққӣ ниҳодаасту мо ҳамагон барои ободонӣ ва созандагии он таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси бофарҳанги шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ саъю талош дорем, ҷорӣ намудани микрофон дар ҳар як автобусу троллейбус зарурияти талаботи муосир аст. Чунки дар ҳудуди шаҳрамон ба ғайр аз биноҳои серошёнаю иншооти хурду бузург боз даҳҳо сафоратхонаю идораҳои сайёҳӣ барои хориҷиён ва садҳо майдонҳои хурду бузурги варзишӣ қомат афрохтаанд, ки зебу зиннати онро беш аз беш афзун намуда истодаанд. Агар мо шаҳрамонро зеби дунё мекарда бошем, вақти он расидааст, ки ҳатман кабинаҳои нақлиёти мусофирбариро бо асбобҳои техникии баландгӯякҳо муҷаҳҳаз гардонем. То ин ки имконияти бо мусофирон муносибати некбинона ва муроҷиат кардани ронандаҳою кондукторҳо пайдо гардида, баҳри эҳтироми чолу кампир ва умуман калонсолону модарони тифл ба даст раҳму шафқат намоему дар назари сайёҳону меҳмонон шаъну шарафи мардуми тоҷик ва эътибори пойтахт авлотар нигоҳ дошта шавад.

Аз қатори ронандаҳо ҳамеша ҳангоми саворшавӣ ба автобуси №7 банда ҳамкорони онҳо Назаралӣ, Давлат, Иноятуллоро, ки дар ҳамин хатсайр фаъолият мекунанд, дар муқоиса барои намуна ёдовар шуда, ҳам ба ронандаю кондукторҳо ва ҳам ба мусофирони дохили автобус таърифу тавсиф мекунам. Онҳо шукргузорӣ намудаю доимо дархости тенҷию сулҳу ваҳдат мекунанд. Аксари онҳо дар натиҷаи фаҳмондадиҳӣ бо мо — мусофирони дохили нақлиёт дар оқубати ҳол мусоидат мекардагӣ шуданд. Вале ҳастанд он ронандаю кондукторҳое, ки бо дағалию зӯроварии хеш нописандона айбу иллати худро ҳеҷ ба зимма нагирифта, мисли он, ки гӯё автобус моли шахсиашон бошад, бо баҳонаи нарасидани соляркаю бензин фақат дар фикри маблағситонӣ мебошанду вассалом. Ягон кондуктор маълумоти касбии кондукторӣ надорад. Бо муносибатҳои дурушту дағалона табъи ҳамагонро хира месозанд. Вақти он расидааст, ки курсҳои кӯтоҳмуддати касбии кондукторӣ кушода шаванд. Он гоҳ шояд ғайр аз маблағситонӣ онҳо муносибати инсонгароёнаи огоҳкунӣ аз истгоҳҳои оянда ва муроҷиат ба наврасону ҷавонон баҳри шинонидани калонсолон ба ҷойҳои хешро омӯзанд.

