Муҳимтарин рӯйдоди ҳафта, ки ба вазъи сиёсиву амниятии минтақа бетаъсир намемонад, ин имзои муоҳдаи сулҳ миёни гуруҳи Толибони Афғонистон бо ИМА буд. Рӯйдоде, ки назирашро таърих камтар ёд дорад. Замоне, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон ҳамла кард, муддати даҳ сол гуруҳҳои муҷоҳидин шӯравиҳоро ба ҳадде расонданд, ки Маскав билохира роҳҳои сулҳ ва муоҳадаи оташбас бо онҳоро пайваста меҷуст. Бо дастаҳои муҷоҳидини Аҳмадшоҳи Масъуд ба ин гуна тавофуқ даст ёфта буд ва дар муддати оташбас Масъуди шаҳид тавониста буд, мавқеъҳои ҷангии худро мустаҳкам кунад, нерӯҳояшро барои муқовимати шадид бештар омода созад. Ин гуна рӯйдод ба гунаи дигар такрор шуд. Амрикое, ки дар оғоз, маҳз, ҳукумати Толибонро шикаставу вориди Афғонистон шуда буд, ҳоло ҳама талошашро барои сулҳ бо ҳамин гуруҳ сарф кард. Қонунҳои Амрико Толибонро гуруҳи террористӣ медонанд ва ҳамин абарқудрат ҳоло омад, то дасти ин террористонро фишорад ва бо ин васила талош кунад дар минтақа бимонад. Оё мемонад ё на, ин оянда маълум мешавад, вале он ки муоҳадаи сулҳо имзо намуд, эътироф ба шикаст аст.

Шартҳои муоҳада

Амрико мехоҳад бо имзои ин созишнома ба муқовимати 19-сола поён диҳад ва боқимонда 13 ҳазор сарбозонашро солим баргардонад. Дар муоҳада аз ҷумла гуфта мешавад: Дар сурате агар толибон оташбасро нақз накунанд ва созишномаро вайрон насозанд, ИМА дар муддати 14 моҳи оянда, кулли неруҳои низомии худро аз Афғонистон хориҷ мекунад.

Баъди ин созиш бояд гуфтушуниди Толибон бо ҳукумати Афғонистон шуруъ шавад.

Толибон ба аъзои худ ва ҷангиёни “Ал-қоида” иҷозат нахоҳад дод, ки қаламрави Афғонистонро барои хатар овардан ба ИМА ва муттаҳидонаш истифода кунад.

Амрико то 29-уми августи соли равон толибонро аз рӯйхати таҳримҳои худ хориҷ мекунад. Аммо пеш аз ин, 29-уми май ҳукумати Афғонистон бо Шӯрои амнияти СММ дар бораи берун кардани Толибон аз листи таҳримҳо гуфтугӯ хоҳад кард.

ИМА аз истифодаи қувва зидди тамомияти арзии Афғонистон худдорӣ мекунад. Уҳдадор ҳам шудааст, ки дар умури дохилии сиёсии он мудохила нахоҳад кард. Ҳамасола, барои омӯзиш, машварат ва муҷҷаҳаз кардани  неруҳои амниятии Афғонистон кумак мекунад. Ҳукумати Афғонистон 5 ҳазор зиндонии толибро аз маҳбасҳои худ раҳо мекунад, Толибон бошанд ҳудудан 1 ҳазор сарбозону афсарони қувваҳои амниятии ҳукуматиро, ки дар асорати худ доранд, озод хоҳанд кард. Ин кор хеле ба зудӣ бояд сурат гирад ва 10-уми март охирин рӯзест, ки зиндониёну асирони ду ҷониб ба озодӣ бароянд.

Ду даҳсола ҷанг

Амрико бо имзои ин созишнома ҳоло мехоҳад ба тӯлонитарин ҷанги худ поён диҳад. Аммо ин ҷанг чӣ масрафоте дошт? Рақами дақиқ овардан мушкил аст. Аммо баъзе санадҳо расонаӣ шудаанд, ки метавон мизони ин хароҷотро то андозае тасаввур кард.

