Дар бозору фурӯшгоҳҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ва дигар шаҳру навоҳии он савдогарон арзиши сирпиёз, лимӯ, орд ва испандро якбора даҳчанд маротиба қимат намуданд, ки ин боиси нигаронии сокинони вилоят гаштааст.
1 кг лимӯ — 40 сомонӣ
Имрӯзҳо дар бозору мағозаҳои вилояти Хатлон нархи як кило лимӯ 35-40 сомонӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки моҳе пеш як килои он ҳамагӣ 5-7 сомонӣ фурӯхта мешуд. Сокинонро якбора то 40 сомонӣ баланд шудани нархи як килограмм лимӯ дар бозору фурӯшгоҳҳо нигарон кардааст.
— Имкони харидани лимӯро надорем, зеро як донаи онро аз 4 то 8 сомонӣ фурӯхта истодаанд,- гуфт Бунафша, як сокини вилояти Хатлон, ки дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар вохӯрдем.
Аҳмад, сокини дигар аз шаҳри Бохтар гуфт, ки як моҳ пеш дар як ҳафта оилаи онҳо то 30 дона лимӯ истеъмол мекарданд. Ҳоло аз сабаби гарон шудани нарх ҳамагӣ имкони харидани 5 донаи онро доранд.
Фурӯшандагон мегӯянд, лимӯро аз деҳқон бо нархи гарон мехаранд ва аз ин сабаб маҷбуранд, ки як килои онро то 40 сомонӣ фурӯшанд. Аммо деҳқононе, ки ба парвариши лимӯ машғуланд, қайд карданд, ки худи онҳо низ имкони захира кардани лимӯро надоранд. Чунки моҳе пеш ҳар як килои онро 5-7 сомонӣ фурӯхта буданд ва акнун савдогарон арзиши онро хеле қимат кардаанд.
Тибқи иттилои масъулони Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, айни замон дар ҳудуди вилоят дар майдони 298,2 гектар лимӯхона фаъолият мекунад. Имсол 4 ҳазору 700 тонна лимӯ ҷамъоварӣ гардидааст. Аз ин миқдор 38 тоннааш ба хориҷи кишвар содирот шудааст.
Орд — 220-240 сомонӣ
Тайи чанд рӯзи охир нархи як халта орди 50-килоӣ дар бозорҳои Хатлон то 240 сомонӣ боло рафт. Масъулин сабаби ин “ҷаҳиши ғайриинтизор”-ро дар болоравии қурби доллар арзёбӣ мекунанд.
Мушоҳидаҳои мо рӯзи 10-уми апрели соли равон дар чанде аз дӯконҳои ордфурӯшии шаҳру навоҳии Бохтар, Вахш, Кӯшониён нишон дод, ки соҳибкорон нархи як халта орди навъи якумро 235-240 сомонӣ, навъи дуюмро 220-230 сомонӣ мефурӯшанд, ки аз ин ҳисоб кисаи харидорон зарар дида истодааст.
Шукрулло — як сокини вилоят зимни суҳбат гуфт, ки ду халта ордро аз шаҳри Бохтар 470 сомонӣ харидааст. Ӯ гуфт, ки ҳафтае пеш як халтаи орди навъи якум 200-210 сомонӣ арзиш дошт. Ҳоло то 25 сомонӣ ба болои ҳар як халта зам карда истодаанд.
Сокини дигар ҳам аз ноҳияи Вахш, ки барои оилааш чор халта орд харидорӣ намуд, илова кард, ки ҳар як халтаи онро 230 сомонӣ харидааст. “Солҳое буд, ки бо 1000 рубли русӣ як халта орду панҷ литр равған мехаридем. Ҳоло ҳамин миқдор маҳсулотро бо ду ҳазор мехарем”,- афзуд ӯ.
Фурӯшандаҳо барои “сафед” кардани худ гӯё сабабе доранд.
— Мо ордро аз анборҳои калон бо нархи баланд мегирем,- мегӯяд як марди тоҷир.- Мо ҳам маҷбурем, ки қимат фурӯшем.
Юсуфзода Фирӯз — сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гарон шудани нархи ордро тасдиқ намуда, гуфт, ки омили он боло рафтани қурби доллари ИМА аст. “Арзиши доллар беш аз 50 сомонӣ боло рафт. Мо гандумро аз Қазоқистон бо доллар ворид мекунем. Назорат карда баромадем, болоравии нарх аз ҳисоби қурби доллар аст. Агар қурби ин асъор боз гарон шавад, нархи орд ҳам боз баланд мешавад”,- афзуд ӯ.
Як кило сирпиёз — 60-80, бандчаи испанд — 5-10 сомонӣ
Солеҳ ном истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш бо таассуф гуфт, ки дар пайи тавсияи табибон бобати истифодаи сирпиёз бар зидди вирус, хоса коронавирус, савдогарон як килои онро аз 60 то 80 сомонӣ фурӯхта истодаанд. “Ягон сол арзиши ин навъи маҳсулот, ки бе вирус ҳам зарур буд, то ин ҳад гарон нашудааст. Ин намуди зироати кишоварзӣ дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон истеҳсол мешавад, аммо баъзе соҳибкорони беинсоф аз фурсат истифода бурда, чӣ қадаре, ки дилашон хост, нархи онро баланд бардоштанд”,- иброз дошт ӯ.