Ду-се сол муқаддам онҳоро дар чорраҳаи хиёбони Саъдии Шерозӣ (гардиши Маяковский) диспетчер назорат карда, ронандаҳоро мувофиқи ҷадвали корӣ аз соати 5 (панҷ)-и субҳ бо фосилаи 10 дақиқа раҳнамун мегардониданд. Солҳои охир бошад, бо сабаби роҳсозӣ мо гумон доштем, ки шояд диспетчерро ба ҳамон истгоҳи охирини БДА бурда бошанд. Бо сабаби дар вақти пагоҳирӯзӣ дермониашон ба ман лозим омад, ки ба истгоҳи охирин — БДА раҳсипор гардида, фаҳмиданӣ шавам, ки онҳоро диспетчер чи гуна назорат мекунад. Мутаассифона, бо кадом сабабе дар он ҷой диспетчер вуҷуд надоштааст. Автобус рафту банда дар ҳамон истгоҳи автобуси хатсайри №7 поида истодам, то фаҳмам, ки автобуси навбатӣ баъди чанд дақиқа пайдо мешуда бошад. Расо баъди 20 дақиқа автобуси номбурда, ки бо рақами 12-02-ТТ-05 пайдо гардид, одамонро бе эътироз намонд. Вале ронанда бо ном Ҳасан ва ё Саид бешармона исрор мекард, ки гӯё ҳамагӣ 5 (панҷ) дақиқа пас аз автобуси навбатӣ ҳозир гардида бошад. Он гоҳ банда бо мусофирони интизорбуда қотеъона исбот кардем, ки дар ҳақиқат 20 дақиқа интизорӣ кашидем. Ронанда бошад, бар ивази узру маъзур, бо таҳдиду ҳақоратҳои бениҳоят вазнин забонашро олуда намуда, “ту муаллим, гузаронидӣ, ман каллаи туро мебурам” гуфта, бо ҳуҷуми ногаҳонӣ хез зада болои кабинаи автобус баромаду муқобили банда равона шуданӣ буд, ки одамон роҳашро банд карда, баргашта ба сари чамбараки мошин шинониданд. Банда, ки муддати 50-сола фаъолияти педагогӣ ҳеҷ гоҳ мавқеи бетарафиро нагирифта, ҳуқуқи шаҳрвандии мусофиронро ҳимоя мекардам, аз дидану шунидани ин манзараи даҳшатнок нафрати хешро нигоҳ дошта натавониста, аз мусофирони байни мо истода хоҳиш кардам, ки бигзоред омадан гирад, бинем, ки чӣ гуна каллаи маро мегирифта бошад ва иловатан иброз доштам, ки агар метарсидаму дар кору фаъолияти зиёда аз нимасраи педагогиам бо чунин “каллабурҳо” муқовимат карда наметавонистам ва мавқеи бетарафиро ишғол мекардам, ҳеҷ гоҳ ба таҳия ва дастрасии омӯзгорону маорифчиёни кишвар бо зиёда аз 160 асари илмию методӣ ва педагогиам мушарраф намегардидам ва шахсиятномаи хешро ба атрофиёни дар дохили автобусбуда нишон додам. Баъдан аз ҳамкоронаш фаҳмидам, ки вай гӯё иштирокчии ҷангҳои Афғонистон будааст. Пас, ба ҳамкоронаш фаҳмонидам, ки банда низ бо сабаби сулҳхоҳиам 10 (даҳ) хатари марговари ҷанги бародаркушро аз сар гузаронида, чандин мақолаю дастурҳои илмию методӣ доир ба тарбияи ахлоқию маънавӣ ва ватандӯстию башардустӣ (интернатсионалӣ)-и наврасону ҷавонон рӯи чоп овардам, вале “психи корношоям” нашудаам-ку! Ҳамасола аз назорати духтур гузашта, ҳанӯз ҳам дар синни 73-солагӣ ба ҷойи корам дафтарчаи санитарӣ пешниҳод намудам. Бо ин хел таҳдиду ҳақоратҳои қабеҳ ва муносибатҳои дағалонаю зӯроварӣ магар чунин “каллабурҳо” ҳуқуқи дар сари чамбараки автобус нишастан доранд? Банда, ҳамчун узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, муаллими дараҷаи олии омӯзгорӣ, докторанти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми ҶТ, маслиҳат медодам, ки бигзор чунин ронандаю кондукторҳои ”зӯровар” аввал вазъи саломатиашонро табобат намоянду барои кафолати ронандагӣ ва кондукторӣ дафтарчаи санитарӣ пешниҳод намоянд. Он гоҳ шояд сатҳи маърифатии хешро низ боло бардоранду аз чанголи бесаводӣ наҷот ёфта, бо мусофирон ҳамчун инсон эҳтиром гузоранд.

Чунин мисолҳои хатарнокро бисёр овардан мумкин аст, ки мусофиронро баъзан баъди ним соату як соат пайдо гардиданашон зиёда мегардонанд. Вале дар як чунин мақолаи хурд ҷойгир намудани тамоми бурду бохти мо калонсолон дар нақлиёти шаҳрӣ, ки ҳатман бояд намунаи ибрати шахсии кӯдакону ҷавонон ва наврасон бошем, имконнопазир аст. Илова ба гуфтаҳои боло, ба чунин ашхоси “зӯровар” боз маслиҳат медодам, ки минбаъд ботамкинию дурандеширо сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, чунин панди бузургони форсу тоҷикро низ фаромӯш насозанд, ки фармудаанд:

То мард сухан нагуфта бошад,

Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.

Ҳар беша гумон мабар, ки холист,

Шояд, ки паланге хуфта бошад.

Аввалаш он, ки аз ҳама сифати олии шаҳрвандӣ дар пойтахти файзбору ҳамешабаҳор, ки рӯ ба ободонию бунёдгузорӣ намуда истодааст, шукргузорӣ намудан аз файзу баракати Истиқлолияти давлатии кишвари азизу беҳтарин аст. Дуюм, ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зиракии сиёсиро гум накунему барои ба гуруҳҳои ифротгароӣ шомил нагардидани ҷавонон ва кӯдакону наврасон эътибори ҷиддӣ диҳем, ба ҷойи моҷарою хархаша нагузорем, ки террористону экстремистон ва хоинони ватанфурӯш наврасону ҷавонони моро фирефта намуда, кишвари азизу рӯ ба инкишофи моро доғдор намоянд.