19 сол пеш бо баҳонаи маҳви террористон ИМА бо ҷумлаи муттаҳидонаш аз кишварҳои дигари олам вориди Афғонистон шуд.  Дар таърихи Амрико ин тӯлонитарин ҷанг маҳсуб мешавад, ҳеч гоҳ ва дар ҳеч замоне бо кишваре ин муддати тӯлонӣ даргир нашуда буд. Ҳар ҷо рафт, шикаст хӯрд, вале муддати 19 сол напоид. Аммо дар Афғонистон ин ҳудудан бист сол аст, ки сарбозонаш рӯзшуморӣ мекунанд, то билохира кишварашон тасмим бигирад, ки аз он хориҷ шаванд. Ба ҳисоби худи армикоиҳо дар ин муддат дар муҳорибаҳои Афғонистон бештар аз 2400 сарбозу афсари амрикоӣ кушта шудааст ва теъдоди захмиёнро дақиқ эълон намекунанд.

Аз соли 2010 то 2012 ИМА дар Афғонистон бештар аз 100 ҳазор сарбоз нигоҳ медошт ва бино ба маълумоти ҳукумати ин кишвар ҳар сол 100 миллиард доллар масраф мешуд.  Аммо баъди он ки артиши ИМА ширкати мустақимаш дар амалиётҳои ҷангиро коҳиш дод ва ин масъулият ба дӯши нерӯҳои Афғонистон монд, ин хароҷот ҳам камтар шуд.

Аз соли 2016 то 2018 масрафоти солонаи он наздик ба 40 миллиард долларро ташкил медод, соли 2019 ин кишвар дар Афғонистон 38 миллиард доллар сарф кард.

Вазорати мудофиаи ИМА эълон кард, ки дахолати низомии ИМА дар умури Афғонистон аз моҳи октябри соли 2001 то сентябри соли 2019 778 миллиард доллар буд.

Ғайр аз ин Департаменти давлатии ИМА ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва созмонҳои расмии дигар барои корҳои барқарорсозии харобаҳо 44 миллиард доллар сарф кардаанд.  Ҳамин тариқ дар ҷанги Афғонистон аз соли 2001 то кунун ИМА 822 миллиард доллар сарф кардааст. Вале ба ин кумаки низомӣ ба Покистон, ки замини онро барои ҳамла ба Толибон истифода мекард, дохил намешавад. Таҳқиқоти мустақиле, ки олимони донишгоҳи Браун гузаронидаанд, нишон медиҳад, ки арқоми расмӣ аз масрафоти воқеъӣ хел кам нишон дода шудааст.

Созишнома имзо шуд. Баъд чӣ?

Гумон мекунем ин як суолест мантиқӣ. Ҳар гуна созишнома бояд механизмҳои иҷро дошта бошад. Дар мавриди созиш миёни ИМА ва гуруҳи Толибон низ. Афғонҳо муоҳадаи Амрико бо толибонро як омили субот медонанд ва умедворанд билохира давлат бо ин дастаи террористӣ канор меояд ва муноқишаҳоро бо роҳҳои сиёсӣ ҳаллу фасл мекунанд, на низомӣ. Миллате, ки ҳудуди ним аср дар кашмокашу ҷанг ба сар мебарад, аз ҳар муоҳада хушаш меояд ва бӯйи сулҳу оштӣ ба машомаш мерасад.