Харидори дигар бо исми Ҳанифа гуфт, ки сирпиёз солҳои пеш ҳамагӣ 10-20 сомонӣ арзиш дошт. “Наход маҳсулоте, ки он дар кишвар истеҳсол мешавад, то ин ҳад қимати гарон дошта бошад?! Инсоф куҷо шуд?!”,- бо алам баён кард ин бону.
Пиёзу картоша — аз 4,5 то 6 сомонӣ
Гаронии нархи пиёзу картошка низ дар бозору фурӯшгоҳҳо боиси нороҳатии сокинони вилояти Хатлон гаштааст. Ҳасан — сокини ноҳияи Кӯшониён зимни суҳбат гуфт, ки дирӯз барои оилаашон аз мағозаи деҳаашон 15 кило картошкаро бо нархи 5 сомониву 80 дирам, пиёзро 4 сомониву 50 дирам харидорӣ намудааст. Ӯ қайд кард, ки ба хотири эмин мондан аз сирояти коронавирус ҳоло имкони ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро надорад ва ҳар рӯз дар хонаҳои мардум маблағи ночиз кор карда, зиндагии панҷ узви оиларо пеш мебарад. “Хуб мешуд, агар масъулони дахлдор дар поён овардани нархи орд, пиёзу картошка ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум мусоидат мекарданд”,- хоҳиш кард ӯ.
Бонуе, ки дар бозори корҷӯёни шаҳри Бохтар ба хотири пешбурди зиндагӣ ду моҳ боз кор карда истодааст, чунин гуфт: “Шавҳарам ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафт ва талаботи оиларо ҳам худаш таъмин мекард. Аз сабаби баста будани роҳҳо ҳоло дар хона бекор нишастааст. Ман бошам, ба бозори корҷӯён баромадам, то дар ин рӯзҳои сахт аҳли оилаи худро ақаллан бо маводи ғизоӣ таъмин карда тавонам. Вале аксари корфармоҳо ба мо дар як рӯз 30-40 сомонӣ ҳақмузд медиҳанд, ки бо ин миқдор пул ҳатто ҷуръат намекунам ба бозор равам. Масалан, агар ман як ҳафта 40-сомонигӣ пул кор кунам, баъд метавонам ки як халта орд харам”.
Тибқи ҳисобҳои оморӣ, имсол дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон деҳқонон дар майдони 10 ҳазору 400 гектар кишти пиёз гузаронидаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 1 ҳазору 317 гектар бештар аст. Мувофиқи дурнамо, бояд аз ин майдон 243 ҳазору 165 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шавад.
Рӯзҳои наздик қиматӣ аз байн меравад?
Амирбеки Темур — сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон ҳангоми як тамоси телефонӣ иброз дошт, ки омили баланд шудани нархи лимӯ, сирпиёз ва дигар маводҳои серхаридор ба воҳимаҳо дар атрофи коронавирус алоқаманд аст. “Баъзе соҳибкорони мо аз ин фурсат истифода бурда, нархи маҳсулотро баланд бардоштанд”,- гуфт ӯ.
Ба бовари ин масъул, ҳоло дар сардхонаҳои вилоят захираи лимӯ фаровон буда, бо нархи 20-25 сомонӣ ба фурӯш бароварда шуда истодааст. “Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ сирпиёз, пиёзи барвақтӣ пухта расидааст ва баъзе кишоварзон онро аллакай ҷамъоварӣ карда, бо арзиши 2-2,5 сомонӣ ба бозорҳо бароварда истодаанд. Рӯзҳои наздик ҷамъоварии пурраи маҳсулоти кишоварзӣ оғоз мегардад”,- афзуд А. Темур. Зимнан, ӯ иддао кард, ки дар пайи ғундошта шудани ҳосил нархи маҳсулоти ғизоӣ арзон мешавад.
«Аз оташи ҷаҳаннам бояд тарсид»
Аз назари дини Ислом, беасос ва бо мақсади фоидаи бештар ба даст овардан боло бурдани нарх гуноҳ аст. Нурзода Усмоналӣ — сархатиби шаҳри Бохтар мегӯяд, ки ба таври сунъӣ нархи маҳсулотро боло бурдан аз нигоҳи Ислом дуруст нест. “Ҳангоми қаҳтӣ ё набудани маҳсулот онро захира кардаву бо нархи гарон фурӯхтан бадтарин гуноҳ аст. Мувофиқи як ҳадиси пайғамбари Ислом, нафароне, ки даст ба чунин рафтор мезананд, фардо рӯзи қиёмат дар оташи ҷаҳаннам қарор хоҳанд гирифт. Шояд дар чунин рӯзҳои мушкил барои мардум онҳо фоидае бигиранд, аммо бояд як нуктаро донанд, ки ин молашон баракат надорад ва рӯзе зарари бештар хоҳанд дид. Ва дар зиндагӣ низ баракат нахоҳанд ёфт”,- гуфт Нурзода Усмоналӣ.
Номбурда ҳамзамон илова кард, ки соҳибкор ё тоҷирон бояд назди муштариён дурӯғ нагӯянд ва ба моли ба фурӯш баровардаашон роҳхарҷ ва андаке фоида монда, ба фурӯш бароранд. «Ва ҳангоми муомила бо харидор онро бигӯянд. Агар байни фурӯшандаву харидор муомила ва бо розигӣ бошад, беҳтарин мол ҳамин аст ва онро метавон ҳалол гуфт. Бино ба фармудаи Эмоми Аъзам, маблағе, ки аз чунин муомила ба даст меояд маблағи ҳалол ҳисоб мешавад»,- илова кард ӯ.