Соли гузашта мо шоҳиди дар автобусу троллейбусҳои нав бо баландгӯякҳо эълон намудани истгоҳҳо ва зарурияти гуфтугӯи огаҳкунанда гардида, хурсанд шудем, ки зеби пойтахт будани шаҳрамон пайдо гардид. Лекин, афсӯс, ки дере нагузашта, оҳиста — оҳиста ин ташаббуси ноустувор рӯ ба нестӣ оварда, табъи ҳамагонро аз нав боз хиратар кард.

Инчунин, дар омади гап “болои сӯхта намакоб” гуфтагӣ барин, кӣ давои ҷӯгиёнро меёфта бошаду илоҷи гадоёни қаллобро кӣ? Ба ҳамагон маълум аст, ки онҳо аз ”фурсати муносиб” истифода бурда, ҳанӯз дар солҳои ҷанги бародаркӯш дар қатори гурезаҳо ва гадоёни қаллоб халтаҳояшон дар пушт обрӯи тоҷиконро паст намуда, бо либосҳои ҷандаю пур аз шабушк ба шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Россия ҳамсафар гардиданд. Ҳоло ҳам бо ҳамон борхалтаҳои вазнинашон бисёр мавридҳо ҷойи мусофиронро дар нақлиёт танг карда, бо либосҳои ифлосашон ба маротиб ба атрофиён зиён мерасонанд. Наврасону ҷавонони мо бошанд, онҳоро масхара мекунанд, ки чунин ҳолат боиси коҳиш ёфтани таъсири раванди тарбия дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бахусус дар нақлиёти мусофирбарӣ мегардад. Қобили қайд аст, ки агар онҳо дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ каму беш бо заргарӣ рӯз мегузарониданд, ҳоло бошад, хурду калонашон бо гадоии муфтхӯронаи талбандагии пулчинӣ, нонпора ва “қуръонхонӣ” машғул шуда, дар як ояти соддатарини Каломи шариф — ихлос то ба 5-6 хатоӣ роҳ медиҳанд. Кӯдаконашон бошанд, бо дастони ифлос аз домани роҳгузарон дошта истода, ёрии моддӣ металабанд. Ин манзараҳо барои атрофиён ниҳоят ҳузновар гардида, салоҳият ва рисолати тарбияро коҳиш медиҳанд.

Дигар ин ки, аксар автомашинаҳои сабукрав, ки ба тамбашавии нақлиёт боис гардида, дар истгоҳҳои автобусҳои мусофиркаш хатар эҷод мекунанд, зиёдатӣ буда, ихтисори онҳо аз манфиат холӣ нест. Бисёре аз анбуҳи автомашинаҳои сабукрав аз ҳамон хонандагону донишҷӯёни таълимгоҳҳоеанд, ки баъзе падару модарони онҳо чамбараки мошинаҳои худро ба ихтиёри фарзандон гузоштаанду то ҳанӯз салоҳияту рисолати тарбиявиро дар камолоти маънавию ахлоқии онҳо ва солимгардонии ҳаёташон аз даст додаанд, ки бештар мавридҳо ана аз ҳамин ҳисоб садамаҳои нохуш рух дода, боиси куштори хеш ва мусофирон мегарданд.

Илова ба гуфтаҳои боло, ба қарибӣ ба банда насиб гардид, ки бо нархи 10 сомонӣ соҳиби корти нақлиётӣ гардам. Вале хурсандиам дер давом накарду пас аз ду маротиба ба нақлиёт савор шудан худи ҳамон рӯзи дар навбати сеюми саворшавиам он аз кор баромад. Чунин ҳолати ногуворро дигарон низ тасдиқ намуда, шикоят кардаанд. Барои банда, ҳамчун шахсияти давлатёр, ба нақлиёти хуррамшаҳри азизамон — Душанбе ирсол намудани даҳ-бист сумина ночиз аст. Вале аз он метарсам, ки мабодо нуқтаи кортфурӯшии истгоҳи “Олами китоб” барин ҷавонону волонтёрони бевиҷдон чолу кампирони нотавонро низ ҳамин тавр фиреб надиҳанд. Қобили қайд аст, ки аксари онҳо дуруст нафаҳмонида, одамонро сарсону саргардон мекунанд. Вале ҳастанд волонтёрҳои бораҳму шафқате, ки дар назди автомат ба эҳтиёҷмандон ёрии амалӣ мерасонанд. Чунин шахсоне, ки меҳру муносибати инсонгароӣ доранд ва намунаи ибрати дигарон гардидаанд, Манижа ва Алишер мебошанд, ки дорои маълумоти олӣ буда, пайваста ёрии амалии хешро аз мусофирон дареғ намедоранд. Онҳо дар роҳи кӯчаи Айнӣ, хиёбони Саъдии Шерозӣ ва Рӯдакӣ хизматгузорӣ намуда, сазовори дуою дуруди чандин эҳтиёҷмандон гардидаанд. Онҳо барои дигарон намунаи ибратанд.

Ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва корхонаю идораҳои дахлдори он назорат ва таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба ҳаллу фасли масоили мубрами зер аз манфиат холӣ нахоҳад буд:

— Бо сабаби маркази шаҳр будани истгоҳи БДА, месазад диспетчери воҳиди корхонаи коммуналӣ на дар нуқтаи “Обшорон”, балки дар истгоҳи аввалияи БДА созмон дода шавад;

— аз сабаби бо роҳсозӣ қатъ намудани рафтуойи троллейбуси №9 иловатан зиёд намудани автобуси №7 ва пурзӯр намудани назорат ба риояи фосилаи байни ҳаракати 10-дақиқагии автобусҳои хатсайри №7 тақозои замон ва шароити маҳал аст;

— таҷҳизонидани кабинаи ронандаҳо бо асбобҳои зарурии баландгӯякҳо ва назоратӣ айни муддаост;

— фурсати аз курсҳои махсуси касбии нақлиётӣ бархӯрдор намудани кондукторҳо расидааст;

— ҳамасола гузаронидани ронанда ва кондукторҳо аз назорати табобатии духтур ва бо пешниҳод намудани дафтарчаи санитарӣ ба маъмурияти нақлиётӣ низ фаро расидааст;

— баҳри ҳавасмандӣ зиёд намудани музди меҳнати ронандаҳо ва кондукторон боиси дилгармӣ ва тарк накардани вазифаи касбии онҳо дар пойтаҳти хуррамшаҳр мегардад;

— агар таъминоти сӯзишворӣ ба тамоми хатсайрҳои шаҳри Душанбе бе таънаю маломати ронандаҳо иҷро мегардид, нуран ало нур мешуд;

— дар чорраҳаи гардиши нақлиётии кӯчаи Маяковский ҷорӣ намудани нуқтаи назоратии БДА танҳо ба манфиати кор аст;

— бо назорати қатъӣ ба ягон гӯша ва ё канори шаҳр ҷойгир ва ба ҳунари заргарию кулолгарӣ андармон кардани ҷӯгиёни оворагард ниҳоят муҳим аст;

— ихтисор намудани автомашинаҳои сабукрав, ки ба тамбашавии нақлиёт боис гардида, дар истгоҳҳои автобусҳои мусофиркаш хатар эҷод мекунанд, аз манфиат холӣ нахоҳад буд;

— пурзӯр намудани назорат ба фаъолияти кондукторону волонтёрони дар боло ишорашудаи бевиҷдону муфтхӯр низ шояд ба манфиати кор бошад ва ғайраҳо.

Дар мавриди иҷрои чораҷӯиҳои дар боло нишондода бо боварӣ метавон гуфт, ки дар назари хориҷиёну оламиён шаъну эътибори пойтахт паст намегардид.

Тавре аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бармеояд: “Дар давраи солҳои 2010 то нимсолаи аввали соли 2017 дар кишвар зиёда аз даҳуним ҳазор садамаи нақлиётӣ содир шуда, дар натиҷа қариб 3300 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 11800 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Яъне садамаҳои нақлиётии дар давоми ҳафтуним сол рухдода боиси мотами 3300 хонадон, ятим мондани кӯдакон ва бадбахт гардидани оилаҳо гардидаанд. Дар аксари ҳолатҳо вайронкунандагони талаботи қонунҳои амалкунанда шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳибкорону сарватмандон, инчунин фарзандон ва хешу табори наздики онҳо мебошанд, ки берун аз муқаррароти ҷорӣ ва худсарона маъракаҳои дабдабанок мегузаронанд, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва барои ба муассисаҳои таълимӣ бо мошинҳои гаронарзиш рафтани фарзандонашон монеъ намешаванд”.

Бинобар он, иҷрои талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба мо — калонсолон тааллуқ дошта, риояи саривақтии онҳо тақозои замони муосир аст. Аз ин ҷост, ки салоҳияту рисолати таълиму тарбия дар нақлиёт низ бар дӯши ҳамагон аст.

 

Изатулло ДАВЛАТШОЕВ,

Аълочии маорифи ҶТ, номзади илмҳои педагогӣ

Добавить комментарий