“Донишҷӯён аксар вақт гуруснаанд, бо ғизои арзонбаҳои “роллтон” қонеъ мешаванд, то гирифтани идрорпулӣ кисатиҳӣ мегарданд”. Бале, бештарини одамон ба ҳаёти донишҷӯён ҳамин гуна баҳо медиҳанд. Аммо донишҷӯйи имрӯза ин хел нест. Вай чун ақрабаки соат метозад. Баъзан калонсолон дар аснои айбаҳоямонро ёфтан гӯшмол медиҳанд: “Ту студентӣ, ҳеҷ кас туро намешиносад, кори ягон кас ба ту намеғалтад!”. Аммо чунин танбеҳ садди роҳи донишҷӯ буда наметавонад.

Ҷавонони ҳозира мебинанд, ки бо як роҳ нашуд, дигар воситаро меҷӯянд, яъне ҳама вақт “план”-и “Б” доранд. Агар дар мисоли мушаххас гап занем, чанд тан ҳамкурсонамро гуфта метавонам, ки ёрдами моддии волидайнашонро интизор намешаванд, мустақилона нафсу танашонро обод мекунанд. “Дар қаҳвахонаи “Афсона” кор мекунам, ягон бор нашуда, ки аз нарасидани маблағ танқисӣ кашида бошам. Музди корамро ҳам сари вақт медиҳанд”,- мегӯяд як тан аз онҳо. “Дар сохтмон ҳам студентҳо бисёранд, аз соати 7 то 11-и рӯз кор мекунем, 40-50 сомонӣ ҳақмузд мегирему ҳам “обед”-и бақувват мехӯрем”,- гуфт ҳамкурсам. “Ба донишҷӯ кори бизнес ҳам мувофиқ аст. Аз Истаравшан бароям бо нархи арзон ҷӯробҳои пахтагину синтетикӣ мефиристанд. Онҳоро ба мағозаҳои Душанбе тақсим мекунам ва фоидааш барои таъмини худам мерасад”- аз ҳаёти худ мисол овард ҳамсабақи дигарӣ.

Дарак доред, ки имрӯз донишҷӯ дастнигар нест. Шояд саволе ба миён ояд, ки корҳои иловагӣ ба хондани вай халал намерасонанд? Яқин, ки ин ба виҷдони худи донишҷӯ вобаст аст. На ҳар донишҷӯ тавозунро нигоҳ дошта, рисолати асосӣ — дониш андӯхтанро ба ҷо оварда метавонад. Вале бар зиммаи мо ҳар ду масъулият ҳам вогузошта шудааст, ки ҳарчи бештар мувозинатро металабад. Масалан, дар ИМА ҳам ҷавонони тоҷик таҳсил мекунанд. Як ошноямон дар вақти бо imo гап задан ба мо гуфт: “Дар Harper Collage-и иёлоти Чикаго мехонаму баъди дарс дар як ресторан кор мекунам. Ҳам худамро таъмин мекунам ва ба хонаамон ҳам ёрдам мефиристам”.

Ғайричашмдошти мо, ҳатто дар кишвари муқтадири ҷаҳон ҳам донишҷӯён кор мекардаанд. Пас кор кардани донишҷӯёни мо низ айб нест, ба шарте, ки аз хондан ақиб намонанд.

Муаллифи ин сатрҳо низ аз сафи донишҷӯёни замони нав аст ва худашро аз он ҷиҳат бахтёр мепиндорад, ки дар айёми мактабхонӣ касби сартароширо ёд гирифт. Чун худи падарам ҳам аз доираи ҳунармандон ҳастанд, фақат ёдрас мекунанд, ки агар ҳунарманд бошӣ, ҳеҷ гоҳ ночор намемонӣ. Ба ҳамин минвол, аз ҷаҳони ҳунар пешаи сартароширо ба худам мувофиқ донистам, чун дар овони кӯдакӣ бо шонаву қайчӣ ва “мошинка” мӯйсар перостани усторо дида, гаранг мешудаму кори ӯро “дуздидан” мехостам.

Дар толори мардонаи №9, ки дар автовокзали куҳнаи шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, усто Абдуаҳад ном сартароши ботаҷриба  кор мекардааст ва нав синфи 10 шуда будам, ки падарам маро назди ҳамон усто бурда монданд. Усто аввал ба дастам шишаи “шомпон”-ро дод ва гуфт, ки дар гарданаи он шонакунӣ ва қайчизаниро машқ кун, тассаввур намо, ки ту бо каллаи одам сарукор дорӣ. Кори шогирдии ман тамошои кори усто ва машқ дар шиша буд. Пас аз 6 моҳ бояд паррончак мешудам, аммо на, то мактабро тамом кардан пеши усто мерафтам. Мехостам, ки корро чун вай бо сифати баланд анҷом диҳам. Мӯйсари ҳамсолонамро кам мекардаму барояшон хеле маъқул мешуд, аммо натиҷаи корам худамро қонеъ намекард. Боре вазифа шуд, ки бо поку риши мизоҷро тарошам. Дар ними кор омада, манаҳи ӯро буридам. Одами ҷабрдида ҷангам накард, гуфт, ки “бурида-бурида ёд мегирӣ”. “Тарсӣ, тамом, поку ҳам мебурад,- мегуфт усто,- даст набояд вазнин бошад, ҳама кор “ҳаво”-и худашро дорад, фақат натарсидан даркор”. Ҳаққо, ки аз мустақилона кор кардан дастам қадре рост шуд.

Ана баъд, донишҷӯй шудам ва ба Душанбешаҳр омадам. Дар хобгоҳ ҳама фаҳмиданд, ки аз уҳдаи ҳамин кор мебароям. Ростӣ, мизоҷони зиёде пайдо кардаам, онҳо боз дӯстонашонро ҳам меоранд, чунки хизматрасонии ман нисбат ба дигарон 1 баробар арзон аст. Табиист, ки аксари мизоҷони ман донишҷӯён ҳастанд ва биноан, арзон кардани ҳаққи корамро ногузир донистам. Беҳуда нагуфтаанд, ки “ҳоли нодорро нодор нафаҳмад, доро асло намефаҳмад”. Дӯстонам мегӯянд, ки худат як нуқта кушо, лекин ман ҳадаҳа карданӣ нестам, аввал бояд дар корам тавонотар шавам, кушодани дӯкон гурехта намеравад.

Мо донишҷӯён баробари кор кардан аз набзи замон дарак меёбем, бо одамони аҷибу наҷиб сарукор мегирем, ба дом ғалтидану аз он халос шуданро меомӯзем, пешпо хӯрдану аз вазъи ногувор раҳиданро ёд мегирем. Дар кӯраи кор пазем, албатта, пухта мешавем ва дигар касе моро бо гумони хомӣ фанд намекунад.

Баҳои калонсолон ва хоса устодон ба ин ақидаҳоямон чи гуна бошад? Оё донишҷӯ ҳам ҷӯяндаву ҳам коргар буданаш нодуруст нест?

Файзуллохон ОБИДОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here