Ин таъбир, ки журналистон ҳақиқатро мегӯянд, барои ман ҳамчун як нафари ҳамакнун дар ин роҳ ба сафар баромада ҷолибу ширин садо медиҳад. Вале ин бебаҳс аст, ки ҳақиқати мутлақ хоси ҳеҷ давру замону ҳеҷ касе нест, ҳатто нафароне, ки мехоҳанд ҳақиқат побарҷо бошаду он ҳукм фармояд. Яъне, ҳақиқат ҳамеша нисбист ва ҳамин моро вомедорад, ки ҳамеша барои мутлақ буданаш саъй намоем.

Аз журналистика ҳаминро мехоҳам, ки маро бо ҳақиқат наздик кунад, аз шаҳди он чашонад. Муҳим ин нест, ки ман бо матолиби худам бояд равишу равияи як сиёсату давлатдориро дигар кунам. Мутаассифона, дар фаҳмиш ҳам ҳамин аст, ки ҳақиқат субъектҳои ба он андоза калон мавриди назар гирифта мешавад, ки дар аксар маврид аз қувваву иқтидори мо берун аст тағйир доданаш. Вале думболи ҳақиқат будану аз ҳақиқат ҳарф задан, ҳатто дар андозаи кӯчак ҳам, чизе аст, ки аз журналистика мехоҳам.

Шояд гуфтан ҷоиз бошад, ки имрӯзҳо дар ҷомеаи мо журналистон на ба он тавре, ки мехоҳанд, озоданду думболи ҳақиқат ва расонидани он буда метавонанд. Вазъ ба дараҷае нозук шудааст, ки мардум ва ҳатто журналистон тамоми ҳарфи дили худро гуфта наметавонанд, чун талаби замон аст. Вале гоҳо ба назар мерасад, ки ҷасорати ками журналистон ҳақиқатҳоро пушти парда пинҳон мекунад. Ва ин раванд дардро дар дили ҷомеа бедор карда, эътиқоду эътимодро аз журналистон дур месозад.

Аз журнадистика мехоҳам ҷасоратро дар ман бедор кунад. Ҷасорате, ки ақаллан оби лойобро соф нагӯям, сиёҳро сафед, гунаҳкорро бегуноҳу бандиро озод.

Аз журналистика мехоҳам барои ман мавқеъ диҳад, дар дилу дида ва дар фаҳмишу андешаи мардум. Мавқеъе, ки бо ҳақ гуфтани кореву бо дуруст нишон додани масъалае дили мардумро бо ҳақ пайвандам. Ва агар ба ҳамин хоста даст ёбам, бузургтарин чизест, ки ман аз журналистика мехоҳам.

Муҳайё САИДАМАДЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here