Вале аксари  коршиносон ба ин назаранд, ки муоҳада бо Толибон мушкилоти дигарест, ки ба сари Трамп ва тими вай меояд.  Қатъи ҷанг дар Афғонистон як ваъдаи пешазинтихоботӣ ва барномавии Доналд Тромп буд. Аммо худи амрикоиҳо аз ҳамин лаҳзаҳо чандон бовар надоранд, ки ин созишнома амалӣ мешавад. Вазири мудофиаи ин кишвар сареҳан изҳор дошт, ки ИМА омода аст ин муоҳадаро лағв кунад, агар чизе зидди хостаҳои ин кишвар ва манфиатҳои он пеш ояд. Яъне, ҳамоно созишнома як санади дақиқан риоямешудае нест. Гузашта аз ин, он миёни гуруҳ ва давлате бегона имзо шудааст ва ҳукумати расмии Кобул шомили ин созишнома нест ва масъулияти иҷрои онро ҳоло ба уҳда надорад. Гузашта аз ин, вақте сухан аз озодии 5 ҳазор зиндонии толиб рафт, Ашраф Ғанӣ изҳор дошт, ки мо ҳеч санаде дар ин бора имзо накардаем ва ин ҳарф ҳанӯз расман дар миён нест.  Аммо Ғанӣ умедвор ба он аст, ки ин муоҳада боиси коҳиши хушунатҳо ва қатъи амалиётҳои ҷангӣ дар кишвар мешавад. Ашраф Ғанӣ гуфт, ки озодии зиндониён наметавонад пешшарт дар оғози гуфтушуниди давлат бо толибон бошад. Дар ҳоле ки сухангӯи Толибон мегӯяд озодии 5 ҳазор зиндонии ин гуруҳ то 9 март як бахши муҳими тавофуқномаи Толибон бо Амрикост, ки ҳоло имзо шудааст ва бе иҷрои ин бахш гуфтушунид миёни давлат ва Толибон аслан оғоз нахоҳад шуд.

 … аммо ҷанг идома меёбад

Дар дуюмин рӯзи имзои созишнома сухангӯи толибон изҳор дошт, ки амалиёти ин гуруҳ алайҳи нерӯҳои давлатӣ аз сар гирифта мешавад. Забеҳуллоҳи Муҷоҳид дар суҳбаташ бо хабарнигори ВВС гуфт, ки аз поёни замони “Ҳафтрӯзаи коҳиши хушунатҳо” фаъолиятҳои ин гуруҳ ба вазъияти қаблӣ бармегардад. Аммо гуруҳ аз ин ба баъд амрикоиҳо ва хориҷиёнро мавриди ҳамла қарор намедиҳад, балки қувваҳои давлатӣ ҳадафи ҳамла қарор хоҳанд гирифт. Ва Забеҳуллоҳи Муҷоҳид таъкид кард, ки тавофуқи имзошуда миёни Амрико ва Толибон аст ва он ҳамла ба давлатиҳоро дар назар надорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Доналд Тромп-президенти ИМА изҳор дошт, ки муоҳада бо толибон замоне идомадор хоҳад буд, ки коҳиши хушунатҳо муассир бошанд. Эрон созишнома миёни Толибон ва ИМА-ро “санади таслими Амрико” хонд. Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири  умури хориҷии ин кишвар Амрикоро ба барҷо гузоштани харҷу марҷ дар минтақа муттаҳам намуд. Вазири умумри хориҷии Эрон дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт: “Ишғолгарони амрикоӣ набояд ҳеч гоҳ ба Афғонистон ҳамла мекарданд, аммо ин корро карданд ва дигаронро барои паёмадҳои он маломат карданд. Ҳоло баъди 19 сол Амрико санади таслими худро имзо кард”.

Давлати Эрон Толибонро воқеъият медонад ва мегӯяд намешавад ин қувваро нодида гирифт ва бояд, ки бо он гуфтушунид кард. Давлати Эрон пинҳон намедорад, ки бо Толибон дар муколамаи доимист, вале аз ҳар рӯйдод ҳукумати Кобулро дар ҷараён мегузорад. Аммо Теҳрон мегӯяд низои дохилии Афғонистон бояд танҳо дар гуфтушуниди байни худи афғонҳо роҳи ҳал пайдо кунад.

