Ман Зархоров Муҳаммадисо Шуҳратович, зодаи Ҷумҳурии Қирғизистонам. Бо умеди хондан ба даргоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қадам гузоштам. Орзу дорам, ки рӯзноманигор шавам ва бо ҳамин орзуву хоҳиши зиёд дар факултети рӯзноманигорӣ таҳсил карда истодаам.
Дар Қирғизистон тоҷикон зиёданд ва бо забони модарии худ — тоҷикӣ суҳбат мекунанд. Занҳо бо ифтихор либоси миллии тоҷикиро ба бар мекунанд. Вақте ки сухан дар бораи Тоҷикистон меравад, дили ҳама ба ин диёри зебо кашол мешавад. Чун Тоҷикистон диёри тоҷикон аст, забони тоҷикӣ чу оби равон гуворосту чун шаҳду шакар ширин, тоҷикони Қирғизистон саъю кӯшиш мекунанд, то он аз байн наравад. Бо ҳамин сабаб, танҳо ва танҳо бо забони тоҷикӣ суҳбат мекунанд.
Рӯзе, ки ман ба ин ҷо омадам, санаи 27-уми август буд. Як рӯз қабл, шаби 26-уми август хобам намеомад, дилам тез-тез метапид. Ҳаяҷони бисёр маро водор месохт, ки чун бемор рафтор кунам.
Субҳи 27-уми август ба роҳ баромадам. Вақте ки ба Тоҷикистон ворид шудам, чашмонамро пӯшида, бо тамоми вуҷуд нафас кашидам. Ҳавои софу беғубори ин макон маро чун кӯдаки навзод сохт. Чашмони худро пӯшида, оҳиста-оҳиста қадам гузоштам, тапиши диламро ҳис мекардам. Ба худ гуфтам, ки «ин хоб аст ё ҳақиқат?». Ба чашмони худ боварӣ надоштам. Гуфтам: «Наход! Наход ман дар Тоҷикистон, дар диёри Рӯдакии бузургу Турсунзодаи ширинкалом, дар диёри Озарахшу Фарзона бошам!”. Дар чашмонам кам-кам ашк ҳувайдо мешуд. Вақте куҳҳои осмонбӯсу боғу роғи ин ҷоро медидам, дилам лабрези сурур мегашт. Дар ҳар қадам тоҷикон бо забони тоҷикӣ суҳбат мекарданд. Дилам мехост бигӯям: «Ман ҳам тоҷикам, мо ҳамхунем”. Ба онҳо нигоҳ карда, аз шодӣ наметавонистам ҳарфе гӯям. Дар деворҳо бо забони модарии ман ҷумлаҳо навишта шуда буданд. Дар нақлиёт радио бо ин забон садо медод. Ин бароям бахти бузург буд.
Одамони меҳмондӯсту меҳрубони ин диёр маро чун фарзанди худ қабул карданд. Ман гӯё дар биҳишт сайругашт мекунам, зеро Тоҷикистон худ биҳишт аст. Вақте ки занҳои тоҷикро бо либоси миллӣ дидам, бори дигар ифтихор кардам, ки тоҷикам.
Эй халқи азизам, хонаободу сарафроз бош!
Муҳаммадисо ЗАРХОРОВ