Аз 10 то 12-уми март дар Душанбе аз ҷониби коршиносони ЮНИДО барои донишҷӯён ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи дувуми тренингҳо аз рӯи барномаи «Inkscape» гузаронида шуд.

Дар ин тренингҳо 14 нафар иштирокчиён дар ҳамдастӣ бо коршиносони ЮНИДО малакаи худро дар истифодаи барномаи «Inkscape», ки воситаи (асбоби) дӯстдоштаи тарроҳони пешрави ҷаҳон мебошад, такмил доданд.

Албатта, ороиши ҳама гуна маҳсулот ҳамеша аз кашидани расм (тарҳ) оғоз меёбад, бинобар ин, натиҷаи ниҳоии он аз маҳорати ороишгар (дизайнер), яъне аз он, ки то чӣ андоза тавонист ин расмро дар барномаи графикӣ таҷдид намояд, вобастагӣ дорад. Айни ҳол «Inkscape» – ин барномаи графикиест, ки аз ҷониби ҷомеаи тарроҳӣ эътироф гардида, имконият медиҳад, ки хурдтарин ҷузъҳои маҳсулоти оянда коркард карда шавад. Маҳз аз ин рӯ, коршиносони байналмилалии ЮНИДО дар доираи фаъолияти таълимии худ насли нави тарроҳонро, ки ҳанӯз аз пояи (айёми) донишҷӯӣ қобилияти кор бо воситаҳои (асбобҳои) муосир дар соҳаи тарроҳиро доранд, тарбия менамоянд.

– Имрӯз дизайнерҳои касбии ҷавон ва эҷодкор аз зумраи мутахассисони серталабтарин барои корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд, аз ин рӯ, на танҳо омӯзонидани мутахассисони мавҷуда, балки тайёр кардани кадрҳои нав низ хеле муҳим аст, зеро шумораи ширкатҳои нассоҷӣ мунтазам меафзояд,- қайд кард ҳамоҳангсози миллии лоиҳаи ЮНИДО дар Тоҷикистон Сарвиноз Ҷунайдова.

Дар ин росто, як қатор тренингҳо ва мастер-классҳо дар якчанд марҳила гузаронида мешаванд, то ки иштирокчиён дониши гирифтаи худро дар амал санҷида, мушкилоти ҷойдоштаро дарк кунанд. Ин усул ба коршиносон имкон медиҳад, ки самаранокии корро пайгирӣ карда, ғояҳои наверо, ки дар рафти кор бо барнома пайдо мешаванд, дар ҳаёт татбиқ намоянд.

Лоиҳаи ЮНИДО «Модернизатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаи қолинбофӣ, гулдӯзӣ ва бофандагии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Ҳукумати Федератсияи Россия амалӣ гардида истодааст.

Добавить комментарий