Донишҷӯ шудан шояд орзуи ҳамаи ҷавонон бошад. Чун маҳз ҳамин замонро “лаҳзаҳои тиллоӣ” меноманду инсон мустақилияти шахсиро дар ҳамин даврон ба даст меорад.

Даврони донишҷӯӣ мушкилоту хубиҳои зиёд дорад, ки инсонро барои зиндагии оянда омода мекунад. Яке аз мушкилоте, ки донишҷӯён, бахусус онҳое, ки аз минтақаҳои дурдаст ҳастанду ҳангоми таҳсил бо он рӯ ба рӯ мешаванд, ҷойи истиқомат аст. Албатта, дар хонаи падару модар зиндагӣ кардану аз чизе танқисӣ накашидан беҳтар аст, аммо дар хобгоҳ ё хонаи иҷора зиндагӣ кардану таҳсилро идома додан ҳам бартариятҳои худро дорад.

Тибқи талаботи замони муосир ҳар як донишкада ё донишгоҳе, ки фаъолият мекунад, бояд дорои хобгоҳи худ бошад. Барои мисол, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҳафт хобгоҳ буда, яке аз хобгоҳҳои калонтаринаш хобгоҳи №6 аст. Ҳамасола хобгоҳи мазкур беш аз 1300 нафар донишҷȳёнро қабул мекунад.

Аммо новобаста аз мавҷуд будани хобгоҳҳо, бархе донишҷȳён хонаи иҷораро интихоб мекунанд. Ин ҷо ҳам, албатта, якчанд омилу мушкилоте мавҷуд аст, ки донишҷӯёнро водор мекунанд, то дар ҷустуҷӯи хонаи иҷора бошанд.

Мо тасмим гирифтем, ки миёни донишҷӯён оид ба бартариятҳои хобгоҳ ва хонаи иҷора пурсише гузаронем.

Аввалин бартарияти хобгоҳ аз хонаи иҷора нархи он аст. Барои мисол, нархи хобгоҳи №6-и ДМТ 500 сомонӣ аст. Аммо мушкилоти хобгоҳ зиёд буда, барои ҳал кардани онҳо аз дасти донишҷӯён коре намеояд. Ба андешаи ҳамсуҳбати мо Нигина (ном иваз шудааст), яке аз мушкилоти асосии хобгоҳ набудани оби гарм аст. “Дигар ин ки, ҳангоми сармо қубурҳои гармидиҳанда (отопление) хуб кор намекунанд. Зимистон аз таҷҳизоти гармкунанда истифода бурдан манъ аст»,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ҳамсуҳбати дигарамон Муҳтарама мегӯяд, ки тӯли 4 сол аст дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад ва бартарияти хобгоҳ дар наздик будани он ба донишгоҳ аст. “Аз сабаби он, ки хобгоҳ ба донишгоҳ наздик аст, мо барои роҳкиро маблағ сарф намекунем. Аммо хобгоҳ якчанд мушкилӣ дорад, ки тайи чанд сол ҳеҷ ҳал намешавад. Барои мисол, барои либосшӯӣ ё саршӯӣ мо маҷбурем дар “плита” обро гарм кунем. Охири сол аз ҳамаи истиқоматкунандагони хобгоҳ барои таъмири он маблағ ҷамъ мекунанд, аммо бартараф намудани проблемаҳо ба назар намерасад”,- мегӯяд Муҳтарама.

Донишҷȳёне, ки дар хона ё ҳуҷраи иҷора зиндагӣ мекунанд, чунин мушкилот надоранд, аммо яке аз мушкилоти хонаи иҷора нархи он гуфта мешавад, ки на барои ҳама дастрас аст. Дигар ин ки, дар баъзе мавридҳо, иҷорагирандагон ба ғайр аз нархи иҷораи хона ё ҳуҷраи алоҳида маблағи пули барқ, об ва партовро низ аловатан пардохт менамоянд. Аммо ба андешаи ҳамсуҳбатамон Ситора, “новобаста аз он, ки дар хонаи иҷора маблағ зиёд харҷ мешавад, зиндагӣ дар он беҳтару роҳаттар аст”.

Тибқи таҳлилҳое, ки мо дар натиҷаи пурсиши худ ба даст овардем, як донишҷӯ ба ҳисоби миёна барои як моҳи зисту таҳсил дар шаҳри Душанбе беш аз 1300 сомонӣ, дар Хуҷанд тақрибан 1100 сомонӣ ва дар Бохтар каме беш аз 600 сомонӣ сарф мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ ва маоши миёна тайи 1000 сомонӣ аст.

Шумо чӣ мегӯед: хонаи иҷора хуб аст ё хобгоҳ?

Нуқра МУНАВАРОВА,

“Зира Медиа”, Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here