Инсоният дар ҳар давру замон, аз лаҳзаи таваллуд то ба пирӣ заминаҳои гуногунеро аз сар мегузаронад. Давраи донишҷӯӣ — ин давраи пур аз изтиробу пурмашаққати ҳаётӣ, аммо заминаи хубест барои сохтани зиндагии хубу бомаром.
Субҳ буд. Хаёле гӯё рӯи хотиротам раъша давонд. Чашм кушодам. Субҳ қабл аз ман чашм кушода буд. Аз ҷой бархоста, гуфтам: “Худоё, чӣ паёмаде имрӯз маро интизор бошад!?”. Дилам таҳ кашид, ки боз рӯзгори якранг. Вале нохост ба хотирам омад, ки имрӯзи ман бояд аз рӯзҳои дигар ба куллӣ фарқ кунад. Зеро идора ба ман супориши навиштани мавод дар мавзӯи “таърихи як рӯзи донишҷӯӣ” додааст. Ин лаҳза умеде синаамро фаро гирифт ва бархостаму сӯи дари зиндагии ноаён қадам задам. Танҳо бо он умеде, ки чизи ҷолибе имшаб қабл аз хуфтан рӯи саҳифа биорам.
Як рӯзи пурҳаяҷону изтироби донишҷӯиям низ сипарӣ гардид. Бо нияту орзуҳои неку рангин субҳи зуд бо дурахши ҷилодори ситораи умедҳо аз хоби ноз бедор гардидам. Мисли ҳарвақта рӯзи худро бо тоату ибодат, ки дунёи ботинии моро инъикос мекунад ва бо як пиёла чойи гарм, ки як гармии ҳаётбахшро дорост, шуруъ намудам. Чун дарсҳои таълимиамон аз соати 1-и нисфирӯзӣ оғоз мешаванд, тасмим гирифтам то вақти ба дарс рафтан машғули ягон кор шавам. Садои пурошӯби мошинҳо, ғалоғулаи кӯдакону давутози пуризтироби мардумон. Хулоса, ҳар кас дар такопӯи зиндагии худ банд буд. Ман китоб дар даст ба фикру хаёлҳои сеҳрангези он оғӯшта гардидам. Дарёфт аз он, ки зиндагӣ чи гуна моҷароҳои печидаро пеши пойи мо мегузорад, ки аз интизор берун аст. То барои паси сар намудани онҳо рӯзҳову шабҳо дар талош бошем.
Чун соат ба вақти дарсиям расид, мисли дигар донишҷӯён роҳ пеш гирифтам ба самти донишкада. Бо ворид гардидан ба синфхона хабар расид, ки устодамон имрӯз дар дарс ҳузур надоранд. Бо ҳамин ҳамаи донишҷӯён ба ҳар тараф парешон гардиданд. Ман ба умеди он ки соати дигар дарс дорем, бо як ҳамсабақи худ рӯ ба китобхона овардем. Вақте дохили китобхона шудем, фақат ҳузури ду донишҷӯро дар он ҷо дарёфт намудем, ки ин боиси бадбахтии мо ҷавонон аст, чунки ҷомеаи мо имрӯз ниёз ба мутахассису кадрҳои варзида дорад. Барои ин пеш аз ҳама саводнок будани ҷомеа муҳим аст. Агар манбаҳову сарчашмаҳои илмии ҷомеа холӣ бошанд, аз он чӣ интизор метавон шуд?
Хулоса, то соати 5-ум ба умеди дарс интизори устодон будем. Дар охир як устодамон пайдо шуда, мехост моро дар як синфхона ҷамъ намояд, то дарс гузарем, аммо аз сабаби парокандагиву иштирок надоштани ҳамсабақонамон дарс нагузашта, моро ҷавоб доданд, ки хеле ва хеле ҳам озурдаҳолона аст.
Бо ҳамин рӯзи дарсии ман дар донишкада ба итмом расида, ба хобгоҳ баргаштам.
Суҳайлои СУЛТОН