Директори Маркази омӯзишҳои Афғонистони муосир Умар Нисор дар суҳбат ба “Российская газета” гуфтааст, ки созишнома аз идомаи гуфтушунидҳо дар Кобул вобаста аст. Вақте Толибон ва ҳукумати расмӣ сари мизи гуфтушунид менишинанд, танҳо он вақт метавон дар бораи мушкилоти иҷрои ин муоҳада чизе гуфт. “Мавқеъи Кобул рӯшан аст, мақомоти ҳукумати расмӣ аллакай медонад, ки иҷрои созишнома ба маънои коҳиши қудрати президент аст ва Ашраф Ғанӣ шонси зиёди ҳифзи курсии худро надорад. Баъзе назарҳое низ ҳастанд, ки дар Доха аллакай ин масъалаи баррасӣ шуда буд ва Толибон ҳайати ҳукумати гузорро ҳам пешниҳод карда буданд. Ҳукумати интиқолӣ замоне таъсис мешавад, ки дигар ба ҳузури президенти кунунӣ ниёзе нест. Аз ин рӯ президент Ғанӣ метавонад дидаву дониста гуфтушунидҳоро кашол диҳад, ба баъзе талабу дархости Толибон розӣ нашавад, баҳона пеш орад ва муҳлати ҳузураш дар курсии мансабро дароз кунад. Вале аз сӯйи дигар ИМА ҳам омилҳои фишор ба ҳукумати Ғанӣ дорад, ки яке аз он масъалаи молиявӣ аст. Зери фишор қарор додани ҳукумати кунунӣ аз ҷониби Амрико ва ташдиди ҳамлаҳои Толибон ба нерӯҳои давлатӣ ду омиле мешавад, ки дигар Ғанӣ ҳам наметавонад дурудароз муқовимат кунад.

Як аммои дигар

Дра ин шабу рӯз Афғонистон худ дар буҳрони ҳокимият печидааст. Бозшумории такрории овозҳо Ашраф Ғаниро пирӯз эълон кард, вале ҷонибдорони доктор Абдуллоҳ ин даъворо рад карданд. Абдулло худро пирӯзи интихобот ва президенти Афғонистон медонад. Сиёсатмадорон ва фармондеҳони низомӣ ду гуруҳ шуданд ва тарафдорони доктор Абдуллоҳ эълон карданд, ки дар Афғонистон давлати фарогири худро таъсис хоҳанд дод.

Созиши сулҳ миёни Амрико ва Толибон чӣ таъсире ба ҳалли буҳрони ҳокимият дар Афғонистон дошт, маълум нест. Ҳоло Вашинтон танҳо сари ин меандешад, ки сарвари Кохи Сафед ба ваъдаи қаблазинтихоботии худ вафо кунад ва аз ҷанги Афғонистон хориҷ шавад. Аммо илова ба мушкилоте, ки Ғанӣ бо Толибон сари тақсими қудрат хоҳад дошт, боз ҷонибдорони Абдуллоҳанд, ки низ ба иҷрои ин муоҳада таъсир хоҳанд гузошт. Пештар аз имзои созишнома Халилзод-ваколатдор аз Амрико бо сарварони бахши шимол мулоқот дошт. Вале ҷузъиёти ин дидор то кунун ногуфта мондааст.

Ба назар мерасад имзои созиши сулҳ миёни Толибон ва ИМА ҳоло ба маънои хатми ҷанг дар Афғонистон нест…

Вокунишҳо дар Тоҷикистон

Ҳукумат ва сокинони Тоҷикистон чун кишвари ҳамсоя, ҳамзамбон ва ҳамкеш рӯйдодҳои Афғонистонро бо таваҷҷуҳ пайгирӣ мекунанд. Бино ба гузориши дафтари  матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон “29-уми феврали 2020 дар Давҳа Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар маросими баимзорасонии созишномаи овардани сулҳ ба Афғонистон байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷунбиши Толибон иштирок намуд.

Дар маросими баимзорасонии Созишномаи сулҳ инчунин вазирони корҳои хориҷии Амрико, Қатар, Норвегия, Индонезия, Туркия, Покистон, Умон, Ӯзбекистон, Туркманистон, намояндагони махсуси Россия, Қазоқистон ва Япония оид ба Афғонистон ҳузур доштанд.

Имзои созишномаи мазкур бо миёнҷигарии Қатар сурат гирифта, қадаме дар раванди поён бахшидани ҷанг дар Афғонистон ва заминае барои шурӯи муколамаи байниафғонӣ арзёбӣ мегардад”.

 Фирӯзи МУҲАММАД

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here